Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости шахрванд Джураев Н.Х

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Джураев Н.Ҳ. ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Воҳидова Ф.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 47 ва қисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе 7 январи соли 2013

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси- кунанда- Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Фирдавсова Г.

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судяҳо Абдул- лоев А.А. ва Каримов К.М.-ро оид ба дархости шаҳрванд Джураев Н. Ҳ. ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Воҳидова Ф.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 47 ва қисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Джураев Низомхон Ҳайдарович ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Воҳидова Ф.М. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамоянд, ки дар истеҳсолоти Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ў бо моддаҳои 289 қисми 3, 291 қисми 2, 292 қисми 2 ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятии №2054 оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Парвандаи ҷиноятии мазкур қисми дар истеҳсолоти алоҳида ҷудокардашудаи парвандаи ҷиноятии №1752 нисбати Одилов Д., Ҷураев Ф. ва дигарон буда, нисбати он ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009 қабулгардида ва аз 1 феврали соли 2010 эътибори қонунӣ пайдокарда мавҷуд мебошад.

Бо парвандаи ҷиноятии №1752 аз 28 июни соли 2007 ба ў ғоибона айб эълон карда шуда, худи ҳамон рўз бо розигии прокурори вилояти Суғд нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ пешбинӣ шуда, кофтуков эълон карда шудааст.

9 апрели соли 2012 баъди ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шудани ў, парвандаи ҷиноятиаш аз ҷониби Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бедор карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.

Баъдан, муроҷиаткунанда ва адвокати ў қайд менамоянд, ки зимни гузаронидани тафтиши пешакӣ аз рўйи парвандаи ҷиноятии нисбати ў дар истеҳсолоти алоҳида ҷудокардашуда ҳолатҳои нав ошкор гардиданд, ки қаблан онҳо мавриди тафтиш ва баҳодиҳии ҳуқуқӣ қарор нагирифта буданд.

Ба ғайр аз ин, ў ҳамчун айбдоршаванда бо хулосаҳои ташхисҳо аз рўйи парвандаи ҷиноятии №1752 гузаронидашуда розӣ нест ва таъин намудани экспертизаи иловагиро дархост намудааст, ки тибқи хулосаи экспертизаи комиссионии судии молшиносӣ аз 24 майи соли 2012 дар асоси дархости ў гузаронидашуда, бе баҳс ҳолатҳои нав муайян карда шудаанд.

Аммо баъди ду моҳ, яъне 20 июни соли 2012 қарори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар хусуси таъин намудани экспертизаи комиссионии судии молшиносӣ аз 17 апрели соли 2012 аз ҷониби муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи қисми 1 моддаҳои 89 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шуд.

Муроҷиаткунанда Джураев Н.Х. ва намояндаи ваколатдори ў бо қарори мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон розӣ нашуда, тибқи муқаррароти моддаи 124 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои он ба суд шикоят оварданд.

Бо қарори суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 2 октябри соли 2012, ки он низ ба муқаррароти қисми 1 моддаи 89 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст, шикояти онҳо дар бораи бекор кардани қарори прокурор бенатиҷа гузошта шуд.

Ба андешаи онҳо, қисми 1 моддаи 89 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он:

«Ҳукми эътибори қонунӣ пайдокарда оид ба парвандаи ҷиноятӣ барои суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда ҳангоми пеш- бурди парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ҳолатҳои муқарраршуда ва ҳам баҳодиҳии ҳуқуқии онҳо ҳатмӣ мебошад», ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва мурофиавии ўро ҳамчун айбдоршаванда дар хусуси пешниҳод намудани далел, ҳимоя намудан аз таъқиби ҷиноӣ ва принсипи баробарии тарафҳо поймол менамояд. Зеро тибқи талаботи қисми 3 моддаи 47 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айборшаванда ҳуқуқ дорад, ки манфиатҳои қонунии худро бо тамоми восита ва усулҳое, ки хилофи қонун ва Кодекси мазкур нестанд, ҳифз кунад ва барои омодагӣ ба ҳимоя ба таври кофӣ вақт ва имконият дошта бошад.

Инчунин муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки муқаррароти моддаи 47 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи қисми якуми моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он: «Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд гунаҳгор дониста намешавад» пешбинӣ гардида, он ба муқаррароти қисми 1 моддаи 89 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дорад.

Бо ин назардошт, Джураев Н.Ҳ. ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати моддаи 47 ва қисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии То­ҷикистон ба моддаҳои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки номбурда агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо дар дархости гузоштаи ў, яъне оид ба мутобиқати моддаи 47 ва қисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» номуайяние дида намешавад, ки он барои оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ ва гузаронидани санҷиши конститутсионӣ асос гардад.

Яъне муқаррароти моддаҳои 47 ва қисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои маҳдудкунанда ё манъкунандаи кафолати ҳифзи судии шаҳрвандон ва инкори муқар- рароти қисми якуми моддаи 20 Конститутсия набуда, онҳо садди роҳи ба амал баровардани кафолати конститутсионии ҳифзи судӣ ва татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба баррасии парвандаи онҳо аз ҷониби суди босалоҳият, мустақил ва беғарази тибқи қонун таъсисёфта шуда наметавонанд.

Ҳамчунин меъёрҳои зикршуда барои татбиқи қисми якуми моддаи 20 Конститутсия дар хусуси он, ки фақат ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд шаҳрвандро гунаҳгор ҳисоб менамояд, монеае пешбинӣ накардаанд.

Муроҷиаткунанда, инчунин дар чӣ зоҳир гаштани номутобиқатии моддаҳои зикршудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятиро ба моддаҳои 14 ва 20 Конститутсия бо далелҳои зарурӣ мушаххас асоснок накардааст.

Ғайр аз ин, моддаи 47 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазъи ҳуқуқии айбдоршаванда, яъне ҳуқуқу ўҳдадориҳои ўро ҳамчун иштирокчии мурофиаи ҷиноятӣ танзим менамояд, аз 7 қисм ва қисмҳои он аз сархатҳо иборат мебошад. Муроҷиаткунанда бе мушаххас намудани предмети баҳс тамоми матни моддаи 47 Кодекси зикршударо мавриди баҳс қарор додааст.

Аз ин рў, дархост ва маводҳои ба он замимагашта аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаҳои 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», махсусан, бандҳои 5 ва 7 қисми сеюми моддаи мазкур мувофиқ нестанд.

Суди конститутсионӣ нисбати таъкиди муроҷиаткунанда дар хусуси номутобиқ будани қисми 1 моддаи 89 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 47 Кодекси зикршуда қайд менамояд, ки баррасии номутобиқатии байни қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ ба салоҳияти Суди конститутсионӣ маҳсуб нест, зеро Суди конститутсионӣ тибқи Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конститутсия муайян менамояд.

Бартараф намудани мухолифати байни санадҳои ҳуқуқӣ ба салоҳияти мақомоти онро қабулнамуда, дар ҳолати мазкур ба салоҳи- яти мақомоти қонунгузор маҳсуб мебошад.

Суди конститутсионӣ, инчунин таъкид менамояд, ки ягон моддаи КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қисми 1 моддаи 89 Кодекси мазкур набояд бар зарари принсипи тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи кор пешбининамудаи моддаи 21 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда шавад. Дар акси ҳол, иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд, ки чунин амалҳои мақомоти ваколатдорро тибқи тартиби муқарраркардашуда мавриди баҳс қарор диҳанд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 40, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дар- хости шаҳрванд Джураев Н. Ҳ. ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Воҳидова Ф.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 47 ва қисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи- кистон», бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун мувофиқ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис- тон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов