01:40:08 - 23.06.2017

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз26
mod_vvisit_counterДирӯз267
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1360
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида1525
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ4684
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида5414
mod_vvisit_counterҲамагӣ234032

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

РЎЙХАТИ ИШТИРОКЧИЁНИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА 20-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

(17-18 сентябри соли 2015)

 

Намояндагони маќомоти назорати конститутсионии

давлатњои хориљї ва созмонњои байналмилалї


1. Торгеирсдоттир Хердис Кжерулф – Ноиби Президенти Комис­сияи Венетсианї оид ба демократия тавассути њуќуќи Шўрои Авру­по

2. Ќосималиев Мукамбет Шадиканович – Раиси Палатаи Конститутсионии Суди Олии Љумњурии Ќирѓизистон

3. Анвар Усмон – Муовини Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Индонезия

4. Бондар Николай Семенович – судяи Суди Конститутсионии Федератсияи Россия

5. Клеандров Михаил Иванович – судяи Суди Конститутсионии Федератсияи Россия

6. Цалиев Александр Михайлович – Раиси Суди Конститутсионии Осетияи Шимолї-Аланияи Федератсияи Россия

7. Гунарс Кутрис – вакили Сейми Љумњурии Латвия

8. Мирсеа Стефан Минеа – судяи Суди Конститутсионии Руминия

9. Даниел Мариус Морар – судяи Суди Конститутсионии Руминия

10. Валентин Золтан Пушкаш – судяи Суди Конститутсионии Руминия

11. Њасан Тањсин Гоккан – судяи Суди Конститутсионии Туркия

12. Бозоров Узак – судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Ўзбекистон

13. Карпович Наталя Александровна – судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Белорус

14. Чо Йонгњо – судяи Суди Конститутсионии Љумњурии Корея

15. Володя Оганесян – узви Суди Конститутсионии Љумњурии Арманистон

16. Осмонова Чолпон Омоковна – судяи Палатаи Конститутсионии Суди Олии Љумњурии Ќирѓизистон

17. Саид Лутфорањмон – узви Комиссияи мустаќил оид ба риоя ва татбиќи Конститутсияи Љумњурии Исломии Афѓонистон

18. Авакян Сурен Адибекович – мудири кафедраи њуќуќи конститутсионии Донишгоњи давлатии Москав ба номи М. В. Ломоносов

19. Отто Лухтерхандт – профессори Донишгоњи Гамбурги Љумњурии Федеролии Олмон

20. Аршинта Фитри Диани – корманди Дастгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Индонезия

21. Фаљар Лаксоно – корманди Дастгоњи Суди Конститутсионии Љумњурии Индонезия

22. Мањмад Содиќ Ямли – судя-гузоришгари Суди Конститутсионии Туркия

23. Сонг Чанг Сунгcудя-тадќиќотчии Суди консти­тутсионии Љумњурии Корея

24. Нурмуханов Бакыт Маратович – сардори шуъбаи экспертизаи њуќуќии Шўрои Конститутсионии Љумњурии Казоќистон

25. Мусалбеков Канибек – сардори шуъбаи робитањои байналмилалии Палатаи Конститутсионии Суди Олии Љумњурии Ќирѓизистон

26. Сидиќи Хваља Мирваис – сардори шуъбаи Комиссияи мустаќил оид ба риоя ва татбиќи Конститутсияи Љумњурии Исломии Афѓонистон

27. Аллам Муњаммад Надир – сардори шуъбаи Комиссияи мустаќил оид ба риоя ва тадбиќи Конститутсияи Љумњурии Исломии Афѓонистон

28. Оана Рейкан – машваратчии Суди Конститутсионии Руминия

29. Сения Михаела Костинеску– ёрдамчии судяи Суди Конститутсионии Руминия

30. Ќосималиева Амина њамсари Раиси Палатаи Конститутсионии Суди Олии Љумњурии Ќирѓизистон

31. Хонум Сухада –њамсари муовини Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Индонезия

 

 

Cуханронии ифтитоњии Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

М. Мањмудзода дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Љаноби Олї, муњтарам Президенти Љумњурии Тољикистон!

Иштирокдорони гиромии конференсияи байналмилалї!

Хонумон ва љанобон!


Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар љаласаи имрўза Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон њузур доранд ва ќудумуи мубораки Љаноби Олиро дар чорабинии имрўзаи сатњи байналмилалї шодбош мегўем.

Зимнан, дар чунин фазои озод баргузории чорабинии имрўза, ки ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон бахшида шудааст, бо ризоият ва дастгирии њамаљонибаи Президенти Љумњурии Тољикистон муяссар гардид.

Бинобар ин, бо самимияти беандоза ва камоли эњтиром ба Љаноби Олї барои дастгирии баргузории ин Конференсияи байналмилалї ва љињати иштирок дар кори он изњори сипос ва минатдории беандозаи Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистонро изњор медорам.

Президенти Љумњурии Тољикистон, њамчун Роњбари муаззами миллат дар тањкими сулњу вањдати миллї, њифзи ягонагї ва тамомияти арзї, таъмини суботи сиёсию њамгироии љомеа, пойдориву бардавомии давлати демокративу њуќуќбунёд, ќабули аввалин Конститутсияи давлати мустаќил, такмили заминањои њуќуќии кишвар ва таъсиси низоми самарбахши маќомоти њокимияти давлатї сањми беандоза дошта, Тољикистонро њамчун кишвари сулњпарвар дар арсаи сиёсати љањонї муаррифї намуданд.

Бо ташаббус ва дастгирии њамаљонибаи Љаноби Олї, ки асосгузори таъсиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон мебошанд, ѓояи дар давлати демократї мављуд будани падидаи назорати конститутсионї бори аввал дар сатњи Конститутсияи Тољикистони озоду мустаќил њукми конститутсиониро касб намуд ва ин нињод дар фазои демократии кишвар ба фаъолияти мутаъдили худ оѓоз бахшид.

Такмил ёфтани заминаи њуќуќии фаъолияти Суди Конститутсионї ба он мусоидат кард, ки дар муддати кўтоҳи фаъолияти худ, ин маќомот барои тањкими ќонунияти конститутсионї дар кишвар ва таъмини волоияти ќонун кўшишњои зиёдеро ба харљ дода, роҳу усулҳои самарабахши ҳамкории байналмилалиро бо маќомоти њамшабењи давлатњои хориљи кишвар муайян намуд.

Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба узвияти комилњуќуќи Конфронси умумиљањонии адолати конститутсионї, Конфронси маќомоти назорати конститутсионии давлатњои демократияи нав ва Ассотсиатсияи кишварњои Осиё ва институтњои муодил, ки дар худ беш аз сад маќомоти назорати конститутсионии давлатњои мухталифи љањонро муттањид кардаанд, пазируфта шудааст ва дар чорабинињои сатњи байналмилалии ин созмонњо иштироки фаъол дорад.

Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз таваљљуњи ва дастгирии њамешагии Президенти кишвар, муњтарам Эмомалї Рањмон сипосгузор буда, минбаъд низ тавассути иҷрои вазифаю уҳдадориҳои ќонунї ва рисолати касбиаш фаъолияти муттасилу самарабахши хешро ба нафъи тањкими пояњои давлати демокративу њуќуќбунёд пеш мебарад ва дар ин љода донишу малакаи касбї ва имкониятњои воќеии худро сафарбар менамояд.

Њозирини гиромї!

Боиси хурсандист, ки дар њамоиши имрўза ноиби Президенти Комиссияи Венетсианї оид ба демократия тавассути њуќуќи Шўрои Аврупо хонум Хердис Кжерулф, Раиси Конфронси маќомоти назорати конститутсионии мамлакатњои демократияи нав - Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Арманистон Арутюнян Гагик Гарушивич, раисон ва судяњои судњои конститутсионии љумњурињои Белорус, Индонезия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Љумњурии Кореяи Љанубї, Латвия, Љумњурии Федеролии Олмон, Федератсияи Россия, Руминия, Туркия ва Ўзбекистон, роњбар ва намояндагони Барномаи «Мусоидат ба давлатдории њуќуќї дар кишварњои Осиёи Марказї», ходимони давлатї ва олимони намоёни соњаи њуќуќи конститутсионии давлатњои хориљи кишвар иштирок доранд.

Дар кори Конфронси байнамилалї, инчунин Роњбар ва дигар кормандони масъули Дастгоњи иљроияи Пре­зиденти Љумњурии Тољикистон, раисони кумитањо ва вакилони парлумони мамлакат, роњбарон ва судяњои Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Прокуратураи генералї, роњбарон ва намояндагони вазорату идорањои љумњурї, намояндагони муассисањои олии таълимї, олимони варзидаи илми њуќуќ, роњбарон ва намо­яндагони созмонњои байналмилалии муќими кишвар ва воситањои ахбори оммаи мамлакат иштирок менамоянд, ки ба онњо барои пазируфтани даъвати мо ва њамкорињои судманд минатдорї баён мекунем.

Њозирини гиромї!

Њоло бо камоли эњтиром аз Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон хоњиш менамоем, ки ба конференсияи байналмилалии имрўза њусни оѓоз бахшанд.

Марњамат Љаноби Олї.

 

 

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Адолати суди конститутсионӣ кафолати таъмини волоияти Конститутсия»

17.09.2015, шаҳри Душанбе


Ҳозирини гиромӣ!

Меҳмонони арҷманд!

Хонумҳо ва ҷанобон!


Қабл аз ҳама, меҳмонони азизу арҷмандро, ки барои иштирок дар кори Конфронси байналмилалӣ ба ифтихори 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари мо ташриф овардаанд, хайра мақдам мегӯям.

Итминон дорам, ки меҳмонони азизи мо баъди боздид аз Тоҷикистони ҳамешабаҳор ва шиносоӣ бо таърихи бою фарҳанги пурғановати миллати қадимаи тоҷик ба кишварҳои худ бо таассуроти нек бармегарданд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳарчанд ки ойину суннатҳои давлату давлатдории халқи соҳибтамаддуни тоҷик ҳанӯз аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз мелод сарчашма мегиранд, аммо истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба мардуми мо дар охири асри ХХ муяссар шуд, дар сарнавишти тоҷикон таҳаввулоти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва гардиши куллие гардид.

Таърихи ҷомеаи башарӣ собит месозад, ки қабул кардани санад ва эълон кардани истиқлолият барои ҳар халқу миллат ин ҳанӯз анҷоми кор нест.

Ин марҳала оғози дигаргуниҳои азими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқиро тақозо дорад, ки бояд таърих, фарҳанг, забон, урфу одат, анъана ва арзишҳои пурғановати ҳар халқу миллатро дар ҳамбастагӣ ва алоқамандӣ бо арзишҳои умумиинсонӣ дар худ инъикос карда тавонад.

Азми қавӣ ва садоқати мардуми Тоҷикистон ба сарзамини аҷдодӣ ва истиқлолияти давлатӣ буд, ки ин марҳалаи таърихӣ хусусияти созандагӣ ва бунёдкорӣ касб намуда, пойдевори устувори давлати миллӣ дар мамлакат гузошта шуд.

Ислоҳоти конститутсионӣ ва дар ин замина бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҷумлаи вазифаҳои таърихии марҳалаи аввали соҳибихтиёрии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки ин иқдоми бузург 6-уми ноябри соли 1994 амалӣ карда шуд.

Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки дар таҷрибаи конститутсионализми Тоҷикистон бори нахуст тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ифодаи азму иродаи халқи Тоҷикистон буда, хусусияти асосии ин санад миллӣ будани он ба шумор меравад.

Дар Конститутсия худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон кардани халқи Тоҷикистон низ аз куҳанбунёд ва фарҳангӣ будани ин халқ маншаъ гирифта, дар баробари ҳифз ва ғанӣ гардонидани арзишҳои миллӣ, инчунин садоқати давлат ва миллати тоҷикро ба арзишҳои умумиэътирофшудаи башарӣ инъикос менамояд.

Конститутсия ҳамчун мафкураи сабтгардидаи давлатӣ, ки дар он самтҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллӣ, масъулияти муштараки халқ ва ҳокимият дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, муттаҳид намудани манфиатҳои ҳамаи табақаву гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа ва расидан ба ормонҳои миллӣ инъикос ёфтаанд, бузургтарин манбаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Конститутсияи мо ба ташкил ва бунёди ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ аҳаммияти махсус дода, тартиби таъсис ва фаъолияти мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ тибқи принсипи боздориву мувозинати байниҳамдигарии онҳо ба танзим дароварда шудааст.

Назарияи таҷзияи ҳокимият, ҳарчанд ки ҳанӯз дар замони салтанати Рими қадим маълум буда, минбаъд ҳамчун принсипи асосии давлатдорӣ дар конститутсияи аксар давлатҳои демократӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, вале он дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон дар самти идораи давлат ва низоми ҳуқуқии он ҳатто дар даврони Шӯравӣ бегона буд.

Дӯстони азиз!

Дар Конститутсия зоҳир намудани диққати ҷиддӣ ба нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон, алалхусус Суди конс-титутсионӣ бе сабаб нест.

Аввалан, мақомоти назорати конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судии ҳамаи давлатҳои мутамаддин мавқеи муҳим дошта, бе мавҷудияти чунин мақом дар бораи принсипи солими боздориву мувозинати байни шохаҳои ҳокимияти давлатӣ сухан гуфтан бармаҳал аст.

Баъдан, таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон мебошад, ки мавҷудияти чунин мақом ифодаи амалии ҳадафи давлат ва миллат дар самти бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.

Дар навбати худ, бунёди ҷомеаи адолатпарварро бе ҳокимияти судии мустақил, салоҳиятдор ва дар асоси қонун ташкилшуда, алалхусус мақомоти назорати конститутсионӣ, тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Илова бар ин, дар Конститутсия арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ зарурати дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ таъсис додани мақоми назорати конститутсиониро ба миён овард.

Суди конститутсионӣ бо функсияи пешгирикунандаи худ фаъолияти аз ҳама муҳимми давлат ва мақомоти он, яъне фаъолияти меъёрэҷодкунии онҳоро назорат карда, ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Конститутсия мухолифатдоштаро бекор мекунад ва бо ҳамин роҳ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро, ки дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва Конститутсияи мамлакат пешбинӣ шудаанд, таъмин менамояд.

Вобаста ба ин, мехоҳам махсус зикр намоям, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия андешаҳое низ садо медоданд, ки ҷонибдорони онҳо таъсис, мавҷудият ва фаъолияти мақомоти назорати конститутсиониро дар низоми ҳокимияти давлатӣ, хусусан ҳокимияти судӣ амри воқеӣ ҳисоб намекарданд ва онро асоснок намешумориданд.

Аммо таваҷҷуҳи ман ҳамчун Роҳбари давлат ба таъсис ва мавҷу-дияти мақоми махсусгардонидашудаи назорати конститутсионӣ дар мамлакат ҷиддӣ буд, ки он сабабҳои объективии худро дошт.

Чунончи, бесарусомонии дар мамлакат солҳои 1990-1992 ба миён-омада, аз ҷумла беэътиноӣ ба конститутсияи амалкунанда ва танҳо дар давоми як сол, яъне соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон даҳ маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо, ғайриконститутсионӣ барканор кардани ду Президент ва панҷ Ҳукумат, ки оқибат мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд, шахсан барои ман сабақи таърихӣ буд.

Бинобар ин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми назорати конститутсионӣ дар шакли махсусгардонидашуда - Суди конститутсионӣ пешбинӣ гардид ва санадҳои қабулнамудаи он қатъӣ эътироф карда шуданд.

Такмили минбаъдаи салоҳият ва ваколатҳои Суди конс-титутсионӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ аз 20-уми апрели соли 2006 ва дар заминаи он қабул гардидани Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010 вобастагии мустақим дорад.

Дар барномаи зикршуда, аз ҷумла пешбинӣ гардид, ки салоҳияти Суди конститутсионӣ бо додани хулоса оид ба лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, мукаммал карда шавад, то ки лоиҳаи тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид мегарданд ва масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод мешаванд, ба принсипҳо ва арзишҳои асосии Конститутсия мувофиқ бошанд.

Санадҳои Суди конститутсионӣ дар ҳифзи асосҳои сохтори конс-титутсионии мамлакат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ман-фиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният, адолати иҷтимоӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ нақши арзанда доранд.

Фаъолияти Суди конститутсионӣ бо фаъолияти меъёрэҷодкунии мақомоти давлатӣ, махсусан мақомоти қонунгузор робитаи ногусастанӣ дорад. Ҳамин аст, ки дар асоси қарору таъиноти Суди конститутсионӣ даҳҳо санадҳои қонунгузорӣ ба мақсадҳои олии Конститутсия – дахлнопазир будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мувофиқ гардонида шуданд.

Тибқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010 қонунгузорӣ номгӯи васеи субъектҳоеро, ки ҳуқуқи ба Суди конститут-сионӣ муроҷиат карданро доранд, муайян кардааст, ки чунин номгӯй ҳатто дар мамлакатҳои пешқадами дунё вуҷуд надорад.

Мақсад аз ин иқдом, аввалан, пурра аз байн бурдани мухолифат дар қонунгузорӣ ва мувофиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи мамлакат ва баъдан, ба меъёрҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон баробар кардани сатҳи қонунгузории миллӣ мебошад.

Дар иртибот ба ин, таъкид месозам, ки давлат аз субъектҳои ҳуқуқи муроҷиат ба Суди конститутсионидошта ҷиҳати ҳарчи бештар такмил додани раванди қонунгузории мамлакат муносибати боз ҳам ҷиддиву фаъолонаро тақозо дорад.

Ҳамчунин зарур аст, ки фаъолияти Суди конститутсионӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҳокимияти давлатӣ ва судӣ вобаста ба пешрафти давлат ва ҷомеа, таҳким ёфтани асосҳои демократии сохтори конститутсионӣ, боло рафтани аҳаммияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дастрасии шаҳрвандон ба суд боз ҳам беҳбудӣ бахшида шавад.

Дӯстони гиромӣ!

Дар раванди татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонии фаъолияти ин мақомот дар таҳрири нав таҳия гардида, соли гузашта аз ҷониби парламент қабул карда шуд.

Дар қонуни зикршуда меъёрҳои наве инъикос гардидаанд, ки онҳо ба такмили салоҳияти Суди конститутсионӣ ва фаъолияти мурофиавиии он, дастрасии субъектҳои ҳуқуқ, пеш аз ҳама, шаҳрвандон ба адолати судии конститутсионӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нигаронида шудаанд ва итминон дорем, ки дар асоси ин санад фаъолияти Суди конститутсионӣ боз ҳам такмил меёбад ва он вазифаҳои аслии худ, яъне таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияро ба хотири таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёду демократӣ босамар иҷро мекунад.

Имрӯзҳо дар мамлакат ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бомаром идома дорад. Бо Фармони Президенти мамлакат аз 5-уми январи соли 2015 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои ин барнома ба имзо расиданд.

Шубҳае нест, ки бо татбиқи ин барнома амалӣ гардидани вазифаҳои дар назди ҳокимияти судӣ қарордошта боз ҳам беҳтар гардида, ҳокимияти судӣ аз пештара дида мустақилу нерӯманд ва сатҳи касбии он баландтар хоҳад шуд ва бо ҳуқуқшиносони баландихтисосу салоҳиятнок ва кордида таъмин гардида, ҷиҳати такмил бештар бахшидан ба фаъолияти касбии кормандони ҳокимияти судӣ чораҳои дахлдор андешида хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, заминаҳои моддиву техникии судҳо ва судяҳои мамлакат, аз ҷумла вазъи иҷтимоии онҳо низ сол аз сол беҳтару хубтар хоҳад шуд.

Дӯстони арҷманд!

Солҳои сипаришуда дурустии сиёсати давлатро оид ба рушди ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионии мамлакат дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои олии ҷомеа ва давлат дар хусуси бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиву адолатпарвар собит намуданд.

Тавассути сиёсати бомароми роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат, таҳкими қонунгузорӣ дар бораи ҳокимияти судӣ, қабули барномаҳои ислоҳоти судӣ ва татбиқи амалии онҳо, беҳтар шудани заминаҳои моддиву иҷтимоии судҳо ва судяҳо ҳокимияти судӣ камол ёфта, имрӯз дар рушди институтҳои демократӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми назаррас дорад.

Замона тақозо дорад, ки фаъолияти мақомоти судӣ бояд ба манфиатҳои шаҳрванд ва ҷомеаву давлат мувофиқ бошад.

Давлати Тоҷикистон аз ҷониби худ барои боз ҳам рушду таҳким ёфтани ҳокимияти судӣ ва нақши он дар ҷомеа тамоми чораҳои дахлдорро амалӣ мегардонад.

Дар навбати худ ба бовару эътимоди ҷомеа ноил гардидани судҳо аз тамоми кормандони мақомоти судӣ заҳмати софдилона, фаъолияти созанда ва поквиҷдононаро тақозо мекунад.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, судяҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ, инчунин кулли кормандони мақомоти ҳокимияти судии мамлакатро ба ифтихори ҷашни 20 - солагии таъсисёбии Суди кон-ститутсионӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо дар иҷрои вазифаҳои дар наздашон оид ба ҳифзи Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷомеа ва давлат қарордошта барори кор мехоҳам.

Инчунин ба кори конфронс муваффақият ва ба меҳмонони арҷманди сарзамини тоҷикон будубоши гуворо орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

 

 

 

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон


17 сентябри соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати кишвар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Адолати суди конститутсионӣ кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.

Конфронси байналмилалиро раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода ифтитоҳ намуда, сухани табрикиро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дод.

Президенти кишвар, пеш аз ҳама, меҳмонони хориҷиро хайра мақдам гуфта, ба кормандону собиқадорони мақомоти судӣ ва хусусан Суди конститутсионии Тоҷикистон солгарди 20-ум аз ин санаи таърихиро шодбош гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи беш аз панҷҳазорсолаи тоҷикон ёдовар шуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки бо вуҷуди ин истиқ¬лоли давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири асри ХХ муяссар шуд ва бо ин дар сарнавишти миллати мо таҳаввулоти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва гардиши куллӣ оғоз ёфт.

Бо ёдоварӣ аз мушкилу монеаҳои бешумор ва шароити сангини солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон таъкид гард, ки эълон кардани истиқлолият барои ҳар халқу миллат ин танҳо оғози кор аст.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи ин солҳо роҳбарият ва мардуми шарафманди мо мушкилоти сангину нангини бешморро пушти сар карда, Тоҷикистони тозамустақилро аз вартаи фано раҳо бахшиданд ва ба шоҳроҳи бунёдкорию созандагӣ ва эъмори ҷомеаи мутамаддини муосир раҳнамун сохтанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ ва басо муҳими Конститутсия ва Суди конститутсиониро дар раванди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягонаи Тоҷикистон таъкид намуд.

Тазаккур дода шуд, ки Суди конститутсионии Тоҷикистон дар тӯли 20 сол зарурати мавҷудият ва фаъолияти худро дар сохтори даввлатдории мо баръало собит намуд, ҳарчанд дар аввалҳо зарурати таъсиси чунин ниҳод зери шубҳа бурда мешуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон татбиқи босамари ду барномаи ислоҳоти судӣҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010 ва барои солҳои 2011-2013 изҳори қаноат карда, ҳамзамон изҳори бовар кард, ки татбиқи барномаи нави ислоҳоти ин соҳа барои солҳои 2015-2017 қабулшуда, амалӣ гардидани вазифаҳои дар назди ҳокимияти судӣ қарордошта боз ҳам беҳтар мегардад ва ҳокимияти судӣ аз пештара дида мустақилу нерӯманд ва сатҳи касбии он баландтар хоҳад шуд ва бо ҳуқуқшиносони баландихтисосу салоҳиятнок ва кордида таъмин мешавад ва барои такмили бештар бахшидан ба фаъолияти касбии кормандони ҳокимияти судӣ чораҳои дахлдор андешида хо¬ҳанд шуд.

Дар поёни сухан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар судяҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ, инчунин кулли кормандони мақомоти ҳокимияти судии мамлакатро ба ифтихори ҷашни 20 - солагии таъсисёбии Суди конститутсионӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо дар иҷрои вазифаҳои дар наздашон оид ба ҳифзи Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷомеа ва давлат қарордошта барору комёбӣ таманно кард. Ҳамчунин ба кори конфронси байналмилалӣ муваффақият ва ба меҳмонони сарзамини тоҷикон будубоши гуворо орзу намуд.

Дар қисмати ифтитоҳии Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии Суди конститутсионии Тоҷикистон ҳамчунин ноиби президенти Комиссияи Аврупо “Барои демократия тавассути ҳуқуқ”-и Шӯрои Аврупо (Комиссияи венетсианӣ), раиси Конфренсияи мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи нав, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон Гагик Арутюнян, муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Индонезия Анвар Усмон, судяи Суди конститутсионии Федератсияи Русия Николай Бондар, Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ сухан ронданд.

Дар кори конфронс ҳамчунин раисон ва судяҳои судҳои конститутсионӣ аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Федератсияи Русия, Руминия, Туркия ва Узбекистон ва ҳамчунин роҳбарият ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Парлумони кишвар, роҳбарон ва судяҳои мақомоти марказии судӣ, роҳбарияти вазорату идораҳои дахдор ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд.

Дар рафти конфронс масъалаҳои муҳими вобаста ба Конститутсия ва конститутсионализм, фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, иҷрои санадҳои судҳои конститутсионӣ, назорати конститутсионӣ ҳамчун воситаи таъмини волоияти Конститутсия, мавқеи Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти судӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои марбут ба мурофиаи судии конститутсионӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи мутахассисону олимони ватанию хориҷӣ қарор дода мешавад.

 

 





17-18 сентябри соли 2015 дар шањри Душанбе бо иштироки Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон бахшида ба 20-умин солгарди таъ­сисёбии Су­ди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Кон­ф­ронси байнал­ми­лалї дар мавзўи: «Адолати судии конс­ти­тут­сионї- кафолати таъмини воло­ияти Кон­с­титутсия» баргузор гардид.

Дар кори ин њамоиши байналмилалї сараввал Раиси Суди Консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон Мањкам Мањмудзода аз дастги­рињои њамаљонибаи Президенти Љумњурии Тољикистон бобати ташаккули маќомоти назорати конститутсионї ёдоварї карда, сипас барои оѓоз бахшидан ба кори ин чорабинї суханро ба Роњбари давлат дод.

Зимни суханронии худ Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба наќши истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ташаккул ва тањкими давлатдорї, дигар рукнњо ва нињодњои давлатї, ќабули нахустин Конститутсияи мамлакати соњибистиќлол ва дар асоси прин­сипи таљзияи њокимияти давлатї ташкил кардани њокимияти давлатї, аз љумла њоки­мияти судї ибрози андеша намуд. Њамчунин Роњбари давлат дар низоми њокимияти давлатї, аз љумла њокимияти судї таъсис ёфтани маќомоти назорати конститутсиониро дар шакли Суди Конститутсионї аз волоият Конститутсия ва меъёрњои он дар давлатдорї ва зарурати њифзи онњо маънидод намуда, ба наќш ва мавќеи Суди Конститутсионї дар мам­лакат бањои баланд дод.

Дар кори Конфронси байналмилалї ноиби Президенти Комиссияи Венетсианї оид ба демократия тавас­сути њуќуќи Шўрои Аврупо хонум Хердис Кжерулф, Раиси Конфронси маќомоти назорати конститутсио­нии мамлакатњои демократияи нав - Раиси Суди Консти­тут­сионии Љумњурии Арманистон Арутюнян Гагик Гарушивич, раисон ва судяњои судњои конститутсионии љумњурињои Бе­лорус, Индонезия, Ќазоќистон, Ќирѓизис­тон, Љум­њурии Кореяи Љанубї, Латвия, Љумњурии Фе­деролии Олмон, Фе­дератсияи Россия, Руминия, Туркия ва Ўзбекистон, роњбар ва намояндагони Барномаи «Мусоидат ба давлатдории њуќуќї дар кишварњои Осиёи Марказї», ходимони давлатї ва олимони намоёни соњаи њуќуќи конститу­тсионии давлатњои хориљи кишвар иштирок карданд.

Дар кори Конфронси байнамилалї, инчунин Роњбар ва дигар кор­ман­дони масъули Дастгоњи иљроияи Пре­зиденти Љум­њурии Тољикистон, раисони кумитањо ва вакилони пар­лумони мамлакат, роњбарон ва суд­яњои Суди Конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Проку­ратураи генералї, роњбарон ва намояндагони вазо­рату идорањои љумњурї, намоян­да­гони муассисањои олии таълимї, олимони варзидаи илми њуќуќ, роњбарон ва намо­яндагони созмонњои бай­нал­ми­лалии муќи­ми кишвар ва воситањои ахбори оммаи мамлакат иштирок намуданд.

Дар рафти Конференсия масъалањои муњими вобаста ба Кон­сти­тутсия ва конститутсионализм, фаъолияти маќомоти назорати консти­тутсионї оид ба њифзи њуќуќу озодињои инсон, иљрои санадњои судњои конститутсионї, назорати конститутсионї њамчун воситаи таъмини волоияти Конститутсия, мавќеи Суди Конститутсионї дар низоми њо­кимияти судї, таъмини кафо­латњои њуќуќњои конститутсионии шањр­вандон ва ди­гар масъалањои марбут ба мурофиаи судии конститутсионї мавриди баррасї ва муњокимаи мутахассисону олимони ватанию хориљї ќарор дода шуданд.

 

 

 

 

Аз 27 то 29 августи соли 2015 дар пойтахти Љумхурии Ќазоќистон шањри Остона Конфронси илмию амалии байналмилалї дар мавзўи «Конститутсия: муттањидии халќ, устуворї, ташаккул» бахшида ба 20-умин солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Ќазоќистон бо иштироки беш аз 80 нафар намояндагони маќомоти назорати конститутсионї, ташкилотњои њукумативу ѓайрињукуматї ва олимони соњаи њуќуќи давлатњои мухталифи љањон доир гардид.

Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар Конфронси байналмилалии мазкур Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А. намояндагї ва Мустафоќулов Ѓ. - ёрдамчии Раиси Суди Конститутсионї њамроњї намуд.

Рўзи 27 август бахши алоњидаи чорабинї бахшида ба таљлили 20-умин солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Ќазоќистон дар Донишгоњи Гуманитарї-њуќуќии Ќазоќистон бо иштироки устодон, донишљуён ва олимони љавони соњаи њуќуќ баргузор гардид. Академики АИ ЉТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор Мањмудзода М.А. дар бораи фаъолияти Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва њуќуќи оилавї сўњбат намуда, ба саволњои сершумор посухњо доданд.

Рўзи 28 августи соли 2015 чорабинии мазкури сатњи байналмилалї тибќи барномаи алоњида доир гардида, иштирокчиёни Конфронсро бо Паёми табрикотии худ Президенти Љумњурии Казоќистон Нурсултан Назарбоев хайра маќдам гуфт. Дар љараёни кори Конфоронси мазкур зиёда аз 20 маърўзаву баромадњо оид ба Конститутсия ва наќши маќомоти назорати конститутсионї, аз љумла маърўзаи Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудзода М.А. дар мавзўи: «Назорати конститутсионї тарзи муњими таъмини волоияти Конституция» шунида шуда, њозиринро бо фаъолияти Суди Конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар самти таъмини волоияти Конститутсия шинос намуд.

Дар доираи сафари кории мазкур бо Раиси Шўрои Конститутсионии Љумњурии Ќазоќистон Рогов И.И., Раиси Конфронси маќомоти назорати конститутсионии кишварњои демократияи нав, Раиси Суди Конститутсионии Арманистон Арутюнян Г.Г., Раиси Палатаи конститутсионии Суди Олии Љумњурии Ќирѓизистон Ќосималиев М.Ш., Раиси Суди Конститутсионии Љумњурии Беларус Миклашевич П.П., Директори Барномаи «Мусоидат ба давлатдории њу­ќуќ­­­ї дар кишварњои Осиёи Марказї»-и GIZ (Љамъияти олмонии њамкории байналмилалї) Йорг Пуделька ва намояндагони маќомоти назорати конститутсионии дигар давлатњои хориљи кишвар мулоќоту вохўрињои судманд анљом дода шуда, оид ба масъалањои мубрами адолати судии конститутсионї ибрози андеша ва таљрибаи кории иштирокчиёни Конфронс табодули назар карда шуд.

 

 
« ПерваяПредыдущая12345678910СледующаяПоследняя »

Страница 9 из 34