Қарор аз рўи дархости раиси собик Ассосиатсияи хукукшиносони чавон «Ампаро» Самадова Д.Т.

Қ А Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз рўи дархости раиси собиқ Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» Самадова Д.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 258 «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба моддаҳои 14, 28 ва 30 Консти­тутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 24 июни соли 2014

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисику- нанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., судя-котиб Кари­мов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ѓаниев Ҷ.,

тарафҳо:

раиси собиқ Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» Сама­дова Д.Т. – тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии консти­тутсионӣ оѓоз карда шудааст;

Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷ­­­­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон; Шона­заров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии То­ҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намо­яндагони та­рафҳое, ки конститутсионӣ будани қонуни қабулкарда ва ба имзо расонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;

Даъватшудагон:

Мирсайдзод Ҳаким Саид- муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Кишварзода Абдурашид- муовини Прокурори генералии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон;

Саидзода Ҷамолхон Шариф- муовини якуми Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Қодиров Тоҳир Қамарович- Раиси коллегия оид ба корҳои оила­вии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Бадриддинова Раҷабмоҳ- Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ­ҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости раиси собиқ Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» Самадова Д.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 258 «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъ­иятӣ» ба моддаҳои 14, 28 ва 30 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяи Суди конститутсионӣ Гулзорова М.М., баёноту ху­лосаи тарафҳо ва баромади даъват­шу­да­гонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳ­қиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Раиси собиқ Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» Сама­дова Д.Т. бо дархост ва дархости иловагӣ ба Суди консти­тут­си­онии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки 28 июни соли 2012 намояндагони раёсати адлияи вилояти Суѓд ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон фаъолияти «Ампаро»-ро мав­риди санҷиш қарор дода, 29 июни соли 2012 дар хусуси барҳам до­дани фаъолияти он ба суди шаҳри Хуҷанд аризаи даъвогӣ пеш­ниҳод намуданд.

Раёсати адлия аризаи даъвогии худро бо он асоснок намудааст, ки «Ампаро» дар давраи фаъолияташ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи итти­ҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва меъёрҳои Оинномаи худро вайрон намуда:

-бе қарори мақоми олиаш,- раёсати ташкилот,- су­роғаи ҳуқу­қиашро тағйир дода, ҳуҷҷатҳоро оид ба ин масъала барои бақайдгирии давлатӣ ба раёсати адлияи вилояти Суғд пешниҳод накардааст;

-зерсохторҳои худро дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бе риояи тартиби муайяншудаи бақайдгирӣ кушодааст;

-сомонаи интернетӣ таъсис дода, аз номи ташкилот ҳар гуна мақо­лаҳоро ҷойгир намудааст;

-барои талабагони мактабҳои миёнаи ноҳияҳои Спитамен, Б. Ғафуров ва мактаб-интернати шаҳри Чкалов бе иҷозатнома машѓулият гузаронидааст;

-роҳбари «Ампаро» бе таъсис додани мақоми олии иҷроия, яъне раёсати ташкилот қарор қабул намудааст.

Суди шаҳри Хуҷанд бо ҳалномаи худ аз 24 октябри соли 2012 ари­заи даъвогии раёсати адлияро қонеъ гардонида, бо дастрасии моддаҳои 34, 35 ва 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъи­ятӣ» бар­ҳам додани «Ампаро»-ро раво дидааст.

Муроҷиаткунанда бо ҳалномаи номбурда розӣ нагашта, 28 нояб­ри соли 2012 аз болои ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суѓд шикояти кассатсионӣ овар­­дааст.

Дар асоси қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суѓд аз 15 январи соли 2013 ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 24 октябри соли 2012 бетаѓйир ва шикояти кассатсионии намояндаи ҷавобгар беқаноат мононда шудааст.

Санаи 7 январи соли 2014 ба раёсати суди вилояти Суѓд аз тарафи намояндаи ҷавобгар шикояти назоратӣ пешниҳод карда шуд, ки суди вилояти Суѓд 23 январи соли 2014 ирсоли парвандаи гражданиро барои баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ рад кард.

Ба андешаи муроҷиаткунанда сархати сеюми қисми 2 моддаи 34, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ки раёсати ад­лия ва су­ди шаҳри Хуҷанд онҳоро дастрас карда, «Ампаро»-ро барҳам до­данд, боиси поймол ва маҳдуд шудани ҳуқуқҳои консти­тутсионии онҳо оид ба ҳифзи судӣ ва муттаҳид шудан дар иттиҳодияи ҷамъиятӣ гардидааст.

Ассосиатсия андешаашро бо он асоснок менамояд, ки тиб­қи тав­зеҳоти Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон оид ба шарҳи мод­даи 22 Пай­мони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ (ПБҲФС), давлат ба маҳдуд­кунии ҳуқуқи шахсони воқеӣ ба озодии ассосиатсия (мут­таҳидшавӣ) дар ҳолатҳои мавҷуд будани ҳамаи се шартҳои дар поён зикр­шаванда роҳ медиҳад:

1) ҳама гуна маҳдудкунӣ бояд бевосита дар меъёрҳои қонун­гузории амалкунанда пешбинӣ шуда бошад;

2) ҳама гуна маҳдудкунӣ метавонад танҳо бо мақсади ҳимояи бехатарии миллӣ ё ҷамъиятӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ё маънавиёти ҷамъиятӣ ё ҳуқуқ ва озодиҳои дигар одамон раво дида шавад;

3) маҳдудкунӣ бояд барои мақсади ҷомеаи демократӣ зарур бошад.

Бо назардошти муқаррароти зикршудаи моддаи 22 Паймони бай­нал­милалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ (ПБҲФС), дар моддаи 14 Конс­титутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳо оид ба ҳолатҳои маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд муқаррар карда шудааст.

Муқаррароти сархати сеюми қисми 2 моддаи 34, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба мақо­­моти про­куратура, мақомоти бақайдгирандаи иттиҳодияҳои ҷамъи­ятӣ ва судҳо барои манъ ва қатъ кардани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъ-­и­­ятӣ ва барҳам додани онҳо салоҳиятҳои васеъ медиҳанд, ки чунин салоҳиятҳои васеъ барои маҳдуд гаштани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ихтиёран муттаҳид шудани онҳо дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ асос мегарданд.

Ҳамчунин, аз матни меъёрҳои моддаҳои зикршудаи Қонуни Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъ­­иятӣ» маълум нест, ки кадом вайронкунии қонунгузорӣ ё вай­рон­ку­нии мақсадҳои оинномавӣ бояд ба миён оянд, ки мақомоти бақайд­гиранда дар барои огоҳ намудан, боздоштан ё барҳам додани ташкилот қарор қабул намояд.

Муроҷиаткунанда аз он нигаронӣ дорад, ки тиб­­­қи моддаи 34 Қо­ну­ни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ит­тиҳодияҳои ҷамъиятӣ» раё­сати адлия ме­та­вонист ас­со­сиатсияи «Ампаро»-ро дар ху­суси бартараф намудани вай­рон­куниҳои ошкоршуда огоҳ карда, ба­рои бартараф кар­дани камбудиҳо ба он муҳлат медод. Зеро иддаҳое, ки дар даъвои раёсати адлия пешбинӣ шу­дааст, метавонистанд бо огоҳонӣ ва пешниҳоди муҳлат барои ислоҳ­шавӣ аз ҷониби «Ампаро» бартараф карда шаванд. Қатъ гардидани фаъолияти ташкилот бояд чун чораи ниҳоӣ арзё­бӣ карда шуда, он танҳо дар ҳолати қонунвайронкунии ҷиддӣ татбиқ карда шавад.

Муроҷиаткунанда, инчунин қайд менамояд, ки аз тарафи раёсати адлия ва суди шаҳри Хуҷанд нисбати Ассосиатсия татбиқ карда шудани меъёрҳои зикршудаи моддаҳои 34, 35 ва 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба моддаи 30 Консти­тутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он:

«Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад… …Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст» ва моддаи 19 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ (ПБҲФС) мухолиф мебошад.

Ҳамин тариқ, бо барҳам додани «Ампаро» ҳуқуқи аъзои он ба озо­дии сухан ва баёни ақида низ, ки бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ва ПБҲФС кафолат дода шудаанд, поймол гар­диданд.

Бо ин назардошт, муроҷиаткунанда аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў муро­фиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда, мутобиқати сархати сеюми қис­ми 2 моддаи 34, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 258 «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба моддаҳои 14, 28 ва 30 Консти­тутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 8 ва 20 Эъломияи умумии ҳу­қуқи башар аз 10 декабри соли 1948 ва мод­даҳои 14 ва 22 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966 муайян карда шавад.

8 май аз рўи дархости асосӣ ва 9 июни со­ли 2014 аз рўи дархости ило­ва­гии му­ро­ҷиаткунанда дар хусуси муайян намудани мутобиқати қис­мҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба мод­­даҳои 14, 28 ва 30 Конс­титутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муро­фиаи судии консти­тут­сионӣ оѓоз карда шуда, оѓоз кардани муро­фиаи судии консти­тут­сионӣ оид ба талабҳои дигари Д. Сама­дова бо асосҳои пеш­би­ни­намудаи Қонуни кон­с­ти­ту­тси­онии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Суди консти­­тут­си­онии Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кистон» рад карда шу­да­аст.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости собиқ раиси ассосиатсия Д. Самадоваро дар алоқамандӣ бо тала­боти Консти-тутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва амалияи судӣ ҳаматарафа мавриди таҳ­лил ва баррасӣ қарор дода, қайд мена­мояд, ки дар низоми ҳуқуқу озо­диҳои инсон ва шаҳрванд пеш­бини­намудаи Конс­титутсияи (Сар­қонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ҳу­қуқҳои инсон ва шаҳр­ванд ба ҳифзи судӣ, ихтиёран мут­таҳид шудан дар итти­ҳодияҳои ҷамъиятӣ ва озодии сухан мавқеи хосаро ишѓол менамоянд.

Ҳуқуқҳои зикршудаи конститутсионии шаҳрвандон муҳимтарин нишонаи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, аз арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он сарчашма мегиранд. Зеро кафо­лати мут­таҳид шудан дар итти­ҳодияҳои ҷамъиятӣ, баробар иштирок кардан дар кори онҳо ва бо хоҳишу иродаи худ аз онҳо баро­мадан, озодона ифода намудани фикру андешаҳои худ ба қонеъ гардо­ни­­дани ман­фиат ва талаботи моддию маънавии шаҳр­вандон ва дар маҷ­мўъ ба рушду таҳкими ҷомеа ва давлат ра­вона карда шу­дааст.

Тибқи Конститутсия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои як қатор ҳуқуқу ўҳдадориҳои конститутсионӣ буда, онҳоро бо ирода ва бо назардошти манфиатҳои худ ва дар доираи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ ба амал мебароранд. Дар сурати поймол гаштани ҳуқуқҳои худ, онҳо аз кафолати ҳифзи судӣ бархурдор буда, «ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки парвандаи онҳоро суди босалоҳият, мустақил ва беѓарази тибқи қонун таъсисёфта баррасӣ намояд». Ва ин ҳуқуқҳо танҳо дар асоси

моддаи 14 Конс­ти­тутсия «ба мақ­сади таъмини ҳуқуқ ва озодии ди­га­­рон, тартиботи ҷамъ­иятӣ, ҳи­мояи сохти конститутсионӣ ва тамо­ми­яти арзии ҷумҳурӣ маҳдуд карда мешаванд», ки ин муқаррарот ба мод­даҳои 14 ва 22 Пай­мони бай­нал­милалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ тавъам мебошад.

Моддаи 28 Конститутсия ба ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон дахл кар­да, пеш­бинӣ менамояд, ки «шаҳрвандон ҳу­қуқи муттаҳид шудан до­ранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар… иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад».

Бо ин назардошт, масъалаи во­бас­та ба мут­таҳид шудан дар итти­ҳодияҳои ҷамъиятӣ, баробар иштирок кар­дан дар кори онҳо ва бо хоҳи­шу иродаи худ аз онҳо баромаданро Қо­нуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­­­раи итти­ҳодияҳои ҷамъ­иятӣ» мавриди тан­зим қарор додааст.

Қонуни мазкур (моддаи 5) иттиҳодияи ҷамъиятиро ҳамчун итти­ҳоди ихти­ёрӣ, худидора ва ѓайри­тиҷоратии шаҳрвандон арзёбӣ мена­мояд, ки он дар асоси уму­мияти манфиатҳо барои амалӣ намудани мақсадҳое муттаҳид гар­дидаанд, ки онҳо дар оинномаи ташкилот нишон дода шу­да­анд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар шакли ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳаракати ҷамъиятӣ ва мақомоти худ­фаъо­лияти ҷамъиятӣ таъсис ёфта, ҳуқуқи дар онҳо муттаҳид шудани шаҳр­вандон бевосита амалӣ мегардад. Ин ҳуқуқ, чун дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ба воситаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳифз гашта, аз тарафи тамоми мақомоти давлатӣ риоя ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегар­дад.

Ҳуқуқи мазкур барои инкишофи муста­қилона, созанда, худфаъ­олиятии шаҳр­вандон ва иш­тироки васеъи онҳо дар ҳаёти сиёсию иқти­содӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон шароити зарурии таш­килию ҳуқуқиро фа­ро­ҳам мео­ранд.

Хусусияти демократӣ доштани татбиқи ин ҳуқуқи шаҳрвандон дар он аст, ки таъсиси итти­ҳо­дияҳои ҷамъиятӣ на бо қарори дахлдори мақомоти давлатӣ, балки бо ташаббуси якчанд шаҳрванд сурат мегирад ва иттиҳодия баъд аз таҳияи ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонун ва дар мақомоти вако­латдори дав­латӣ аз қайди давлатӣ гузаштанаш фаъолияти худро дар асоси Оин­номаи худ амалӣ менамояд.

Қонун дахолати мақо­моти ҳоки­­мияти давлатӣ ва шахсони ман­сабдори онҳоро ба фаъолияти итти­ҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин дахо­лати иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти дав­латӣ ва шахсони мансабдори онҳо манъ карда, итти­ҳо­дияҳои ҷамъи­ятиро вазифадор менамояд, ки онҳо Конс­ти­тут­сия, қонунгузорӣ ва вази­фаҳои оин­номавии худро риоя карда, қарорҳои ма­қомоти роҳ­ба­рикунанда ва шах­сони мансабдори иттиҳодияи ҷамъиятиро сари вақт ба мақомоти бақай­дгиранда пешниҳод кунанд. Маълумот ва гузориш дода, бо фаъолияташон вобаста ба амалӣ намудани мақсадҳои оин­номавӣ (моддаи 25) шинос намоянд.

Назорати фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз болои иҷрои қо­нун ба мақомоти прокуратура ва назорат аз болои фаъо­лияти оин­но­мавӣ ба мақомоти бақай­дгиранда вогузор карда шудааст.

Дар навбати худ, аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ риоя ва иҷро на­кар­дани мақсадҳои оинномавӣ ва талаботи қонунгузорӣ боиси боз­дош­тан, барҳам додан ва манъ кардани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ мегардад, ки охирин боиси норозигӣ ва муроҷиати ассосиатсия ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

Таҳлили дар­хос­ти пешни­ҳоднамудаи Сама­дова Д.Т. нишон дод, ки дар муқар­рароти қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи итти­ҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҳолатҳое мавҷуд нестанд, ки онҳо боиси поймол ё маҳдуд гаштани ҳуқуқҳои шаҳр­вандон ба ҳифзи судӣ, мут­таҳид шудан дар итти­ҳодияҳои ҷамъиятӣ гардида бошанд. Зеро мод­да­ҳои зикршудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи итти­ҳодияҳои ҷамъиятӣ» барои ба амал баровардани ҳуқуқҳои шаҳр­вандон ба мут­таҳидшавӣ, ихтиёран таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ маҳдудият муқаррар намекунанд.

Татбиқи қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қо­нуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»- ин инъикоси фаъолияти итти­ҳодияҳои ҷамъиятии аллакай аз тарафи шаҳр­вандон таъсисдодашуда мебошад, ки онҳо бинобар аз тарафи итти­ҳо­дияи ҷамъ­иятӣ вайрон гаштани талаботи оин­номаи он ва Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мавриди амал қарор дода меша­ванд.

Меъёрҳои зикршудаи моддаҳои 35 ва 37 Қонуни мазкур меъёр­ҳои умумии муайя­нкунандаи тар­тиби боздоштан ва асосҳои бар­ҳам до­дан ва манъ кардани фаъолияти итти­ҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошанд, ки онҳо бо хусусияти умумии худ нисбати ҳама гуна итти­ҳодияи ҷамъ­иятие, ки ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, тат­биқ мегарданд.

Аз ин рў, ваҷҳҳои муроҷиаткунанда дар хусуси он, ки муқар­рароти қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қо­нун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба мақомоти про­куратура, бақайдгирандаи иттиҳодияҳои ҷамъи­ятӣ ва судҳо барои манъ ва қатъ кардани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва барҳам додани онҳо сало­ҳиятҳои васеъ медиҳанд ва ин са­лоҳиятҳо боиси маҳдуд гаштани ҳуқуқҳои консти­тутсионии шаҳр­вандон ба ҳифзи судӣ ва ихтиёран муттаҳид шудани онҳо дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ме­гарданд ва бо ҳамин асос ба моддаҳои зикр­шудаи Конс­титутсия муто­биқ нес­танд, заминаи ҳуқуқӣ надоранд.

Зимни таҳ­­лил ва баррасии ваҷҳи дигари муроҷиаткунанда дар ху­суси ба моддаи 30 Консти­тутсия мутобиқат надоштани меъёрҳои мод­даҳои 35 ва 37 Қонун «Дар бо­раи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» низ но­му­то­­биқатие ошкор карда нашуд, ки он боиси маҳдуд гаш­тани ҳуқуқи аъзои ассо­сиатсия ба озодии сухан гашта бо­шад. Зеро шаҳрвандон новобаста аз аъзои итти­ҳодияи ҷамъиятӣ будан ё набуданашон ҳуқуқи озодона гуфтани фикру андешаҳои худро доранд ва вобаста намудани ҳуқуқ ба озодии сухан ба аъзогӣ дар иттиҳодияи ҷамъиятӣ аслан маҳдуд фаҳмидани ин ҳуқуқи конститутсионӣ арзёбӣ мегардад.

Озодии сухан ҳуқуқи бечуну чарои инсон ва шаҳрванд дар хусуси ба ҷо­меа дастрас гардонидани андеша, эътиқоди созандаи ҳар шахс мебошад, ки қонун­гу­зорӣ тартиби амалӣ намудани онро амиқ нишон додааст.

Аз ин рў, дар меъёрҳои зикршудаи Қонун «Дар бо­раи итти­ҳодияҳои ҷамъ­иятӣ», ки боздоштани фаъолият, асосҳои бар­ҳам додан ва манъ кардани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятиро танзим менамоянд, пой­мол ва маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ба озодии сухан ошкор карда нашуд.

Ҳамин тариқ, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи итти­ҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба моддаҳои 14, 28 ва 30 Кон­ститутсияи (Сар­қо­нуни) Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон муто­биқ мебошанд.

Ҳамзамон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъ­иятӣ»-ро ҷиҳати боз ҳам мушаххас намудани асосҳо ва ҳолатҳои барҳам додан ва манъ кардани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мувофиқи мақсад мешуморад. Бо ин назардошт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки моддаи 37 Қонуни мазкурро мавриди назар қарор диҳанд.

Дар асоси ҳолатҳои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конс­титутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 31, 32, 36, 47, 48, 50 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди консти­­тутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон

қ а р о р к а р д:

1. Қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи итти­ҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба мод­даҳои 14, 28 ва 30 Кон­ститутсияи (Сар­қо­нуни) Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон му­тобиқ мебошанд.

2. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

3.Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Yandex.Metrica