04:45:02 - 21.04.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Оид ба дархости Директори генералии Чамъияти дорои масъулияташ махдуди «Точикистон Джуня» Ли Джен Джун

 

 

 

Ќарори
Суди конститутсионии
Љумњурии Тољикистон

Оид ба дархости Директори генералии Љамъияти дорои масъу­лияташ мањдуди «Тољикистон Джуня» Ли Джен Джун «Дар бораи муайян намудани мутобиќати Дастури методї «Дар хусуси тартиби муќаррар намудани миќдори зарар, љињати вайронкунии ќонунгузорињои Љумњурии Тољикистон оиди сарватњои маъмули умум» ба моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе «15» декабри соли 2010

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси­кунанда-Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Мањмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судяњои Суди консти­тутсионї Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Холиќова Ш.,

тарафњо:

а) адвокатњо Бобохонов Т. ва Ишонов А.-намояндагони ваколатдори Ли Джен Джун-Директори генералии Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди «Тољикистон Джуня» - тарафе, ки аз рўи дархости он мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст;

б) Зикиров Х.З. - Раиси Кумитаи њифзи муњити зисти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон (намояндагони ваколатдори Кумитаи мазкур Хайруллоев Р., Алимардонов К.) ва Зокиров М.З. - Раиси Кумитаи давлатии заминсозї ва геодезии Љумњурии Тољикистон (намояндагони ваколатдори Кумитаи мазкур Давлатов С. ва Каримов И.) - намояндагони тарафњое, ки санади меъёрии њуќуќии ќабул ва имзонамудаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;

даъватшудагон:

Илолов М.И.-намояндаи ваколатдори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Шоназаров С.А.-намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионї, Ширинљонова М.М. -муовини Раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, Холиќзода Љонибек-Сардори Сарраёсати ќонунгузории Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон, Њотамбекова М. -Прокурори Раёсати назорати ќонунї будани ќарорњои судњо оид ба парвандањои шањрвандї ва иќтисодии Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ва Њусейнов А. -Сардори шўъбаи њифзи муњити зисти ноњияи Рўдакї.

Дар асоси моддаи 89 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар маљлиси ошкорои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон парвандаро аз рўи дархости Директори генералии Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди «Тољикистон Джуня» Ли Джен Джун «Дар бораи муайян намудани мутобиќати Дастури методї «Дар хусуси тартиби муќаррар намудани миќдори зарар, љињати вайронкунии ќонунгузорињои Љумњурии Тољикистон оиди сарватњои маъмули умум» ба моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї карда, маърўзаи судя Абдуллоев Л.И., баёноти тарафњо ва андешаи даъватшудагонро шунида, маводи парвандаро тањлилу тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Директори генералии Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди «Тољикистон Джуня» Ли Джен Джун ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, ќайд менамояд, ки 4 июли соли 2009 кормандони Кумитаи њифзи муњити зисти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар якљоягї бо Нозироти давлатии назорати истифодабарии оќилона ва њифзи ќаъри замини Саридораи назорати давлатии бехатарии корњо дар саноат ва соњаи кўњкории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва маркшейдерии Корхонаи воњиди давлатии «Нафту газ ва ангишт» Љамъияти зикршударо мавриди санљиш ќарор доданд.

Зимни санљиш муайян намуданд, ки њаљми хоки аз тарафи корхона барои истењсоли хишт истихрољшуда, дар давоми соли 2007 то 4 июли соли 2009 24974 метри кубиро ташкил медињад, ки нархи хоки истихрољшуда дар маљмўъ 1 460079,93 сомониро ташкил медињад.

Натиљаи санљишро ба асос гирифта, Прокурори генералии Љум­њурии Тољикистон оид ба рўёнидани 1460079,93 сомонї ба манфиати Кумитаи њифзи муњити зисти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон даъво пешнињод намуд.

Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон бо њалномаи худ аз 12 ноябри 2009 сол даъвои мазкурро ќонеъ намуда, бо Ќарори марњилаи апеллятсионї аз 23 апрели соли 2010 ва Ќарори марњилаи кассатсионї аз 10 июни соли 2010 шикояти апеллятсионї ва кассатсионии Љамъияти номбурдаро ќисман ќонеъ карда, маблаѓи нињоии зарари расонидашударо 1 331108, 35 сомонї муайян кард.

Ли Джен Джун ќайд менамояд, ки намояндагони Кумитаи њифзи муњити зист ва марњилањои аввал, апеллятсионї ва кассатсионии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон барои муайян намудани миќдори зарари расонидашуда Дастуреро дастрас намудаанд, ки он эътибори њуќуќї надорад ва набояд мавриди татбиќи маќомоти давлатї ќарор гирад.

Номбурда ин талаби худро ба моддаи 10 Конститутсияи (Сарќо­нуни) Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он:

«Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд. Ќонунњо ва дигар санадњои њуќуќие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори њуќуќї надоранд.

Давлат ва њамаи маќомоти он, шахсони мансабдор, шањрвандон ва иттињодияњои онњо вазифадоранд Конститутсия ва ќонунњои љумњуриро риоя ва иљро намоянд.

Санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф кардааст, ќисми таркибии низоми њуќуќии љумњуриро ташкил медињанд. Агар ќонунњои љумњурї ба санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофшуда мутобиќат накунанд, меъёрњои санадњои байналмилалї амал мекунанд.

Ќонунњо ва санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмї амал мекунанд» асоснок намудааст.

Ли Джен Джун дархости худро, инчунин бо муќаррароти моддаи 73 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 26 марти соли 2009 №506 «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї», ки тибќи он:

«Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон мутобиќати меъёрњои њуќуќии хусусияти умумињатмидоштаи вазоратњо, кумитањои давлатї, дигар маќомоти давлатї, маќомоти мањалии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењотро ба санадњои ќонунгузорї, фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон дар мўњлати як моњ месанљад ва ба ќайдгирии давлатии онњоро амалї мекунад. Санадњои меъёрии њуќуќии хусусияти умумињатмидошта танњо баъд аз санљиш, баќайдгирї ва интишори расмї эътибор пайдо мекунанд» асоснок менамояд.

Бо ин назардошт, Ли Джен Джун аз Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон талаб менамояд, ки Дастури методї «Дар хусуси тартиби муќаррар намудани миќдори зарар, љињати вайронкунии ќонунгузорињои Љумњурии Тољикистон оиди сарватњои маъмули умум» (минбаъд-Дастури методї) њамчун санади эътибори њуќуќї надошта, ки боиси вайрон намудани њуќуќњои конститутсионии ў ва баровардани њалномањои ноодилона ва беасоси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон гардидааст, беъэтибор дониста шаванд.

Адвокатњо Бобохонов Т. ва Ишонов А. дархости Ли Джен Джунро дар рафти мурофиаи судии конститутсионї пурра љонибдорї намуданд.

Суди конститутсионї дархости Ли Джен Джунро њаматарафа баррасї намуда, муайян намуд, ки фаъолияти њуќуќэљодкунї дар асоси принсипњои мутобиќат ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ќонуният, бартарияти меъёрњои санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон нисбат ба ќонунњо ва санадњои зерќонунї ва адолати иљтимої ба амал бароварда шуда, давлат бояд барои таъмини принсипи ошкорбаёнї дар фаъолияти њуќуќэљодкунї заминањои ташкилию њуќуќии заруриро муњайё намояд. То ки њар шахси манфиатдор имконияти воќеї дошта бошад, ки бо мазмуну мўњтавои санадњои меъёрии њуќуќї шинос шуда, онњоро ба манфиат ва таъмини њуќуќу озодињои конститутсионии худ самаранок истифода намояд.

Дастури методї, ки мавзўи асосии бањси мурољиаткунанда ќарор гирифтааст, бо фармони якљояи Вазири њифзи табиати Љумњурии Тољикистон ва Раиси Кумитаи давлатии заминсозии Љумњурии Тољикистон аз 28 августи соли 2001 тањти №56 «Дар бораи мавќеи истифода ќарор додани Дастури методї «Дар хусуси тартиби муќаррар намудани миќдори зарар, љињати вайронкунии ќонунгузорињои Љумњурии Тољикистон оиди сарватњои маъмули умум» тасдиќ шуда, тибќи банди 1 Фармони мазкур аз рўзи ба имзо расиданаш мавриди истифода ќарор дода шудааст. Дастури мазкур дар таърихи 5 сентябри соли 2001 тањти №44 дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

Ин салоњияти маќомоти зикршуда, яъне ќабули санадњои меъёрии њуќуќї аз талаботи ќисми якуми моддаи 12 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 13 ноябри соли 1998 тањти №698 «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» (дар ваќти ќабули Дастури методї амал мекард) бармеояд, ки тибќи он «Вазоратњо, кумитањои давлатї, идорањо дар асос ва љињати иљрои Конститутсия, ќонунњои конститутсионї ва ќонунњои Љумњурии Тољикистон, фармонњои меъёрии Президент, ќарорњои Њукумат дар доираи ваколатњои худ санади меъёрию њуќуќї мебароранд».

Новобаста аз он, ки Дастури методї тибќи талаботи моддаи 35 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» ва набудани тартиби интишори расмии санадњои умумињатмии маќомоти давлатї расман нашр нашуда бошад њам, он ду маротиба бо ташаббуси Вазорати њифзи табиати Љумњурии Тољикистон ба миќдори 200 нусхагї, љаъм 400 нусха дар нашрияи ЉДММ «Универсал-3» шањри Душанбе, кўчаи Ш. Руставели-19 нашр гардида, ба тамоми сохторњои марказиву мањаллї, дигар истифодабарандагон ва татбиќкунандагони он пањн карда шудааст.

Бо назардошти мавзўи мурољиат, тартиби интишори расмї ва мавриди амал ќарор гирифтани санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, инчунин доира ва њадди танзими ин масъала дар Конститутсия ва ќонунгузорї дида баромада шуд. Муайян гардид, ки дар моддаи 10 Конститутсия масъалаи интишори расмї ва мавриди амал ќарор гирифтани ќонунњо ва санадњои байналмилалии аз љониби Тољикистон эътирофшуда муќаррар гардидаст. Чунончї, тибќи ќисми чоруми моддаи 10 Конститутсия «…Ќонунњо ва санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмї амал мекунанд.»

Чї тавре ки дида мешавад, дар моддаи 10 Конститутсия барои санадњои зерќонунї, яъне «санадњои меъёрии њуќуќие, ки дар асос ва барои иљрои санадњои ќонунгузорї ќабул гардидаанд», тартиби интишори расмї ва мавриди амал ќарор гирифтани онњо пешбинї нагардидааст. Тартиби санљиш, баќайдгирї ва интишори расмї ва мавриди амал ќарор гирифтани санадњои меъёрии њуќуќии хусусияти умумињатмидоштаи вазоратњо, кумитањои давлатї, дигар маќомоти давлатї, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, аз љумла Дастури методии зикршуда бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 октябри соли 2009 тањти №532 «Дар бораи тартиби интишори расмии санадњои вазоратњо, кумитањои давлатї ва дигар маќомоти давлатї» муќаррар карда шудааст.

Тартиби интишори ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї дар боби 5 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 13 ноябри соли 1998 тањти №698 «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» мавриди танзим ќарор дода шуда буд, ки тибќи моддаи 35-уми он «Санадњои ќонунгузорї, инчунин санади умумињатмии вазоратњо, кумитањои давлатї ва идорањо, яъне санаде, ки амали худро ба идорањои тобеи корхонаву муассисањо ва ташкилотњои онњо набуда, инчунин ба шањрвандон ва иттињодияњои онњо пањн мекунад, дар нашрияњои расмии кушода интишор карда мешавад (ѓайр аз санаде, ки сирри давлатиро ё дигар сирреро, ки ќонун њифз медорад, дар бар мегирад) ва дар њолати дарљ гардидани онњо дар ин гуна нашрияњо эътибор пайдо мекунад.»

Дар ќисми 2 моддаи 36 Ќонуни мазкур муќаррар шуда буд ки: «Тартиби интишори расмии санади вазорату идорањо аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад.»

Дар ќисми 4 моддаи 41 Ќонуни зикршуда бошад, ќайд шудааст, ки: «Тартиби эътибор пайдо намудани санади вазоратњо, кумитањои давлатї ва идорањо аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад.»

Ин масъала танњо соли 2009 бо ќабул гардидани Ќарори Њу­кумати Љумњурии Тољикистон аз 1 октябри соли 2009 тањти №532 «Дар бораи тартиби интишори расмии санадњои вазоратњо, куми­тањои давлатї ва дигар маќомоти давлатї» њалли худро ёфт.

Тибќи банди 3 он: «Санадњои меъёрии њуќуќии хусусияти умуми­њатмидоштаи вазоратњо, кумитањои давлатї ва дигар маќомоти давлатї пас аз баќайдгирии давлатии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон на дертар аз 10 рўз дар рўзномаи «Љумњурият» расман интишор карда мешаванд ва аз рўзи интишор гардидани онњо дар рўзномаи мазкур, инчунин дар маљаллаи «Фењристи ягонаи давлатии санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон» мавриди амал ќарор мегиранд».

Моддаи 73 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 26 марти соли 2009 тањти №506 «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» муќаррар менамояд, ки: «Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон мутобиќати меъёрњои њуќуќии хусусияти умумињатмидоштаи вазоратњо, ку­ми­тањои давлатї, дигар маќомоти давлатї, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењотро ба санадњои ќонунгузорї, фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон дар мўњлати як моњ месанљад ва ба ќайдгирии давлатии онњоро амалї мекунад. Санади меъёрии њуќуќии хусусияти умумињатмидошта танњо баъд аз санљиш, баќайдгирї ва интишори расмї эътибор пайдо мекунад.»

Аз ин рў, дар масъалаи бе интишори расмї мавриди татбиќ ќарор гирифтани Дастури методї ва мутобиќати он ба ќисми чоруми моддаи 10 Конститутсия ва дигар ќисмњои моддаи 10 Конститутсия мухолифат вуљуд надорад.

Дар баробари ин, Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистонро зарур аст, ки тибќи талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» љињати санљиш, баќайдгирї ва интишори расмии санадњои меъёрњои њуќуќии хусусияти умумињатмидоштаи вазоратњо, кумитањои давлатї, дигар маќомоти давлатї, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, аз љумла Дастури методии зикршуда сари ваќт чорањои дахлдор андешад.

Кумитаи њифзи муњити зисти назди Њукумати Љумњурии Тољи­кистон ва Кумитаи давлатии заминсозї ва геодезии Љумњурии Тољи­кистонро низ мебояд интишори расмї ва мавриди амал ќарор додани Дастури методии зикршударо таъмин намоянд.

Дар асоси гуфтањои боло, мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 32, 36, 46, 48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќ а р о р м е к у н а д:

1. Дастури методї «Дар хусуси тартиби муќаррар намудани миќдори зарар, љињати вайронкунии ќонунгузорињои Љумњурии Тољикистон оиди сарватњои маъмули умум», ки 28 августи соли 2001 тањти №56 бо Фармони якљояи Вазири њифзи табиати Љумњурии Тољикистон ва Раиси Кумитаи давлатии заминсозии Љумњурии Тољикистон тасдиќ шудааст ва бо Вазорати иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон ва Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон мувофиќа гардонида шуда, аз 5 сентябри 2001 тањти раќами №44 дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст, ба моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолифат надорад.

2. Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон тибќи талаботи Ќо­нуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 октябри соли 2009 тањти №532 «Дар бораи тартиби интишори расмии санадњои вазоратњо, кумитањои давлатї ва дигар маќомоти давлатї» љињати санљиш, баќайдгирї ва интишори расмии санадњои меъёрњои њуќуќии хусусияти умумињатмидоштаи вазоратњо, кумитањои давлатї, дигар маќомоти давлатї, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, аз љумла Дастури методии зикршуда чорањои дахлдор андешад.

3. Кумитаи њифзи муњити зисти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Кумитаи давлатии заминсозї ва геодезии Љумњурии Тољикистон интишори расмии санадњои меъёрии худро тибќи талаботи ќонунгузории амалкунанда таъмин намоянд.

4. Ќарор ќатъї буда, аз ваќти эълон намуданаш эътибор пайдо мекунад ва нисбати он шикоят оварда намешавад.

5. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов