Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Абдурахмонов В.Н
Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Абдураҳмонов В.Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати меъёрҳои алоҳидаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе 22 январи соли 2015
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ –Ғаниев Ҷ., дар маҷлиси судӣ дархости шаҳрванд В.Н. Абдураҳмоновро «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати меъёрҳои алоҳидаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумхурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Абдураҳмонов Ватанҷон Негматович-судяи дар истеъфобуда бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки дар муддати 10 соли охир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки на ҳамаи онҳо ба андешаи ў ба принсипи баробар будани се шохаи ҳокимияти давлатӣ тавъам мебошанд.
Чунончи, ба моддаҳои 97 ва 135 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 июли соли 2012 таҳти №833 илова ворид карда шудааст, ки тибқи он ҳар як судя уҳдадор карда шудааст, ки ҳамасола ба Шўрои адлия ҳисобот пешниҳод намояд. Ў қайд менамояд, ки уҳдадории асосии судя ин барқарор намудани адолати судӣ мебошад. Ҳисоботдиҳиро як шакли таъсиррасонӣ ба судяҳо ва назорат аз болои онҳо арзёбӣ менамояд.
Муроҷиаткунанда, инчунин қайд менамояд, ки қаблан тадбирҳои ҳимояи иҷтимоии судя ва аъзои оилаи он, ҳаёт ва саломатии судя аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи музди меҳнати даҳсолаи судя мавриди суғуртаи ҳатмии давлатӣ қарор дода мешуд. Аммо дар натиҷаи тағйироти ба моддаи 128 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳи августи соли 2012 ворид кардашуда, маблағи суғуртавӣ барои вафоти судя ба андозаи музди меҳнати ҳаштмоҳа ва дар мавриди расонидани зарар ба саломатии судя ба андозаи музди меҳнати шашмоҳаи судя муқаррар карда шудааст.
Ба ғайр аз ин, дар вақти ба истеъфо баромадани судя ба ў кўмакпулӣ ба андозаи музди меҳнати даҳмоҳа дода мешуд. Ҳоло бошад, кўмакпулии семоҳа муқаррар карда шудааст. Ба андешаи муроҷиаткунанда сабаби ба моддаи 19 Қонуни конститутсионии мазкур даровардании чунин тағйироти маҳдудкунандаи ҳуқуқҳои судя маълум нест.
Ҳамчунин, ба моддаи 19 Қонуни конститутсионии мазкур, нисбат ба истеъфои судя тағйирот дароварда шуда, ҳуқуқҳои судяҳо поймол ва маҳдуд карда шудааст. Агар пеш таъминот пулии умрбоди судяи дар истеъфобуда ба 80 фоизи музди меҳнати судяи коркунанда баробар бошад, ҳоло он ба 50 фоиз баробар карда шудааст. Аз тарафи дигар ҳаҷми кори судяҳо сол аз сол зиёд шуда, шумораи судяҳо бошад, бетағйир истодааст. Ҷомеаи Тоҷикистон бошад ба ҳокимияти судии пурқувват ва босалоҳият ниёз дорад.
Ба андешаи муроҷиаткунанда тағйироте, ки 22 майи соли 2014 ба моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст, ҳуқуқҳои судяҳоро боз ҳам маҳдуд кардааст. Дар меъёрҳои моддаи мазкур омада буд, ки судяе, ки дастгир шудааст ё ба мақомоти корҳои дохила оварда шудааст, баъд аз муайян кардани шахсияташ озод карда мешавад. Аммо ин меъёр аз моддаи 9 Қонуни мазкур хориҷ карда шуд. Ин тағйирот ба моддаи 91 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он: «Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ўро бе ризоияти мақомоте, ки интихоб ё таъин кардааст, ҳабс кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан мумкин нест. Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ў ҳангоми содир кардани ҷиноят» мухолиф мебошад.
Ба ғайр аз ин, тибқи моддаи 119 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» судя: а) барои дағалона вайрон намудани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳои судӣ; б) барои вайрон намудани қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ; в) барои рафторе, ки қадру номуси судяро паст мезанад, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад. Тағйиру иловаҳои зерин низ ба Конститутсия, ки дахлнопазирии судяро кафолат додааст, зид мебошад.
Муроҷиаткунанда, инчунин қисми 2 моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба моддаи 84 Конститутсия мухолиф меҳисобад, ки он аз як суд ба суди дигари якхела ё ба суди болоӣ ё ба суди поёнӣ таъин ё интихоб шудани судяро танзим менамояд. Ба андешаи ў, меъёри мазкур воқеан ҳуқуқои судяҳоро маҳдуд карда, ба Шўрои адлия ҳуқуқ медиҳад, ки аз судяҳои номақбул халос шавад.
Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, дархосткунанда аз Суди конститутсионӣ хоҳиш намудааст, ки оид ба дархости ў мурофиаи судӣ оғоз карда шуда, мувофиқати меъёрҳои алоҳидаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсия муайян карда шавад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва маводи ба он замимакардашударо мавриди баррасӣ қарор дода, оғоз намудани мурофиаи судиро аз рўи он бо асосҳои зерин рад менамояд:
якум, Абдураҳмонов В.Н.- ҳумчун шаҳрванд субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда наметавонад, зеро тибқи сархати шашуми моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсони воқеӣ дар хусуси ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин мақомоти судӣ нисбат ба онҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ карда шудаанд ва ба андешаи онҳо боиси вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониашон гардида бошад, ҳуқуқи ба Суди конститутсионӣ муроҷиат карданро доранд.
Дар ҳолати мазкур, Абдураҳмонов В.Н. дар ягон муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ қарор надошта, нисбати ў ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди татбиқ қарор нагирифтааст, ки он ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии ўро поймол карда, барои муроҷиат ба суд асос гардад.
Дуюм, предмети баррасии Суди конститутсионӣ муайян намудани мутобиқати қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсия мебошад. Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи муқаррароти санадҳои қонунгузорӣ бекор ё аз эътибор соқит дониста шудаанд, мавриди баррасии Суди конститутсионӣ қарор намегиранд.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки муроҷиаткунанда меъёрҳои онро мавриди баҳс қарор додааст, бо моддаи 137 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014 № 1084 «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шуда, қонуни конститутсионии мазкур, ҳамчунин Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул карда шудааст.
Сеюм, дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи сархати шашуми қисми 3 моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест, яъне ҳолат ва далелҳои мушаххас дар хусуси ба Конститутсия мувофиқат надоштани меъёрҳои мушаххаси мавриди баҳс қарордодашуда, ки муроҷиаткунанда талаб ва далелҳои худро ба онҳо асоснок менамоянд, аниқ ва мушаххас нишон дода нашудаанд.
Аз ин рў, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи дархости мазкур бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад менамояд.
Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Абдураҳмонов В.Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати меъёрҳои алоҳидаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.
3. Боҷи давлатие, ки 6 январи соли 2015 муроҷиаткунанда Абдураҳмонов В.Н.ба маблағи 45 (чилу панҷ) сомонӣ дар БДА ҶТ «Амонатбонк» пардохт намудааст, ба ў баргардонида шавад.
4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудзода
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов