ТАЪИНОТ дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Набиев Н. С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархати якуми қисми сеюми моддаи 339 ва сархати якуми моддаи 371 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе                                                     15 октябри соли 2021

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисику­нанда Раиси  Суди конститутсионӣ Ашурзода А.А., муовини Раис Карим­зода К.М., судя-котиб Ҷамшедзода Ҷ.Н., судяҳо: Абдураҳимзода Д.Р. ва Шарифзода А.Н.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Вализода Ш.О.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ пешниҳоди судя Абду­ра­ҳимзода Д.Р.– ро аз рўи дархости шаҳрванд Набиев Н. С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархати якуми қисми сеюми моддаи 339 ва сархати якуми моддаи 371 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н  к а р д:

Шаҳрванд Набиев Н.С. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии  Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он зикр менамояд, ки 3 феврали соли 2021 суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва 28 июли соли 2021 коллегияи судӣ оид ба пар­вандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе сархати якуми қисми сеюми моддаи 339 ва сархати якуми моддаи 371 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати ӯ татбиқ намуда,ҳукми айбдоркунӣ ва таъиноти судӣ қабул намуданд.

Ҳамзамон, дар матни бо забони русӣ пешниҳоднамудаи Суди ноҳияи Шоҳмансур аз рўи парвандаи ҷиноятии № 23628 нисбати ӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019  «Дар бораи бахшиши ҷазо»-ро татбиқ гардидааст, ки он дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад  ва номбурда чунин ҳолатро боиси поймол шудани ҳуқуқҳои конс­титутсионии худ эътироф менамояд.

Муроҷиаткунанда номувофиқатии меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии зикр­гардидаро ба Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он асоснок ме­кунад, ки Суди ноҳияи Шоҳмансур  3 феврали соли 2021 нисбаташ ҳукми айбдоркунӣ қабул намуда, ўро дар ҳаҷми  400 нишондиҳанда барои ҳи­собҳо ҷазо додааст.  Суд қонуни  мавҷуднабудаи дар боло зикршударо нисбаташ  татбиқ намудааст, ки  ин амалаш ба андешаи  ӯ ба моддаи 84 Конс­ти­тут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дорад.

Ҳамчунин, муроҷиаткунанда иддао дорад, ки 3 феврали соли 2021 ҳукми айбдоркунӣ бо забони русӣ дастрасаш гардидааст, ки санади мустақили судӣ буда, мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои қувваи ҳуқуқӣ мебошад. Чунончӣ, дар саҳифаи охирини ҳукм, бо имзои судя Ҳакимзода Д.А.  ва муҳри дорои навиштаҷоти «НУСХА БА АСЛАШ БАРОБАР АСТ» ҳукм тасдиқ шудааст.

Ҳолатҳои нисбати ў нодуруст татбиқ гаштани сархатҳои моддаҳои зикршудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мавҷуднабудаи бахшиши ҷазо, муроҷиаткунанда ҳамчун поймолшавии ҳуқуқҳои конститутсионии худ арзёбӣ менамояд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, Набиев Н.С. ба Суди конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда,  хоҳиш намудааст, ки дархосташро баррасӣ карда, аз рўи он мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз ва мувофиқати сархати якуми қисми сеюми моддаи 339 ва сархати якуми моддаи 371 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости шаҳрванд Набиев Н.С. – ро мавриди баррасӣ қарор дода, муқаррар кард, ки ном­бурда агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳсуб ёбад ҳам, аммо оғоз кардани мурофиаи судии конститутсионӣ нисбати дар­хости ў бо асосҳои зерин рад карда мешавад:

  -масъалаи муайян намудани мувофиқати сархати якуми қисми сеюми моддаи 339 васархати якуми моддаи 371 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии То­ҷи­кистон гарчанде шаклан ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дохил шавад ҳам, аммо Суди конститутсионӣ миёни меъёрҳои санади баҳсӣ ва Конс­ти­тутсия ало­қамандии мавзӯӣ ва мантиқӣ ё номуайяние  ошкор накард, ки он барои оғоз кардани мурофиавии судии конститутсионӣ асос гардад. Зеро, тибқи талаботи қисми 2 моддаи 44 Қонуни конс­титут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститут­сионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ ошкор гаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститут­сияи Ҷумҳурии То­ҷи­кистон мувофиқат доштани қонунҳо ва дигар санад­ҳои меъёрии ҳуқуқӣ асос мегардад;

  • масъалаҳо вобаста ба тарҷумаи ҳуҷҷатҳову санадҳои мурофиавӣ ва забони мурофиаи судӣ дар асоси моддаи 18 ва дигар моддаҳои Кодекси мурофиавии ҷи­ноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардидаанд, ҳамчунин татбиқи нодурусти  қонунҳо, аз ҷумла, қонуни авф, ин­чунин баҳо додан ба дурустӣ ё нодурустии амалҳои судя ва санадҳои кабул­намудаи судяҳо на ба салоҳияти  Суди конститутсионӣ, балки тибқи талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ба салоҳиятхои судҳои болоии салоҳияти умумӣ дохил мешаванд;
  • ғайр аз ин, дархости муроҷиаткунанда аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи  моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мувофиқат намекунад.

Аз ин рў, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конс­титутсиониро оид ба дархости шаҳрванд Набиев Н. С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархати якуми қисми сеюми моддаи 339 ва сархати якуми моддаи 371 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ, таҳти тобеияти Суди конститутсионӣ қарор надоштани масъалаҳои алоҳидаи муроҷиат ва ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост, рад менамояд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаи 89 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Қо­нуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конс­ти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳу­рии То­ҷикистон,

т а ъ и н   к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости шаҳрванд Набиев Н. С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сар­хати якуми қисми сеюми моддаи 339 ва сархати якуми моддаи 371  Ко­декси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 84 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ, таҳти тобеияти Суди конститутсионӣ қарор надоштани масъалаҳои алоҳидаи муроҷиат ва ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост, рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад. 

             Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Ашурзода А.А.

          Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Ҷамшедзода Ҷ.Н.