Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 29 – умин солгарди ҷашни «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29 – умин солгарди ҷашни «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҷлиси тантанавӣ ва мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он судяҳо, хизатчиёни давлатӣ ва дигар кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ иштирок намуданд.
Каримзода К.М. – муовини Раиси Суди конститутсионӣ маҷлис ва мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оҳоз бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни таърихӣ ва давлатӣ табрик гуфта, оид ба нақш ва моҳияти ин санади таърихӣ ибрози андеша намуд. Номбурда қайд кард, ки 29 сол муқаддам мардуми шарафманди Тоҷикистон ба авзои бениҳоят мураккаб ва ноороми сиёсию ичтимоии мамлакат нигоҳ накарда, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва қарзи шаҳрвандию инсонӣ муносибати худро ба тақдири минбаъдаи давлату миллат ва бақои он иброз намуда, нахустин Конститутсияи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро қабул намуданд.
Ин сана рӯзи 6 ноябри соли 1994-ум мебошад, ки минбаъд дар таърихи навини давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин бо номи «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт гардид.
Ин нахустин чорабинии муҳими сиёсии давлати соҳибистиқлол буд, ки халқи тоҷикро ҷиҳати муайян намудани сарнавишти ояндаи давлат ва миллати худ, бунёди давлат ва расидан ба ормонҳои миллӣ ба ҳам овард ва овоздиҳии муташакилонаи мардуми кишвар кӯшишҳои бадхоҳони миллати тоҷикро оид ба пешгирӣ намудан ва халал расонидан ба ин чорабинии ҳаётан муҳими давлатӣ барбод дод.
Ин чорабинӣ ба роҳбарияти сиёсии мамлакат қувва ва нерӯи нав бахшида, онро ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими идораи давлат ва ислоҳоти он раҳнамун сохт. Дар дили мардуми ҷафокашида орзуву умедро барои ояндаи давлат, миллат ва фарзандони онҳо бедор намуд. Ҳокимият ва ҷомеаро бо ҳам муттаҳид кард.
Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми соли 2014 худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақши созанда ва офарандаи Конститутсияи мамлакат оғоз намуда, иброз доштанд, ки:
«Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тоза истиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».[1]
Конститутсия- ин орзуву омоли ҳазорсолаи гузаштагони халқи тоҷик дар роҳи расидан ба истиқлолият комили давлатӣ ва давлатдорӣ, тавасссути андеша, арзишҳои миллӣ ва арзишҳои умумипазируфташудаи байналмилалӣ бунёд намудани давлати демокративу ҳуқуқбунёд буда, он бо хусусияти соф миллии худ ифодаи воқеии иродаи халқи тоҷик мебошад.
Конститутсия халқи тоҷикро қисми ҷудонашавадаи ҷомеа ҷаҳонӣ ва дар пеши наслҳои гузаштаву ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор эътироф намуда, мақсад ва вазифаҳои таърихии халқи тоҷикро бунёди ҷомеаи адолатпарвар эълон намуд.
Баъдан, кормандони Суд Нурляминзода Г.А. ва Холиқзода Ш. С. оид ба дигар ҷанбаҳои таърихию сиёсии Конститутсия ибрози андеша намуда, фарҳанги конститутсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқиро дар ҷомеа асоси татбиқи Конститутсия номиданд.
Дар фарҷоми
маҷлис ба ду нафар судяи Суди конститутсионӣ ва 4 нафар корманди Суди конститустионӣ
барои кори пурсамар ва фаъолияти содиқона барои ҳимояи таъмини кафолатҳои
конститутсионии шаҳрвандон, бахшида
ба 29 – умин солгарди ҷашни «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ифтихорномаи
Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
[1]Ниг. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. ш.Душанбе, 23 апрели соли 2014. Саҳ.3.