Қарор аз рўи дархости Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Файзуллоев Б.Х
оид ба парванда аз рўи дархости Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Файзуллоев Б.Њ. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати банди 28 боби 58 «Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва банди 2 Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2009 таҳти №472 «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 таҳти №172» ба моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе «23» декабри соли 2011
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судяҳо: Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Каримов К.М.
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ботирова Г.
тарафҳо:
Чекушина Г.Б., Сулаймонов Ф.С. ва Шарипова Н.Н.- намояндагони ваколатдори Файзуллоев Б.Њ.- Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» -тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шудааст;
Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Илолов М.И. – намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндагони ваколатдори тарафҳое, ки конститутсионӣ будани қонуни қабулнамуда, ҷонибдо- рикарда ва ба имзорасонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;
Даъватшудагон:
Холиқов А.Ѓ.- муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Фатҳиддинов В.- муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Исоқов А.Н.- муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Гулматшоев Р.К.- муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон;
Тураев Р.Ќ.- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Абдуллоев С.-ёрдамчии Раиси Кумитаи андози назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Меликов М.Н.- муовини сардори шўъбаи ҳуқуқи Кумитаи андози назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Дадаматов Ҷ.С.- сармутахассиси шўъбаи ҳуқуқи Хадамоти алоқаи назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Файзуллоев Б.Њ. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати банди 28 боби 58 «Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва банди 2 Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2009 таҳти №472 «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 таҳти №172» ба моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяи Суди конститутсионӣ Абдуллоев Л.И., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,
м у а й я н к а р д:
Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Файзуллоев Б.Њ. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки Ҷамъияти номбурда яке аз андозсупорандагони азими ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба буҷети давлат даҳҳо миллион сомонӣ андоз пардохт менамояд. Фаъолияти он аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ пайваста мавриди санҷиш қарор гирифта, натиҷаҳои онҳо мусбат арзёбӣ мегарданд.
16 августи соли 2009 фаъолияти ширкат барои давраҳои аз 1 апрели соли 2009 то 1 апрели соли 2010 аз тарафи Кумитаи андози назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кумитаи андоз) мавриди санҷиш қарор дода шуда, ба ширкат Ќарор (огоҳнома) оид ба натиҷаи санҷиши ҳуҷҷати андоз аз 19 августи соли 2010 №192 пешниҳод гардидааст, ки тибқи он ба зиммаи ширкат пардохти 660257,3 сомонӣ маблаѓи бар илова ҳисоб кардашудаи хироҷи иҷозатномадиҳӣ, 66025,7 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ ва 110923,2 сомонӣ фоизҳо, дар маҷмўъ маблаѓи 837206,2 сомонӣ вогузор карда шудааст.
Ин амали мақомоти андоз, ки тибқи он гуё ширкат барои сари вақт пардохт накардани хироҷи иҷозатномадиҳӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда бошад, боиси нигаронии ширкат гардидааст.
Ў чунин мешуморад, ки ин амали ѓайриқонунии Кумитаи андоз дар натиҷаи номутобиқатии «Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатно-мадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» (минбаъд-Низомнома), ки бо Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 таҳти №172 тасдиқ гардидааст ва Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2009 таҳти №472 «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 таҳти №172» ба муқарароти моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.
Чунончи, мутобиқи банди 28 боби 58-и Низомнома андозаи истифодаи иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқӣ дар ҳар семоҳа 1 фоиз муқаррар гардида, баъдан ба банди 1 Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2009 таҳти №472 (минбаъд-Ќарор) ба банди 28 боби 58-и Низомнома таѓйирот ворид карда шудааст, ки тибқи он:
«28. Барои истифодаи иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқӣ дар ҳар семоҳа ба андозаи 2,5 фоиз аз даромади иҷозатномадор ба буҷети давлатӣ хироҷ ситонида мешавад.»
Њамчунин дар банди 2-и Ќарор мавриди амал қарор додани он пас аз интишори расмӣ пешбинӣ гардидааст, чунончи:
«2) Ќарори мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.»
Ќарор рўзи 21 ноябри соли 2009 дар рўзномаи «Садои мардум» нашр гардида, расман мавриди амал қарор гирифтааст.
Њамин тариқ, бар хилофи муқаррароти моддаи 45 Конститутсия, ки тибқи он: «Додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад.
Ќонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андоз- супорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд», тавассути қабули санади зерқонунӣ ва ба он ворид намудани таѓйирот хироҷи нав муқаррар ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Ин тартиб ба муқаррароти Конститутсия, ки тибқи он андоз ва пардохтҳоро қонун муайян мекунад, мухолиф мебошад. Њамчунин тавассути санадҳои зерқонунӣ муайян намудани хироҷ ба андозаи 2,5 фоиз ба вазнин шудани ҳолати молиявии ширкат оварда расонид.
Баъдан, муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки Кумитаи андоз Ќарори зикршудаи Њукуматро бояд аз рўзи 21 ноябри соли 2009, яъне аз рўзи расман нашр шудани он татбиқ мекард. Аммо Кумитаи мазкур моддаи 12 Кодекси андозро дастрас карда, Ќарори мазкурро барои семоҳаи чоруми соли 2009 (давраи аз 1 октябри соли 2009 то 31 декабри соли 2009) татбиқ намуда, ба зиммаи ширкат пардохти хироҷи иҷозатномадиҳиро ба андозаи 2,5 фоиз барои давраи аз 1 октябри соли 2009 то 20 ноябри соли 2009, яъне давраи ҳанўз эътибори қонунӣ пайдо накардани Ќарор вогузор намудааст.
Ҷамъияти саҳҳомӣ бо сабабҳои дар боло нишондодашуда Ќарор (огоҳнома)-ро дар хусуси пардохти маблаѓи 837206,2 сомонӣ беасос ҳисобида, дар бораи беэътибор донистани он ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат намуд, ки суди мазкур аризаро баррасӣ намуда, онро бо ҳалнома аз 21 октябри соли 2010 қонеъ гардонидааст.
Њалномаи зикршуда аз рўи шикояти Кумитаи андоз бо қарори марҳиллаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2011 бекор карда шуда, даъвои Ҷамъияти саҳҳомӣ рад карда шудааст.
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъиноти худ аз 13 майи соли 2011 муроҷиати Ҷамъиятро дар хусуси ба тариқи назоратӣ аз нав дида баромадани қарори марҳилаи кассатсионӣ рад намуда, ба баррасии Раёсати Суди Олии иқтисодӣ супоридани парвандаро қонеъ накардааст.
Ҷамъияти саҳҳомӣ чунин мешуморад, ки дар натиҷаи ѓайрикон- ститутсионӣ дар санадҳои зерқонунӣ пешбинӣ намудани хироҷи иҷозатномадиҳӣ ба андозаи 2,5 фоиз ва нодуруст татбиқ намудани санадҳои эътибори ҳуқуқӣ надошта, яъне банди 28 боби 58-и Низомнома ва бандҳои 1 ва 2 Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу ўҳдадории конститутсионии ширкат ба моликият ва додани андозу пардохтҳо вайрон карда шуда, боиси ба он расонидани зарари молиявӣ гардид.
Бинобар ин, дархостдиҳанда аз Суди конститутсионӣ хоҳиш кар- дааст, ки:
-аз рўи дархости он мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда, мутобиқати банди 28 боби 58 Низомнома ва банди 1 ва 2 Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2009 таҳти №472-ро ба моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд;
-ба Ќарори номбаршуда дуруст қувваи бозгашт додани Кумитаи андозро муайян намуда, вобаста ба натиҷаи он, Ќарор (огоҳнома)-и Кумитаи андозро оид ба натиҷаи санҷиши ҳуҷҷати андоз аз 19 августи соли 2010 бинобар хилофи моддаи 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш бекор намояд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости мазкурро дар алоқамандӣ бо талаботи Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байнал- милалӣ ва дигар санадҳои меёърии ҳуқуқӣ ҳаматарафа баррасӣ намуда, қайд менамояд, ки фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар давлат аз тарафи мақомоти ба ин амал ваколатдори давлатӣ ва дар доираи талаботи қонунгузорӣ ба амал бароварда мешавад. Ин фаъолият аз принсипҳои умумиэътирофшудаи мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия, қонуният, бартарияти меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ ва адолати иҷтимоӣ баҳра гирифта, давлат ба хотири танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ, қоидаи рафтори субъектони ҳуқуқ ва мутеи ҳуқуқ гардонидани амали бошууронаи одамон заминаҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро муҳайё менамояд. То ҳама гуна мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шахсони воқеӣ имконияти воқеӣ дошта бошанд, ки бо мазмуну мўҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шинос шуда, онҳоро барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии худ, дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқӣ самаранок истифода намоянд.
Бо ин назардошт, Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки Низомнома ва Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2009, ки боиси баҳси ширкат қарор гирифтаанд, ба сифати санадҳои зерқонунӣ дар доираи салоҳияти конститутсионии Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Чунончи, тибқи моддаи 74 Конститутсия ва моддаи 29 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 №28 «Дар бораи Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Њукумат мувофиқи Консти- тутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ қарор мебарорад ва фармоиш медиҳад, ки иҷрои онҳо дар қаламрави давлат ҳатмист».
Ба салоҳияти Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доштани тас- диқи низомномаи зикршуда аз муқаррароти банди 1 моддаи 5 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 №37 «Дар бораи иҷозат- номадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бар меояд, чунончи:
«Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иҷозатномадиҳӣ…:
– низомномаро дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият тасдиқ менамояд;».
Тартиби махсуси иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ дар қисми 1 моддаи 18 Ќонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» пешбинӣ шудааст, чунончи:
«1.Тибқи қонуни мазкур тартиби махсуси иҷозатномадиҳӣ намудҳои зерини фаъолиятро дар бар мегирад:
…-фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ…»
Ќонунгузор фаъолият дар соҳаи алоқаи барқиро, ки бо тартиби махсуси иҷозатномадиҳӣ ба амал бароварда мешавад, дар қонуни махсус муайян намуда, ҳамзамон дар қонун тартиби татбиқи онро низ муайян намудааст. Аз ҷумла, дар қисми 3 моддаи 16 Ќонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» омадааст, ки:
«3. … Андозаи ҳаққи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолияти дар моддаи 18 Ќонуни мазкур пешбинигардидаро Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи ҳар намуди фаъолият дар Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муайян мекунад.»
Њамин тариқ, Њукумат бо назардошти муқаррароти Конститутсия ва қонунҳои зикршуда, Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозат- номадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолиятро қабул карда, дар он андозаи ҳаққи додани иҷозатномаро барои ҳамаи намудҳои фаъолият, аз ҷумла фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ муайян намуда, тавассути қарорҳои минбаъда ба онҳо таѓйироту иловаҳои заруриро ворид менамояд.
Бинобар ин, аз тарафи ширкат пешниҳоди даъво дар хусуси он, ки хироҷ барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ тавассути Низомнома ва Ќарори зикршудаи Њукумат муайян карда шудааст ва аз ин рў ба талаботи моддаи 45 Конститутсия мухолиф мебошад, асоси ҳуқуқӣ надорад.
Талаби дигари дархостдиҳанда оид ба дурустии қувваи бозгашт додан ба Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2009 таҳти №472, ки Кумитаи андоз барои семоҳаи чоруми соли 2009 нисбати ширкат татбиқ намуда, ба зиммаи он пардохти хироҷи иҷозатномадиҳиро ба андозаи 2,5 фоиз барои давраи аз 1 октябри соли 2009 то 20 ноябри соли 2009, яъне давраи ҳанўз эътибори қонунӣ пайдо накардани Ќарор вогузор намудааст, низ аз тарафи Суди конститутсионӣ дида баромада шуд.
Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки қувваи бозгашт додан ба қонун ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ масъалаи муҳими фаъолияти меъёрэҷодкунии мақомоти давлатӣ ба шумор рафта, он ба татбиқи дуруст ва мақсадноки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини раванд ва идомаи мўътадили муносибатҳои ҳуқуқӣ, бе мамониат гузаштан ба фазои сифатан нави ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона карда шудааст.
Дар қонунгузории амалкунанадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи бозгашти санади меъёрии ҳуқуқӣ ва тартиби мавриди амал қарор додани он бо ҳам вобастагии амиқ доранд. Талаботи муҳим ва марказии масъалаи зикршуда он аст, ки қувваи бозгашти санади меъёрии ҳуқуқӣ ва тартиби мавриди амал қарор додани санади меъёрии ҳуқуқиро худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ё санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тартиби мав- риди амал қарор додани он муқаррар менамояд.
Чунончи, тибқи қисми 1 моддаи 62 Ќонуни Ҷумурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 №506 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»:
«1. Тартиби мавриди амал қарор додани санади меъёрии ҳуқуқиро Конститутсия, Ќонуни мазкур, худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ё санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тартиби мавриди амал қарор додани он муқаррар менамояд.»
Ё тибқи қисми 2 моддаи 63 Ќонуни зикршуда:
«2. Ба санади меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст қувваи бозгашт дода шавад. Меъёр дар бораи додани қувваи бозгашт дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ё дар санади меъёрии ҳуқуқии мавриди амал қарор додани он пешбинӣ мегардад.»
Њамчунин, масъалаи андозбандӣ ва мавриди амал қарор гирифтани санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи андоз бевосита дар қисми 2 моддаи 2 Кодекси андоз аз 3 декабри соли 2004 №61 пешбинӣ гардидааст, чунончи:
«2. Њангоми андозбандӣ санадҳои расман нашршудаи қонунгузории андоз, ки дар санаи ба миён омадани (ҷой доштани) ҳолатҳои марбут ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз амал мекунанд, истифода мешаванд.
Санадҳои қонунгузории андоз, ки дар давоми моҳҳои якум ва (ё) дуюми семоҳа расман нашр мешаванд, аз санаи 1-уми моҳи якуми семоҳае, ки мустақиман баъди семоҳаи расман нашршудаи онҳо фаро мерасад, мавриди амал қарор дода мешаванд.
Агар санадҳои қонунгузории андоз дар ҷараёни моҳи сеюми семоҳа расман нашр шаванд, онҳо аз санаи 1-уми моҳи дуюми семоҳае, ки мустақиман баъди семоҳаи расман нашршудаи онҳо фаро мерасад, мавриди амал қарор дода мешаванд.
Муқаррароти сархатҳои дуюм ва сеюми ҳамин қисм дар ҳолате мавриди амал қарор дода мешаванд, агар бевосита дар худи санади қонунгузории андоз мўҳлати дигар оид ба эътибор пайдо кардани он пешбинӣ нашуда бошад.»
Санадҳои дар боло зикршуда субектони ҳуқуқ ва табиқкунандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро вазифадор мекунанд, ки аз доираи мавриди амал қарор гирифтани санади меъёрии ҳуқуқӣ баромадан мумкин нест.
Бо ин назардошт, ситонидани хироҷ барои истифодаи иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқӣ ба андозаи 2,5 фоиз аз даромади иҷозатномадор пас аз интишори расмии Ќарори зикршуда имконпазир мегардад.
Кумитаи андоз ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти моддаи 12 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давраҳои умумии андозро муқаррар менамояд, дастрас карда, ба Ќарори зикршуда қувваи бозгашт дода, нисбати ширкат татбиқ кардаанд, ки ин берун аз муқаррароти мавриди амал қарор гирифтани санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.
Давраи семоҳаи ҳисоботӣ нисбати пардохти хироҷ барои истифодаи иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқӣ ба андозаи 2,5 фоиз, аз тарафи мақомоти номбурда мебоист бо назардошти банди чоруми қисми 2 моддаи 2 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 2 Ќарори Њукумат аз 29 августи соли 2009 таҳти №472 аз рўзи 21 ноябри соли 2009 мавриди татбиқ қарор дода мешуд.
Вобаста ба танзими ин масъала санади меъёрии ҳуқуқии амал- кунанда бо номи «Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» мавҷуд аст, ки он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 2009 №706 тасдиқ гардидааст. Тартиби мазкур муқаррар менамояд, ки қарорҳои Њукумати Ҷумҳурии Тоҷи- кистон ба ѓайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои мазкур дар давоми 10 рўз баъд аз ба имзо расидан дар рўзномаи «Ҷумҳурият» ба таври расмӣ нашр карда мешаванд.
Ќарори мазкур дар рўзномаи «Ҷумҳурият» расман 3 декабри соли 2009 нашр шуда бошад ҳам, аммо рўзи мавриди амал қарор гирифтани он рўзи 21 ноябри соли 2009 эътироф карда мешавад, чунки тибқи талаботи қисми 2 моддаи 58 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар ҳолати дар вақтҳои гуногун дар якчанд нашрияҳои расмӣ интишор гардидани санади меъёрии ҳуқуқӣ, рўзи интишори расмӣ ва мўҳлати эътибор пайдо кардани он аз рўзи аввали интишори санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ муайян карда мешавад.
Тартиби мазкур дар банди 7 пешбинӣ менамояд, ки санадҳои Њуку- мати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти меъёрии ҳуқуқӣ доранд, аз рўзи интишори расмӣ эътибор пайдо мекунанд ва банди 2 Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2009 таҳти №472 аз ҳамин талабот маншаъ мегирад.
Њамин тариқ, банди 28 боби 58 «Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва банди 2 Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2009 таҳти №472 ба моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд.
Њамзамон бояд қайд кард, ки вақти мавриди амал қарор гирифтани Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2009 таҳти №472 аз тарафи Кумитаи андоз ва баъдан аз ҷониби Суди Олии иқти- содии Ҷумҳурии Тоҷикистон нодуруст муайян карда шуда, боиси татбиқи нодурусти Ќарори мазкур гардид. Бо ин назардошт, мақомоти зикршударо зарур аст, ки санадҳои ҳуқуқии худро дар ин масъала бо Ќарори мазкури Суди конститутсионӣ мутобиқ намоянд.
Дар асоси ҳолатхои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конститут- сияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 31-33, 36, 45-47, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қ а р о р к а р д:
1. Банди 28 боби 58 «Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозат- номадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва банди 2 Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2009 таҳти №472 «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 таҳти №172» ба моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошанд.
2. Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2009 таҳти №472 «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Ќарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 таҳти №172» пас аз интишори расмӣ, яъне аз рўзи 21 ноябри соли 2009 мавриди амал қарор дода шавад. Кумитаи андози назди Њукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки санадҳои ҳуқуқии худро дар ин масъала бо Ќарори мазкури Суди конститутсионӣ мутобиқ намоянд.
3. Ќарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.
4. Ќарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов
Судя-котиби
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримо