Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Арюкова Э.И
ТАЪИНОТ
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Арюкова Э.И. – адвокати маҳкумшуда Сулейманова М.Н. «Дар хусуси бекор намудани таъиноти суди шаҳри Истаравшан аз 28 июни соли 2016 ва мавқуф гузоштани иҷрои ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 21 октябри соли 2014»
ш. Душанбе «22» сентябри соли 2016
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Ғаниев Ҷ.Р. дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судя Абуллозода Л.И.-ро аз рўи дархости Арюкова Э.И. – адвокати маҳкумшуда Сулейманова М.Н. «Дар хусуси бекор намудани таъиноти суди шаҳри Истаравшан аз 28 июни соли 2016 ва мавқуф гузоштани иҷрои ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 21 октябри соли 2014» шунида,
м у а й я н к а р д:
Адвокат Арюкова Эльвира Исоевна бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати маҳкумшуда Сулейманова Мухбира Наримановна – муроҷиат намуда, дар замимаи дархости худ муроҷиатномаи маҳкумшуда Сулейманова М.Н.-ро ба Суди конститутсионӣ пешниҳод намудааст.
Дар муроҷиатномаи пешниҳодшуда маҳкумшуда Сулейманова М.Н. аз ҷумла қайд менамояд, ки ў бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 21 октябри соли 2014 бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» ва моддаи 340 қисми 2 бандҳои «а,б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии қисми 3 моддаи 67 Кодекси ҷиноятӣ бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо, ба ў ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати даҳ сол таъин карда шуд.
Баъдан ба ҷазои мазкур, ҷазои қаблан ба ў бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 24 апрели соли 2014 таъиншуда қисман зам карда шуда, ба ў ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ёздаҳ сол, бо адои ҷазо дар калонияҳои ислоҳи дорои низомаш умумӣ таъин карда шудааст. Ҳамзамон муқаррар карда шуд, ки аз ҳисоби маҳкумшуда Сулейманова М.Н. ба фоидаи филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд зарари расонидашуда ба маблағи 860044,87 сомонӣ рўёнида шавад.
Дар асоси дархости ў, бинобар дар тарбияаш доштани кўдаки хурдсоли то ҳаштсола бо таъиноти суди шаҳри Истаравшан аз 23 сентябри соли 2015 иҷрои ҳукм нисбаташ мавқуф гузошта шуда, аз ҳабс озод карда шудааст.
Таъиноти суди шаҳри Истаравшан аз 23 сентябри соли 2015 аз тарафи Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд аз 29 декабри соли 2015 бетағйир мононда шудааст.
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиноти суди шаҳри Истаравшан ва таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғдро бекор карда, парвандаи ҷиноятиро барои баррасии нави судӣ ба суди шаҳри Истаравшан фиристодааст.
28 июни соли 2016 суди шаҳри Истаравшан ариза – дархости муроҷиаткунандаро дар хусуси мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм рад намуда, ў аз толори суд ба ҳабс гирифта шудааст.
Муроҷиаткунанда иброз мекунад, ки баъд аз ба озодӣ баромадан ў зарари ба бонк расонидашударо қисман ба маблағи 6000 сомонӣ ва ба ҷабрдида Бобоҷонов З.И. маблағи 183586 сомониро барқарор кардааст.
Номбурда қайд мекунад, ки ў модари танҳо буда, дар таъминоташ ду фарзанд дорад, ки яке аз онҳо Сулейманов М.У. чорсола мебошад ва ҳангоми дар озодӣ буданаш фазандонашро худаш тарбия менамудааст. Бинобар он, ки айни ҳол ў дар ҳабс қарор дорад имкон надорад, ки мустақилона фарзандонашро тарбия намояд ва аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ намояд.
Фарзандонаш муваққатан дар тарбияи хоҳараш Сулейманова М. мебошанд, ки ў маъюби гурўҳи якум буда, барои тарбия ва таъминоти минбаъдаи кўдакон имконияти пурра надорад ва хавфи бе тарбия ва нигоҳубин мондани кўдакон ба миён омадааст.
Ҳамзамон ў хатогиҳои кардаи худро дарк намуда, мехоҳад онҳоро бо меҳнати ҳалол ислоҳ кунад ва фарзандонашро ҳамчун инсони боодобу боахлоқ тарбия намояд.
Муроҷиаткунанда ба моддаҳои 14 ва 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора намуда, иброз медорад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳифз гардида, модару кўдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд.
Ҳамчунин, тибқи муқаррароти моддаи 78 Кодекси ҷиноятӣ ва моддаи 390 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ суд метавонад адои ҷазои занони дорои фарзандони то синни ҳаштсоларо, ба истиснои заноне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум гардидаанд, то ҳаштсола шудани кўдак мавқуф гузорад.
Бинобар он ки бо таъиноти суди шаҳри Истаравшан аз 28 июни соли 2016 дархости ў оид ба мавқуф гузоштани иҷрои ҷазо нисбаташ рад карда шудааст, муроҷиаткунанда бо ин санади судӣ розӣ нашуда, тавассути адвокаташ ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, талаб намудааст, ки таъиноти суди шаҳри Истаравшан аз 28 июни соли 2016 бекор карда шуда, иҷрои ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 21 октябри соли 2014 нисбат ба ў мавқуф гузошта шавад.
Суди конститутсионӣ дархости мазкур ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо мавриди омўзиш қарор дода, қайд менамояд, ки баррасии масъалаи дар муроҷиат овардаи Сулейманова М.Н., аз қабилӣ баррасии масъалаи қонунӣ будан ё набудани санади судии вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ қабулгардида, бекор ё тағйир додани он, инчунин мавқуф гузоштани иҷрои ҳукми судӣ ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб намебошад.
Суди конститутсионӣ на масъалаҳои асоснок ва қонунӣ будани санади қабулнамудаи судӣ, инчунин бекор ва мавқуф гузоштани иҷрои он, балки дар асоси дархости шахсони воқеӣ масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин мақомоти судӣ нисбат ба онҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ карда шудаанд ва ба андешаи онҳо боиси вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониашон гардидаанд, баррасӣ менамояд.
Ҳамчунин, муроҷиат аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набуда, ҳолат ва далелҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат надоштани меъёрҳои мушаххаси санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки муроҷиаткунанда талаб ва далелҳои худро ба он асоснок мекунад, дар муроҷиат пешниҳод нашудаанд.
Аз ин лиҳоз, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости Арюкова Э.И. – адвокати маҳкумшуда Сулейманова М.Н. бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост, рад менамояд.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Арюкова Э.И. – адвокати маҳкумшуда Сулейманова М.Н. «Дар хусуси бекор намудани таъиноти суди шаҳри Истаравшан аз 28 июни соли 2016 ва мавқуф гузоштани иҷрои ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 21 октябри соли 2014» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост, рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.
3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.