Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости шаҳрвандон Солеҳов Б.Б. ва Адырхаев В.В.

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрвандон Солеҳов Б.Б. ва Адырхаев В.В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 29 марти соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ботирова Г.,

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяҳо К. Каримов ва М. Гулзороваро оид ба дархости шаҳрвандон Солеҳов Б.Б. ва Адырхаев В. В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрвандон Солеҳов Б.Б. ва Адырхаев В.В. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, дар он қайд менамоянд, ки Оинномаи ташкилоти динии онҳо бо номи «Шоҳидони Яҳво» 15 январи соли 1997 дар собиқ Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, ташкилот фаъолияти худро тибқи Оиннома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебурд.

11 октябри соли 2007 бошад, фаъолияти он дар асоси амри Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қатъ кардани фаъолияти ташкилоти динии «Шоҳидони Яҳво» аз тарафи маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд.

Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе ва баъдан Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоятҳои ташкилотро аз болои амалҳои дахлдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 2007 №11/3 дида баромада, онҳоро бо қарорҳои худ аз 29 сентябри соли 2008 ва аз 12 феврали соли 2009 бе қаноат мононданд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии қисми дуюми моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 №4 «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ», ки аз 11 октябри соли 2007 онро ба асос гирифта, фаъолияти ташкилотро манъ карда буд, 18 январи соли 2010 №4-01/104 бо қарори худ дархости навбатии ташкилотро низ дар бораи аз нав бақайдгирии он рад намудааст.

Шикоятҳои ташкилот оид ба ғайриқонунӣ будани қарори мазкур аз ҷониби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон беқаноат мононда шуда, рад карда шудаанд.

Ба андешаи муроҷиаткунандагон қарорҳои зикршудаи маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси қисми 2 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилоти динӣ» қабул шудааст, ҳуқуқҳои конститутсионии онҳоро ба доштани мафкураи дахлдори динӣ, эътиқоди динӣ ва таъсиси иттиҳодияҳои динӣ поймол намудаанд.

Ин амалҳои маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷум- ҳурии Тоҷикистон ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қисми 3 моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи онҳо барҳам додани шахсони ҳуқуқӣ бо қарорҳои судҳои босалоҳият ба амал бароварда мешавад, мутобиқ нест.

Аз ин рў, онҳо қисми 2 моддаи 16 Қонуни зикршударо, ки тибқи он «қарори қатъ гардидани фаъолияти ташкилотҳои динӣ аз тарафи мақоме, ки оинномаи (низомномаи) онҳоро ба қайд гирифтааст, қабул карда мешавад. Доир ба ин қарор бо тартибе, ки дар Кодекси протсессуалии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ба додгоҳ шикоят кардан мумкин аст», ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мешуморанд.

Бинобар ин, муроҷиаткунандагон аз Суди конститутсионӣ талаб доранд, ки дар асоси дархости онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилоти динӣ»-ро новобаста аз эътибор соқит дониста шуданаш ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости пешниҳод- шударо мавриди баррасӣ қарор дода, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи он бо асосҳои зерин рад менамояд:

– предмети баррасии Суди конститутсионӣ муайян намудани мутобиқати қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсия мебошад;

– қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи муқаррароти санадҳои қонунгузорӣ бекор ё аз эътибор соқит дониста шудаанд, ба баррасии Суди конститутсионӣ ниёз надоранд;

– қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии бекор ё аз эътибор соқитдонисташудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд предмети баррасии Суди конститутсионӣ бошанд, агар мурофиаи судии конститутсионӣ нисбати онҳо дар давраи мавриди амал қарор доштанашон оғоз шуда, санадҳои зикркардашуда боиси вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон гардида бошанд;

– дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 № 489 «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки бо қабули он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилоти динӣ» аз эътибор соқит дониста шудааст, масъалаи мавриди баҳс қарордодаи муроҷиаткунандагон пурра мавриди танзим қарор дода шудааст.

Чунончи тибқи қисми 1 моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»:

«Иттиҳодияи динӣ тибқи оинномаи (низомномаи) худ ва ё бо қарори суд барҳам дода мешавад.»

Бинобар ин, барои оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости шаҳрвандон Солеҳов Б.Б. ва Адырхаев В. В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» асос мавҷуд нест.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрвандон Солеҳов Б.Б. ва Адырхаев В. В. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 №24 «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар бекор шудани санаде, ки конститутсионӣ буданаш мавриди баҳс қарор гирифтааст, рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумурии Тоҷикистон К. Каримов