Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости сардори хочагии дехконии оилавии «Мохипарвар» Маллаева М.Д.

ТАЪИНОТ

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии консти­тут­­сионӣ оид ба дархости сардори хоҷагии деҳқонии оилавии «Моҳипарвар» Маллаева М.Д. «Дар хусуси ба талаботи қонун ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005, №342, аз 30 декабри соли 2000, №515 ва аз 30 декабри соли 2011, №641 мутоби­қат надоштани банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №669»

ш. Душанбе «9» январи соли 2017

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Мусулмонов С.Ш. дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раис Каримзода К.М. ва судя Ҳошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости сардори хоҷагии деҳқонии оила­вии «Моҳипарвар» Маллаева М.Д. «Дар хусуси ба талаботи қонун ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005, №342, аз 30 декабри соли 2000, №515 ва аз 30 декабри соли 2011, №641 мутобиқат надоштани банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №669» шунида,

м у а й я н к а р д:

Сардори хоҷагии деҳқонии оилавии «Моҳипарвар»-и Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ Маллаева М.Д. бо дархост ба Суди консти­тут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон муроҷиат наму­да, дар он қайд менамояд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳу­рии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №669 «Дар бораи гирифтан ва ба хоҷагии деҳқонии «Моҳи­парвар»-и ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд додани қитъаи замин» ба хоҷа­гии «Моҳипарвар» 6,27 гектар замини ғайрики­шо­варзӣ барои истифо­даи бему­ҳлат ва бунёди ҳавзи моҳипарварӣ дода шудааст.

Ҳамзамон тибқи банди 2 қарори зикршуда хоҷагии деҳқонии «Моҳи­пар­вар» уҳдадор гардидааст, ки ба ивази заминҳои гирифта, талафи истеҳ­солоти кишоварзиро ба маблағи 102 000 сомонӣ ба буҷети ҷумҳурӣ пар­дохт намояд.

Мувофиқи талаботи моддаи 19 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҷагии деҳқонии «Моҳипарвар» заминистифодабарандаи дараҷаи аввал ба шумор рафта, ҳуқуқ дорад мустақи­лона дар замин хоҷагидорӣ намуда, иншооти истеҳсолӣ бунёд намояд ва ҳамзамон дар асоси моддаи 21 Кодекси замин уҳдадор аст, ки заминро самаранок истифода барад.

Тибқи моддаи 96 Кодекси замин заминҳои фонди давлатии об метаво­нанд бо мақсади моҳидорӣ истифода шаванд. Аз ин рў, муроҷиаткунанда дар май­дон­ҳои замини дар мувозинаташ буда, аз ҷумла дар майдони 2,54 гектар замини бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ беш аз бист сол дурмонда ҳавзи моҳипарварӣ ташкил намуда, ба ин мақсад 60 000 сомонӣ маблағ хароҷот намудааст.

Муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки мувофиқи банди 5 қарори Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005, №342 «Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» талафи истеҳсолоти кишварзӣ аз заминҳои махсуси пурқиммати ҳосилхези корам ҳисоб карда мешавад, на аз заминҳои ботлоқ­зору қамишзори аз гардиши кишоварзӣ берунмонда. Хоҷагии деҳқонии «Моҳипарвар» бошад, дар заминҳои ба кишту кор номутобиқ ташкил карда шудааст.

Ҳамзамон Маллаева М.Д. ба он ишора мекунад, ки тиб­қи банди 29 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №641 «Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби ҷуброни зарари заминис­ти­фода­баранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифта­шудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани қитъаи заминҳо аз гар­диш» аз рўи натиҷаи кор комиссияи ноҳиявӣ бо нишон додани ҳаҷми ҷуб­рони талафи истеҳсолоти кишоварзӣ санад таҳия карда, тарафҳо онро бо имзо ва муҳр тасдиқ менамоянд. Аммо, чунин амал иҷро карда нашудааст.

Бинобар ин, номбурда хулосаро дар хусуси он, ки талафоти истеҳ­со­лии кишоварзӣ дар натиҷаи ташкили хоҷагии деҳқонии «Моҳипар­вар» пайдо шудааст, беасос ва ҷуброни онро ба маблағи 102 000 сомонӣ ғайри­имкон шуморида, қайд мекунад, ки банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 30 декабри соли 2011, №669 бояд хориҷ карда шавад.

Ҳамин тариқ, муроҷиаткунанда бо татбиқи банди 2 қарори Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 30 декабри соли 2011, №669 розӣ нашуда, ба Суди кон­сти­­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муро­ҷиат намуда, хоҳиш намуд­а­аст, ки оид ба масъалаи мухолифат доштани банди 2 қарори зикр­шуда ба талаботи қонун ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон аз 1 сентябри соли 2005, №342, аз 30 декабри соли 2000, №515 ва аз 30 декабри соли 2011, №641 баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, он хориҷ карда шавад.

Ба Суди конститутсионӣ инчунин бо дархости иловагии ҳаммазмун вакили Маҷ­лиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ Розиқов А. муроҷиат намуд, ки он ба маводҳои дархости сардори хоҷагии деҳқонии оилавии «Моҳипар­вар» Маллаева М.Д. ҳамроҳ карда шуд.

Суди конститутсионӣ дархости мазкур ва ҳуҷҷатҳои ба он зами­машу­даро мавриди омўзиш қарор дода, қайд менамояд, ки баррасии масъалаи дар муроҷиат овардаи сардори хоҷагии деҳқонии оилавии «Моҳипарвар» Маллаева М.Д. дар хусуси ба қонун ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­­кис­тон мувофиқат надоштани бан­ди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон аз 30 декабри соли 2011, №669 ва додани баҳои ҳуқуқӣ ба ин масъ­а­ла ба салоҳияти Суди конститут­сионӣ мансуб набуда, мавзўи баҳси кон­сти­тутсионӣ намебошад. Зеро тибқи мод­даи 34 Қонуни конститут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» Суди консти­тут­сионӣ на масъа­ла­ҳои ба ҳам мувофиқ будан ё набудани қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон ва додани баҳои ҳуқуқи ба онҳо, балки дар асоси дар­хости субъектҳои ҳуқуқ масъа­лаи ба Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон мувофиқат дош­та­ни қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленум­ҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон, ки аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин мақомоти судӣ нисбат ба онҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ карда шудаанд ва ба андешаи онҳо боиси вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои кон­сти­тут­сиониашон гардидаанд, баррасӣ менамояд.

Ҳамчунин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавриди баҳси муроҷиат­ку­нанда қарор дода шудааст, характери фардӣ дошта, танҳо нис­бат ба хоҷагии деҳқонии «Моҳипарвар» татбиқ мегардад ва он санади меъёрӣ маҳ­суб намеёбад. Чунончи, мутобиқи муқаррароти қисми 3 моддаи 21 Қону­ни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санад­ҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қарор­ҳои хусусияти фардидоштаи Ҳуку­­мати Ҷумҳу­рии Тоҷикистон санад­ҳои меъёрӣ наме­бошанд.

Тибқи моддаи 89 Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 34 Қонуни конститут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон», Суди конститутсионӣ танҳо масъалаи мутобиқати санад­ҳои меъёрии ҳуқуқиро ба Конститутсия мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Аз ин рў, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии кон­сти­­­тут­­сиониро оид ба дархости сардори хоҷагии деҳқонии оилавии «Мо­­ҳи­­парвар» Маллаева М.Д. бинобар ба сало­ҳияти Суди конститут­сионӣ ман­суб набу­дани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда рад мена­мояд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди консти­тут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости сардори хоҷагии деҳқонии оилавии «Моҳипарвар» Маллаева М.Д. «Дар хусуси ба талаботи қонун ва қарорҳои Ҳукумати Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005, №342, аз 30 декабри соли 2000, №515 ва аз 30 декабри соли 2011, №641 мутобиқат надоштани банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳу­рии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №669» би­но­бар ба салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набу­дани баррасии масъалаи дар дархост гузош­та­шуда, рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.