Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиониоид ба дархости Чамъияти сахомии пўшидаи «Бинокор»
Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
дар хусуси рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Бинокор»-и шаҳри Хуҷанд «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қарори ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз 21 августи соли 1992, №577 оид ба тасдиқ ва қабул намудани сохтмони бинои б7 ба моддаҳои 32 ва 36 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе 29 ноябри соли 2012
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда- Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Гулзорова М.М. ва Абдуллоев Л.И.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ- Фирдавсова Г.,
дар маҷлиси судӣ гузориши судя-котиб Каримов К.М.-ро оид ба дархости намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Бинокор»-и шаҳри Хуҷанд «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қарори ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз 21 августи соли 1992, №577 оид ба тасдиқ ва қабул намудани сохтмони бинои б7 ба моддаҳои 32 ва 36 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
муайян кард:
Намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Бинокор»-и шаҳри Хуҷанд Шеров С.С. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки бинои исти-қоматии № 68, ки аз 36 ҳуҷраҳои истиқоматӣ иборат аст, дар маҳалаи 13-и шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби маблағгузории хусусии саҳомони ҷамъият сохта шуда, 8 ҳуҷраи он ба ҷамъияти саҳомии «Қолинҳои Қайроқум», панҷ ҳуҷра ба кормандони худи ҷамъият ва се ҳуҷра ба кумитаи иҷроияи шаҳри Хуҷанд дода шудааст.
Соли 1993 кумитаи иҷроияи шаҳри Хуҷанд аз ҶСШП «Бинокор» дар бораи муваққатан дар хуҷраҳои холӣ ҷойгир намудани гурезагони аз ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ ба шаҳри Хуҷанд омада дархост намуд, ки ҷамъият розӣ шуда, муваққатан ҳуҷраҳои холии худро ба ихтиёри комиҷроия вогузор намуд.
Баъдан, ҳуҷраҳои барои зисти муввақатӣ ба гурезагон вобаста кардашуда бе розигии саҳмдорони ҶСШП «Бинокор» бо қарорҳои комиҷроияи шаҳри Хуҷанд № 9, 101, 171, 309, 344, 351, 356, 437, 532, 595, 623 ва 872 ба шаҳрвандон хусусӣ ва бегона карда шуданд. Аз қарорҳо ва фармоишҳои комиҷроия бармеояд, ки комиҷроия бо салоҳдиди худ хонаҳоро соҳибӣ намуда, онҳоро ихтиёрдорӣ намудааст.
ҶСШП «Бинокор» борҳо ба комиҷроияи шаҳри Хуҷанд, КВД «Баистифодабарии манзил»-и шаҳри Хуҷанд, комиссияи манзили коммуналӣ ва Идораи сохтмони капиталӣ оид ба моликияти ҶСШП «Бинокор» будани бинои истиқоматии 68 ва худдорӣ кардан аз додани ордерҳо ва хусусӣ гардондани онҳо муроҷат карда бошад ҳам, аммо мақомоти зикршуда муроҷиати ўро ба инобат нагирифтанд.
Санҷиши прокурорӣ низ ғайриқонунӣ будани қарорҳои зикршудаи мақомоти маҳаллиро тасдиқ карда, Суди иқтисодии вилояти Суғд муроҷиати ўро бо таъиноташ аз 4 феврали соли 2011 рад кард.
Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, муроҷиаткунанда қарори ҳукумати шаҳри Хуҷандро аз 21 августи соли 1992 № 577 оид ба тасдиқ ва қабул намудани сохтмони бинои б7 ба моддаи 32 ва 36 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф ҳисоб намуда, аз Суди конститутсионӣ хоҳиш дорад, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда, мутобиқати қарори зикршударо ба моддаҳои 32 ва 36 Конститутсия муайян намояд.
Суди конститутсионӣ дархости зикршударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки номбурда агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо дар талаби гузоштаи ў, яъне муайян намудани мутобиқати қарори ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз 21 августи соли 1992 № 577 ба моддаҳои зикршудаи Конститутсия номуайянӣ дида намешавад, ки он барои оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ асос гардад.
Аз ҷониби дигар, баҳсҳои манзилӣ оид ба эътирофи моликият, аз ҷумла қонунӣ тақсим намудани фонди манзил ва ғ. баҳсҳои манзилӣ ба салоҳияти судҳои умумӣ ё иқтисодӣ дахл доранд, ки муроҷиаткунанда метавонад масъалаи худро дар судҳои зикршуда мавриди баҳс қарор диҳад.
Ҳамчунин суд муайян намуд, ки санади татбиқи ҳуқуқии мавриди баҳси муроҷиаткунанда қарордошта на «қарори ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз 21 августи соли 1992 № 577», балки «қарори Шўрои депутатҳои халқи шаҳри Хуҷанд аз 21 августи соли 1992 № 577 «Оид ба тасдиқи санади қабули комиссия дар хусуси барои истифода қабул намудани биноҳои таъиноти манзилӣ-шаҳрвандӣ» ном дорад, ки бо ин сабаб дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаҳои 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест.
Ҳамин тариқ, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Бинокор»-и шаҳри Хуҷанд дар бораи муайян намудани мутобиқати қарори ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз 21 августи соли 1992 таҳти №577 ба моддаҳои 32 ва 36 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар мавзўи баррасии Суди конститутсионӣ набудани масъалаи дар дархост гузошташуда ва аз ҷиҳати шакл ва мазмун мувофиқ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда мешавад.
Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Бинокор»-и шаҳри Хуҷанд «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қарори ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз 21 августи соли 1992, таҳти №577 оид ба тасдиқ ва қабул намудани сохтмони бинои б7 ба моддаҳои 32 ва 36 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар мавзўи баррасии Суди конститутсионӣ набудани масъалаи дар дархост гузошташуда ва аз ҷиҳати шаклу мазмун мутобиқ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.
3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов