Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости намояндаи ваколатдори шахрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В.
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе 8 августи соли 2018
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо Гулзор М.М. ва Абдураҳимзода Д.Р.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулманов С.,
дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судяи Суди конститутсионӣ Ҳошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
м у а й я н к а р д:
Намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи гражданӣ бо даъвои Исроилов Т.П. ва Шоимардонова О.Ҳ. нисбат ба Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикистон», Исроилов П.Р. ва шахси сеюм – идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба бекор кардани шартномаи гарав таҳти № 14Р-5117/12 аз 24 декабри соли 2014 ва даъвои Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикистон» нисбат ба Исроилов П.Р. оид ба эътироф намудани ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматӣ ва кўчонидан аз манзили истиқоматӣ бидуни додани дигар манзили истиқоматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муроҷиаткунанда даъвои Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «АксесБонк Тоҷикистон»-ро ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ҳисобида, зикр мекунад, ки ҳангоми пешниҳоди аризаи даъвогӣ тобеияти судӣ ва меъёрҳои қонун вайрон карда шудааст.
Ў дар доираи дархост моҳияти аризаи даъвогии худро ба суди ноҳия асоснок намуда, ба муқаррароти моддаҳои дахлдори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008, № 364«Дар бораи ипотека», кодексҳои гражданӣ ва манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора менамояд ва бе ризоияти сокинони манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Туробӣ, хонаи № 8 ба расмият даровардан ва додани шаҳодатнома дар бораи сабти давлатии шартномаи гаравро таҳти № 14Р-5117/12 аз 24 декабри соли 2014 поймолшавии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии сокинони манзили истиқоматии зикршуда меҳисобад.
Ҳамчунин, ҳангоми баррасии аризаи даъвогӣ дар суд ваколатдиҳандаи ў ва шахсони дар манзили истиқоматии зикршуда истиқоматкунанда оид ба талаботи аризаи даъвогӣ пурсида нашудаанд ва масъалаи хабардор будан ё набудани сокинони манзили истиқоматӣ дар хусуси ба гарав гузоштани манзил аз ҷониби кормандони бонк муайян карда нашудааст.
Илова бар ин, муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки аз ҷониби суд ҷиҳати ҳалли баъзе масъалаҳои марбут ба парвандаи баррасишаванда барои идомаи мурофиаи судӣ танаффус эълон карда шудааст. Аммо баъд аз ба итмом расидани танаффуси эълоншуда ў саривақт оид ба рўз ва вақти идомаи баррасии парванда хабардор карда нашудааст. Бар хилофи талаботи қонунгузории мурофиавии гражданӣ ўро ним соат пеш аз мурофиаи судӣ воқиф намудаанд.
Аз ин рў, ў натавонистааст, ки дар вақт ва санаи муайяннамудаи суд дар баррасии парвандаи гражданӣ иштирок намояд. Дар ин хусус суд воқиф гардида бошад ҳам, аммо ин ҳолат ба инобат гирифта нашудааст.
Мурофиаи судӣ бе иштироки муроҷиаткунанда ва дигар иштирокчиёни парванда, ки оид ба вақт ва маҳалли баррасии он ба таври дахлдор хабардор карда нашуда буданд, гузаронида шуда, 1 июни соли 2018 ҳалномаи судӣ қабул карда шудааст.
Ҳамин тариқ, муроҷиаткунада чунин пешуморад, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ў ва дигар иштирокчиёни парванда аз ҷониби суд поймол шудааст ва ин боиси он гардидааст, ки онҳо натавонистанд далелҳои худро пурра ба суд пешниҳод намуда, дар музокираҳои судӣ иштирок кунанд ва нуқтаи назари худро вобаста ба баҳси ҷойдошта изҳор намоянд.
Аз ин рў, Хидоятов Дж.В. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, талаб намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва дигар маводи ба он замимашударо дида баромада, қайд менамояд, ки намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. агарчи субъекти муроҷиат маҳсуб ёбад ҳам, аммо баррасии масъалаи дар муроҷиат овардаи ў дар хусуси муайян намудани мувофиқати ҳалномаи судӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набуда, мавзўи баҳси конститутсионӣ намебошад.
Тибқи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионӣ на масъалаи мувофиқ будан ё набудани санади қабулнамудаи судиро ба Конститутсия, балки дар асоси дархости субъектҳои ҳуқуқ масъалаи ба Конститутсия мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро баррасӣ менамояд.
Ҳалномаи судӣ, ки вобаста ба баҳси гражданӣ қабул гардидааст, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», санади меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб намеёбад. Дар сурати норозӣ будан бо ҳалномаи судӣ, иштирокчиёни парванда метавонанд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии гражданӣ, онро дар зинаҳои дахлдори судӣ мавриди баҳс қарор диҳанд.
Дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест, зеро моҳияти талаби муроҷиаткунанда берун аз доираи амалисозии назорати судии конститутсионӣ ифода карда шудааст.
Аз ин рў, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост, рад менамояд.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости намояндаи ваколатдори шаҳрванд Исроилов Т.П. – Хидоятов Дж.В. «Оид ба муайян намудани мувофиқати ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2018 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост, рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.
3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲошимзодаД.Д.