Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Суфиев Х.

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости адвокати маслиҳатгоҳи ҳуқуқии № 1 шаҳри Хуҷанд Суфиев Ҳ. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисмҳои 1 ва 2 моддаи 259 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 5, 14, 18, ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 9 июли соли 2014

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ғаниев Ҷ.,

дар маҷлиси судӣ гузориши судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Л.И. ва Зоиров Ш.Ю.-ро оид ба дархости адвокати маслиҳатгоҳи ҳуқуқии №1 шаҳри Хуҷанд Суфиев Ҳ. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисмҳои 1 ва 2 моддаи 259 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ба моддаҳои 5, 14, 18, ва 19 Конститутсияи (Сар­қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Адвокати маслиҳатгоҳи ҳуқуқии №1 шаҳри Хуҷанд Суфиев Ҳ. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки шаҳрвандон Солиев Д., Ҷураев У., Бердиёров У., Қаҳҳоров У., Урунов А. ва Ҳоҷиматов Ш. 10 июли соли 2013 бо ҳукми суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо моддаҳои 187 қисми 2 ва 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ҷазоҳои маҳрумӣ аз озодӣ маҳкум карда шуданд.

Бо таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Суғд аз 13 ноябри соли 2013 ҳукми номбурда бекор ва парванда ба баррасии нави судӣ ба ҳамон суд дар дигар ҳайат ирсол гардид. Парванда такроран аз ҷониби Суди ноҳияи Спитамен мавриди баррасӣ карор гирифта, бо таъиноти маҷ­лиси судӣ аз 11 марти соли 2014 ба тафтиши иловагӣ баргардонида шуд.

Пас аз анҷоми тафтиши иловагӣ ва тасдиқ намудани фикри айбдоркунӣ мақомоти таъқиби ҷиноятӣ парвандаро барои муайян намудани тобеияти судӣ ба Суди вилояти Суғд ва 21 майи соли 2014 Суди вилояти Суғд бо мактуб парвандаро барои моҳиятан дида баромадан ба Суди шаҳри Хуҷанд ирсол намудааст.

4 июни соли 2014 ў ҳамчун ҳимоячӣ, амали раиси Суди вилояти Суғдро оид ба муайян намудани тобеияти судӣ бе асос ва ғайриқонунӣ ҳисобида, бо дархост ба Суди вилояти Суғд муроҷиат намуда, талаб намудааст, ки парванда бо айбдории зерҳимоягони ў: Солиев Д., Ҷураев У. ва дигарон бо таҳия намудани қарори асоснок аз Суди шаҳри Хуҷанд ба Суди ноҳияи Спитамен баргардонда шавад.

Ба андешаи муроҷиаткунанда раиси Суди вилояти Суғд бар хилофи талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 259 Кодекси муро­фиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахси бесалоҳият – муовини худ супориш додааст, ки тобеияти судиро бо мактуб муайян намуда, парвандаи ҷиноятиро ба Суди шаҳри Хуҷанд ирсол намояд.

Ҳамин тавр, бе таҳия намудани санади судӣ дар шакли қарор ё таъинот, парванда бо мактуби муовини Раиси Суди вилоят ба Суди шаҳри Хуҷанд ирсол гардидааст.

Дархостдиҳанда иброз дорад, ки дар асоси қисми 1 моддаи 259 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои алоҳида бо мақсади пурра ва холисона баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ онро аз як суд ба дигар суди ҳамто супоридан мумкин аст. Бо ин асосҳо супоридани парванда танҳо пеш аз оғози баррасии он дар маҷлиси судӣ иҷозат дода мешавад.

Тибқи талаботи қисми 2 ҳамин модда бошад, масъалаи бо асосҳои зикршуда супоридани парвандаи ҷиноятӣ аз суди ноҳия (шаҳр) ба суди дигар дар ҳудуди вилоят танҳо аз ҷониби Раиси Суди вилоят иҷозат дода мешавад.

Аз мазмуни қисми 1 моддаи 259 бармеояд, ки раиси Суди вилоят на дар ҳар маврид, балки дар ҳолатҳои алоҳида бо мақсади пурра ва холисона барраси намудани парванда ҳуқуқ дорад онро аз як суд ба дигар суди ҳамто супорад.

Ў қайд менамояд, ки ибораи муқаррароти қисми 1 моддаи 259 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне «дар ҳолатҳои алоҳида бо мақсади пурра ва холисона баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ онро аз як суд ба суди дигари ҳамто супоридан мумкин аст», ибораи возеҳу равшан нест. Он ба шахси мансабдори мақомоти судӣ ҳуқуқ медиҳад, ки бо хоҳиши худ ҳар вақте, ки хоҳад, аз ин ҳуқуқи бемаҳдуди мурофиавиаш истифода барад. Тобеияти судиро худсарона тағйир дода, бе таҳия намудани таъинот (қарор) ва бо мактуби беасос онро ба суди дигар ирсол намояд.

Аз номукаммалии меъёри номбурда истифода карда, айни замон раиси Суди вилоят бо бе таҳия намудани санади судӣ дар шакли қарор (таъинот), тобеияти судиро тағйир дода, парвандаро ғайриқонунӣ ба Суди шаҳри Хуҷанд ирсол намудааст.

Вобаста ба ин, Суфиев Ҳ. аз муқаррароти моддаҳои 5, 14, 17, 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 6 Конвенсия дар бораи ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, моддаи 14 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ, банди 1 қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №9 аз 18 ноябри соли 2013, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 9 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гашта, изҳор менамояд, ки қоидаи тобеияти судӣ ҷузъи ҳуқуқ ба ҳифзи судиро дар бар мегирад. Тағйир додани тобеияти судӣ фақат бо асосҳои бо қонун пешбинишуда ва тибқи санади судӣ дар шакли таъинот ё қарор бояд сурат гирад.

Ба андешаи дархостдиҳанда муқаррароти қисми 1 ва 2 моддаи 259 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки раиси Суди вилояти Суғд онро дастрас намуда, дархости муроҷиаткунандаро оид ба тағйир додани тобеияти судии парвандаҳои ҷиноятӣ бе қанот монданд, боиси поймол ва маҳ­дуд шудани ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, ки дар моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешбинӣ шудааст, гардидааст.

Бинобар ин, Суфиев Ҳ. ба Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, аз Суди конститутсионӣ хоҳиш намудааст, ки мутобиқати қисмҳои 1 ва 2 моддаи 259 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мод­даҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости пешниҳодгардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати он бо сабабҳои зерин рад намуд:

Муроҷиаткунанда Суфиев Ҳ. агарчи субъекти муроҷиат ба Суди консти­тутсионӣ маҳсуб ёбад ҳам, аммо талаби ў дар хусуси он, ки ибо­раи «дар ҳо­лат­ҳои алоҳида бо мақсади пурра ва холисона баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ онро аз як суд ба суди дигари ҳамто супоридан мумкин аст», ки дар қисми 1 моддаи 259 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳу­рии Тоҷи­кистон пешбинӣ шудааст возеҳу равшан нест ва он ба шахси мансабдори мақомоти судӣ дар ҳолати муайян намудани тобе­ияти судӣ ҳуқуқҳои васеъ медиҳад, мав­­­зўи бар­расии Суди консти­тут­сионӣ нест.

Ин талаби дархостдиҳанда ба маънидодкунии меъёри қонун вобас­тагӣ дорад, ки чунин амал, яъне муайян намудани возеҳу равшан будани меъёри ҳуқуқ аз тарафи мақомоте сурат мегирад, ки санади мазкурро қабул намуда, мавриди амал қарор додааст.

Ҳамчунин, тибқи талаботи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон», Суди конститутсионӣ на қонунӣ, асоснокӣ ва дурустии санадҳои мақомоти судӣ, амал ё беамалиро аз тарафи шахсони ман­сабдори онҳо, балки мутобиқати қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷум­ҳурии Тоҷикистонро ба Конститутсия муайян менамояд, агар маҳз қонун ва дигар санадҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси поймол гаштани ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунанда гашта бошанд.

Ҳамин тариқ, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳан­гоми таҳлили амиқи дархости пешниҳоднамудаи Суфиев Ҳ., дар му­қар­рароти қисми 1 ва 2 моддаи 259 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ҳолатҳоеро ошкор накард, ки онҳо боиси поймол ё маҳдуд гаштани ҳуқуқҳои шаҳр­вандони иштирокчии мурофиаи ҷиноятӣ ба ҳифзи судӣ гашта бошанд.

Дархости пешниҳодшуда аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба тала­боти пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест.

Аз ин рў, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости адвокати маслиҳатгоҳи ҳуқуқии № 1 шаҳри Хуҷанд Суфиев Ҳ. бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дахл надоштан талаби дар дархост гузошташуда ва аз ҷиҳати шаклу мазмун низ мувофиқ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Қонуни консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конситут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда мешавад.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи мод­даҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷикистон «Дар бо­раи Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷикистон» Суди конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости адвокати маслиҳатгоҳи ҳуқуқии №1 шаҳри Хуҷанд Суфиев Ҳ. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисмҳои 1 ва 2 моддаи 259 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии То­ҷикистон ба моддаҳои 5, 14, 18, ва 19 Конститутсияи (Сарқо­нуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ маҳсуб набуданаш ва аз рўи шаклу мазмун низ мувофиқ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъиноти мазкур дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов