Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба муроиати шахрванд Ширинов М.М.
ТАЪИНОТ
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба муроҷиати шаҳрванд Ширинов М.М. «Дар хусуси муайян кардани ҳуқуқҳои ў ҳамчун иштирокчии амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имтиёзҳои иҷтимоии пешбининамудаи моддаи 278 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе «15» апрели соли 2016
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулмонов С.Ш. дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судяҳо Абдуллозода Л.И. ва Зоирзода Ш.Ю.-ро аз рўи муроҷиати шаҳрванд Ширинов М.М. «Дар хусуси муайян кардани ҳуқуқҳои ў ҳамчун иштирокчии амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонба имтиёзҳои иҷтимоии пешбининамудаи моддаи 278 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Ширинов Маҳмадамин Манабиевич бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки ў аз соли 1980 дар вазифаҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, соли 2002 аз вазифаи ваколатдори калон оид ба корҳои махсусан муҳими раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа баромадааст. Иштирокчии амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонсолҳои 1992-1993 буда, дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур ба қайд гирифта шудааст. 17-уми августи соли 2001 бо медали «Ҷасорат» мукофотонида шудааст.
Ў қайд менамояд, ки тибқи қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июни соли 1993, №312 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми июли соли 1996, №332 ба иштирокчиёни амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонимтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.
Бо мақсади бархўрдор будан аз имтиёзҳои ҷойдошта ў ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор муроҷиат намуда, аз мақомоти мазкур хоҳиш намудааст, ки дар масъалаи ба категорияи шаҳрвандони ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашуда, шомил будан ё набудани ў посух гардонад.
Ҳамчунин аз Кумитаи андоз хоҳиш намудааст, ки татбиқ шудан ё нашудани имтиёзҳои андозбандии дар моддаи 278 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо, ба иштирокчиёни амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионӣмуайян намояд.
Кумитаи андоз ба ў посух додааст, ки мутобиқи қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июни соли 1993, №312 шахсоне, ки дар амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионӣ иштирок кардаанд, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашуда ҳисоб меёфтанд. Аммо фасли III Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми апрели соли 1995, №59 «Дар бораи ветеранҳо», ки категорияи шахсони ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашударо муайян ва ба танзим медарорад, шахсони дар амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионӣ иштироккардаро дар бар намегирад.
Бинобар ин, Кумитаи андоз қайд намудааст, ки шахсоне, ки дар амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионӣ иштирок кардаанд, ба категорияи шахсони ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашуда мансуб намебошанд.
Номбурда посухи Кумитаи андозро беасос эътироф намуда, ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки дар масъалаи мазкур равшанӣ андохта, бархўдор будани ўро ҳамчун иштирокчии амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионӣ аз имтиёзҳои иҷтимоии пешбининамудаи моддаи 278 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонмуайян намояд.
Суди конститутсионӣ дархости мазкур ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо мавриди омўзиш қарор дода, муайян намуд, ки новобаста ба он, ки шаҳрванд Ширинов М.М. субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳсуб меёбад, аммо баррасии масъалаи дар муроҷиат овардаи ў ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дохил намешавад.
Зеро, масъалаи дақиқ муайян намудани ба категорияи шаҳрвадони ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашуда, шомил будан ё набудани иштирокчиёни амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионӣ ва нисбат ба онҳотатбиқ шудан ё нашудани имтиёзҳои андозбандии дар моддаи 278 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набуда, балки ба салоҳияти дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ дохил мешавад.
Суди конститутсионӣ на масъалаҳои муайян намудани ҳуқуқу имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, балки масъалаҳои муайян намудани мувофиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
Ҳамчунин, муроҷиат аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест.
Аз ин лиҳоз, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба муроҷиати шаҳрванд Ширинов М.М. бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар муроҷиат гузошташуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани муроҷиат, рад менамояд.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба муроҷиати шаҳрванд Ширинов М.М. «Дар хусуси муайян кардани ҳуқуқҳои ў ҳамчун иштирокчии амалиётҳои мусаллаҳҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имтиёзҳои иҷтимоии пешбининамудаи моддаи 278 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набудани баррасии масъалаи дар муроҷиат гузошташуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани муроҷиат, рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.
3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.