ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ НАЗОРАТИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД»

Рӯзҳои 5–6-уми ноябри соли 2026 дар шаҳри Батумии Ҷумҳурии Гурҷистон ба муносибати 30-солагии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Гирҷистон конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши назорати конститутсионӣ дар давлати ҳуқуқбунёд» баргузор гардида, дар кори он Раиси Суди конститутсионӣ – Ашурзода А.А. ва мудири бахши инноватсия ва рақамикунонии фаъолияти судӣ – Бобоев Ф.А. иштирок намуданд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ Раиси Суди конститутсионӣ – Ашурзода А.А. бо маърӯза дар мавзуи «Нақши Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини волоияти Конститутсия ва таҳкими давлати ҳуқуқбунёд» баромад анҷом дод.

Дар доираи конференсияи байналмилалӣ баромадҳо аз ҷониби намояндагони ҷумҳуриҳои Булғористон, Македонияи Шимолӣ, Лаҳистон, Туркия, Корея, Қирғизистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Шоҳигарии Тайланд ва инчунин, намояндагони Суди Аврупо анҷом дода шуд.