Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Чамъияти дорои масъулияти махдуд «Кайсун Майнинг Корпорейшн»
Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Кайсун Майнинг Корпорейшн» дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисмҳои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе 24 ноябри соли 2014
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда- Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ғаниев Ҷ.Р.,
дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяҳо Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.-ро дар бораи дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Кайсун Майнинг Корпорейшн» дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисмҳои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро шунида,
м у а й я н к а р д:
Намояндаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Кайсун Майнинг Корпорейшн» Робби Улям Кохо ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки моҳи июни соли 2013 фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Камароб» оид ба иҷрои қонунгузории андоз дар соли 2012 аз тарафи мақомоти андоз мавриди назорати камералӣ қарор дода шуд. 25 июни соли 2013 ба Ҷамъияти мазкур Талабномаи №10 дар хусуси пардохти андоз аз даромад дар ҳаҷми 59 984 800 сомонӣ, ҷарима дар ҳаҷми 14 996 200 сомонӣ ва фоиз дар ҳаҷми 40 78 966 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 79 059 966 сомонӣ супурда шуд.
Талабномаи зикршудаи мақомоти андоз ба фарзия, яъне имзои Меморандум оид ба ният аз 5 июли соли 2012 миёни Кайсун Энерҷӣ Групп Лимитед (минбаъд-Кайсун Энерҷӣ) ва Ап Энерҷӣ Девелопмент груп Лимитед (минбаъд-Ап Энерҷӣ) дар хусуси таҳвили 52% иштироки бавоситаи Кайсун Энерҷӣ дар ҶДММ «Камароб» ба фоидаи Ап Энерҷӣ ё ширкати фаръии вай ва имзои шартномаи хариду фуруши 52% ҳиссаи ҶДММ «Камароб» аз 19 декабри соли 2012 миёни Кайсун Энерҷӣ Групп Лимитед (ҷазираҳо Кайман) ва Алфа Виҷн Энерҷи Лимитед аз як тараф ва Ап Энерҷӣ ва Ап Энерҷӣ Рисорсис Компания Лимитед аз тарафи дигар асос ёфтааст, ки он ба ҶДММ «Кайсун Майнинг Корпорейшн» ва ҶДММ «Камароб» ягон иртибот надорад.
Дар шартнома аз 19 декабри соли 2012 иҷрои шартҳои ҳатмии он то 31 декабри соли 2012 пешбинӣ шудаст, ки дар ҳамин давра ширкати Алфа Виҷн Энерҷӣ Лимитед (фурушанда) уҳдадор гаштааст, ки 100% саҳмияҳояшро дар Вест Глории Девелопмент Лимитед (Ҷазираҳои Вирҷияи Британия) ба ширкати Ап Энерҷӣ (харидор) фурушад ва супорад.
Муроҷиаткунанда эзоҳ медиҳад, ки ширкати Алфа Виҷн Энерҷӣ Лимитед тавассути як қатор ширкатҳо, аз ҷумла ҶДММ «Кайсун Майнинг Корпорейшн» 52% ҳисаро дар ҶДММ «Камароб» назорат менамояд.
Мувофиқи шартномаи мазкур предмети хариду фуруш на ҳисса дар ҶДММ «Камароб ё ҶДММ «Кайсун Майнинг Корпорейшн», балки саҳмияҳои ширкати дури назораткунандаи ин ду ширкат мебошад, ки арзиши саҳмияҳо дар шартнома 394 648 800 доллари гонконгӣ муайян гардидааст.
Муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки ҶДММ «Кайсун Майнинг Корпорейшн» санади тафтишоти мақомоти андозро нагирифтааст, ба ҷамъият дар асоси тафтишоти андозӣ талаботи пардохти андоз пешкаш карда нашудааст. Ҳамчунин, ҷамъият тибқи қисми 1 моддаи 81 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 30 рўз имконияти аз нав дида баромадани санад ва қарори мақомоти андозро аз рўзи гирифтани қарори мақомоти андоз надошт. Ба ғайр аз ин, Кумитаи андоз дар давраи аз август то сентябри соли 2013 ба суроғаи ҶДММ «Кайсун Майнинг Корпорейшн» огоҳнома оид ба пардохти андозро дар шакли мактуб фиристодааст, ки дар навбати худ Ҷамъият дар мукотибаи худ бо Кумитаи мазкур норозигии худро оид ба талаботи пардохти андоз баён кардааст.
Баъдан, Суди иқтисодии ш. Душанбе бо ҳалномаи худ аз 12 феврали соли 2014 даъвои Кумитаи андозро оид ба ситонидани қарзи андозӣ, ҷаримаҳо ва дарсадҳо (фоиз) ба маблағи умумии 79 059 966 сомонӣ қонеъ намуда, даъвои ҶДММ «Кайсун Майнинг Корпорейшн»-ро дар бораи беэътибор донистани санади назорати камералӣ, ҳисобот оид ба ҷаримаҳо ва фоидаҳоро рад намудааст. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 22 апрели соли 2014 ҳалномаи Суди иқтисодии ш. Душанберо бе тағйир мононда, даъвои Ширкатро бе қаноат гузоштааст.
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои худро ба қисмҳои 1 ва 2 моддаҳои 125 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок кардааст, ки тибқи онҳо:
«1. Шахсони (агентҳои андози) зерин вазифадоранд, ки андозро аз манбаъҳои пардохт ситонанд:
…- шахсони ҳуқуқӣ- резидентҳое, ки қисми саҳмияи (ҳиссаи иштироки) ба ғайри резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллоқдоштаашон фурўхта (бегона карда) шудааст, инчунин агентҳои ваколатдори ғайрирезидентҳо, ки молу мулки (саҳмияҳои, ҳиссаи иштироки) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуддоштаи чунин ғайрирезидентҳоро фурўхтаанд (бегона кардаанд) ё додаанд, агар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андоз аз ҷониби худи ғайрирезидентҳо пас аз фурўш (бегонакуни) ё додани молу мулки зикршуда пешниҳод нашуда бошанд;
2. Шахсе, ки даромади дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишударо пардохт менамояд, барои ситонидан ва ба буҷет гузаронидани андоз ҷавобгар мебошад. Агар маблағи андоз сари вақт ба буҷет гузаронида нашавад, шахси даромадпардохткунанда ўҳдадор аст маблағи андози нигоҳдоштанашуда ва ба буҷет гузарониданашударо, инчунин ҷаримаҳо ва фоизҳои дахлдорро аз ҳисоби худ ба буҷет гузаронад.
Муроҷиаткунада чунин мешуморад, ки қисмҳои 1 ва 2 моддаҳои 125 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санадҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои судии судҳои иқтисодӣ ба онҳо асос ёфтаанд, ба муқаррароти моддаи 12 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ нестанд. Зеро дар ин моддаҳо давлат озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, баробарӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи намудҳои моликият, аз ҷумла моликияти ҳусусиро кафолат дода, пардохти андоз ва боҷҳо вазифаи ҳар як шахс муайян кардааст.
Ҳамчунин, аз меъёрҳои қисмҳои моддаи зикргардида барнамеояд, ки андозсупоранда- резидент, ки аз тарафи давлат барои боздоштан ва пардохтани андоз масъул карда шудааст, бояд бо кадом роҳ дар бораи хариду фуруши нисбати ў ҷой дошта хабар ёбад. Ин дар ҳолатест, ки андозсупоранда- резидент ҳангоми хариду фуруши (бегона намудани) ҳиссаи ба норезидентҳо мансуб будаи ҷамъият хабардор карда намешавад, дар худи хариду фуруш иштирок намекунад ва мутаносибан ба фуру-шанда даромаде пардоз намекунад, ки аз ҳамон андоз боздошта шавад.
Бо ин назардошт, намояндаи ҶДММ «Кайсун Майнинг Корпорейшн» чунин мешуморад, ки қисмҳои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи моддаи 12 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доранд, зеро ҳолатҳо дар онҳо танзимгардида бар хилофи принсипҳои андозбандӣ буда, ҳуқуқ ва манфиати ширкатро ҳамчун резеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол мекунад.
Бинобар ин, намояндаи ширкат аз Суди конститутсионӣ талаб менамояд, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз намуда, мувофиқати қисмҳои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаҳои 12 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости пешниҳодшуда ва маводи ба он замимагардидаро бо назардошти амалияи мавҷудаи андозбандӣ мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки ҶДММ «Кайсун Майнинг Корпорейшн» ҳамчун шахси ҳуқуқӣ агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳсуб ёбад ва талаби дар дархост омадаи ў шаклан мавзўи баррасии Суди конститутсионӣ бошад ҳам, аммо дар масъалаи гузошташудаи муроҷиаткунанда, яъне мувофиқати қисмҳои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номуайяние дида намешавад, ки он оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ ва санҷиши конститутсиониро тақозо намояд.
Зеро меъёрҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 125. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон на меъёрҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқу манфиат ё манъкунии фаъолияти озоди иқтисодӣ пешбининамудаи Конститутсия нисбати агентҳои андоз, балки тартиби муқаррарнамудаи давлат мебошад, ки аз тарафи агентҳои андоз ситонидан ва манбаҳои пардохти андозро муайян менамоянд. Яъне дар меъёрҳои зикршуда аниқ номбар шудани агентҳои андоз, манбаи пардохт, масъулияти агентҳои андоз барои ба буҷет гузаронидани андоз ва дар сурати сари вақт ба буҷет напардотани андоз пешбинӣ шудани ҷаримаҳо ва фоизҳои дахлдор масъалаҳое мебошанд, ки онҳо муайян ва ошкоро буда, ба муқаррроти моддаи 45 Конститутсия, ки тибқи он: «Додани андоз ва пардохтҳо, қи қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад» тавъам мебошанд. Онҳо, инчунин ба фаъолияти озоди иқтисодии субъектони бозор ва агентҳои андоз монеа ва маҳдудият эҷод намекунанд.
Ҳамчунин, меъёрҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 125 хусусияти умумӣ ва васеи нисбати ҳама агентҳои андоз татбиқшаванда доранд ва онҳоро нисбати як ҳолати мушаххас ва фаъолияти агенти дахлдори андоз маънидод ва татбиқ кардан, мазмуни маҳдуд фаҳмидани муқаррароти қисмҳои зикршудаи моддаи 125 Кодекси андозро дошта, ба татбиқ ва амалия нодурусти меъёрҳои зикршуда бурда мерасонад.
Ваҷҳҳои муроҷиаткунанда дар хусуси он, ки меъёрҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андоз андозсупоранда – резиденти барои пардохтани андоз масъулро дар бораи хариду фуруши нисбати саҳмияҳои ў ҷой дошта хабардор намесозанд, андозсупоранда- резидент ҳангоми хариду фуруши (бегона намудани) ҳиссаи ба норезидентҳо мансуб будаи ҷамъият хабардор намешавад, дар худи хариду фуруш иштирок намекунад ва мутаносибан ба фурушанда даромаде пардоз намекунад, ки аз ҳамон андоз боздошта шавад, хусусияти субъективӣ ва техникӣ дошта, на фактҳои ҳуқуқӣ, балки андешаҳои муроҷиаткунанда мебошанд, ки исботро талаб намекунанд. Онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиаи иқтисодӣ метавонанд дар якҷоягӣ бо дигар далелҳо мавзўи баррасии мурофиаи судии иқтисодӣ бошанд.
Аз тарафи дигар, онҳо ваҷҳҳое мебошанд, ки дар асоси онҳо дар бораи номувофиқатии қисмҳои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андоз ба моддаҳои зикршудаи Конститутсия хулоса кардан мантиқ надорад.
Ҳамин тариқ, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳс қарордодаи муроҷиаткунанда худ ба худ ва дар маҷмўъ бо дигар меъёрҳо ва муқаррароти қонунгузории андоз ҳуқуқу манфиатҳои ҶДММ «Кайсун Майнинг Корпорейшн»-ро маҳдуд ва поймол намекунанд ва аз ин рў, барои баррасӣ намудани ин дархост дар мурофиаи судии конститутсионӣ асос мавҷуд нест.
Бинобар ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳолатҳои зикршуда оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Кайсун Майнинг Корпорейшн» дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисмҳои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад менамояд.
Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 34, 40, 41, 43, 44, 45, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Кайсун Майнинг Корпорейшн» дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисмҳои 1 ва 2 моддаи 125 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.
3. Таъиноти мазкур дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикисион нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудзода
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов