Қарор аз рўи дархости шаҳрванд Рачабов А. А

Қ А Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрванд Раҷабов А. А. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 20 декабри соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Фирдавсова Г.,

тарафҳо:

Раҷабов Абдуназар Абдуѓафорович бо намояндаи ваколатдори худ адвокат Раҳимов Ориф Пирович – тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шудааст;

Илолов М.И.- намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндагони ваколатдори тарафе, ки конститутсионӣ будани қонуни ҷонибдорикарда ва ба имзо расонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;

даъватшудагон:

Исҳоқов А.Н.- муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Мирсаев Ҳ.С.- муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Гулматшоев Р.К.- муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Холова С.Ҳ.- раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Бадриддинова Р.- Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Тавуров А.Ѓ.- муовини сардори Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости шаҳрванд Раҷабов А.А. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяи Суди конститутсионӣ Абдуллоев Л.И., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Раҷабов А. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки 19 марти соли 2005 миёни мототсикли ў – тамѓаи ИЖ Юпитер-4 рақами давлатиаш 97 87 СБЗ ва автомашинаи тамѓаи ВАЗ 21213 рақами давлатиаш АЕ 5702 РТ 01, ки таҳти идораи шаҳрванд Бобоназаров А. қарор дошт, садамаи нақлиётӣ рўй дод.

Оид ба ин садама аз тарафи шуъбаи тафтишотии ШКД-и шаҳри Турсунзода баъди гузаронидани ҳаракатҳои санҷишии дахлдор, якчанд маротиба қарор дар бораи рад намудани оѓози парвандаи ҷиноятӣ қабул карда шудааст.

Ў аз қарорҳои дар солҳои 2007-2010 дар бораи рад намудани оѓози парвандаи ҷиноятӣ, алалхусус аз қарори 31 декабри соли 2010 дар бораи рад намудани оѓози парвандаи ҷиноятӣ баровардаи шуъбаи тафтишотии ШКД-и шаҳри Турсунзода норизо гардида, 10 январи соли 2011 оид ба бекор намудани қарори номбаршуда ба прокуратураи шаҳри Турсунзода бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст.

Баъдан, муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки бинобар аз тарафи прокурор қонеъ нагаштан ва дар давоми 1,5 моҳ баррасӣ нагардидани шикояташ, ў бо дастрасии талаботи моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди шаҳри Турсунзода муроҷиат карда, аз суд хоҳиш намудааст, ки қарори шуъбаи тафтишотӣ аз 31 декабри соли 2010 бекор карда шавад.

Суди шаҳри Турсунзода шикоят ва маводи ба он замимашударо ҳаматарафа баррасӣ намуда, бо қарори худ аз 20 апрели соли 2011 қарори шуъбаи тафтишотии ШКД-и шаҳри Турсунзода аз 31 декаб­ри соли 2010-ро дар бораи рад намудани оѓози парвандаи ҷиноятӣ асоснок ҳисоб намуда, аз болои қарори баровардаи худ манъ будани шикоят ё эътирозро ба ў фаҳмондааст.

Ба андешаи муроҷиаткунанда, муқаррароти қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он: «Ба қарори судя, ки мутобиқи талаботи қоидаҳои ҳамин модда бароварда шудааст, шикоят ё эътироз оварда намешавад», кафолати ҳифзи судӣ ва ҳуқуқҳои конститутсионии ўро барои овардани шикоят аз болои қарори суд маҳдуд намуда, садди роҳи баррасии парвандаи ў дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ гардидааст.

Аз ин рў, ў аз Суди конститутсионӣ талаб менамояд, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии консти­тутсионӣ оѓоз карда, мутобиқати қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионӣ масъалаи мавриди баҳс қарордодаи Раҷабовро ҳаматарафа мавриди таҳлил қарор дода, қайд менамояд, ки адолати судӣ яке аз самтҳои аввалиндарҷаи фаъолияти суд оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд маҳсуб ёфта, ба амал баровардани он аз низоми муътадили ҳокимияти судӣ вобастагии амиқ дорад ва бо ин хусусият дар таркиби салоҳияти ҳокимияти судӣ мавқеи марказиро ишѓол менамояд.

Бо ин назардошт, дастрасӣ ба адолати судӣ яке аз муҳимтарин дастоварди афкори сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоии тамаддуни инсонӣ ба ҳисоб рафта, неъмати асосиест, ки онро бояд давлат барои шаҳрвандони худ таъмин намояд. Ҳамчунин дастрасӣ ба адолати судӣ омили асосии кафолати ҳифзи судии ҳуқуқ ва озодиҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ва дар як вақт яке аз шартҳои зарурии ҳифзи ҳуқуқии шахсият буда, хусусияти он аз пешниҳод намудани ҳуқуқҳои васеи конститутсионӣ ба шахс ва мавҷудияти воситаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқии онҳо иборат мебошад, ки сарчашмаи онро санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Чунонки, моддаи 8 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 пешбинӣ менамояд: «Ҳар як инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосии ў, ки бо Конститутсия ё қонун пешбинӣ шудаанд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳақ дорад».

Тибқи моддаи 14 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966: «Ҳамаи шахсон дар назди судҳо ва трибуналҳо баробаранд. Ҳар кас ҳангоми баррасии ҳар навъ айбдории ҷиноятие, ки ба ў эълон карда мешавад ё ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ў дар ягон мурофиаи шаҳрвандӣ, ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоҳият, мустақил ва беѓаразе, ки дар асоси қонун таъсис дода шудааст, ҳақ дорад».

Қисми 5 моддаи 14 Паймони мазкур бошад эълон медорад, ки: «Ҳар касе, ки барои ягон ҷиноят маҳкум шудааст, ба он ҳақ дорад, ки маҳкумият ва ҳукмномаи ў аз тарафи маҷраи суди болоӣ аз нав баррасӣ карда шавад».

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла кафолати ҳифзи судӣ бетафовут набуда, дар моддаи 14 пешбинӣ менамояд, ки: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».

Тибқи моддаи 19 Конститутсия бошад: «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беѓараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд».

Ҳифзи судии пешбининамудаи моддаи 84 Конститутсия, ки тибқи он: «Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд», нисбати муносибатҳои мурофиавии ҷиноятӣ низ татбиқ мегардад, ки тартиби татбиқи онҳоро қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.

Мувофиқи муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ танҳо аз ҷониби суд ба амал бароварда шуда, ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад ва ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беѓараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Вобаста ба ин, Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки фаъолияти мақомоти таъқиби ҷиноят ва судҳо, ки ба салоҳияти онҳо пешбурди таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва судӣ вогузор карда шудааст, аз саҳву хатоҳо истисно нест ва вобаста ба ин шикоят намудан ва эътироз овардани санадҳои судӣ ба марҳилаҳои болоии судӣ, ки онҳо маҳз барои ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияти марҳилаҳои пешинаи судӣ вуҷуддошта ташкил карда мешаванд, аз муҳимтарин принсипҳои демократии мурофиаи судии ҷиноятӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин кафолати ҳифи судӣ – ин дастрасии субъектони ҳуқуқ ё тамоми иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро ба адолати судӣ тавассути ба онҳо дастрас будани тамоми марҳилаҳои судии пешбининимудаи қонунгузории мурофиавӣ ва тартиби муроҷиат ба онҳоро дар назар дорад ва ҳама марҳилаҳои судии тавассути қонунгузорӣ ташкилшуда дар доираи салоҳиятҳои ба онҳо додашуда суди босалоҳият, мустақил ва беѓараз мебошанд.

Бинобар ин, ҳама гуна тартибе, ки ҳуқуқҳои иштирокчиёни муро­фиаи ҷиноятиро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои мурофиавии онҳо маҳдуд карда, монеаи ҳифзи боъэтимоди ҳуқуқҳои зикршудаи онҳо мегардад, он ҳамчун маҳдуд кардани кафолати ҳифзии судии муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва қонунгузории мурофиавии он ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки марҳилаҳои кассатсиониву назоратӣ бо табиат ва таъиноти ҳуқуқии худ танҳо дар ҳолати маҳдуд кардан ё татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва мавҷуд будани хатоҳо дар марҳилаҳои аввали судӣ, ки ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни мурофиаро ҷиддан вайрон кардаанд, мавриди амал қарор мегиранд. Ин марҳилаҳо, ҳамчун кафолати иловагии санҷиши қонунӣ ва асоснок будани санадҳои судӣ дар ҳолате имконпазир мегарданд, ки агар то ба қувваи қонунӣ даромадани санадҳои судӣ ҳамаи имкониятҳои пешбинамудаи қонунгузории мурофиавӣ аз тарафи шахсони манфиатдор ва мақомоти судӣ пешбинӣ нашуда, хатоҳои марҳилаҳои пешинаи судӣ бартараф нагардида бошанд.

Ба андешаи муроҷиаткунанда Раҷабов А. ҳангоми санҷиши садамаи нақлиётии бо ў рўйдода аз тарафи мақомоти тафтишот, прокуратура ва суди марҳилаи аввал ҳолатҳои садама ҳамаҷониба, пурра ва холисона мавриди санҷиш қарор нагирифтаанд. Чораҳое, ки қонун барои холисона ҳал гаштани мавод пешбинӣ намудааст, риоя нашудаанд, ки бартараф намудани ҳолати зикршуда дахолати марҳилаҳои болоии судӣ ва шикоят аз болои қарори суди марҳилаи аввалро тақозо дорад.

Суди конститутсионӣ, инчунин таъкид менамояд, ки дар рафти тафтиши ҷиноят масъалаҳои мурофиавие пеш меоянд, ки онҳо метавонанд минбаъд мавриди муҳокимаи судӣ қарор гирифта, ҳаллу фасли ниҳоии худро ёбанд, ки дар чунин ҳолат зарурати аз ҷониби суд назорат намудани онҳо вуҷуд надорад. Вале масъалаҳое ҳастанд, ки мустақиман ҳал намудани онҳо ва аз назорати судӣ дур мондани онҳо метавонад ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионӣ ва манфиатҳои қонунии шахсро поймол намоянд, ки аз тарафи мақомоти дахлдор рад намудани оѓози парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ аз зумраи чунин масъалаҳо мебошад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионӣ муқаррароти қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тибқи он ба қарори судя дар бораи қонеъ намудани шикоят, бекор кардани қарор, бенатиҷа гузоштани шикоят ё қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ, ки мутобиқи талаботи қоидаҳои ҳамин модда бароварда шудааст, шикоят ё эътироз оварда намешавад, ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ арзёбӣ менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 124 Кодекси зикршударо ба муқаррароти моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар моддаҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намоянд.

Дар асоси ҳолатҳои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 31, 32, 33, 36, 45, 46, 47, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

қ а р о р к а р д:

1. Қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он ба қарори судя дар бораи қонеъ намудани шикоят, бекор кардани қарор, бенатиҷа гузоштани шикоят ё қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ, ки мутобиқи талаботи қоидаҳои ҳамин модда бароварда шудааст, шикоят ё эътироз оварда намешавад, ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат надорад.

2. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

3. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов