Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости директори генералии Чамъияти сахомии кушодаи «Колинхои Кайроккум» Абдуллоев А.П

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» Абдуллоев А.П. «Оид ба муайян намудани мутобиқати моддаҳои 236-238 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 4 марти соли 2013

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Фирдавсова Г.,

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяҳои Суди конститутсионӣ Зоиров Ш.Ю ва Каримов К.М.-ро оид ба дархости директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» Абдуллоев А.П. «Оид ба муайян намудани мутобиқати моддаҳои 236-238 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум»-и шаҳри Қайроққум Абдуллоев А.П. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки Ҷамъияти зикршуда дар асоси шартномаи хариду фурўш аз 25 декабри соли 2006 иншооти боғчаи бачагонаи «Дилноз»-ро, ки дар шаҳри Қайроққум воқеъ мебошад, ба шабакаҳои барқии Ленинобод фурўхтааст.

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба Суди иқтисодии вилояти Суғд бо аризаи даъвогӣ ба манфиати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бекор кардани шартномаи хариду фурўши боғчаи бачагонаи «Дилноз» аз 25 декабри соли 2006 ба ҷавобгарии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва ҳамҷавобгарии шабакаҳои барқии Ленинобод муроҷиат намуда, беэътибор донистани шартномаи хариду фурўш ва ба ҳолати аввала овардани тарафҳоро талаб намудааст.

Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 21 майи соли 2012 бо парвандаи № 2-183/2012 аризаи даъвогӣ қонеъ карда шуда, шартномаи хариду фурўши боғчаи мазкур беэътибор дониста шуда, тарафҳо ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Коллегияи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 16 августи соли 2012 ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғдро бетағйир монондааст.

Иншооти баҳсӣ, яъне боғчаи бачагонаи «Дилноз» тибқи санадҳои судӣ гўё моликияти давлатӣ буда, он ба амволи соҳаи иҷтимоӣ дохил мешавад ва бинобар ба моликияти ҷумҳуриявӣ тааллуқ доштанаш фуруши он манъ мебошад, ки ин ҳолат бо ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ нашудааст.

Дар асл, боғчаи мазкур аз ҳисоби фоидаи коллективи меҳнатии Комбинати қолинбофии шаҳри Қайроққум сохта шуда, зимни ғайри- давлатикунонии корхона, он ҳамчун воҳиди алоҳидаи корхона, яъне моликияти соҳаи иҷтимоӣ ба коллективи меҳнатии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ройгон дода шудааст.

Санади қабул ва супоридани боғчаи бачагонаи зикршуда барои 320 ҷой, ки сохтмончии он Комбинати қолинбофии шаҳри Қайроққум мебошад, бе баҳс буда, бо қарори Кумитаи иҷроияи шурои депутатҳои халқи шаҳри Қайроққум аз 29 декабри соли 1989 №372 ва дигарҳо тасдиқ мешавад.

Ҳолатҳои бо қарори Кумитаи иҷроияи шўрои депутатҳои халқи шаҳри Қайроққум аз 27 декабри соли 1991 №482 ба ҷамъияти саҳомӣ табдил додани Комбинати қолинбофии шаҳри Қайроққум, баъдан хариду фурўш, нархгузории моликият, пардохти ҳиссаи саҳмияҳо, мактубҳои вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2012 № 13-1860 оид ба соҳибмулки иншооти иҷтимоӣ будани Ҷамъият, прокурори вилояти Суғд аз 3 июли соли 2012 № 7/358-12(3) ба инобат гирифта нашудаанд.

Чунончи, аз мактуби прокурори вилояти Суғд аз 3 июли соли 2012 бармеояд, ки баъди бастани шартномаи хариду фурўши иншооти зикршуда ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ҳамчун соҳибмулк маҳсуб ёфта, ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории амволи харидааш, аз он ҷумла объектҳои соҳаи иҷтимоиро доро мебошад.

Муроҷиаткунанда, инчунин қайд менамояд, ки дар вақти табдили корхонаи истеҳсолӣ ба ҷамъияти саҳомӣ, саҳми Кумитаи идораи амволи давлатӣ 30% ва саҳми коллективи меҳнатӣ 70 %-ро ташкил додааст. Саҳми коллективи меҳнатӣ аз ҷониби коллективи меҳнатӣ дар муддати як сол харидорӣ карда шуда, маблағҳои аз ҳисоби фурўши саҳмияҳо ба даст омада, тибқи қонунгузории ҷорӣ ба буҷети давлат гузаронида шуданд. Дар айни ҳол ҳиссаи давлат дар сармояи оинномавии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» 9,3 фоизро ташкил медиҳад.

Азбаски иншооти баҳси моликияти коллективи меҳнатии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» мебошад ва он ҳангоми ғайридавлатикунонии Иттиҳодияи истеҳсолии қолинбофии Қайроққум ройгон дода шудааст, Ҷамъият бо истифода аз ҳуқуқҳои моликии худ иншооти баҳсиро ба фурўш баровардааст ва чунин аҳд 25 декабри соли 2006 баста шудааст.

Бо ин назардошт, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» Абдуллоев А.П. ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати моддаҳои 236-238 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» Абдуллоев А.П. агарчи субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ ба шумор равад ҳам, аммо дар дархости ў вобастагии мавзўӣ оид ба номутобиқатии миёни моддаҳои 236-238 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дида намешавад, ки он боиси оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ гардида, санҷиши конститутсиониро талаб намояд.

Зеро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ дар заминаи баробарии молумулкӣ ва мустақилияти субъектони он асос ёфта, дар баробари муносибатҳои гражданӣ, муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ, инчунин тартиби татбиқи ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқи дигари ашёӣ ва муносибатҳои дигари молу мулкиро танзим намуда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам мебошад.

Давлат, инчунин ҳуқуқи моликиятро ҳамчун категорияи муҳими иқтисодию ҳуқуқӣ ва асоси иқтисодиёти Тоҷикистон эътироф ва кафолат дода, бо чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ онро аз тасарруфи ғайриқонунӣ ва дахолати беасос ҳифз менамояд, ки ин ба моддаҳои 12 ва 32 Конститутсия мувофиқ мебошад.

Дар дархост асосноккунии мушаххаси талаби муроҷиаткунанда оид ба ғайриконститутсионӣ будани санади меъёрии мавриди баҳс қа- роргирифта дида намешавад ва талаби ў дар бораи номутобиқатии моддаҳои зикршудаи Кодекси гражданӣ ба моддаи 32 Конститутсия бо далелҳо ва асосҳои зарурӣ ба таври возеҳу равшан ифода нашудааст. Аз дархост муайян нест, ки номутобиқатии моддаҳои мавриди баҳс қароргирифтаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба модаи 32 Конститутсия дар чӣ ифода меёбад, ки онҳо боиси поймол гаштани ҳуқуқҳои конститутсионии муроҷиаткунанда гардида бошанд.

Бо ин ҳолат, дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест.

Аз тарафи дигар, Суди конститутсионӣ на қонунӣ ва асоснокии амалҳои шахсони мансабдори давлатӣ ва санадҳои татбиқи ҳуқуқ қабулнамудаи онҳо, балки мушаххасан мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба Конститутсия баррасӣ менамояд.

Баррасии масъалаҳои дар дархост пешниҳодшуда ба салоҳияти судҳои иқтисодӣ маҳсуб меёбанд, ки муроҷиаткунанда метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ онҳоро дар судҳои мазкур мавриди баҳс қарор диҳад.

Аз ин рў, Суди конститутсионӣ бинобар набудани сабаб ва асосҳои кофӣ, аз рўи дархости мазкур оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро рад менамояд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 40, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» Абдуллоев А.П. «Оид ба муайян намудани мутобиқати моддаҳои 236-238 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун ҷавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мавзўи баррасии Суди конститутсионӣ набуданаш рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов