Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони «Оид ба пешниҳоди Тагоев Ф
Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ «Оид ба пешниҳоди Тағоев Ф. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати Дастурамал «Оид ба ҷиҳозонидани объектҳои аз ҷониби қўшунҳои дохила ҳифзшаванда», ки бо Фармони собиқ Вазири корҳои дохилии ИҶШС аз соли 1976 №0800 тасдиқ шудааст, ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе 1 октябри соли 2012
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Фирдавсова Г.,
дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судя-котиби Суди конститутсионӣ Каримов К.М.-ро оид ба пешниҳоди Тағоев Ф. дар бораи муайян намуданимутобиқати Дастурамал «Оид ба ҷиҳозонидани объектҳои аз ҷониби қўшунҳои дохила ҳифзшаванда», ки бо Фармони собиқ Вазири корҳои дохилии ИҶШС аз соли 1976 № 0800 тасдиқ шудааст, ба талаботи моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Тағоев Фарҳод бо пешниҳод ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки ў аз соли 1997 бо аҳли оилааш дар ш. Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи Мирсаид Миршакар 46 хонаи 9/1 воқеъ дар шафати ғарбии Муассисаи ислоҳии №3/1 Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дорад.
Соли 2008 баъд аз интишори Қонун дар бораи қонунигардонии молу мулк, Комиссия оид ба қонунигардонии молу мулки ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо қарори №813 аз 23 сентябри соли 2008 манзили истиқоматии ўро қонунӣ гардонда, ба ў шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк додааст.
Ҳамчунин, муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки дар ҳамсоягии ў аз соли соли 2008 Раҳимов Т., ки ў корманди Раёсати корҳои ислоҳӣ мебошад, зиндагӣ мекунад. Номбурда тахминан 16 м2 замини ҳаммоми ўро худсарона соҳиб шуда, 28 июни соли 2009 онро дар якҷоягӣ бо хонаи истиқоматиаш қонунӣ гардонидааст.
Бинобар ин, ў бо аризаи даъвогӣ бо ҷавобгарии Раҳимов Т. ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба қисман бекор намудани шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулки Раҳимов Т. аз 28 июни соли 2009 ва бартараф намудани монеагӣ ба Суди ҳарбии гарнизони Душанбе муроҷиат намуд, ки суди мазкур бо ҳалномаи худ аз 14 июни соли 2010 аризаи даъвогии ўро қонеъ намуд.
Баъдан, дар асоси аризаи даъвогии Муассисаи ислоҳии № 3/1 Раёсати корҳои ислоҳӣ ҳалномаи зикршуда бекор карда шуда, аризаҳои минбаъдаи ў аз ҷониби Суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 21 январи соли 2011, марҳилаи кассатсионии Колегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2011 рад карда шудааст.
Судҳои зикршудаи ҳарбӣ зимни баррасии даъвои Муассисаи ислоҳии №3/1 Дастурамал «Оид ба ҷиҳозонидани объектҳои аз ҷониби қўшунҳои дохила ҳифзшаванда»-ро, ки бо Фармони собиқ Вазири корҳои дохилии ИҶШС аз соли 1976 № 0800 тасдиқ шуда, то ҳол мавриди амал қарор дорад, дастрас намудаанд. Дастурамали зикршуда пешбинӣ менамояд, ки манзилҳои истиқоматӣ аз қисми берунаи муассисаи ислоҳӣ бояд 15 метр дуртар ҷойгир шуда бошанд.
Ба андешаи шаҳрванд Тағоев Ф., Дастурамал «Оид ба ҷиҳозони- дани объектҳои аз ҷониби қўшунҳои дохила ҳифзшаванда» аз соли 1976 №0800 ҳуқуқи конститутсионии ўро ба моликият пешбининамудаи моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он:
«Ҳар кас ҳақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.
Ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад» маҳдуд менамояд.
Аз ин рў, ў аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки дар асоси пешниҳоди ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати Дастурамал «Оид ба ҷиҳозонидани объектҳои аз ҷониби қўшунҳои дохила ҳифзшаванда» аз соли 1976 №0800 ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мазкурро ҳаматарафа дида баромада, қайд менамояд, ки миёни муқаррароти Дастурамали зикршуда ва моддаи 32 Конститутсия алоқамандии мантиқие вуҷуд надорад, ки он предмети баррасии Суди конститусионӣ ва муайян намудани мутобиқати Дастурамал ба Конститутсия гардад. Зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, он барои истифодаи самаранок ба субъектони пешбининамудаи ҳуқуқи замин (аз ҷумла шаҳрвандон) дода мешавад. Қитъаи замине, ки барои хонасозӣ дода мешавад ба объекти моликияти шахсӣ маҳсуб нест. Ин матлаб дар моддаи 241 (Ҳуқуқи молу мулкии ашхосе, ки молик намебошанд) Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ифодаи худро ёфтааст:
«1. Ба ҳуқуқи молу мулкӣ дар баробари ҳуқуки моликият инҳо дохил мешаванд:
а) ҳуқуқи истифодаи замин».
Дуюмин, муқаррароти Дастурамал «Оид ба ҷиҳозонидани объектҳои аз ҷониби қўшунҳои дохила ҳифзшаванда», ки тибқи он манзилҳои истиқоматӣ аз қисми берунаи муассисаи ислоҳӣ бояд 15 метр дуртар ҷойгир шуда бошанд, инчунин ба муқаррароти қисми сеюми моддаи 14 Конститутсия, ки ба хотири таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон ва нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро раво мебинад, низ мухолифат надорад.
Сеюм, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва дастрасии Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии собиқ ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон мамнуъ нест. Чунончи, тибқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 № 506 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ:
«2. Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ва Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар қисмати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат накарданашон амал мекунанд».
Баъдан, муроҷиати Тағоев Ф., ҳамчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест, зеро тибқи қисми 2 моддаи 40 Қонуни конститутсионии зикршуда шаҳрвандон ба Суди конститутсионӣ бояд бо дархост муроҷиат намоянд на бо пешниҳод.
Дар баробари ин, Суди конститутсионӣ аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз намудани Дастурамал «Оид ба ҷиҳозонидани объектҳои аз ҷониби қўшунҳои дохила ҳифзшаванда»-ро, ки бо Фармони собиқ Вазири корҳои дохилии ИҶШС аз соли 1976 № 0800 тасдиқ шудааст, ба санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморад.
Бинобар ин, бо назардошти талаботи моддаҳои 14, 37, 41-42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионӣ
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба пешниҳоди Тағоев Ф. оид ба муайян намудани мутобиқати Дастурамал «Оид ба ҷиҳозонидани объектҳои аз ҷониби қўшунҳои дохила ҳифзшаванда», ки бо Фармони собиқ Вазири корҳои дохилии ИҶШС аз соли 1976 №0800 тасдиқ шудааст, ба талаботи моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», бинобар мувофиқ набудан ба шаклу мазмуни муроҷиат пешбининамудаи моддаи 40-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳод шудан аз ҷониби субъекти беэътимод рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят оварда намешавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов