Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Имрӯз 24 ноябр дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҷлиси тантанавӣ ва мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он судяҳо, хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ иштирок намуданд.
Баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода А.А.– Раиси Суди конститутсоионӣ маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни таърихӣ ва давлатӣ табрик гуфт. Зикр гардид, ки Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI тақдирсози миллат бармеояд ва он рамзи давлатдориву саодати миллии мо мебошад. Самараи ҳамин иҷлосияи таърихӣ қабули қонунҳо дар бораи Парчам ва Нишони давлатӣ мебошад.
Пешвои миллат бо мақсади қадршиносӣ ва садоқат ба– Парчами Тоҷикистон 20 ноябри соли 2009 24 ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд, ки ин сана ҳар сол 24 ноябр бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.
Ин сана минбаъд дар таърихи навини давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ояндаи давлат ва миллатамонро равшан намуда, дар расидан ба ормонҳои гузаштагонамон дар хусуси бунёди давлатдорӣ ва давлатсози миллӣ заминаи воқеӣ гузошт.
Парчами мо нишонаи, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ва бақои миллат, ва давлат буда, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад. Парчами давлатӣ аз ҷумлаи муқаддасоте аст, ки фарзандони Ватан бо он қасам ёд менамоянд ва дар назди он ба нишони эҳтиром сар фуруд меоранд
Парчами давлатӣ ва парафшонии ӯ дар дили халқи Тоҷикистон орзуву умедро барои ояндаи давлат, миллат ва фарзандони онҳо бедор намуд. Ҳокимият ва ҷомеа зери Парчами давлатӣ бо ҳам муттаҳид гардида, ба дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ даст заданд.
Баромадкунандагон дар маърӯзаҳои худ оид ба мавзуҳои «Парчами миллат –дурахши миллат», «Парчами давлатӣ ифтихори мост», «Национальный Флаг – символ вечности государства и национальной государственности», «Парчам ливои зафар» ҷанбаҳои таърихии ин ҷашни сиёсию давлатиро махсус қайд намуданд.
Дар охир ба намояндагони воситаҳои ахбори ватанӣ барои ҳамкории судманд бо Суди конститутсионӣ дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчам, тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва маърифати конститутсиониву ҳуқуқии ҷомеа, Ифтихорномаи Суди конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Маҷлиси тантанавӣ ва мизи мудаввар бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.