Қарор аз рўи муроҷиати Қ.Ақназаров

АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Доир ба парванда аз рўи муроҷиати Қ.Ақназаров – намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ ба қисми 1 моддаи 1, қисми 2 моддаи 5, қисми 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе 13 майи соли 2009

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Хоҷаев И.; судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Каримов К.М., Муқбилшоев Б. ва Назаров М.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Холиқова Ш.С.,
тарафҳо:
Ақназаров Қ. – намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айреген-ЛТД»-тарафе, ки бо дархости ў мурофиаи Суди конститутсионӣ оғоз карда шудааст,
Раҳимов М.З.- намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор; Маҳмудов М.А.- намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; Бобоев У.Х.- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент: – тарафҳое, ки санади меъёрии ҳуқуқии қабул, ҷонибдорӣ ва имзо намудаи онҳо мавриди баҳс карор дода шудааст,
даъватшудагон: намояндаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон-муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддинов В. ва намояндаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон-муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифов М.,
дар асоси моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷлиси ошкорои Суди конститутсионӣ парвандаро аз рўи муроҷиати Қ.Ақназаров – намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ ба қисми 1 моддаи 1, қисми 2 моддаи 5, қисми 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда, маърўзаи судя Абдуллоев Л.И. баёноту хулосаи намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Қ.Ақназаров ва тарафҳоро шунида, маводи пешниҳодшуда ва дигар ҳуҷҷатҳоро таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д :
Намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Қ.Ақназаров бо дархост ва дархости иловагӣ ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда нишон додааст, ки бо ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2003 даъвои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҶСШК «Пахтаи Пролетар» ба ҷавобгарии Кумитаи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» дар бораи беэътибор донистани шартномаи хариду фурўши 75+1-фоизи саҳмияҳои ҶСШК «Пахтаи Пролетар»-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд қонеъ карда шудааст.
Парванда бо шикояти намояндаи ҷавобгар дар зинаи аппелятсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, бинобар бастани созиши оштишавии тарафҳо қатъ карда шудааст.
Сипас, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъиноти кассатсионӣ аз 12 ноябри соли 2003 эътирози Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ карда, қарори марҳилаи аппелятсиониро бекор намуда, ҳалномаи суди марҳилаи аввалро бетағйир монондааст.
Намояндаи ҷавобгар Ақназаров Қ. 23 августи соли 2007 аз болои санади мазкури эътибори қонунӣ пайдокарда, бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат кардааст.
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аризаи намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД»-ро бо таъинот аз 30 августи соли 2007 дар асоси моддаи 108 Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1995) ба даъвогар баргардонидааст. Намояндаи Ширкати мазкур ба ин таъинот розӣ нашуда, 27 сентябри соли 2007 бо шикоят ба марҳилаи аппелятсионӣ муроҷиат намудааст, ки он таъиноти дар боло зикршударо бекор карда, аризаи ўро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, бо таъинот аз 5 феврали соли 2008 баррасӣ намудани парвандаро, ки бо асоси ошкор шудани ҳолатҳои нав пешниҳод шуда буд, рад кардааст.
Минбаъд таъиноти марҳилаи аппелятсионӣ аз 5 феврали соли 2008 бо таъиноти марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2008 бетағйир мононда шудааст.
Намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Ақназаров Қ. аз болои ин таъинот 28 феврали соли 2009 таҳти рақами содиротии 36/02-РТ ба воситаи почта ва 2 марти соли 2009 ў шахсан ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз нав ба тариқи назоратӣ баррасӣ намудани таъиноти номбурда аризаи назоратӣ додааст.
Аризаи мазкурро ҷонишини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинҷонова М. санҷида, бо сабаби он ки гўё ариза баъди мўҳлати 6-моҳаи дар қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ пешбинишуда пешниҳод шуда бошад, онро бо таъиноти худ аз 27 марти соли 2009 ба аризадиҳанда баргардонидааст.
Муроҷиаткунанда ба ин таъинот розӣ нашуда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии Ширкатро бинобар маҳдуд будани мўҳлати шикояткунӣ ба тариқи назоратӣ поймолшуда ҳисобида, аз Суди конститутсионӣ талаб кардааст, ки қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодиро ба қисми 1 моддаи 1, қисми 2 моддаи 5, қисми 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба моддаи 14 Паймони байналмилалӣ «Оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ»-ро аз 16 декабри соли 1966, ки аз 4 апрели соли 1999 ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон дорои амал мебошад ва тибқи он «Ҳамаи шахсон дар назди суд баробаранд. Ҳар кас ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояш дар ягон мурофиаи шаҳрвандӣ ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоҳият, мустақил ва беғаразе, ки дар асоси қонун таъсис дода шудааст, ҳақ дорад», мутобиқатнадошта эътироф намояд. Ў ин талаби худро дар маҷлиси судӣ низ дастгирӣ намуд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мавриди баҳс қароргирифтаро ҳаматарафа таҳқиқ намуда, қайд менамояд, ки тибқи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси иқтисодиёти Тоҷикистон аз шаклҳои гуногуни моликият иборат буда, давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат додааст.
Тибқи муқаррароти зикршуда шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд, ки дар тамоми соҳаҳои фаъолияти иқтисодию соҳибкорӣ озодона ширкат варзида, дар сурати халалдор шудани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва хоҷагидориашон аз кафолати ҳифзи судӣ бархурдор бошанд. Ин кафолатро моддаи 19 Конститутсия муқаррар намуда, ба ҳар шахс ҳуқуқ додааст талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғарази тибқи қонун таъсисёфта баррасӣ намояд.
Мувофиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ мурофиаҳои судӣ ошкоро бо иштироки тарафҳо ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат гирифта, тарафҳои манфиатдор дорои ҳуқуқу ўҳдадориҳои баробар буда, дар чунин мурофиаҳои судӣ ҳуқуқу манфиатҳои мавриди баҳс қароргирифтаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баррасӣ шуда, адолати судӣ таъмин карда мешавад.
Қисми 3 моддаи 270 Кодекси номбурда, ки мавриди баҳси намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Ақназаров Қ. ва баррасии маҷлиси судии Суди конститутсионӣ қарор гирифтааст, мўҳлати мурофиавиро оид ба додани ариза ё эътироз дар бораи ба тариқи назоратӣ аз нав дида баромадани санадҳои судии судҳои иқтисодӣ дар мўҳлати на зиёдтар аз шаш моҳи баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судии охирин, ки оид ба парванда қабул шудааст, муқаррар кардааст.
Бо риояи мўҳлати зикршуда овардани арзу эътирози назоратӣ имконият фароҳам меорад, ки хато ва камбудиҳои дар марҳилаҳои аввал, аппелятсионӣ ва кассатсионӣ роҳ додашуда дар марҳилаи назоратӣ бартараф карда шаванд.
Зарурати мушаххас намудани чунин мўҳлатҳои мурофиавӣ, салоҳияти бевоситаи қонунгузор буда, он пеш аз ҳама бо мақсади устувории ҳалномаҳои судӣ баҳри амалӣ шудани кафолати ҳифзи судӣ ва саривақт барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои вайроншудаи шахсони иштироккунандаи парванда, гирифтани пеши роҳи беохир такроран баррасӣ шудани парвандаҳои иrтисодӣ, таъмини низоми муносибатҳои нави ҳуқуқӣ оид ба мустаҳкам кардани асосҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат равона карда шудааст.
Қонунгузор тартиби аз нав ба тариқи назоратӣ баррасӣ намудани парвандаҳои иқтисодиро тағйир дода, ба тарафи аз санади эътибори қонунӣ пайдокарда розӣ набуда имконият додааст, ки аризаи норозигии худро барои аз нав ба тариқи назоратӣ баррасӣ намудани парванда дар мўҳлати 6-моҳ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон водор карда шудааст, ки ариза ва эътирозҳои ба тариқи назоратӣ пешниҳоднамудаи шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсони дар моддаи 41 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ номбаршударо аз болои санадҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари эътирозҳои Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намояд.
Тибқи тартиби нав, дар маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодӣ шахсан иштирок кардан ва нисбат ба санади судии қабулгардида шарҳу баёнот додани шахсони иштирокунандаи парванда дар назар гирифта шудааст, ки ин ҳолат шаҳодати риояи принсипҳои адолати судӣ, аз ҷумла принсипи ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат гирифтани мурофиа буда, кафолати конститутсионии ҳуқуқи ҳифзи судии онҳо таъмин карда мешавад.
Муқаррар набудани мўҳлат барои додани ариза ё эътироз дар бораи аз нав дида баромадани санади судӣ ба тариқи назоратӣ боиси он мегардид, ки бо ҳар гуна асосҳои аҳамияти ҷиддинадошта, парвандаҳо борҳо баъди гузаштани мўҳлатҳои тўлонӣ ва ҳатто баъди иҷрои ҳалномаҳо бо эътирозҳои шахсони салоҳиятдори мақомоти судӣ ва прокуратура ба тариқи назоратӣ аз нав баррасӣ карда шуда, барои баровардани ҳалномаи нав ба судҳои зинаи аввал баргардонида шаванд.
Ин ҳолат устувории ҳалномаҳои судӣ ва ҳуқуқи ҳифзи судии шахсони иштироккунандаи парвандаро таъмин карда натавониста, баръакс нисбати адолати судӣ нобовариро ба вуҷуд меовард.
Муқаррар будани мўҳлат бошад, барои пешниҳоди ариза ё эътирози назоратӣ ҳуқуқи иштироккунандаи парвандаро маҳдуд насохта, балки баррасии нави парвандаҳоро ба тариқи назоратӣ ба тартиб дароварда, ҳифзи боэътимоди ҳуқуқу манфиатҳои тарафҳоро таъмин менамояд.
Моддаи 274 Кодекси мазкур муқаррар намудааст, ки риоя нашудани мўҳлати зикршуда барои баргардонидани ариза ё эътироз дар бораи аз нав дида баромадани санади судӣ ба тариқи назоратӣ асос мегардад.
Дар баробари ин қонунгузор дар мавриди бо сабабҳои узрнок гузаронидани мўҳлати амалҳои мурофиавӣ имконияти барқарор намудани онҳоро низ пешбинӣ намудааст. Ин талабот дар моддаи 116 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ муқаррар шуда, ба ҳамаи амалҳои мурофиавӣ, аз ҷумла ба мўҳлати овардани аризаю эътирозҳои назоратии шахсони иштироккунандаи парвандаи иқтисодӣ ҳам дахл дорад.
Дар хусуси муроҷиати намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Ақназаров Қ. оид ба қабули аризааш дар бораи ба тариқи назоратӣ аз нав баррасӣ намудани таъиноти кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2008, ки аз тарафи судяи ин суд бинобар гузаронидани мўҳлати 6-моҳаи додани чунин ариза рад карда шудааст, Суди конститутсионӣ муқаррар намуд, ки аризаи мазкур аз болои ин таъинот рўзи 28 феврали соли 2009 ба воситаи почта ба Суди Олии иrтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст, ки дар ин бора маълумотнома дар барои қабули муросилот бо нишонии Суди Олии иrтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Ба ин нигоҳ накарда муроҷиаткунанда нусхаи ин аризаи назоратии худро рўзи 2 марти соли 2009 ба дафтархонаи Суди Олии иrтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридааст, ки дар нусхаи он имзои шахси қабулкарда Раҷабов С. ва мўҳри Суди Олии иrтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Вале судя дар таъиноташ рўзи ба Суди Олии иrтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшавии аризаҳои намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Ақназаровро бо сабаби номаълум 20 марти соли 2009 нишон дода, бо ин асос мўҳлати 6-моҳаи ба тариқи назоратӣ муроҷиат намудани ўро гузаронидашуда ҳисобидааст. Ҳол он ки мувофиқи муқаррароти қисми 4 моддаи 112 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ ҷараёни мўҳлати мурофиавии 6-моҳа барои пешниҳоди аризаи назоратӣ барои аз нав баррасӣ намудани парванда бо моҳҳо ҳисоб карда шуда, аз рўзи дигари пас аз баровардани таъиноти кассатсионӣ шурўъ мешавад.
Тибқи моддаи 113 Кодекси номбурда бошад, мўҳлати 6-моҳаи бо қонун муқаррраршуда, соати бистучори рўзи охирини тамомшавии мўҳлати додани ариза ё эътирози назоратӣ хотима меёбад, яъне мувофиқи ин нишондоди қонун оғози мўҳлати 6-моҳа 3 сентябри соли 2008 шурўъ шуда, соати бистучори рўзи 3 марти соли 2009 ба охир мерасад.
Дар вақти баровардани таъинот дар бораи баргардонидани аризаи номбурдаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Ақназаров Қ. ин ҳолатҳо ба назар гирифта нашудааст, ки он ба амалӣ шудани кафолати конститутсионии ҳуқуқи ҳифзи судӣ доштани муроҷиаткунанда монеа эҷод намудааст.
Ҳолати зикршуда Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ўҳдадор менамояд, ки масъалаи мазкурро мавриди баррасии нав қарор диҳад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҷҳҳои намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Ақназаровро дар хусуси ба Конститутсияи Тоҷикистон ва Паймони байналмилали «Оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» мутобиқат надоштани қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодиро таҳлилу муҳокима намуда, ин андешаҳоро бе асос ҳисобида, бо далелҳои дар боло оварда рад менамояд.
Ҳамин тариқ, бо назардошти ҳолатҳои дар боло таҳлилу муҳокимагардида, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меҳисобад, ки қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ ба қисми 1 моддаи 1, қисми 2 моддаи 5, қисми 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсия мутобиқат дошта, он баҳри пешрафту инкишофи асосҳои иқтисодӣ ва таъмини адолати иҷтимоию судӣ, сари вақт барқарору ҳифз намудани ҳуқуқҳои халалдоршудаи ҳамаи шахсони иштироккунандаи парванда мусоидат менамояд.
Бинобар ин дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳнамоии моддаҳои 47- 48, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

қ а р о р м е к у н а д:
Қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ, ки мувофиқи он «Ариза ё эътироз дар бораи аз нав дида баромадани санади судҳ ба тариқи назоратҳ мумкин аст ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати на зиёдтар аз шаш моҳи баъди эътибори қонунҳ пайдо кардани санади судии охирин, ки оид ба парванда қабул карда шудааст, агар дигар имкониятҳо барои санӣидани санади мазкур ба тариқи судҳ аз байн рафта бошанд, дода мешавад» ба қисми 1 моддаи 1, қисми 2 моддаи 5, қисми 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.


Агар аризаи намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Ақназаров Қ. ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои таъиноти судяи ин суд дар бораи баргардонидани аризааш дар хусуси ба тариқи назоратӣ аз нав баррасӣ намудани парванда дохил шавад, суди мазкур онро бояд бо тартиби баррасии барои таъинотҳои суди иқтисодӣ муқарраршуда, баррасӣ намояд.


Қарор қатъӣ буда, аз болои он шикоят овардан мумкин нест ва аз вақти қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад.
Қарори мазкур дар «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шавад.

Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Хоҷаев

Котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Yandex.Metrica