Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости шахрванд Хасанов Н

ТАЪИНОТИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии консти­тут­­сионӣ оид ба дархости шаҳрванд Ҳасанов Н. «Дар хусуси бархилофи моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон будани таъиноти суди шаҳри Хуҷанд аз 5 октябри соли 2015, қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суғд аз 11 декабри соли 2015, таъиноти судяи суди вилояти Суғд Воситзода А. аз 20 январи соли 2016 ва таъиноти судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Т.Қ. аз 19 апрели соли 2016»

ш. Душанбе «5» сентябри соли 2016

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулмонов С.Ш. дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раис Каримзода К.М. ва судя Ҳошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости шаҳрванд Ҳасанов Н. «Дар хусуси бархилофи моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон будани таъиноти суди шаҳри Хуҷанд аз 5 октябри соли 2015, қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суғд аз 11 декабри соли 2015, таъиноти судяи суди вилояти Суғд Воситзода А. аз 20 январи соли 2016 ва таъиноти судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Т.Қ. аз 19 апрели соли 2016» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Ҳасанов Нўъмон бо дархост ба Суди консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки 18 майи соли 2007 нисбати ў ҳамчун сардори вокзали истгоҳи «Хуҷанд»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз ҷониби прокурори нақлиёти вилояти Суғд бо моддаҳои 247 қисми 2 банди «г» ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парван­даи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 11 июни соли 2007 парванда бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суди ноҳияи Б. Ғафуров ирсол гардидааст.

Бо таъиноти суди ноҳияи Б. Ғафуров аз 28 июни соли 2007 парвандаи ҷиноятӣ нисбати ў бо дастрасии банди «б» моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2007, №286 «Дар бораи авф» қатъ карда шуда, баъди ба қувваи қонунӣ даромадани таъиноти мазкур ў ба иҷрои вазифааш шурўъ кардааст.

Ба андешаи муроҷиаткунанда прокурори нақлиёти вилояти Суғд бинобар нисбати ў доштани хусумати шахсӣ 14 сентябри соли 2007 ба унвонии сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» маълумот пешниҳод кардааст, ки тибқи он гўё Ҳасанов Н. аз хунукназарии шахсони масъули мансабдор исти­фода намуда, зиёда аз се моҳ фаъолияти меҳнатиашро давом дода, аз корхо­на маош гирифтааст, ки бо ин амалаш ба корхона ва давлат зарари ҷиддӣ расони­дааст.

Прокурори нақлиёти вилояти Суғд аз сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» талаб намудааст, ки ў аз мансаби ишғолкардааш озод карда шавад.

Ҳасанов Н. қайд менамояд, ки тибқи моддаи 47 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли масаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян як намуди ҷазо мебошад, ки он аз ҷониби суд нисбат ба шахси ҷиноятсодирнамуда татбиқ карда мешавад.

Номбурда чунин мешуморад, ки ҳуҷҷати ирсолнамудаи прокурори нақлиёти вилояти Суғд нисбаташ буҳтон мебо­шад, зеро ў баъди ба қувваи қонунӣ даромадани таъиноти суди ноҳияи Б. Ғафуров ҷинояти нав бо аломатҳои моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои «а,г» ва 323 Кодекси ҷиноятӣ содир накардааст. Дар Маркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оид ба ин ҳолат маълумот ба қайд гирифта нашудааст.

Дар моддаи 4 Кодекси ҷиноятӣ принсипи қонуният муқаррар гарди­дааст, ки тибқи он ҳеҷ кас дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад ва ба ҷазои ҷиноятӣ кашида намешавад ба ҷуз бо ҳукми суд ва дар асоси қонун.

Ба ғайр аз ин, тибқи банди «а» моддаи 231 Кодекси граждании Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба талабот оид ба ҳимояи ҳуқуқи шахсии ғайримолу мулкӣ ва дигар неъматҳои ғайримоддӣ, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбини­наму­даи қонун, муҳлати даъво татбиқ намегардад.

Бинобар ин, 15 январи соли 2013 ў бо ариза оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ ба суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудааст. Бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд 28 феврали соли 2013 даъвои ў рад карда шудааст. Бо қарори марҳилаи назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2014 ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 28 феврали соли 2013 ва қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суғд аз 11 июни соли 2013 бекор карда шуда, парванда барои аз нав баррасӣ гардидан ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол гардидааст.

Маротибаи дуюм низ бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 15 майи соли 2014 даъвои ў рад карда шуда, ҳалнома бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суғд аз 1 августи соли 2014 бетағйир мононда шудааст.

Муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки тибқи маълумотномаи Маркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилӣ аз 3 сентябри соли 2015 ў доғи судӣ надорад ва бо моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои «а,г» ва 323 Кодекси ҷиноятӣ ҷиноят содир накардааст.

Дар хусуси он, ки ў муддати зиёда аз се моҳ ғайриқонунӣ маош гириф­та, ба корхонаи «Роҳи оҳан» ва давлат зарари ҷиддӣ расонидааст, ў ба шуъбаи мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии характери корруп­сио­­нидоштаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар нақлиёти вилояти Суғд муроҷиат намуд. Тибқи мактуби Раёсати Агентӣ аз 8 сентябри соли 2015, №17.3.4/17-2648 аз 1 июл то 1 ноябри соли 2007 аз тарафи Агентӣ дар вокзали истгоҳи «Хуҷанд» таф­тишу санҷиш гузаронида нашудааст.

Аз ин бармеояд, ки ў ба манфиати корхонаи «Роҳи оҳан» ва давлат зарар нарасонидааст.

Бинобар ин, ў пас аз дастрас кардани ҳуҷҷатҳои зикршуда бо аризаи даъвогӣ ба суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуд, ки суди мазкур 5 октябри соли 2015 даъвои ўро бидуни таҳқиқи далели пешниҳодшуда рад кардааст.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суғд аз 11 декабри соли 2015 таъиноти суди шаҳри Хуҷандро аз 5 октябри соли 2015 бетағйир мононд.

Муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки коллегияи судӣ оид ба парван­даҳои гражданӣ бояд маълумотномаи Маркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати Агентии назорати давлатии молия­вӣ ва мубо­риза бо коррупсия дар нақлиёти вилояти Суғдро ҳаматарафа таҳқиқ менамуд, аммо чунин амал иҷро карда нашуд.

Прокуратураи вилояти Суғд дар хусуси баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионӣ ба таври хаттӣ огоҳ карда шуда бошад ҳам, вале намояндаи прокуратура ба суд ҳозир нашуд.

Баъдан бо таъиноти судяи суди вилояти Суғд аз 20 январи соли 2016 ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ рад карда шуд.

Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо таъинот аз 19 апрели соли 2016 ирсоли парвандаро барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳи­лаи назоратӣ рад кард.

Ҳамин тариқ, муроҷиаткунанда таъиноти суди шаҳри Хуҷанд аз 5 октябри соли 2015, қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суғд аз 11 декабри соли 2015, таъиноти судяи суди вилояти Суғд Воситзода А. аз 20 январи соли 2016 ва таъиноти судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Т.Қ. аз 19 апрели соли 2016-ро бар­хило­фи моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ба Суди конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳиш наму­да­аст, ки парвандаи граждании №2-419 (2-219)-и суди шаҳри Хуҷанд­ро оид ба ҳифзи шаъну шарафаш баррасӣ намояд.

Суди конститутсионӣ дархости мазкур ва ҳуҷҷатҳои ба он зами­машу­даро мавриди омўзиш қарор дода, қайд менамояд, ки новобаста аз субъек­ти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳсуб ёфтани Ҳасанов Н., баррасии масъалаи дар дархост овардаи ў ба салоҳияти Суди конститут­сионӣ дохил намешавад. Зеро, баррасии масъалаи қонунӣ будан ё набудани санадҳои судии вобаста ба баҳси муносибатҳои гражданӣ қабулгардида, бархилофи мод­даи 20 Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон будани онҳо, инчунин барра­сии худи парвандаи граждании №2-419 (2-219)-и суди шаҳри Хуҷанд оид ба ҳифзи шаъну шарафи Ҳасанов Н., ба салоҳияти судҳои умумӣ мансуб мебошад.

Суди конститутсионӣ на масъалаҳои асоснок ва қонунӣ будани санад­ҳои қабулнамудаи зинаҳои гуногуни судӣ, балки дар асоси дархости шах­сони воқеӣ масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленум­ҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин мақомоти судӣ нисбат ба онҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ карда шудаанд ва ба андешаи онҳо боиси вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониашон гардидаанд, баррасӣ менамояд.

Ҳамчунин, муроҷиат аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди кон­сти­­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест. Зеро ҳолат ва далел­ҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муво­фиқат надоштани меъёрҳои мушаххаси санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки муроҷиаткунанда талаб ва далелҳои худро ба он асоснок мекунад, дар дархост пешниҳод нашудаанд.

Аз ин лиҳоз, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии консти­тут­сиониро оид ба дархости шаҳрванд Ҳасанов Н. бинобар ба сало­ҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набу­дани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи мод­даи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­­тут­­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон» муво­фиқ набудани дархост рад менамояд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи мод­даҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон» Суди консти­тут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Ҳасанов Н. «Дар хусуси бархилофи моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон будани таъиноти суди шаҳри Хуҷанд аз 5 октябри соли 2015, қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суғд аз 11 декабри соли 2015, таъиноти судяи суди вилояти Суғд Воситзода А. аз 20 январи соли 2016 ва таъиноти судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Т.Қ. аз 19 апрели соли 2016» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набу­дани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи Қонуни конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» муво­фиқ набудани дархост, рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.