Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба мурочиати шахрванд Чураев С.
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Ҷўраев С. «Дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накардани сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва бекор намудани он»
ш. Душанбе 22 майи соли 2018
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Абдураҳимзода Д.Р.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулмонов С.,
дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К.М. ва судяи Суди конститутсионӣ Ҳошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости шаҳрванд Ҷўраев С. «Дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накардани сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва бекор намудани он» шунида,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Ҷўраев С. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки бо ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 3 марти соли 2017 Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Тоҷпромбонк» муфлис эътироф гардида, талаботи амонатгузорони он қонеъ гардонида нашудааст.
Муносибатҳои амонатгузорон ва ташкилоти қарзӣ, яъне бонкро моддаҳои 854-865 ва тартиби барҳамдиҳии шахси ҳуқуқиро моддаҳои 62-68 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва тибқи банди дуюми қисми 1 моддаи 65 кодекси зикршуда ҳангоми барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ дар навбати аввал талаботи шаҳрвандон – амонатгузорон қонеъ гардонида мешавад.
Кодекси гражданӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, дар банди дуюми қисми 1 моддаи 2 муқаррар намудааст, ки меъёрҳои қонунҳои граждание, ки дигар қонунҳо ва санади дигари қонунӣ дар бар гирифтаанд, бояд ба Кодекси гражданӣ мутобиқ бошанд.
Аммо сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон-амонатгузоронро дар навбати чорум муқаррар намудааст, ки ин ҳолат ба талаботи Конститутсия ва моддаҳои 1, 2 ва 65 Кодекси гражданӣ мутобиқат намекунад.
Муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки новобаста аз он ки қисми зиёди молу мулки қарздор – «Тоҷпромбонк» фурўхта шудааст, вале Бонки миллӣ ва намояндаи ў – мудири махсуси «Тоҷпромбонк» талаботи қонунии амонатгузоронро қонеъ намегардонанд.
Тибқи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.
Аммо новобаста аз ин, Бонки миллӣ ва мудири махсуси он дар «Тоҷпромбонк» сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»-ро ба асос гирифта, аввалан ҷиҳати таъмини фоидаи Бонки миллӣ ва Вазорати молия амал карда, талаботи шаҳрвандон-амонатгузоронро қонеъ намегардонанд.
Вазоратҳои молия ва адлия барои аз ҷониби идораҳои нотариалии вилоятҳо, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вобаста ба молу мулки Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Тоҷпромбонк» гузаронидани ҳамагуна амалиёти нотариалро манъ карда, зиёда аз 110 намуд молу мулки асосии «Тоҷпромбонк»-ро ба ҳабс гузошта, фурўши онҳоро боздоштаанд.
Муроҷиаткунанда иброз медорад, ки мақомоти номбурда ба суди иқтисодӣ супориш додаанд, ки масъалаи марбут ба бардоштани манъи амалиёти нотариалиро бо Вазорати молия ҳаллу фасл намояд ва бо ин амали худ онҳо ваколати судиро ба зиммаи худ гирифта, ҳуқуқу манфиатҳои конститутсионии шаҳрвандон-амонатгузоронро дар хусуси муроҷиат намудан ба суд маҳдуд намудаанд.
Ҷўраев С. ҳамчунин қайд менамояд, ки аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофи қонунҳо то ба имрўз баратараф карда нашудааст ва дар ин бора тавзеҳоти Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мисол шуда метавонад, ки ў талаботи моддаҳои номбурдаи Кодекси гражданиро оид ба дар навбати аввал қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон-амонатгузорон дар амал рад намудааст. Ҳол он ки мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» худи қонунгузор – Маҷлиси Олӣ вазифадор аст, ки ихтилофоти қонунҳоро бартараф намояд.
Ҳамзамон номбурда зикр мекунад, ки мақомоти прокуратура низ ба масъалаи ў, аз ҷумла ба таъмини назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳо, бонкҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдори онҳо эътибор намедиҳад.
Муроҷиаткунанда ҳолатҳои зикршударо боиси вайрон шудани ҳуқуқу манфиатҳои конститутсионии ў ва ҳазорҳо шаҳрвандон-амонатгузорон ҳисобида, қайд менамояд, ки тибқи моддаи 19 Конститутсия ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад ва ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.
Бинобар ин, шаҳрванд Ҷўраев С. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, талаб намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бинобар ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси гражданӣ мувофиқат накарданаш бекор карда шавад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва дигар маводи ба он замимашударо дида баромада, қайд менамояд, ки шаҳрванд Ҷўраев С. агарчи субъекти муроҷиат маҳсуб ёбад ва баррасии дархости ў шаклан ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дохил шавад ҳам, аммо дар масъалаи мутобиқати сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номуайяние ошкор нагардид, ки барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ асос гардад.
Чунончӣ, тибқи талаботи қисми 2 моддаи 44 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ ошкор гаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асос мегардад.
Мавҷуд набудани номуайянӣ дар масъалаи мавриди баҳс қарордодаи муроҷиаткунанда дар он ифода меёбад, ки муқаррароти сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ба моддаҳои дахлдори Конститутсия алоқамандии бевоситаи мавзўӣ ва мазмунӣ надорад. Аз ин рў, ин ҳолат мантиқан наметавонад боиси таҳлили муқоисавии конститутсионӣ-ҳуқуқии меъёрҳои баҳсӣ гардад.
Ҳамчунин, баррасии масъалаи дар муроҷиат овардаи шаҳрванд Ҷўраев С. дар қисмати номутобиқатии сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ба банди дуюми қисми 1 моддаи 65 Кодекси гражданӣ ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб нест. Зеро, тибқи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионӣ на масъалаи ба ҳам мувофиқ будан ё набудани кодексу қонунҳо, балки дар асоси дархости субъектҳои ҳуқуқ масъалаи ба Конститутсия мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро баррасӣ менамояд.
Дар сурати ҷой доштани ихтилофоти ҳуқуқӣ байни кодекс ва қонун тартиби ҳалли ин масъаларо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» муайян намудааст.
Дархост ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ мувофиқ набуда, моҳияти талаби муроҷиаткунанда мушаххас нишон дода нашудааст, зеро талаб ва далелҳои овардашуда дар хусуси ба моддаи дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат надоштани муқаррароти қонуspan style=quot;, serif;quot;Times New Roman Tjquot;,serif; mso-ansi-language: TG;quot;, serif;ни мавриди баҳсқарордода, асоснок карда нашудааст.
Аз ин рў, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости шаҳрванд Ҷўраев С. «Дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накардани сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бинобар ошкор нагаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститутсия мувофиқат доштани муқаррароти қонуни мавриди баҳс қарордодашуда, ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набудани масъалаи муайян намудани мутобиқати байни муқаррароти зикршудаи Кодекси гражданӣ ва қонун, инчунин ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост рад менамояд.
Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ зимни омўзиши дархост носаҳеҳӣ ва гуногунфаҳмии муқаррароти банди дуюми қисми 1 моддаи 65 Кодекси гражданиро дар иртибот бо қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» аз ҷониби шаҳрвандон-пасандозгузорон муайян намуд, ки ин ҳолат дар таҷриба барои ба таври дахлдор амалӣ шудани ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои конститутсионии шахс ба моликият монеа гардидааст.
Бинобар ин, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки муқаррароти банди дуюми қисми 1 моддаи 65 Кодекси гражданӣ ва қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»-ро бо дарнарзардошти таҷрибаи мавҷудаи ҷаҳонӣ ва бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои конститутсионии шаҳрвандон-пасандозгузорон ба моликият мавриди таҷдиди назар қарор диҳад.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости дархости шаҳрванд Ҷўраев С. «Дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накардани сархати сеюми, қисми 1, моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бинобар ошкор нагаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститутсия мувофиқат доштани муқаррароти қонуни мавриди баҳс қарордодашуда, ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набудани масъалаи муайян намудани мутобиқати байни муқаррароти зикршудаи Кодекси гражданӣ ва қонун, инчунин ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост рад карда шавад.
2. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти банди дуюми қисми 1 моддаи 65 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»-ро бо дарнарзардошти таҷрибаи мавҷудаи ҷаҳонӣ ва бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои конститутсионии шаҳрвандон-пасандозгузорон ба моликият мавриди таҷдиди назар қарор диҳад.
3. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.
4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.