Қарор аз рўи дархости шаҳрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т

Ќ А Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМЊУРИИ ТОҶИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 № 32 ба моддаҳои 21 ва 92 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 19 октябри соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси-кунанда-Раиси Судиконститутсионӣ МаҳмудовМ.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Фирдавсова Г.Р.,

тарафҳо:

Шарипов А.П., Романов С.Т.- тарафе, ки дар асоси дархости онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шудааст;

Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ; Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндагони тарафе, ки конститутсионӣ будани қонуни қабул ва ба имзорасонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;

даъватшудагон:

Воҳидов Њ.С.- муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон;

Раҷабов А.- Сардори Раёсати судҳои Дастгоҳи Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Абдулхаков Б.А.- муовини Сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷи­ноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, моддаҳои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости шаҳрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 № 32 ба моддаҳои 21 ва 92 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяи Суди конститутсионӣ Абдуллоев Л.И., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳанд, ки онҳо 2 апрели соли 2012 бо мактуб ба муовини Вазир-Сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, аз ў хоҳиш намудаанд, ки ба онҳо дар хусуси вохўрӣ бо маҳкумшуда Мастоншоев С.К., ки бо ҳукми Суди ВМКБ аз 18 феврали соли 2011 барои содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнин ба муҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, иҷозат фармояд.

Муовини Вазир дар мактуби худ аз 5 апрели соли 2012 таҳти № 711ба онҳо ҷавоб гардондааст, ки дар асоси талаботи қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби адвокат ё шахсони алоҳида, танҳо тибқи аризаи маҳкумшуда сурат мегирад. Аз ин рў, иҷрои муроҷиати онҳо ѓайриимкон мебошад.

Њамчунин дархости онҳо аз 28 марти соли соли 2012 оид ба додани иҷозат барои вохўрӣ бо маҳкумшуда Раҷабов О.М., ки соли 2011 бо ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои содир намудани як қатор ҷиноятҳо ба муҳлати 8 (ҳашт) солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шуда буд, аз ҷониби муовини Вазир бо асоси дар боло зикршуда рад карда шудааст.

Муроҷиаткунандагон қайд менамоянд, ки кафолати ёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ муқаррар гардида, дар Конститутсия ва қонунгузориҳои миллӣ инъикос ёфта, ба танзим дароварда шудаанд.

Мувофиқи банди 3 Муқаррароти асосӣ оид ба нақши адвокатҳо, ки моҳи августи соли 1990 дар Ню-Йорк аз ҷониби Конгресси 8-уми СММ оид ба пешгирии ҷиноятҳо қабул гардидааст:

«Њукуматҳо бояд тартиби самарабахш ва механизми фаъолро барои дастрасии воқеӣ ва баробар ба ҳамаи шахсоне, ки дар қалам­рави он ва доираҳои ҳуқуқии ба он тобеъ истиқоматкунанда ба адвокатҳо кафолат диҳад. Ба шахси боздоштшуда, ба ҳабс гирифташуда ё дар ҳабсхона ҷойгир кардашуда бояд шароит, вақт ва воситаҳои зарурӣ барои мулоқот ё алоқа ва машваратҳо бо адвокат бидуни таъхир, монеаҳо ва сензура, бо пурра маҳрамона будани онҳо таъмин карда шаванд».

Муқаррароти санади зикршудаи байналмилалӣ оид ба кафолати ёрии ҳуқуқӣ бо назардошти қисми сеюми моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, дар моддаи 92 Конститутсия пешбинӣ гардидаанд, ки тибқи он:

«Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад.Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад».

Ба андешаи муроҷиаткунандагон, қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки: «Барои гирифтани кўмаки ҳуқуқӣ, тавассути адвокат ё ашхоси дигар, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳақ доранд тибқи аризаи маҳкумшудагон мулоқот фароҳам оварда мешавад», имконият намедиҳад, ки адвокатҳо ё ашхоси дигар, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳақ доранд, ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро оид ба кафолати ёрии ҳуқуқӣ амалӣ намоянд.

Аз ин рў, онҳо аз Суди конститутсионӣ хоҳиш намудаанд, ки дар асоси дархости онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда, мутобиқати қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба моддаҳои 21 ва 92 Конститутсия муайян карда шавад.

Суди конститутсионӣ дархости пешниҳодгардидаро дар алоқа­мандӣ бо талаботи Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар санадҳои меёърии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷишу таҳлил қарор дода, қайд менамояд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ буда, онҳо аз тарафи давлат эътироф, риоя ва ҳифз карда мешаванд.

Вобаста ба ин, эътироф ва кафолат дода шудани ёрии адвокат аз лаҳзаи дастгир шудан, ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ, инчунин дар вақти адои ҷазои ҷиноятӣ, аз ҷумлаи муҳимтарин ҳуқуқу озодии конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба шумор рафта, дар асоси талаботи моддаҳои 19 ва 92 Конститутсия, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва Ќонун дар бораи адвокатура ба амал бароварда мешавад.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои зикршуда, шаҳрвандон дар давраҳои зикршуда ҳуқуқ ва имконият доранд, ки бе маҳдудият аз ёрии ҳуқуқии адвокат ё ашхоси дигар, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳақ доранд, истифода намуда, барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ чораҳои дахлдори қонунгузориро пешбинӣ намоянд.

Бо ин назардошт, муқаррароти қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки он мавриди баҳси муроҷиаткунандагон қарор дода шудааст, инкори кафолати ёрии ҳуқуқии пешбининамудаи Конститутсия набуда, ба ҳеҷ ваҷҳ боиси поймол ё маҳдуд намудани ҳуқуқи маҳкумшуда оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ў бо роҳи овардани шикоят аз болои ҳукм ва дигар қарорҳои судӣ, пешниҳод намудани дархост оид ба сабук намудани ҷазои ҷиноятӣ, изҳори норозигӣ кардан нисбати амалҳои маъмурияти муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё таѓйири низоми татбиқи ҷазо, инчунин дархости гирифтани ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби адвокатҳо шуда наметавонад. Он на меъёри манъкунанда, балки тартибе мебошад, ки барои фароҳам овардани шароити муътадили ислоҳи маҳкумшудагон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, пешгирии содир кардани ҷиноятҳои нав, танзими тартиб ва шартҳои иҷро ва адои ҷазои ҷиноятӣ, инчунин муайян намудани воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон равона гардидааст.

Кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқи маҳкумшудагонро қисми 2 моддаи 92 Конститутсия низ пешбинӣ менамояд, ки мувофиқи он: «тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад».

Суди конститутсионӣ, инчунин қайд менамояд, ки аз ҷониби маҳкумшудагон амалӣ намудани кафолати ёрии ҳуқуқӣ ва истифода аз ёрии адвокат, ба давраи иҷрои ҳукми суд рост меояд, ки он дар муассисаҳои дорои низоми дахлдоре, ки фаъолияти онҳо тартиб ва низоми муайянро оид ба ислоҳи маҳкумшудагон талаб менамояд, мегузарад.

Бинобар ин, фароҳам овардани мулоқот бо адвокат дар асоси аризаи маҳкумшудагон, ки қонунгузории миллӣ муайян кардааст, аз муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бармеоянд.

Чунончи, дар қисми 3 моддаи 10 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ аз 16 декабри соли 1966 пешбинӣ шудааст:

«Низоми ислоҳотӣ барои маҳкумшудагон чунин низомеро пеш­бинӣ мекунад, ки мақсади асосии он ислоҳ ва тарбияи иҷтимоии маҳ­кумшудагон мебошад».

Талабот ё мазмуни санади зикршуда дар моддаи 3 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки тибқи он мақсад ва вазифаҳои қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз ислоҳи маҳкумшудагон ва пешгирии содир кардани ҷиноятҳои нав, танзими тартиб ва шартҳои иҷро ва адои ҷазои ҷиноятӣ, муайян кардани воситаҳои ислоҳи маҳкумшудагон, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо иборат мебошад.

Њамин тариқ, мувофиқи қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ маҳкумшуда ҳуқуқ дорад, ки дар ҳар вақти зарурӣ ва муносиби пешбининамудаи қонунгузорӣ тавассути аризаи худ адвокатро талаб намуда, аз ёрии ҳуқуқии ў бархурдор гардад ва муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вазифадор аст, ки барои гирифтани ёрии зарурии ҳуқуқӣ барои маҳкумшуда, ҳатто дар ҳолати танҳоӣ шароити мусоид фароҳам орад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионӣ баррасии қисми дархости муроҷиаткунандагонро дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба моддаи 21 Конститутсия, бинобар дар моддаи зикршудаи Конститутсия танзим шудани вазъи ҳуқуқии ҷабрдида қатъ намуда, қисми 5 моддаи 91 Кодекси номбаршударо ба моддаи 92 Конститутсия мутобиқ ҳисоб менамояд.

Њамзамон, Суди конститутсионӣ диққати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назорати иҷрои муқаррароти қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқҳои маҳкумшудагон оид ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ҷалб менамояд.

Њамчунин, Суди конститутсионӣ аз ҷониби Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар намудани тартиби мавҷудаи аз тарафи маҳкумшудагон истифода бурдани ёрии адвокатҳоро, ки дар қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, мувофиқи мақсад меҳисобад.

Дар асоси гуфтаҳои боло, мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 36, 37, 46,47, 48 ва 50 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

қарор кард:

1. Ќисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 №32 ба моддаи 92 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

2. Ќарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

3. Ќарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримо

Yandex.Metrica