ТАЪИНОТ дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Набиев Н. С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019, № 1648 «Дар бораи авф» ва моддаҳои 27, 28, қисми сеюми моддаи 52 ва моддаи 288 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14, 19 ва 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе                                                       2 сентябри соли 2021

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисику­нанда Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода А.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҷамшедзода Ҷ.Н., судяҳо: Абдураҳимзода Д.Р. ва Шарифзода А.Н.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Шоназарова З.Х.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ пешниҳоди судяҳо Ҷамшедзода Ҷ.Н. ва Шарифзода А.Н.– ро аз рўи дархости шаҳрванд Набиев Н. С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати моддаи 6  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019, № 1648 «Дар бораи авф»  ва моддаҳои 27, 28, қисми сеюми моддаи 52 ва моддаи 288 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14, 19 ва 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», шунида,

м у а й я н  к а р д:

Шаҳрванд Набиев Н.С, бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он зикр менамояд, суди но­ҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 3 феврали соли 2021 парвандаи ҷиноятии № 23628 бо қисми 2 банди «б» моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ намуда, ўро бо моддаи зикршуда айбдор дониста, ба ў ҷазо дар намуди ҷарима ба маблағи  400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 22 000 сомонӣ таъин намуда, бо дастрасии сархати 5 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019 № 1648 «Дар бораи авф» ўро аз ҷазо озод кардааст.

Асоси муроҷиати худро ба Суди конститутсионӣ Набиев Н.С. дар номувофиқатии меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ иброз медорад, ки дар парвандаи мушаххас нисбати ў аз тарафи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе татбиқ шудаанд ва ба андешаи ў ба меъёрҳои Конститутсия мувофиқат намекунанду ҳуқуқҳои шаҳрвандиашро, ки тибқи моддаҳои 14, 19 ва 84  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудаанд,  вайрон менамоянд.

Муроҷиаткунанда ба сифати ҳолатҳо ва фактҳои мушаххас дар бораи номувофиқатии меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаб ва далелҳои ў ба онҳо асос ёфтаанд  иброз медорад,  ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019 «Дар бораи авф» чунин пешбинӣ шудааст:  «Пешбурди парвандаҳои ҷиноятии зерин, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шавад» ва дар сархати якуми моддаи мазкур омадааст, ки «оид ба ҷиноятҳое, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаҳои 1, 2, сархатҳои ҳафтум, нуҳум, даҳуми моддаи 3 ва қисми 2 моддаи 5 ҳамин Қонун пешбинишуда содир гардидаанд»,  ки дар моддаи 1 сархати чорум чунин шахсон пешбинӣ шудаанд: «маъюбони гурўҳҳои  I, II ва III». Судшаванда Набиев Н.С. дар давраи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» маъюби гурўҳи  III будааст, аммо суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  3 феврали соли 2021 нисбати Набиев Н.С.  ҳукми айбдоркунӣ баровардааст, азбаски   ў ба гуноҳи худ иқрор нашудааст ва нисбати Азизов З.Б.  ва Бурҳонов М.С дар асоси сархати 3 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019, № 1648 «Дар бораи авф» бинобар иқрор шудани онҳо ба гуноҳашон, таъинот баровардааст.

Дар робита ба ин муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки қонунгузорӣ дар бораи авф дар судҳо бе талаби иқрор шудан ё иқрор нашудани судшаванда ба гуноҳи худ татбиқ мешавад ва судҳо бояд дар асоси моддаи 82 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузорӣ дар бораи авфро татбиқ намоянд.  

Ҳамчунин, муроҷиаткунанда иброз медорад, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пешбинӣ нашудааст, ки судшаванда уҳдадор аст  ба гуноҳи худ  иқрор шавад ё иқрор нашавад. Дар моддаҳои 27, 28, 288 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин пешбинӣ  нашудааст,  ки судшаванда уҳдадор аст ба гуноҳаш иқрор шавад ё  дархост намояд, ки қонунгузории авф нисбати ў татбиқ карда шавад.  

Бо назардошти гуфтаҳои боло,  муроҷиаткунанда ҳисоб мекунад, ки мақоми судӣ нисбати судшавандаҳо аз рўи як парванда қонунгузорӣ дар бораи авфро ба таври интихобӣ татбиқ намуда, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии  ўро, ки дар моддаҳои 14, 19 ва 84 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, поймол намудааст. 

Моҳияти дархости худро муроҷиаткунанда дар зарурати муқаррар намудани  қонуният ва бартараф намудани вайроншавии меъёрҳои конститутсионӣ ифода менамояд. Ба андешаи ў  суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноятии № 23628 аз рўи банди «б», қ.2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқҳои конститутсионии ў (муроҷиаткунанда) ва дигар судшавандаҳоро,  ки дар моддаҳои 14,19 ва 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, зимни татбиқи моддаҳои   дахлдори Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва моддаи 6  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019, № 1648 «Дар бораи авф»  поймол намудааст. 

Бинобар ин, Набиев Н.С. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда,  хоҳиш менамояд, ки дархосташ баррасӣ шуда, аз рўи он мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда:  номувофиқатии  моддаи 6  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019, № 1648 «Дар бораи авф»  ва моддаҳои 27, 28 ва 288 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14, 19 ва 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда шавад, бинобар дар қонуни мазкур ва меъёрҳои зикршудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нагардидани талаби иқрор шудани судшаванда ба гуноҳи худ, ё ин ки муқаррароти «новобаста аз иқрор шудан ё нашудани судшаванда ба гуноҳи худ, парвандаи ҷиноятӣ бояд дар суд қатъ карда шавад»; дар бораи ба  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накардан ва  мавриди иҷро қарор надодани  санадҳои суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 3 феврали соли 2021 нисбати муроҷиаткунанда ва дигар иштирокчиёни парвандаи ҷиноятии № 23628 аз рўи банди «б» қ.2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санади дахлдори Суди конститутсионӣ қабул карда шавад; татбиқи қисми сеюми моддаи 52 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе зимни баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Набиев Н.С. ва дигарон аз рўи банди «б», қисми 2, моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нодуруст ҳисоб карда шавад, зеро ба андешаи муроҷиаткунанда, ба ҳуқуқҳои конститутсионии дар моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаи ў мувофиқат намекунад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости шаҳрванд Набиев Н.С., ма­во­ди ба он замимашуда ва маводҳои иловатан пешниҳодшударо ҳаматарафа мавриди баррасӣ қарор дода, муқаррар кард, ки номбурда агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳсуб ёбад ҳам, аммо нисбати дархости ў оғоз кардани мурофиаи судии конститутсионӣ бо асосҳои зерин рад карда мешавад:

  •  баррасии масъалаи мувофиқати моддаи 6  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019, № 1648 «Дар бораи авф» ва моддаҳои 27, 28 ва 288 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14, 19 ва 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар дар Қонуни мазкур ва меъёрҳои зикршудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нагардидани талаби иқрор шудани судшаванда ба гуноҳи худ, ё ин ки муқаррароти «новобаста аз иқрор шудан ё нашудани судшаванда ба гуноҳи худ, парвандаи ҷиноятӣ бояд дар суд қатъ карда шавад» гарчанде шаклан ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб бошад ҳам, зимни омўзиши ин масъала номуайя­ние ошкор нагардид, ки он барои баррасии парванда дар Суди консти­тутсионӣ асос гардад. Зеро, тибқи талаботи қисми 2 моддаи 44 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ ошкор гаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонунҳо ва дигар санад­ҳои меъёрии ҳуқуқӣ асос мегардад;
  • дархости муроҷиаткунанда, дар хусуси ба  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накардан ва  мавриди иҷро қарор надодани  санадҳои суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 3 феврали соли 2021 нисбати муроҷиаткунанда ва дигар иштирокчиёни парвандаи ҷиноятии  № 23628 аз рўи банди «б» қисми 2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин бора қабул кардани санади дахлдори Суди конститутсионӣ, ба тобеияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намешавад. Суди конститутсионӣ масъалаи мувофиқати санадҳои судиро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намекунад. Баррасии масъалаи мазкур ба салоҳияти судҳои болоӣ мансуб мебошад; 

-талаби муроҷиаткунанда дар бораи нодуруст татбиқ кардани қисми сеюми моддаи 52 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе зимни баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Набиев Н.С. ва дигарон аз рўи банди «б», қисми 2, моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рўи андешаи номбурда ба ҳуқуқҳои конститутсионии дар моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидааш мувофиқат намекунад, низ мавзўи баҳси   конститутсионӣ-ҳуқуқӣ шуда наметавонад. Зеро, дар масъалаи мувофиқати қисми сеюми моддаи 52 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ бо моддаи 19 Конститутсия ягон номуайяние мавҷуд набуда, моддаи мазкури Конститутсия дорои мазмун ва мавзўи танзими ҳуқуқии худ мебошад ва онро бевосита нисбати қисми сеюми моддаи 52 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ татбиқ намудан мантиқ надорад.

Татбиқи дуруст ё нодурусти қисми сеюми моддаи 52 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳои ҳуқуқӣ додан ба санадҳои суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе масъалаҳое мебошанд, ки  ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набуда, балки ба тобеияти судҳои салоҳияти умумии болоӣ дохил мешаванд ва тибқи  муқаррароти модаҳои 372, 376 ва дигар меъёрҳои дахлдори Кодекси мурофиавии ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.

 Ҳамчунин, мавқеи муроҷиаткунанда ба эҳтимолияти тахминии ў вобаста ба масъалаҳои зикршуда, бо факту далелҳои мушаххаси мавзўӣ асоснок карда нашудааст. Мавқеъ бояд мавзўи баррасишавандаро фаро гирифта, асосноккунии ҳуқуқии ҷанбаҳои мавзўи баҳсиро бевосита ифода карда тавонад. 

Fайр аз ин, номувофиқатии меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии зикршуда ба Конститутсия дар чӣ ифода меёбад, дар дархост мушаххас ва бо дар­назардошти талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асоснок карда нашудааст.

Бо чунин тарзи масъалагузорӣ, дархости муроҷиаткунанда аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи  моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мувофиқат намекунад.

Аз ин рў, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конс­титутсиониро оид ба дархости шаҳрванд Набиев Н. С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019, № 1648 «Дар бораи авф»  ва моддаҳои 27, 28, қисми сеюми моддаи 52 ва моддаи 288 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14, 19 ва 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ, таҳти тобеияти Суди конститутсионӣ қарор надоштани масъалаҳои алоҳидаи муроҷиат ва ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост, рад менамояд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон,

т а ъ и н   к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости шаҳрванд Набиев Н. С. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати моддаи 6  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019, № 1648 «Дар бораи авф»  ва моддаҳои 27, 28, қисми сеюми моддаи 52 ва моддаи 288 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14, 19 ва 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ, таҳти тобеияти Суди конститутсионӣ қарор надоштани масъалаҳои алоҳидаи муроҷиат ва ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад. 

             Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Ашурзода А.А.

        Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Ҷамшедзода Ҷ.Н.       

Yandex.Metrica