09:45:28 - 20.07.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости директори генералии Чамъияти сахомии кушодаи «Колинхои Кайроккум» Абдуллоев А.П

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости директори генералии Љамъияти сањомии кушодаи «Ќолинњои Ќайроќќум» Абдуллоев А.П. «Оид ба муайян намудани мутобиќати моддањои 236-238 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 4 марти соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Фирдавсова Г.,

дар маљлиси Суди конститутсионї гузориши судяњои Суди конститутсионї Зоиров Ш.Ю ва Каримов К.М.-ро оид ба дархости директори генералии Љамъияти сањомии кушодаи «Ќолинњои Ќайроќќум» Абдуллоев А.П. «Оид ба муайян намудани мутобиќати моддањои 236-238 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Директори генералии Љамъияти сањомии кушодаи «Ќолинњои Ќайроќќум»-и шањри Ќайроќќум Абдуллоев А.П. ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо дархост мурољиат намуда, дар он нишон медињад, ки Љамъияти зикршуда дар асоси шартномаи хариду фурўш аз 25 декабри соли 2006 иншооти боѓчаи бачагонаи «Дилноз»-ро, ки дар шањри Ќайроќќум воќеъ мебошад, ба шабакањои барќии Ленинобод фурўхтааст.

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд ба Суди иќтисодии вилояти Суѓд бо аризаи даъвогї ба манфиати Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бекор кардани шартномаи хариду фурўши боѓчаи бачагонаи «Дилноз» аз 25 декабри соли 2006 ба љавобгарии ЉСК «Ќолинњои Ќайроќќум» ва њамљавобгарии шабакањои барќии Ленинобод мурољиат намуда, беэътибор донистани шартномаи хариду фурўш ва ба њолати аввала овардани тарафњоро талаб намудааст.

Бо њалномаи Суди иќтисодии вилояти Суѓд аз 21 майи соли 2012 бо парвандаи № 2-183/2012 аризаи даъвогї ќонеъ карда шуда, шартномаи хариду фурўши боѓчаи мазкур беэътибор дониста шуда, тарафњо ба њолати аввала баргардонида шудаанд.

Коллегияи кассатсионии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон бо ќарори худ аз 16 августи соли 2012 њалномаи Суди иќтисодии вилояти Суѓдро бетаѓйир монондааст.

Иншооти бањсї, яъне боѓчаи бачагонаи «Дилноз» тибќи санадњои судї гўё моликияти давлатї буда, он ба амволи соњаи иљтимої дохил мешавад ва бинобар ба моликияти љумњуриявї тааллуќ доштанаш фуруши он манъ мебошад, ки ин њолат бо ягон санади меъёрии њуќуќї тасдиќ нашудааст.

Дар асл, боѓчаи мазкур аз њисоби фоидаи коллективи мењнатии Комбинати ќолинбофии шањри Ќайроќќум сохта шуда, зимни ѓайри- давлатикунонии корхона, он њамчун воњиди алоњидаи корхона, яъне моликияти соњаи иљтимої ба коллективи мењнатии ЉСК «Ќолинњои Ќайроќќум» ройгон дода шудааст.

Санади ќабул ва супоридани боѓчаи бачагонаи зикршуда барои 320 љой, ки сохтмончии он Комбинати ќолинбофии шањри Ќайроќќум мебошад, бе бањс буда, бо ќарори Кумитаи иљроияи шурои депутатњои халќи шањри Ќайроќќум аз 29 декабри соли 1989 №372 ва дигарњо тасдиќ мешавад.

Њолатњои бо ќарори Кумитаи иљроияи шўрои депутатњои халќи шањри Ќайроќќум аз 27 декабри соли 1991 №482 ба љамъияти сањомї табдил додани Комбинати ќолинбофии шањри Ќайроќќум, баъдан хариду фурўш, нархгузории моликият, пардохти њиссаи сањмияњо, мактубњои вазири энергетика ва саноати Љумњурии Тољикистон аз 30 июли соли 2012 № 13-1860 оид ба соњибмулки иншооти иљтимої будани Љамъият, прокурори вилояти Суѓд аз 3 июли соли 2012 № 7/358-12(3) ба инобат гирифта нашудаанд.

Чунончи, аз мактуби прокурори вилояти Суѓд аз 3 июли соли 2012 бармеояд, ки баъди бастани шартномаи хариду фурўши иншооти зикршуда ЉСК «Ќолинњои Ќайроќќум» њамчун соњибмулк мањсуб ёфта, њуќуќи соњибї, истифода ва ихтиёрдории амволи харидааш, аз он љумла объектњои соњаи иљтимоиро доро мебошад.

Мурољиаткунанда, инчунин ќайд менамояд, ки дар ваќти табдили корхонаи истењсолї ба љамъияти сањомї, сањми Кумитаи идораи амволи давлатї 30% ва сањми коллективи мењнатї 70 %-ро ташкил додааст. Сањми коллективи мењнатї аз љониби коллективи мењнатї дар муддати як сол харидорї карда шуда, маблаѓњои аз њисоби фурўши сањмияњо ба даст омада, тибќи ќонунгузории љорї ба буљети давлат гузаронида шуданд. Дар айни њол њиссаи давлат дар сармояи оинномавии ЉСК «Ќолинњои Ќайроќќум» 9,3 фоизро ташкил медињад.

Азбаски иншооти бањси моликияти коллективи мењнатии ЉСК «Ќолинњои Ќайроќќум» мебошад ва он њангоми ѓайридавлатикунонии Иттињодияи истењсолии ќолинбофии Ќайроќќум ройгон дода шудааст, Љамъият бо истифода аз њуќуќњои моликии худ иншооти бањсиро ба фурўш баровардааст ва чунин ањд 25 декабри соли 2006 баста шудааст.

Бо ин назардошт, директори генералии Љамъияти сањомии кушодаи «Ќолинњои Ќайроќќум» Абдуллоев А.П. ба Суди конститутсионї мурољиат намуда, хоњиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шуда, мутобиќати моддањои 236-238 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистонро муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо њамаљониба тањлил ва мавриди баррасї ќарор дода, ќайд менамояд, ки директори генералии Љамъияти сањомии кушодаи «Ќолинњои Ќайроќќум» Абдуллоев А.П. агарчи субъекти мурољиат ба Суди конститутсионї ба шумор равад њам, аммо дар дархости ў вобастагии мавзўї оид ба номутобиќатии миёни моддањои 236-238 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дида намешавад, ки он боиси оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї гардида, санљиши конститутсиониро талаб намояд.

Зеро Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон њамчун санади муњими њуќуќї дар заминаи баробарии молумулкї ва мустаќилияти субъектони он асос ёфта, дар баробари муносибатњои гражданї, муносибатњои иќтисоди бозоргонї, инчунин тартиби татбиќи њуќуќи моликият ва њуќуќи дигари ашёї ва муносибатњои дигари молу мулкиро танзим намуда, ба меъёрњои Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон тавъам мебошад.

Давлат, инчунин њуќуќи моликиятро њамчун категорияи муњими иќтисодию њуќуќї ва асоси иќтисодиёти Тољикистон эътироф ва кафолат дода, бо чорањои таъсиррасонии њуќуќї онро аз тасарруфи ѓайриќонунї ва дахолати беасос њифз менамояд, ки ин ба моддањои 12 ва 32 Конститутсия мувофиќ мебошад.

Дар дархост асосноккунии мушаххаси талаби мурољиаткунанда оид ба ѓайриконститутсионї будани санади меъёрии мавриди бањс ќа- роргирифта дида намешавад ва талаби ў дар бораи номутобиќатии моддањои зикршудаи Кодекси гражданї ба моддаи 32 Конститутсия бо далелњо ва асосњои зарурї ба таври возењу равшан ифода нашудааст. Аз дархост муайян нест, ки номутобиќатии моддањои мавриди бањс ќароргирифтаи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба модаи 32 Конститутсия дар чї ифода меёбад, ки онњо боиси поймол гаштани њуќуќњои конститутсионии мурољиаткунанда гардида бошанд.

Бо ин њолат, дархост аз љињати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мувофиќ нест.

Аз тарафи дигар, Суди конститутсионї на ќонунї ва асоснокии амалњои шахсони мансабдори давлатї ва санадњои татбиќи њуќуќ ќабулнамудаи онњо, балки мушаххасан мутобиќати санадњои меъёрии њуќуќиро ба Конститутсия баррасї менамояд.

Баррасии масъалањои дар дархост пешнињодшуда ба салоњияти судњои иќтисодї мањсуб меёбанд, ки мурољиаткунанда метавонад тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї онњоро дар судњои мазкур мавриди бањс ќарор дињад.

Аз ин рў, Суди конститутсионї бинобар набудани сабаб ва асосњои кофї, аз рўи дархости мазкур оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро рад менамояд.

Бо назардошти њолатњои зикршуда, тибќи талаботи моддањои 14, 37, 40, 41, 42 ва 47 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оѓоз намудани мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости директори генералии Љамъияти сањомии кушодаи «Ќолинњои Ќайроќќум» Абдуллоев А.П. «Оид ба муайян намудани мутобиќати моддањои 236-238 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон», бинобар аз љињати шаклу мазмун љавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» ва мавзўи баррасии Суди конститутсионї набуданаш рад карда шавад.

2. Таъинот ќатъї буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов