Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Рачабов А.А
Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Раҷабов А.А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе 7 январи соли 2014
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси-кунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Фирдавсова Г.,
дар маҷлиси судӣ гузориши судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев А.А.-ро оид ба дархости шаҳрванд Раҷабов А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Раҷабов Абдуназар Абдуғафорович бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки ў дар деҳаи Чингирови Ҷамоати деҳоти «1-уми май»-и ноҳияи Турсунзода зиндагӣ карда, то 19 марти соли 2005 ба сифати коргар дар КВД «Ширкати Алюмении Тоҷик» кор мекардааст.
Ў ҳар рўз тавассути мототсикли шахсиаш- ИЖ-Ю-4 рақами давлатиаш 97-87 СБЗ то деҳаи Қуруқсойи ҷамоати деҳоти «Ҷўра Раҳмонов»-и ноҳияи Турсунзода, ки аз маҳалли зисти ў 17 км дур воқеъ мебошад омада, мототсиклашро дар ин деҳа гузошта, аз он ҷо бо нақлиёти хизматии КВД «Ширкати Алюмении Тоҷик» то ҷойи кораш мерафтааст. Бегоҳӣ баъди ба охир расидани кор, бо нақлиёти хизматии КВД «Ширкати Алюмении Тоҷик» то деҳаи Қуруқсойи ҷамоати деҳоти «Ҷўра Раҳмонов» омада, сипас аз ин ҷо бо мототсикли худ ба хонааш бармегаштааст.
19 марти соли 2005 соати 16:30 баъди кор бо нақлиёти хизматии корхонаи зикршуда то деҳаи Қуруқсой, ки дар он ҷо нақлиёти хизматӣ таваққуф менамояд омада, ба мототсикли шахсиаш ба сўи хонааш – деҳаи Чингиров равона гардидааст.
Дар ними роҳ автомашинаи тамғаи «Нива-212113» рақами давлатиаш АЕ 5702 РТ 01, ки дар зери идораи Бобоназаров Асқар қарор доштааст, ба муқобили самти ҳаракат баромада, ба мототсикли ў бархурдааст.
Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ Раҷабов А. ҷароҳати сершумори ҷисмонӣ гирифта, маъюби гурўҳи 2 эътироф шудааст.
Раҷабов А.А. новобаста аз он, ки садамаи нақлиётӣ берун аз нақлиёти хизматӣ ва дар маҳали дигар рух додаааст, масофаи аз дарвозаи ширкат то истгоҳи нақлиёт ва аз истгоҳи охирони нақлиёти ширкат то манзили истиқоматии худро воқеаи нохуш дар истеҳсолот меҳисобад.
Аз ин рў, ў аз КВД «Ширкати Алюмении Тоҷик» ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб дорад, ки бинобар дар вақти аз кор ба хона баргаштан рух додани ҳодисаи мазкур, ба ў ҷуброни зарар иборат аз: маоши миёнаи гумшуда, хароҷоти иловагӣ, ҷубронпулии якдаъфаина ва зарари маънавӣ пардохт карда шавад.
КВД «Ширкати Алюмении Тоҷик» ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости Раҷабов А.-ро баррасӣ намуда, дар асоси талаботи зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолоти Ҷумҳурии Тоҷикистон рад намудаанд.
Онҳо мавқеашонро бо он асоснок менамоянд, ки ҳодисаи нохуш бо Раҷабов А. баъди аз нақлиёти мусофирбарии КВД «Ширкати Алюмении Тоҷик» фаромадан, яъне берун аз истеҳсолот ҳангоми давоми сафар бо нақлиёти шахсиаш рух додаст, ки ин ҳолат ба ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот дохил намешавад.
Тибқи талаботи зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Раёсати Шўрои Федератсияи Иттифоқҳои касабаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Госгортехнадзори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 1993 таҳти № 24/2 тасдиқ карда шудааст, агар ҳодисаи нохуш бо ҷабрдида ҳангоми сафар ба манзили зист бо нақлиёти корхона рух дода бошад, аз тарафи корхона санади Н-1 тартиб дода, ба ҷабрдида кумакпулӣ оид ба зарари расонидашуда пардохт карда мешавад.
Ба андешаи муроҷиаткунанда, муқаррароти зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи мазкур ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «Ҳуқуқи ҷабридидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад» мухолифат дошта, садди роҳи ҷуброни зарар ба ў гардидааст.
Бинобар ин, ў аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намудааст, ки аз рўи дархосташ мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда, мутобиқати зербани 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости пешниҳодгардидаро мавриди омўзиш қарор дода, қайд менамояд, ки гарчанде ки шаҳрванд Раҷабов А.А. субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳсуб ёбад ҳам, аммо дар баҳси ба миёнгузоштаи ў, яъне муайян намудани мутобиқати зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номуайяние дида намешавад, ки он оғоз кардани мурофиаи судӣ ва санҷиши конститутсиониро тақозо намояд.
Набудани номуайянӣ дар масъалаи мутобиқати зербанди 3-и банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки зарари ҷисмонӣ ва зарари маънавӣ ба Раҷабов А. на тавассути амал ва беамалии КВД «Ширкати Алюмении Тоҷик», балки тавассути ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, ки субъект ва объекти содирнамудаи он маълум аст, ба вуқўъ пайвастааст.
Тартиби баррасии чунин ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиргардидаи роҳу нақлиётӣ ва тартиби руёнидани зарарҳои ба ҷабрдидагон аз чунин ҷиноятҳо расонидашударо қонунгузории ҷиноятӣ ва гражданӣ амиқ муайян кардааст, ки ҳаллу фасли онҳо ба мақомоти тафтиш, прокуратура ва судҳои умумӣ вогузор карда шудааст.
Бо асосҳои зикршуда, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Раҷабов А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун ҷавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.
Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Раҷабов А. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати зербанди 3 банди 1.2-и Низомномаи тафтишот ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба моддаи 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун ҷавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.
3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов