Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Саидов И.М
Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Саидов И.М. «Дар бораи хилофи қонун эътироф намудани ҳукми Суди ноҳияи Фархор аз 27 июли соли 2011, дигар санадҳои вобаста ба ҳукми Суди мазкур, қатъ намудани парванда ва бегуноҳ эътироф намудани ў»
ш. Душанбе 24 январи соли 2013
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ- Фирдавсова Г.,
дар маҷлиси судӣ гузориши судя Зоиров Ш.Ю.-ро оид ба дархости шаҳрванд Саидов И.М. «Дар бораи хилофи қонун эътироф намудани ҳукми Суди ноҳияи Фархор аз 27 июли соли 2011, дигар санадҳои вобаста ба ҳукми Суди мазкур, қатъ намудани парванда ва бегуноҳ эътироф намудани ў» шунида,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Саидов И.М. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки Суди ноҳияи Фархор бо ҳукми худ аз 27 июли соли 2011 ўро барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба муҳлати як солу шаш моҳ аз озодӣ, инчунин аз ҳуқуқи кор кардан дар соҳаи тандурустӣ ба мўҳлати ду сол маҳрум сохтааст.
Ў аз ҳукми нисбати ў баровардаи Суди ноҳияи Фархор розӣ на- шуда, онро ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон ба тариқи кассатсионӣ шикоят намудааст, ки коллегияи мазкур бо таъиноти худ аз 7 сентябри соли 2011 ҳукми Суди ноҳияи Фархорро бетағйир ва шикояти кассатсиониашро қисман қаноатбахш намуда, бо дастрасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2011 «Дар бораи авф» ўро аз ҷазои асосӣ, иловагӣ ва аз ҳабс фавран озод намудааст.
Бо ҳукм ва таъиноти судӣ розӣ нашуда, ў онҳоро ба марҳилаи назоратии Суди вилояти Хатлон ба тариқи назоратӣ шикоят овардааст, ки бо қарори судяи Суди вилояти Хатлон аз 14 майи соли 2012 шикояти назоратиаш беқаноат мононда шудааст.
Шикояти такрории ў ба унвони раиси Суди вилояти Хатлон, инчунин шикояти назоратии ў ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мувофиқан бо мактуби ҷавобӣ аз 24 августи соли 2012, №1031 ва бо қарори судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2012 рад карда шудаанд.
Бо ин назардошт, номбурда аз Суди конститутсионӣ хоҳиш наму- дааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, ҳукми Суди ноҳияи Фархор аз 27 июли соли 2011, таъиноти коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон аз 7 сентябри соли 2011, қарори судяи Суди вилояти Хатлон аз 14 майи соли 2012 ва қарори судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2012 хилофи қонун эътироф карда, ў бегуноҳ эълон карда шавад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки шаҳрванд Саидов И.М. агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо талаби дар дархост пешниҳоднамудаи ў ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дохил намешавад ва мавзўи баррасии он низ нест.
Тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда муайян намудани қонунӣ, асоснокӣ ва дурустии санадҳои татбиқи ҳуқуқ қабулнамудаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, аз ҷумла амал, беамалӣ ва қонуншиканӣ аз тарафи онҳо, бекор намудани (беэътибор донистан) санадҳои судӣ ва санадҳои ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, назорат аз болои қонунӣ ва асоснок будани санадҳои судӣ, ки тибқи онҳо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон вайрон карда шудаанд, инчунин барқарор намудани зарари расонидашуда мувофиқан ба салоҳиятҳои судҳои умумӣ ва мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Бинобар ин, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Саидов И.М. бинобар тобеи Суди конститутсионӣ набудани дархости мазкур рад карда мешавад.
Саидов И.М. метавонад дар сурати норозӣ будан аз санадҳои зикршудаи судӣ, онҳоро бори дигар дар судҳои умумӣ мавриди баҳс қарор диҳад.
Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Саидов И.М. «Дар бораи хилофи қонун эътироф намудани ҳукми Суди ноҳияи Фархор аз 27 июли соли 2011, дигар санадҳои вобаста ба ҳукми Суди мазкур, қатъ намудани парванда ва бегуноҳ эътироф намудани ў», бинобар тобеи Суди конститутсионӣ набудани дархости мазкур рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.
3. Маводи пешниҳодшуда ва боҷи давлатӣ, ки бо расиди №0180442 аз 24 декабри соли 2012 ба маблағи 40 сомонӣ дар БДА ҶТ «Амонатбонк» пардохт шудааст, ба муроҷиаткунанда баргардонида шавад.
4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов