Қарор аз рўи дархости шаҳрванд Бобоев Ч
Қ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрванд Бобоев Ҷ. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе 15 майи соли 2012
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя – котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ботирова Г.,
тарафҳо:
Бобоев Ҷурабой тавассути адвокатҳои ваколатдори ў – Романов С. Т. ва Шарипов А. П. – тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шудааст;
Гиёев С.Н. – намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Илолов М.И. – намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Шоназаров С.А. – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндагони тарафҳое, ки конститутсионӣ будани қонуни қабул, ҷонибдорикарда ва ба имзорасонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;
Даъватшудагон:
1) Орипов Н.М. – муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) Қодиров А.С.- муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) Гулматшоев Р.К. – муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) Исоқов А. Н. – муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) Азаматов В. А. – муовини аввали Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) Бандишоев М. Р. – муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) Каримов М. – судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) Тавуров А.Ѓ. – муовини сардори Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) Баротов М.Х. – сардори шўъбаи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ;
10) Бадриддинова Р.Ҳ. – мудири шўъбаи дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,
дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости шаҳрванд Бобоев Ҷ. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судя-котиби Суди конститутсионӣ К.Каримов, баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Бобоев Ҷурабой бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки 19 феврали соли 2010 писари ў -Бобоев И.Ҷ. дар ҳудуди шаҳри Исфара аз тарафи кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (РМЗҶМ ВКД ҶТ) дар вилояти Суѓд дастгир карда шуда, ба шаҳри Хуҷанд оварда шуд. Дар вақти пурсиш, бинобар аз тарафи кормандони мақомоти зикршуда содир кардани ҳаракатҳои ѓайриқонунӣ писараш аз ҷароҳатҳои гирифтаи ҷисмонӣ вафот намудааст.
Оид ба ҳодисаи содиршуда 25 марти соли 2010 аз ҷониби Прокуратураи вилояти Суѓд нисбат ба кормандони Раёсати мазкур Акбаров М.Г. ва Шокиров Ф.Ф. бо қисми 1 моддаи 104, қисми 3 моддаҳои 316, 247 ва 250-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оѓоз карда шуда, ў намояндаи ҷабрдидаи фавтида эътироф гардидааст.
Баъд аз гузаронидани як қатор амалҳои тафтишӣ, 25 июни соли 2010 тафтиши пешакӣ оид ба парвандаи мазкур боздошта шуд.
Муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки ў ҳамчун намояндаи фавтида аз амалҳои тафтишии гузаронидашуда, маҷмўи далелҳои ҷамъовардашуда ва қабули қарор дар бораи боздоштани тафтиши пешакӣ ягон иттилоот надорад. Дархостҳояш дар хусуси пешниҳод намудани маводи парвандаи ҷиноятӣ барои шиносшавӣ аз тарафи мақомоти тафтиш бо назардошти муқаррароти сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он:
«Ҷабрдида, намояндаи қонунӣ ва намояндаи ў ҳуқуқ доранд:
– пас аз анҷоми тафтиш бо ҳамаи маводи тафтишот шинос шаванд, аз онҳо ҳама гуна маълумотро ба андозаи гуногун барои худ рўйнавис кунанд», рад карда шуданд.
Баъдан, ў барои ҳимояи манфиатҳои қонунияш адвокатҳои вако-латдор – Шарипов А. П. ва Романов С.Т.-ро ҷалб намудааст, ки онҳо 7 октябри соли 2011 бо пешниҳод намудани ордерҳо ба кор ворид гардида, бо аризаи шикоятӣ дар хусуси пешниҳод намудани маводҳои парвандаи ҷиноятӣ барои шиносоӣ ба Прокуратураи вилояти Суѓд ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудаанд.
Тибқи мактуби ҷавобии Прокуратураи вилояти Суѓд аз 10 декабри соли 2011 таҳти № 18/156-11, номбурда ҳуқуқи пурра бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ шинос шуданро баъд аз ба итмом расидани тафтиш пайдо мекунад.
Ба андешаи муроҷиаткунанда ва адвокатҳои ваколатдор, сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷабрдидагон, аз ҷумла ба ў ҳамчун намояндаи ҷабрдида имконият намедиҳад, ки аз оѓози тафтиши пешакӣ то ба анҷом расидани он бо маводи парвандаи ҷиноятӣ шинос шуда, ҳуқуқҳои конститутсионии худро оид ба баробарии ҳама дар назди қонун ва суд ва кафолати ҳифзи судӣ амалӣ намояд.
Бо ин назардошт, номбурда ба Суди конститутсионӣ муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шуда, мутобиқати сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикргардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки танзими ҳамаҷониба ва фарогири пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ва дар ин замина дуруст муайян намудани ҳолати ҳуқуқии иштирокчиёни он, аз ҷумла ҷабрдида, ки ба ў аз ҷинояти содиршуда зарари ҷисмонӣ, моддӣ ва маънавӣ расонида шуда, ҳуқуқу манфиатҳояш зери таҳдиди бевоситаи суиқасд ба ҷиноят қарор мегирад, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти меъёр эҷодкунии давлат ба шумор меравад.
Чунин амали давлат муҳимтарин кафолати таъмини ҳуқуқу ўҳдадориҳои иштирокчиёни мурофиаи судӣ арзёбӣ гардида, он ба муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба адолати судӣ, алалхусус ба Эъломияи принсипҳои асосии адолати судӣ барои ҷабрдидаҳо аз ҷиноятҳо ва суистифода аз ҳокимият, ки 29 ноябри соли 1985 аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ қабул шудааст, асос ёфтааст.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба ҳар кас додани кафолати ҳифзи судӣ ва танзими умумии масъалаҳои ҷиноят ва ҷазо, ба ҳолати ҳуқуқии ҷабрдидагони ҷиноят низ бетафовут набуда, пешбинӣ менамояд, ки ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз менамояд ва давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ў кафолат медиҳад.
Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 ап- рели соли 2010 мавриди амал қарор дорад, бо мазмуну мундариҷаи худ низ талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршударо пурра инъикос менамояд.
Тибқи Кодекси мазкур вазифаҳои пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ аз муқаррар намудани тартиби пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳалли одилонаи масъалаҳои баррасишаванда дар тафтишот ва суд, инчунин риоя намудани меъёрҳои мурофиавӣ ҳангоми татбиқи қонуни ҷиноятӣ иборат буда, барои ҳамаҷониба, пурра, холисона ва беѓаразона муайян намудани ҳолатҳои кор ва ба амал баровардани адолати судӣ равона карда шудааст.
Вобаста ба ин, Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки тартиби пешбининамудаи сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, ки мутобиқати он ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсия мавриди баҳси муроҷиаткунанда қарор дода шудааст,бо назардошти хусусияти мурофиаи ҷиноятӣ наметавонад ҳамчун ҳолати маҳдудкунандаи ҳуқуқи ҷабрдида ба гирифтани иттилоот оид ба парвандаи ў арзёбӣ гардад. Зеро қонунгузор вобаста ба мавзўи мурофиаи ҷиноятӣ, яъне баррасии ҷиноят ва ошкор кардани он, инчунин таъмин намудани адолати судӣ, ки қисмати муҳими адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа ба шумор меравад, тартибе муқаррар кардааст, ки он бояд барои пурра, объективона ва холисона муайян намудани ҳолатҳои кор, айбдоркунии шахси ба ҷавобгарӣ кашидашуда ва барқарор намудани зарари ба ҷабрдида расонидашуда мусоидат карда тавонад.
Тартиби мазкур инъикоси манфиат, ҳуқуқу ўҳдадориҳои тамоми иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, аз ҷумла ҷабрдида буда, амалӣ намудани онро бе таъмини махфияти тафтиш тасаввур кардан мумкин нест.
Дар давоми тафтиши пешакӣ шинос намудани иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ бо маводи тафтиш-ин амалан вайрон ва фалаҷ гардидани раванд ва тартиби ҷамъоварии далелҳо, исботкунии гуноҳ ва ҷинояти содиргардида мебошад. Дар ин ҳолат тафтиши пешакӣ ҳамчун зинаи муҳими мурофиаи ҷиноятӣ аз амалӣ намудани вазифаҳо ва мақсади пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ маҳрум гардида, аҳамияти ҳуқуқӣ ва иҷтимоии худро аз даст медиҳад.
Ба ѓайр аз ин, таъмини муқаррароти пешбининамудаи Консти- тутсия дар хусуси кафолати ҳифзи судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдида, ҳамчунин амалӣ намудани талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, ки тибқи он мурофиаи ҷиноятӣ инсон ва шаҳрвандро аз айбдоркунӣ ва маҳкумкунии беасос, ѓайриқонунӣ маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ў ҳимоя мекунад ва дар ҳолати гунаҳгор донистан ё маҳрум намудани шахси бегуноҳ ўро бетаъхир сафед менамояд, имконнопазир мегардад.
Тартиби пешбининамудаи сархати 8 моддаи зикршудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, инчунин ба муқаррароти моддаи 25 Конститутсия, ки бо он алоқамандии мантиқӣ ва мавзўӣ дорад, низ мухолиф нест.
Моддаи зикршуда пешбинӣ менамояд, ки «мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ў дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст».
Конститутсия ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ў дахл доранд, кафолат дода, ҳамзамон нисбати ин ҳуқуқи шаҳрвандон ҳолатҳои истисноӣ низ пешбинӣ менамояд, ки муайян намудани ҳолатҳои мазкурро ба қонун ҳавола кардааст. Марҳилаи тафтиши пешакӣ низ аз ин ҳолати истиноӣ берун буда наметавонад.
Бояд зикр кард, ки қонунгузор дар моддаи 177 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ фош кардани маълумоти тафтиши пешакиро нораво эълон намуда, муфаттишро вазифадор намудааст, ки ҷиҳати таъмини махфият ва фош накардани маълумоти тафтиши пешакӣ чораҳои дахлдорандешад.
Чунончӣ, аз иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, аз ҷумла аз ҷабрдида гирифтани забонхатро дар бораи фош накардани маълумоти тафтиши пешакӣ, инчунин ба ҷавобгарии ҷиноятии муқаррарнамудаи моддаи 361 Кодекси ҷиноятӣ кашидани шахсони вайронкунандаи забонхатро пешбинӣ намудааст.
Ҳамин тариқ, бо маводи тафтишот пас аз анҷоми тафтиш шинос шудани ҷабрдида – ин манъ ва маҳдуд намудани ҳуқуқи ҷабрдида ба шиносшавӣ бо маводи тафтишот набуда, таъмини баробарҳуқуқии ҷабрдида бо дигар иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ мебошад. Он минбаъд асос ва заминаи кафолати ҳифзи судӣ ба шумор меравад, ки тавассути мурофиаи ошкорои судӣ, мубоҳиса ва баробарии тарафҳо сурат мегирад.
Аз ҷониби дигар, пас аз анҷоми тафтиш шинос шудани ҷабрдида бо тамоми маводи тафтишот, аз он рўйнавис кардани маълумоти зарурӣ, пешниҳод намудани дархост дар бораи пурра намудани тафтиш, ҳатмӣ будани арзи дархости ҷабрдида ва баррасии он,ҳақ надоштани муфаттиш ба рад намудани дархости ҷабрдида дар бораи муайян намудани ҳолатҳое, ки барои парванда аҳамиятнок мебошанд, огаҳ намудани ҷабрдида барои шинос шудан бо маводи тафтиши иловагӣ ва бо натиҷаи тафтиши иловагӣ шинос намудани ҷабрдида – маҷмўи кафолатҳои пешбининамудаи ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ мебошад, ки онҳо барои амалӣ намудани ҳуқуқи конститутсионии ҷабрдида равона карда шудаанд.
Бинобар ин, Суди конститутсионӣ бо назардошти ҳолатҳои дар боло зикршуда, сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятиро ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ меҳисобад.
Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ риояи бечуну чарои талаботи моддаи 18 Конститутсияи (Сарқонуни) ҶумҳурииТоҷикистонро, ки тибқи он «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ѓайриинсонӣ раво дида намешавад» таъмин намуда, ҷиҳати ошкор кардани ҷинояти зикршуда ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳгорон чораҳои дахлдори пешбининамудаи қонунгузориро андешанд.
Дар асоси гуфтаҳои боло, мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 36, 37, 46, 47, 48, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қарор кард:
1. Сархати 8 қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ риояи бечуну чарои талаботи моддаи 18 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тибқи он «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ѓайриинсонӣ раво дида намешавад» таъмин намуда, ҷиҳати ошкор кардани ҷинояти зикршуда ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳгорон чораҳои дахлдори пешбининамудаи қонунгузориро андешанд.
3. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.
4. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов