Оид ба дархости Директори генералии Чамъияти дорои масъулияташ махдуди «Точикистон Джуня» Ли Джен Джун

Ќарори

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба дархости Директори генералии Ҷамъияти дорои масъу­лияташ маҳдуди «Тоҷикистон Джуня» Ли Джен Джун «Дар бораи муайян намудани мутобиқати Дастури методӣ «Дар хусуси тартиби муқаррар намудани миқдори зарар, ҷиҳати вайронкунии қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди сарватҳои маъмули умум» ба моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе «15» декабри соли 2010

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­кунанда-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судяҳои Суди консти­тутсионӣ Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Холиқова Ш.,

тарафҳо:

а) адвокатҳо Бобохонов Т. ва Ишонов А.-намояндагони ваколатдори Ли Джен Джун-Директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тоҷикистон Джуня» – тарафе, ки аз рўи дархости он мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шудааст;

б) Зикиров Х.З. – Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (намояндагони ваколатдори Кумитаи мазкур Хайруллоев Р., Алимардонов К.) ва Зокиров М.З. – Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намояндагони ваколатдори Кумитаи мазкур Давлатов С. ва Каримов И.) – намояндагони тарафҳое, ки санади меъёрии ҳуқуқии қабул ва имзонамудаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;

даъватшудагон:

Илолов М.И.-намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Шоназаров С.А.-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Ширинҷонова М.М. -муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Ҷонибек-Сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Њотамбекова М. -Прокурори Раёсати назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ ва иқтисодии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Њусейнов А. -Сардори шўъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рўдакӣ.

Дар асоси моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷлиси ошкорои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаро аз рўи дархости Директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тоҷикистон Джуня» Ли Джен Джун «Дар бораи муайян намудани мутобиқати Дастури методӣ «Дар хусуси тартиби муқаррар намудани миқдори зарар, ҷиҳати вайронкунии қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди сарватҳои маъмули умум» ба моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда, маърўзаи судя Абдуллоев Л.И., баёноти тарафҳо ва андешаи даъватшудагонро шунида, маводи парвандаро таҳлилу таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тоҷикистон Джуня» Ли Джен Джун ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, қайд менамояд, ки 4 июли соли 2009 кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Нозироти давлатии назорати истифодабарии оқилона ва ҳифзи қаъри замини Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркшейдерии Корхонаи воҳиди давлатии «Нафту газ ва ангишт» Ҷамъияти зикршударо мавриди санҷиш қарор доданд.

Зимни санҷиш муайян намуданд, ки ҳаҷми хоки аз тарафи корхона барои истеҳсоли хишт истихроҷшуда, дар давоми соли 2007 то 4 июли соли 2009 24974 метри кубиро ташкил медиҳад, ки нархи хоки истихроҷшуда дар маҷмўъ 1 460079,93 сомониро ташкил медиҳад.

Натиҷаи санҷишро ба асос гирифта, Прокурори генералии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба рўёнидани 1460079,93 сомонӣ ба манфиати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъво пешниҳод намуд.

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаи худ аз 12 ноябри 2009 сол даъвои мазкурро қонеъ намуда, бо Ќарори марҳилаи апеллятсионӣ аз 23 апрели соли 2010 ва Ќарори марҳилаи кассатсионӣ аз 10 июни соли 2010 шикояти апеллятсионӣ ва кассатсионии Ҷамъияти номбурдаро қисман қонеъ карда, маблаѓи ниҳоии зарари расонидашударо 1 331108, 35 сомонӣ муайян кард.

Ли Джен Джун қайд менамояд, ки намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва марҳилаҳои аввал, апеллятсионӣ ва кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани миқдори зарари расонидашуда Дастуреро дастрас намудаанд, ки он эътибори ҳуқуқӣ надорад ва набояд мавриди татбиқи мақомоти давлатӣ қарор гирад.

Номбурда ин талаби худро ба моддаи 10 Конститутсияи (Сарқо­нуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он:

«Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Ќонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Ќонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд» асоснок намудааст.

Ли Джен Джун дархости худро, инчунин бо муқаррароти моддаи 73 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 №506 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки тибқи он:

«Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқати меъёрҳои ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ба санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати як моҳ месанҷад ва ба қайдгирии давлатии онҳоро амалӣ мекунад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта танҳо баъд аз санҷиш, бақайдгирӣ ва интишори расмӣ эътибор пайдо мекунанд» асоснок менамояд.

Бо ин назардошт, Ли Джен Джун аз Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон талаб менамояд, ки Дастури методӣ «Дар хусуси тартиби муқаррар намудани миқдори зарар, ҷиҳати вайронкунии қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди сарватҳои маъмули умум» (минбаъд-Дастури методӣ) ҳамчун санади эътибори ҳуқуқӣ надошта, ки боиси вайрон намудани ҳуқуқҳои конститутсионии ў ва баровардани ҳалномаҳои ноодилона ва беасоси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст, беъэтибор дониста шаванд.

Адвокатҳо Бобохонов Т. ва Ишонов А. дархости Ли Джен Джунро дар рафти мурофиаи судии конститутсионӣ пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Суди конститутсионӣ дархости Ли Джен Джунро ҳаматарафа баррасӣ намуда, муайян намуд, ки фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар асоси принсипҳои мутобиқат ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуният, бартарияти меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ ва адолати иҷтимоӣ ба амал бароварда шуда, давлат бояд барои таъмини принсипи ошкорбаёнӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ заминаҳои ташкилию ҳуқуқии заруриро муҳайё намояд. То ки ҳар шахси манфиатдор имконияти воқеӣ дошта бошад, ки бо мазмуну мўҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шинос шуда, онҳоро ба манфиат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии худ самаранок истифода намояд.

Дастури методӣ, ки мавзўи асосии баҳси муроҷиаткунанда қарор гирифтааст, бо фармони якҷояи Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2001 таҳти №56 «Дар бораи мавқеи истифода қарор додани Дастури методӣ «Дар хусуси тартиби муқаррар намудани миқдори зарар, ҷиҳати вайронкунии қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди сарватҳои маъмули умум» тасдиқ шуда, тибқи банди 1 Фармони мазкур аз рўзи ба имзо расиданаш мавриди истифода қарор дода шудааст. Дастури мазкур дар таърихи 5 сентябри соли 2001 таҳти №44 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Ин салоҳияти мақомоти зикршуда, яъне қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз талаботи қисми якуми моддаи 12 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 таҳти №698 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (дар вақти қабули Дастури методӣ амал мекард) бармеояд, ки тибқи он «Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо дар асос ва ҷиҳати иҷрои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои меъёрии Президент, қарорҳои Њукумат дар доираи ваколатҳои худ санади меъёрию ҳуқуқӣ мебароранд».

Новобаста аз он, ки Дастури методӣ тибқи талаботи моддаи 35 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва набудани тартиби интишори расмии санадҳои умумиҳатмии мақомоти давлатӣ расман нашр нашуда бошад ҳам, он ду маротиба бо ташаббуси Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 200 нусхагӣ, ҷаъм 400 нусха дар нашрияи ҶДММ «Универсал-3» шаҳри Душанбе, кўчаи Ш. Руставели-19 нашр гардида, ба тамоми сохторҳои марказиву маҳаллӣ, дигар истифодабарандагон ва татбиқкунандагони он паҳн карда шудааст.

Бо назардошти мавзўи муроҷиат, тартиби интишори расмӣ ва мавриди амал қарор гирифтани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин доира ва ҳадди танзими ин масъала дар Конститутсия ва қонунгузорӣ дида баромада шуд. Муайян гардид, ки дар моддаи 10 Конститутсия масъалаи интишори расмӣ ва мавриди амал қарор гирифтани қонунҳо ва санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда муқаррар гардидаст. Чунончӣ, тибқи қисми чоруми моддаи 10 Конститутсия «…Ќонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.»

Чӣ тавре ки дида мешавад, дар моддаи 10 Конститутсия барои санадҳои зерқонунӣ, яъне «санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар асос ва барои иҷрои санадҳои қонунгузорӣ қабул гардидаанд», тартиби интишори расмӣ ва мавриди амал қарор гирифтани онҳо пешбинӣ нагардидааст. Тартиби санҷиш, бақайдгирӣ ва интишори расмӣ ва мавриди амал қарор гирифтани санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, аз ҷумла Дастури методии зикршуда бо Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009 таҳти №532 «Дар бораи тартиби интишори расмии санадҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ» муқаррар карда шудааст.

Тартиби интишори қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар боби 5 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 таҳти №698 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мавриди танзим қарор дода шуда буд, ки тибқи моддаи 35-уми он «Санадҳои қонунгузорӣ, инчунин санади умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо, яъне санаде, ки амали худро ба идораҳои тобеи корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои онҳо набуда, инчунин ба шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо паҳн мекунад, дар нашрияҳои расмии кушода интишор карда мешавад (ѓайр аз санаде, ки сирри давлатиро ё дигар сирреро, ки қонун ҳифз медорад, дар бар мегирад) ва дар ҳолати дарҷ гардидани онҳо дар ин гуна нашрияҳо эътибор пайдо мекунад.»

Дар қисми 2 моддаи 36 Ќонуни мазкур муқаррар шуда буд ки: «Тартиби интишори расмии санади вазорату идораҳо аз ҷониби Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.»

Дар қисми 4 моддаи 41 Ќонуни зикршуда бошад, қайд шудааст, ки: «Тартиби эътибор пайдо намудани санади вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо аз ҷониби Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.»

Ин масъала танҳо соли 2009 бо қабул гардидани Ќарори Њу­кумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009 таҳти №532 «Дар бораи тартиби интишори расмии санадҳои вазоратҳо, куми­таҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ» ҳалли худро ёфт.

Тибқи банди 3 он: «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умуми­ҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ пас аз бақайдгирии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 10 рўз дар рўзномаи «Ҷумҳурият» расман интишор карда мешаванд ва аз рўзи интишор гардидани онҳо дар рўзномаи мазкур, инчунин дар маҷаллаи «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор мегиранд».

Моддаи 73 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 таҳти №506 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» муқаррар менамояд, ки: «Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқати меъёрҳои ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, ку­ми­таҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ба санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати як моҳ месанҷад ва ба қайдгирии давлатии онҳоро амалӣ мекунад. Санади меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта танҳо баъд аз санҷиш, бақайдгирӣ ва интишори расмӣ эътибор пайдо мекунад.»

Аз ин рў, дар масъалаи бе интишори расмӣ мавриди татбиқ қарор гирифтани Дастури методӣ ва мутобиқати он ба қисми чоруми моддаи 10 Конститутсия ва дигар қисмҳои моддаи 10 Конститутсия мухолифат вуҷуд надорад.

Дар баробари ин, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки тибқи талаботи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷиҳати санҷиш, бақайдгирӣ ва интишори расмии санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, аз ҷумла Дастури методии зикршуда сари вақт чораҳои дахлдор андешад.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ва Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷи­кистонро низ мебояд интишори расмӣ ва мавриди амал қарор додани Дастури методии зикршударо таъмин намоянд.

Дар асоси гуфтаҳои боло, мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 32, 36, 46, 48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

қ а р о р м е к у н а д:

1. Дастури методӣ «Дар хусуси тартиби муқаррар намудани миқдори зарар, ҷиҳати вайронкунии қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди сарватҳои маъмули умум», ки 28 августи соли 2001 таҳти №56 бо Фармони якҷояи Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардонида шуда, аз 5 сентябри 2001 таҳти рақами №44 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ба моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Ќо­нуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009 таҳти №532 «Дар бораи тартиби интишори расмии санадҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ» ҷиҳати санҷиш, бақайдгирӣ ва интишори расмии санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, аз ҷумла Дастури методии зикршуда чораҳои дахлдор андешад.

3. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишори расмии санадҳои меъёрии худро тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда таъмин намоянд.

4. Ќарор қатъӣ буда, аз вақти эълон намуданаш эътибор пайдо мекунад ва нисбати он шикоят оварда намешавад.

5. Ќарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов