КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “12 СОЛИ АМАЛИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”: ҲОЛАТ, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО”

05 ноябри соли 2026 дар Суди конститутсионӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «12 соли амали Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»: ҳолат, мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.

Дар кори конференсияи имрӯза намояндагони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Маркази миллии қонунгузорӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Баргузории конференсияи мазкур дар арафаи 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти хосса дорад. Зеро маҳз Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии давлат асосҳои сохтори конститутсионӣ, низоми мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин принсипҳои асосии ташкили ҳокимияти давлатиро муайян намуда, заминаи ҳуқуқии фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатиро фароҳам овардааст.