Иштирок дар конференсия таҳти унвони «Women in justice empowerment breakfast»,
Дар асоси мактуби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон аз 03 апрели соли 2026 дар кори конференсия таҳти унвони «Women in justice empowerment breakfast», ки cанаи 28 апрели соли 2026 баргузор гардид, муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Абдураҳимзода Дилором Рустам тариқи маҷозӣ иштирок ва бо маърӯза дар мавзуи «Роль женщин в развитии судебной власти в Республике Таджикистан (Нақши занон дар рушди ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон)» баромад анҷом доданд.
Дар кори конференсия судяҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ, инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.
