Қарор аз рўи дархости Хизби нахзати исломии Точикистон
Оид ба дархости Њизби наҳзати исломии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2009 таҳти №122 ба қисми ҳафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе 8 декабри соли 2009
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда- Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М. М., Каримов К. М. ва Назаров М.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Одинаева Р.Р.,
тарафҳо:
а) М. Кабирӣ- Раиси Њизби наҳзати исломии Тоҷикистон – тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шудааст;
б) Ватанов М.М.-намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Меҳмон Бахтӣ-намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Мирзоев Х. Б. намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ- намояндагони тарафе, ки санади меъёрии ҳуқуқии қабул, ҷонибдорӣ ва имзонамудаи онҳо мавриди баҳс карор дода шудааст;
в) Додоҷонов Муҳибулло – Роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон- тарафе, ки санади қабул ва татбиқнамудаи он мавриди баҳс қарор дода шудааст.
Даъватшудагон:
Нуралиев Абдулҳамид-Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ќодиров Тоҳир Ќамарович – судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Ҷонибек-Сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимов Мадиброҳим – Сардори Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷлиси ошкорои Суди конститутсионӣ парвандаро аз рўи дархости Њизби наҳзати исломии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2009 таҳти №122 ба қисми ҳафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, маърўзаи муовини Раиси Суди конститутсионӣ Назаров М., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромадҳои иштирокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешниҳодшуда ва дигар ҳуҷҷатҳоро таҳқиқ намуда,
м у а й я н к а р д:
Раиси Њизби наҳзати исломии Тоҷикистон М. Кабирӣ бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, нишон медиҳад, ки бо Ќарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2009 ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Њимматзода бинобар ба истеъфо рафтанаш қатъ карда шуд.
Ў ҳамчун Раиси Њизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо назардошти қарори Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди интихоботи 27 феврали соли 2005 ба ҳизби онҳо ду мандат ҷудо карда шуда буд, ба Комиссияи зикршуда муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки мандати вакили ба истеъфорафта ба номзади навбатии дар рўйхат баъд аз вакилони интихобгардида қарордошта дода шавад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номаи ҷавобии худ аз 28 апрели соли 2009 №141бинобар сабаби камтар аз як сол мондани ваколати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани мандати вакилиро ба номзади дар рўйхат баъд аз интихобшудагон қарордошта номумкин шуморида, ба ў тавсия додааст, ки барои бартараф кардани гуногунфаҳмӣ ва тафсири моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мақоми санади меъёрии ҳуқуқиро қабулкарда, яъне ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ рўзи 21 майи соли 2009 муроҷиати ўро баррасӣ намуда, тибқи протоколи №63 қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ ҳисобидааст.
Комиссия марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намуда, бо қарори худ аз 25 майи соли 2009 №122 бо назардошти қисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он «агар аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон камаш як сол пеш аз қатъи ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ваколаташ қатъ шуда бошад, интихоботи нави аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба ҷои вакили ваколаташ қатъгардида гузаронида намешавад» талаби ҳизбро дар хусуси додани мандати вакилӣ ба номзади навбатӣ рад намуда, ба Раиси ҳизб фаҳмондааст, ки ў ҳуқуқ дорад қарори Комиссияро ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шикояти Њизби наҳзати исломии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, бо ҳалномаи худ аз 1 июни соли 2009 қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 25 апрели соли 2009 №122 қонунӣ ҳисобида, шикояти ҳизбро рад кардааст.
Ба андешаи М. Кабирӣ, масъалаи пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколати вакилони дар натиҷаи тақсимоти мандатҳои вакилӣ дар байни ҳизбҳои сиёсӣ интихобгардида, инчунин додани мандати онҳо ба номзади баъд аз онҳо дар рўйхати дахлдори ҳизбҳо қарордошта дар қисми дуюми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди танзим қарор дода шуда, муқаррароти қисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии зикршуда на ба вакилони аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявии аз ҳисоби ҳизбҳои сиёсӣ интихобшуда, балки ба интихоби вакилоне дахл дорад, ки онҳо аз ҳавзаҳои якмандата интихоб карда шуданд.
Бинобар ин, ў аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб менамояд, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз намуда, мутобиқати қисми чорум ва умуман моддаи 57 Ќонуни консти- тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2009 №122-ро ба қисмҳои якум ва ҳафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис- тон муайян намояд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости пешниҳод- намудаи Раиси Њизби наҳзати исломии Тоҷикистон М. Кабириро таҳлил намуда, қайд менамояд, ки тибқи Конститутсия дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё бавоситаи вакилони худ амалӣ менамояд ва ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот мебошад.
Муқаррароти зикршудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаи 21 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар сарчашма мегирад, ки тибқи он:
«1.Њар як инсон ҳақ дорад, бевосита ё бавоситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, дар идораи корҳои кишвари худ ширкат намоянд.
3. Иродаи халқ бояд асоси ҳокимияти ҳукумат бошад; ин ирода ба воситаи интихоботи давра ба давра ва бидуни сохтакорӣ, ки дар сурати мавҷудияти ҳаққи интихоботи умумӣ ва бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ё тавассути шаклҳои дигари овоздиҳии озодонаро таъмин менамоянд, ба амал бароварда мешавад.»
Бо назардошти талаботи санадҳои зикргардида, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки аз синни муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар райъпурсии умумихалқӣ иштирок ва шахсони арзандаи мамлакатро ба сифати намояндагони худ ба мақомоти дахлдори давлатӣ интихоб намоянд ва дар навбати худ онҳо низ ба мансабҳои дахлдори давлатӣ интихоб гардида, намояндагии қисмати дахлдор ва дар маҷмўъ тамоми халқи Тоҷикистонро ба амал бароранд.
Аз ин рў, гузаронидани интихоботи умумӣ, баробар, мустақим, бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ, шафоф, давра ба давра ва бидуни сохтакорӣ, ки аз талаботи ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд бармеоянд, аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳо ва дастовардҳои сиёсию ҳуқуқии инсоният ба шумор мераванд. Ин принсипҳо ва муқаррарот, ки заминаи асосии санадҳои ҳуқуқии байнал- милалии эътирофнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла низоми ҳуқуқии Тоҷикистонро дар масъалаи интихобот ташкил медиҳанд, дар Конститутсия ва як қатор қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 49 асосҳои ташкилию ҳуқуқии интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистонро эълон намуда, дар қисми ҳафтуми моддаи мазкур танзими ҳуқуқии шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоби онҳо, тартиби интихоб нашудан ва мувофиқ набудани ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро ба қонуни конститутсионӣ ҳавола кардааст.
Бо назардошти талаботи Конститутсия Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 №856 «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои ташкилию ҳуқуқии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, дар он принсипҳои асосии гузаронидани интихобот, ташкили комиссияҳои интихобот, пешбарӣ, бақайдгирӣ ва кафолатҳои фаъолияти номзадҳо, ташкил ва тартиби овоздиҳӣ, инчунин ҷамъбасти натиҷаҳои интихоботро танзим менамояд. (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №12, мод. 296; 2004, №7, мод.451; соли 2007, №5, мод.352; соли 2008, №10, мод.797).
Њамин тариқ, интихоби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонин ифодаи иродаи халқи Тоҷикистон арзёбӣ гардида, он татбиқи бевоситаи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихобот ва тавассути намояндагони интихобнамудаи худ иштирок намудан дар корҳои идоракунии давлат ва ҷомеа мебошад.
Суди конститутсионӣ қисми чоруми моддаи 57 Ќонуни конститутсионии зикршудаи боиси баҳси тарафҳо қарордодашударо, ки нагузаронидани интихоботи нави аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро ба ҷои аъзо ва вакилони ваколаташон бинобар сабаби аз як сол камтар мондани ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъгардидаро танзим менамояд, дар пайвастагӣ бо меъёрҳои дахлдори Конститутсия, матни пурраи моддаи 57, ки гузаронидани интихоботи нави аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро ба ивази аъзо ва вакилони хориҷшуда муайян мекунад, мавриди таҳлил қарор дода, қайд менамояд, ки он ба қисми якум ва қисми ҳафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Суди конститутсионӣ қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 25 майи соли 2009 №122 низ ҳаматарафа таҳлил намуда, қайд менамояд, ки тибқи талаботи моддаи 20 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян намудани қонунӣ ва асоснокии он ба салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.
Аз ин рў, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи банди 9-и қисми дуюми моддаи 46 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияташ мансуб набудани баррасии масъалаи мазкур, нисбати қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судии конститутсиониро қатъ менамояд.
Суди конститутсионӣ, инчунин қайд менамояд, ки тибқи талаботи банди 3 қисми 4 моддаи 68 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 № 506 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар қироати дуюм қабул шудааст) соли 2009, №3, мод. 99) Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо қарори худ барои қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафсири расмӣ диҳад.
Аз ин рў, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар сурати ба ў муроҷиат намудани шахсон ва мақомоте, ки ҳуқуқи пешниҳод намуданро оид ба додани тафсири Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда тафсири расмӣ дода, ба татбиқи дурусти санадҳои қабулнамудаи худ мусоидат намояд.
Дар асоси гуфтаҳои боло ва мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 32, 36, 37, 46-48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Ќисми чорум ва умуман моддаи 57 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қисмҳои якум ва ҳафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд.
2. Мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба муайян намудани муто- биқати Ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2009 №122 ба қисми ҳафтуми моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набуданаш қатъ карда шавад.
3.Ќарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш эътибор пайдо мекунад.
4. Ќарори мазкур дар «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Маҳмудов
Котиби
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримо