Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Хизби Нахзати Исломии Точикистон
Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «Дар хусуси ғайриконститутсионӣ эътироф намудани сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе 17 октябри соли 2013
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси- кунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К. М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Фирдавсова Г.,
дар маҷлиси судӣ гузориши судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримовро оид ба дархости Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «Дар хусуси ғайриконститутсионӣ эътироф намудани сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
м у а й я н к а р д:
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки ҳизби номбурда вобаста ба масъалаи ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзад дар хориҷи кишвар ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол намуда, аз он хостгори иттилои зарурӣ гардидааст.
Комиссияи мазкур дархости ҳизбро баррасӣ намуда, иттилоъ додааст, ки бланкаҳои имзоҷамъоварӣ аз тарафи раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда шуда, ҷамъоварии имзоҳо берун аз воҳидҳои марзиву маъмурии Тоҷикистон дар қонуни конститутсионӣ пешбинӣ нагардидааст.
Муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки ҷавоби додаи Комиссия аз муқаррароти сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, ки тибқи он қарор дар бораи бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани чунин ҳуҷҷатҳо қабул карда мешавад:
«бланкаҳо бо имзоҳои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо тасдиқ кардаанд, дар ҳолатҳое, ки дар ин қонуни конститутсионӣ зикр ёфтаанд».
Ба андешаи муроҷиаткунанда меъёри зикршуда ба муқаррароти банди 1 моддаи 21 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, моддаи 25 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ, қисми 3 моддаи 1 ва банди в) моддаи 2 Конвенсия оид ба стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои интихоботӣ дар давлатҳо – иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки онҳо дар идоракунии давлат бевосита ва тавассути намояндагони интихоб кардаашон иштирок намудани шаҳрвандонро пешбинӣ менамоянд, инчунин ба моддаҳои 5, 6, 10, 14, 24 ва 27 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дошта, ҳамчун меъёри ғайриконститутсионӣ ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсиро поймол менамояд.
Бинобар ин, аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки аз рўи дархости он мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда, сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бинобар мухолифат доштанаш ба моддаҳои 5, 6, 10, 14, 24 ва 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриконститусионӣ эътироф намояд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости пешни- ҳодгардидаро мавриди омўзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, қайд менамояд, ки дар низоми ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрванд маҳаки асосии онро ҳуқуқи интихоботӣ ташкил дода, муҳимтарин василаи бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намудани шаҳрванд дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳуқуқи интихоботӣ ва кафолати ба амал баровардани он, ифодаи баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ ва нақши он дар раванди давлату давлатсозӣ маҳсуб гардида, он аз санадҳои дар боло зикршудаи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад.
Вобаста ба муҳимияти сиёсиву ҳуқуқии ин масъала моддаи 27 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби гузаронидани интихоботро ба қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳавола намудааст, ки чунин муносибат аз сатҳи баланди талаботи ҷомеа ба таъмини татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванд ба интихобот шаҳодат медиҳад.
Аз ҷониби дигар, ҳама гуна тартиби муқаррарнамудаи меъёрҳои қонунҳои конститутсионӣ на бояд ба бенизомӣ дар интихобот, балки ба шаҳрванд имконияти ба таври умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба амал баровардани ҳукуқи конститутсионии интихоботии худ шароити мусоид фароҳам оварда, дар маҷмўъ шафофияти интихоботро таъмин карда тавонанд.
Бо ин назардошт ва бо асосҳои дар зеровардашуда, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро дар хусуси ғайриконститутсионӣ эътироф намудани сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад менамояд:
1) муқаррароти пешбининамудаи сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби муқаррарнамудаи қонуни конститутсионии зикршуда мебошад, ки дар масъалаи номутобиқати он ба моддаҳои 5, 6, 10, 14, 24 ва 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номуайяние дида намешавад, ки он боиси оғоз кардани мурофиаи судии конститутсионӣ гардида, санҷиши конститутсиониро тақозо намояд.
Зеро мавзўи мавриди баҳс қарордодаи муроҷиаткунанда тартиби маъмурии ҷамъоварии овозҳо, тасдиқи бланкаҳо ва пешниҳоди минбаъдаи ҳуҷҷатҳои зарурии тавассути тасдиқи раисони шаҳру ноҳияҳо аҳамияти ҳуқуқӣ пайдо кардаро муайян намуда, ҳуқуқи сиёсии шаҳрванд ва ё номзадро халалдор накарда, талаботи иловагиеро, ки он тавонад монеаи ба амал овардани ин ҳуқуқҳо гардад, пешбинӣ намекунад. Ин тартиб идомаи мантиқии татбиқи меъёрҳои Конститутсия дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Аз ин рў, ин тартиб ба моддаҳои зикршудаи Конститутсия, ки тибқи онҳо инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд (моддаи 5); дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад, ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ будани раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот (моддаи 6); эътибори олии ҳуқуқӣ доштани Конститутсияи Тоҷикистон ва мустақиман амал намудани меъёрҳои он, эътибори ҳуқуқӣ надоштани қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии хилофи Конститутсия буда, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил додани санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф кардаи Тоҷикистон (моддаи 10); эътироф ва ҳифз гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо дар асосҳои пешбининамудаи Конститутсия, ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд (моддаи 14); ҳуқуқи шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он (моддаи 24); иштироки шаҳрванд дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш (моддаи 27) алоқамандии бевоситаи мавзўи надорад ва предмети муқоисаи мутобиқати сархат бо моддаҳои зикрёфтаи Конститутсия низ шуда наметавонад.
Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 65 пешбинӣ кардааст, ки «шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ў имзо гузошта бошанд» ва дар моддаи 66 Конститутсия тартиби татбиқи ин меъёр ва дигар меъёрҳои пешбининамудаи Конститутсияро дар масъалаи гузаронидани интихобот ба қонуни конститутсионӣ вогузор намудааст.
Дар ин замина, қонунгузор тартиби ҷамъоварии имзоҳоро дар қонуни конститутсионии зикршуда мавриди танзим қарор дода, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ мавриди роҳбарӣ ва татбиқи амалӣ қарор додааст.
2) Тартиби пешбининамудаи сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионӣ дар худ маҳдудият, афзалият ва ҳолати истисноиеро нисбати ягон номзад пешбинӣ намекунад.
Тибқи ин меъёр ҳолати ҳуқуқии ҳама номзад дар як сатҳ қарор дошта, бланкаҳои бо имзоҳои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки аз тарафи шахсони боэътимоди ҳамаи номзадҳо ҷамъоварӣ карда мешавад, бо як тартиб ва талаботи баробар аз тарафи раисони ноҳия ва шаҳрҳо тасдиқ карда мешавад.
3) Бланкаи ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзад, ки муҳимтарин марҳилаи ба амал баровардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрванд ба интихобот ва худи интихобот ба шумор меравад, чун ҳама гуна ҳуҷҷатҳои дорои иттилооти зарурӣ, он вақт эътибор ва аҳамияти ҳуқуқӣ пайдо менамояд, ки он аз тарафи мақомот ва ё шахсони мансабдорони дахлдор пешбининамудаи қонуни конститутсионии амалкунанда тасдиқи худро ёфта бошад. Дар акси ҳол, тасдиқ накардани ин ҳолат барои шаҳрвандони мамлакат, номзадҳо ва интихобот оқибати ногувори ҳуқуқӣ ба бор оварда, роҳ додан ба бенизомӣ дар интихобот арзёбӣ мегардад.
4) Дархости пешниҳодшуда бинобар дар он ошкор ва асоснок нашудани номуайянӣ дар масъалаи номутобиқатии сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионӣ ба моддаҳоиномбаршудаи Конститутсия, инчунин дақиқ набудани моҳияти талаб аз рўи шаклу мазмун низ ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 2 Дастури Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў нест.
Чунончи, муроҷиаткунанда сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсиониро мавриди баҳс қарор дода, амалан аз доираи талаби худ берун рафта, пурра ғайриконститутсионӣ ҳисобидани қисми дуюми моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бе асоснок намудани талаб ва мавқеи худ хоҳиш намудааст, ки ин ҳолат барои рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ асоси ҷиддӣ ба шумор меравад.
Ҳамин тариқ, Суди конститутсионӣ на қонунӣ ва асоснокии татбиқи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз тарафи мақомоти онҳоро татбиқкунанда, балки мутобиқати меъёрҳои дахлдори қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба меъёрҳои мушаххаси ба онҳо ҳаммазмун ва дахлдори дар Конститутсия мавриди танзим қароргирифтаро муайян менамояд. Агар боиси поймол гаштани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии муроҷиаткунандагон маҳз меъёрҳои дахлдори қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта бошанд, ки муқаррарот ва ё мавзўи онҳо дар Конститутсия мавриди танзим қарор гирифта, бевосита бо ҳам алоқамандии мантиқӣ дошта бошанд.
Аз ин рў, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «Дар хусуси ғайриконститусионӣ эътироф намудани сархати қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун ҷавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда мешавад.
Бо дарназардошти ҳолатҳои дар боло нишондодашуда, бо дастрасии моддаҳои 14, 37, 40, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «Дар хусуси ғайриконститутсионӣ эътироф намудани сархати дуюми қисми 2 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун ҷавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.
3.Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов