Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Иҷлосияи XVI тақдирсози миллат ва «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иҷлосияи XVI тақдирсози миллат ва «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҷлиси тантанавӣ ва мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он судяҳо, хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ иштирок намуданд.
Баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозирин филмномаеро оид ба фаълияти созадаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат тамошо намуданд.
Сипас, Ашурзода А.А.– Раиси Суди конститутсоионӣ маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо муносибати ин ҷашнҳои таърихӣ ва давлатӣ табрик гуфта, оид ба нақш ва моҳияти Иҷлосияи XVI тақдирсози миллат, масъала ва қарорҳои таърихии он, оғози фаъолияти пурсамари Пешвои миллат дар роҳи бунёди давлати миллӣ, ободии кишвар ва некуаҳволии халқ ибрози андеша намуд.
Қайд гардид, ки 31 сол муқаддам вакилони мардумии халқ ба авзои бениҳоят мураккаб ва ноороми сиёсию ичтимоии мамлакат нигоҳ накарда, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ вазифа ва қарзи шаҳрвандию инсонии худро ба ҷо оварда, Иҷлосияи XVI тақдирсози миллатро баргузор ва бо ҳамин ба бақои давлату миллат асос гузоштанд. Самараи ҳамин иҷлосияи таърихӣ ва нақши шахсияти таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо халқи тоҷик аз дастоварду музаффариятҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ меболаду баҳравар мебошад.
Ин сана 16 ноябри соли 1992 мебошад, ки минбаъд дар таърихи навини давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ояндаи давлат ва миллатамонро равшан намуда, дар расидан ба ормонҳои гузаштагонамон дар хусуси бунёди давлатдорӣ ва давлатсози миллӣ заминаи воқеӣ гузошт.
Ин чорабинӣ ба роҳбарияти сиёсии мамлакат қувва ва нерӯи нав бахшида, онро ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими идораи давлат ва ислоҳоти он раҳнамун сохт. Дар дили мардуми ҷафокашида орзуву умедро барои ояндаи давлат, миллат ва фарзандони онҳо бедор намуд. Ҳокимият ва ҷомеаро бо ҳам муттаҳид кард.
Баромадкунандагон дар маърӯзаҳои худ оид ба мавзуҳои «Иҷлосияи 16-ум ва нақши он дар давлатдории навини Тоҷикистон», «Президент ҳомии Конститутсия ва кафили пойдориву бардавомии давлат», «Президент ва музаффариятҳои даврони Истиқлол», «Президент асосгузори сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Президент кафили сулҳу ваҳдат» ҷанбаҳои таърихии ин ду ҷашни сиёсию давлатӣ ва алоқамандии ногусастании онҳо, ба мактаби бузурги сиёсӣ ва фарҳанги идоракунӣ табдил ёфтани институти Президент, нақши Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат дар тарбияи элитаи нави милии сиёсӣ ва дигаргуниҳои азими иҷтимоию иқтисодӣ махсус қайд намуданд.
Маҷлиси тантанавӣ ва мизи мудаввар бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.