18:14:58 - 23.10.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Қарор аз рўи дархости шаҳрванд Тураев М.М

 

Ќ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

оид ба дархости шањрванд Тураев М.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ва таѓйири ба он аз 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашуда ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

ш. Душанбе 28 марти соли 2013

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раиси-кунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяњо Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї- Фирдавсова Г.,

тарафњо:

Тураев М.М.- тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда шудааст;

Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон, намояндааш – Буриев Н.Њ. - муовини аввали Вазири рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон;

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон, намояндааш - Ќурбонов Љ.Љ. – директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон,

даъватшудагон:

Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон;

Мирсайев Њ.С.- муовини Вазири адлияи Љумњурии Тољикистон;

Гулматшоев Р.К.- муовини Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон;

Юсупов Б. – Сардори раёсати Агентии назорати давлатии мо­лиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон;

Умаров С.- муовини сардори раёсати таъминоти њуќуќии Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон;

Сафаров Х.А.- мудири шуъбаи њуќуќи раёсати њуќуќ ва сиёсати кадрњои Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон;

Муќумов Н. – мудири шуъбаи њуќуќ, њифзи њуќуќи муаллиф ва њуќуќњои вобаста ба моликияти зењнии Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон;

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро дар асоси дархости шањрванд Тураев М.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ва таѓйири ба он аз 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашуда ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судяњои Суди конститутсионї Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю. баёноту хулосаи тарафњо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Тураев М.М. бо дархост ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки ў аз 26 сентябри соли 1994 дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон дар вази-фањои гуногуни соњаи њифзи объектњои моликияти саноатї фаъолият намуда, 1 ноябри соли 2011 аз он љо бо хоњиши худаш аз кор рафтааст.

5 ноябри соли 2012, яъне баъди як соли аз кор аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» рафтанаш, ў бо назар-дошти муќаррароти банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009 №25 (минбаъд-Ќоидањо), барои ба сифати намояндаи патентии Љумњурии Тољикистон дар Фењристи намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шуданаш, ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» бо ариза мурољиат намудааст.

Сабаби баъд аз як сол ба Маркази зикршуда мурољиат намудани ў аз талаботи банди 4 Ќоидањо аз 9 июни соли 2009, № 25 бармеояд, ки тибќи он хизматчиёни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» дар давоми як соли аз кор озод шуданашон њуќуќ надоранд аз аттестатсия гузашта, ба Фењристи намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шаванд.

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоотї» 20 ноябри соли 2012 ба ў љавоб гардонидааст, ки тибќи банди 4 Ќоидањои зикршуда:

«Шахсони вазифадор ва хизматчиёни Идораи патентї дар давраи кор дар Идораи патентї ва дар давоми се сол пас аз озод шуданашон аз Идораи патентї, њуќуќ надоранд, ки аз аттестатсия гузаранд ва дар Фењрист њамчун намояндагони патентї ба ќайд гирифта шаванд. Пас аз се соли озод шуданашон аз кори Идораи патентї, хизматчиёне, ки на камтар аз се соли собиќаи корї дар сохтори Идораи патентї вобаста ба баќайдгирии объектњои моликияти саноатї доранд, курсњои такмили ихтисосро дар Идораи патентї гузашта, тариќи суњбат аз аттестатсия мегузаранд ва дар асоси шањодатномаи додашуда ба муддати панљ сол ба сифати намояндаи патентии Љумњурии Тољикистон дар фењрист ба ќайд гирифта мешаванд».

Мурољиаткунанда ќайд менамояд, ки ў њамчун шањрванди Љум-њурии Тољикистон, ки таљрибаи 18-солаи бевоситаи корї дар њифзи объектњои моликияти саноатї дорад, аз таѓйири 25 сентябри соли 2012, № 92 ба банди 4 Ќоидањои вориднамудаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» розї нест. Зеро талаботи пешбининамудаи банди 4 Ќоидањо, ба шањрвандони дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» кор карда ва аз он љо аз кор рафта имконият намедињад, ки онњо дар давоми се соли пас аз озод шуданашон аз аттестатсия гузашта, ба Фењристи намояндагони патентї ба ќайд гирифта шаванд.

Њамчунин, барои собиќ кормандони Марказ ва ў барин кор-мандон, ки собиќаи 18 солаи кории баќайдгирии объектњои моликияти саноатї доранд, гузаштани курсњои такмили ихтисос ва ба таври сўњбат гузаштан аз аттестатсия ва баъд ба сифати намояндаи патентї оѓоз кардани фаъолияти мењнатї, њамчун вайронкунии њуќуќњои конститутсионии онњо ба фаъолияти озоди соњибкорї арзёбї мегардад. Чунончи, тибќи муќаррароти ќисми дуюми моддаи 12 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон: «давлат фаъолияти озоди соњибкориро кафолат додааст».

Ба андешаи ў, банди 4 Ќоидањо њуќуќњои конститутсионии ўро ба мењнат пешбининамудаи ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Консти- тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон низ поймол ва мањдуд месозад, зеро тибќи муќаррароти ќисмњои зикршудаи моддаи 35 Конститутсия њар кас ба мењнат ва интихоби касбу кор њаќ дошта, дар муносибатњои мењнатї њама гуна мањдудиятњо манъ мебошад.

Аз ин рў, ў банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва ба­ќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009, №25 ва таѓйири ба он аз 25 сентябри соли 2012, №92 во­ридкардашударо ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мухолиф мењисобад.

Бинобар ин, Тураев М. аз Суди конститутсионї хоњиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионї оѓоз карда, мутобиќати банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009, №25 ва таѓйири ба он 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашударо ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости мазкурро дар алоќамандї бо талаботи Конститутсия ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон баррасї намуда, ќайд менамояд, ки кафолати давлатии фаъолияти озоди соњибкорї муњимтарин дастоварди сиёсию иљтимої ва њуќуќию иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба шумор меравад.

Чунин кафолат аз шаклњои гуногуни моликият асос ёфтани иќтисодиёти Тољикистон, баробарњуќуќї ва њифзи њуќуќии њамаи шаклњои моликият, аз љумла моликияти хусусї маншаъ гирифта, бе амалї намудани он бунёди љомеаи воќеан иљтимої ва иќтисоди бозоргонии дар муносибатњои байналмилалии иќтисодї раќобатпазир ѓайриимкон мебошад.

Машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї ифодаи озод будани соњибкорї буда, яке аз њуќуќњои асосї ва муњими иќтисодии инсон ва шањрванд, инчунин унсури асосии принсипи конститутсионии озодии иќтисодї ва аз њама муњимаш имконият ва василаи тадбиќи њуќуќи конститутсионии инсон ва шањрванд ба мењнат мањсуб меёбад.

Тибќи он, шањрвандони мамлакат њуќуќ доранд, ки бо салоњдиди худ, ихтиёрї ва бе мањдудият ба тариќи инфиродї ё ба тариќи фаъолият дар ташкилоти тиљоратї ба пешбурди њама гуна намуди фаъолияти соњибкорї, ки тартиби онро ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, машѓул шаванд, мустаќилона соњаи иќтисодї ва намуди фаъолияташонро муайян намоянд, ки интихоби онњо вобаста ба соњаи истењсолоти љамъиятї метавонад аз талаботи тахассусии муайян, малака, собиќа, тањсилоти дахлдори касбї ва ѓ. бархурдор бошад.

Давлат фаъолияти озоди соњибкориро муњимтарин омили пеш-рафти иќтисодиёти миллї ва таъмини некўањволии халќи Тољикистон арзёбї намуда, дар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, аз љумла дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 10 майи соли 2002, №46 «Дар бораи њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон» асосњои ташкилию њуќуќии инкишоф, шаклу усулњои њавасмандгардонию танзими давлатии фаъолияти субъектњои он ва ќоидањои умумии њимоя ва дастгирии давлатии фаъолияти соњибкориро муќаррар намудааст, ки маќсади он аз амалї гардонидани њуќуќи истифодаи озодонаи ќобилияту амволи худ барои фаъолияти соњибкорї иборат мебошад.

Дар санади њуќуќии мазкур мафњуми соњибкорї њамчун фаъоли-яти мустаќилона ба таваккали худ амалишавандаи шахсони ба сифати соњибкор баќайдгирифташуда маънидод карда шуда, амалї намудани њуќуќњои озодона истифодабарии ќобилияту молу мулки худ аз љониби њар як шахс дар раванди фаъолияти соњибкорї, салоњияти Њукумати Љумњурии Тољикистон ва маќомоти мањаллии њокимияти давлатї дар самти муайян кардани принсипњои умумї, самтњои афзалиятнок ва тарзњои њимояву дастгирии давлатии соњибкорї муќаррар карда шудааст.

Бо эътирофи он, ки фаъолияти соњибкорї асоси пешрафти иќ­тисодиёти кишвар мањсуб меёбад, давлат барои дастгирї ва њимояи он њамаљониба манфиатдор буда, дар моддаи 22 санади меъёрии њуќуќии мазкур, ки њуќуќ ва манфиатњои ќонунии субъекти фаъолияти соњибкорї номгузорї шудааст, аз љониби давлат фаъолияти озоди иќтисодї, соњибкорї ва баробарњуќуќии иштирокчиёни фаъолияти соњикборї кафолат дода шуда, муќаррар гардидааст, ки давлат набояд монеаи фаъолияти субъекти соњибкорї шавад.

Дар санади мазкур дар баробари муќаррар кардани як ќатор роњњои њимояи њуќуќ ва манфиатњои ќонунии соњибкорон, ба монанди имконияти озодона анљом додани њамаи намудњои фаъолияти соњибкорї, тибќи тартиби муайяншуда ба ѓайр аз намудњои фаъолияте, ки дар асоси иљозатнома анљом дода мешаванд, танњо бо санадњои меъёрию њуќуќї муќаррар кардани номгўи корњое (хизматрасонињое, молњое), ки барои соњибкорї манъ ё мањдуд шудаанд, пешбинї гардидааст.

Њамзамон дар моддаи 23 Ќонуни номбурда ба амал бароварда шудани дастгирии давлатии њама намуди фаъолияти соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон аз тарафи давлат дар шахси маќомоти ваколатдор тибќи салоњияти онњо ва маќомоти мањаллии њокимияти давлатї, дар њалли масъалањои иттилоотї, ташкилї-њуќуќї, молиявию ќарздињї, моддию техникии соњибкории пешбининамудаи санади мазкур мустањкам гардидааст.

Тибќи меъёри ин модда, дастгирии давлатии фаъолияти соњиб-корї тавассути такмили базаи меъёрию њуќуќї ва ќонунгузорї барои инкишофи соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон, фароњам овардани шартњои имтиёзноке, ки онро Њукумати Љумњурии Тољикистон лозим мешуморад, дар заминаи мониторинги рейтинги байналмилалии муњити соњибкорї муайян намудани роњњои минбаъдаи инкишофи бахши хусусї дар мамлакат ва як ќатор воситањои дигарро дар ин самт муќаррар намуда, барои рушди бонизому муътадили соњибкорї аз љониби маќомоти ваколатдори давлатї ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ќабулу иљрои барномањои гуногунро пешбинї намудааст.

Мутобиќи моддаи 8 Ќонуни мазкур, маќомоти ваколатдори Њукумати Љумњурии Тољикистон, инчунин маќомоти њокимияти иљроия дар мањалњо њуќуќ надоранд, ки њангоми баќайдгирии давлатии субъекти њама намудњои соњибкорї нисбат ба шартњои муќаррарнамудаи ќонунњо ва санадњои дигари меъёриву њуќуќии Љумњурии Тољикистон шартњои иловагї гузоранд.

Мутобиќи ќисми 8 моддаи 10 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият» асосњои надодани иљозатнома инњо мебошанд:

- агар њуљљатњои пешнињодкардаи довталаби иљозатнома дорои маълумоти нодуруст ё ѓалат бошад;

- агар довталаби иљозатнома, объектњои ба ў тааллуќдошта ё аз тарафи ў истифодашаванда ба шарту талаботи иљозатномадињї ному-вофиќ бошанд;

- агар вобаста ба намуди пешбинишудаи фаъолият аз тарафи маќомоти дахлдор љињати мутобиќати шароити фаъолият ва талаботи ба онњо пешбинишаванда хулосаи манфї дода шуда бошад.

Аз талаботи ин модда бармеояд, ки гузаштан аз аттестатсия барои намояндањои патентї муќаррар карда нашудааст.

Ќисми якуми Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, ки аз 1 январи соли 2000 мавриди амал ќарор дода шудааст, дар баробари дигар муносибатњои гражданї, муносибатњои вобаста ба фаъолияти соњибкорї ва иштирокчиёни онро ба танзим дароварда, принсипњои муњими муносибатњои гражданї, аз ќабили: номумкин будани дахолати худсаронаи њар кас ба корњои хусусї, зарурати татбиќи бемонеаи њуќуќи гражданї ва аз љониби шахсони воќеї ва њуќуќї бо азму хоњиш ва ба манфиати худ ба даст даровардан ва амалї намудани њуќуќи гражданиро муайян менамояд, ки тибќи он муносибатњои озоди соњибкорї кафолат дода мешавад.

Машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї, ки воситањои муњими баамалбарории ќобилияти њуќуќдорї ва ќобилияти амалкунии шахс ба шумор рафта, метавонад бевосита аз љониби њар як шахс мустаќилона ба амал бароварда шавад.

Дар моддаи 23 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон номум-кин будани мањрум сохтан ё мањдуд кардани ќобилияти њуќуќдорї ё ќобилияти амали шањрванд муќаррар карда шудааст, ки тибќи ќисми 1 моддаи мазкур «ба истиснои њолатњо ва мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи ќонун, ќобилияти њуќуќдорї ва ќобилияти амали њељ касро мањдуд сохтан мумкин нест».

Мутобиќи ќисми 2 моддаи номбурда бошад, пешбинї гардидааст, ки «риоя накардани шарту тартиби дар ќонун муќарраргардидаи мањдуд сохтани ќобилияти амали шањрвандон ё њуќуќи машѓул шудани онњо ба фаъолияти соњибкорї ё фаъолияти дигар боиси беэътибор донистани санади маќоми давлатї ё маќоми дигаре мегардад, ки мањдудиятњои дахлдорро муќаррар намудааст».

Вобаста ба ин, Суди конститутсионї чунин мешуморад, ки њуќуќи шахс ба фаъолияти соњибкорї, ки аз њуќуќи шахс ба мењнат маншаъ мегирад, ба гурўњи иќтисодии њуќуќњои конститутсионии инсон мансуб буда, наметавонад ба њељ ваљњ ва асос мањдуд карда шавад, ки ба сиёсати иќтисодї ва иљтимоии пешгирифтаи давлат асос меёбад.

Мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрванд, ки яке аз муњим-тарин њуќуќњои шахс дар шароити ташаккули муносибатњои бозоргонї ва эътирофи афзалияти моликияти хусусї, њуќуќи машѓул шудан ба фаъолияти озоди соњибкорї дар заминаи баробарњуќуќї мањсуб ёфта, танњо дар асоси муќаррароти Конститутсия метавонанд мањдуд карда шаванд.

Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон» (моддаи 4) ва Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон (моддаи 1) соњибкориро њамчун фаъолияти мустаќилонаи ба таваккали худ амалишавандаи шахсони бо тартиби муќаррарнамудаи ќонун ба сифати соњибкор баќайдгирифташуда муайян менамояд, ки он барои мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифодаи молу мулк, истењсол, фурўши мол, иљрои кор ё хизматрасонї равона карда шудааст, ки чунин арзёбии фаъолияти соњибкорї ба табиати њуќуќию иљтимоии иќтисоди озоди бозоргонї, малакаву мањорат ва кордонии фардии њар шахс мувофиќ мебошад.

Мувофиќи ќонунгузорї, ба фаъолияти соњибкорї шахсони дорои ќобилияти пурраи амалдошта метавонанд машѓул шаванд, то ки онњо дар бастани ањдњо мустаќил бошанд, таваккали фаъолиятро дарк намуда, оид ба ўњдадорињои худ мустаќилона љавобгариро ба зимма гирифта тавонанд.

Њамчунин, машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї аз лањзаи баќайдгирии давлатї њукми ќонунї гирифта, барои машѓул шудан ба баъзе намудњои фаъолият иљозатномаи маќомоти дахлдори давлатї зарур мебошад ва иљозатнома (литсензия)-њуљљатест, ки барои амалї гардонидани намуди муайяни фаъолият ба муњлати дар он зикргардида аз тарафи маќоми ваколатдор ба шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї дода мешавад.

Њамчунин, Суди конститутсионї иброз менамояд, ки сатњи ташаккули љомеа аксаран бо танзими њуќуќии дурусту одилонаи муносибатњои љамъиятї, хусусан муносибатњои мењнатї вобастагї дошта, њолати ќонунгузории миллї ва њолати воќеии кор дар самти амалишавии њуќуќ ба мењнат на танњо нишондињандаи баланди маърифати фарњангию маънавии љомеа мебошад, балки ин иќдом бевосита ба равандњои сиёсати иќтисодию иљтимої ва сиёсии давлат низ таъсири худро мерасонад.

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар баробари муќаррар намудани њуќуќ ба мењнат ва њифзи он, дар муносибатњои мењнатї манъи њама гуна мањдудиятро муќаррар карда, љалб кардани шахсро ба мењнати маљбурї ба истиснои њолатњои муќаррарнамудаи ќонунгузорї манъ намудааст.

Дар ќисми дуюми Эъломияи Созмони умумиљањонии мењнат «Дар бораи принисипњои асосї ва њуќуќї дар соњаи мењнат ва механизми амалишавии он», ки 18 июни соли 1998 дар шањри Женева аз љониби Конфронси генералии Созмони умумиљањонии мењнат, ки дар як ваќт Созмони байналмилалии мазкур маќоми ваколатдори соњаи ќабул ва татбиќи меъёрњои байналмилалии соњаи мењнат мањсуб меёбад, ќабул карда шудааст, муќаррар гардидааст, ки давлатњои аъзои Созмон, новобаста аз он, ки санадњои байналмилалии онро дар соњаи мењнат љонибдорї намудаанд ё накардаанд, ўњдадоранд принсипњои асосии ин санадњои байналмилалии ин Созмонро риоя намуда, љињати татбиќ ва амалишавии онњо мусоидат намоянд ва яке аз принсипњои умумиэътирофнамудаи ин санадњо, ин принсипи манъ будани њамагуна табъиз дар соњаи мењнат ва касбу кор мебошад.

Тибќи муќаррароти моддаи 23-уми Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 10 декабри соли 1948 њар як инсон њуќуќ ба мењнат, интихоби озоди касбу кор, шароити одилонаю мусоиди мењнат ва њимоя аз бекориро доро буда, бидуни ягон табъиз, дорои њуќуќи пардохти музди баробари мењнат мебошад.

Тибќи моддаи 6 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќи иќти-содї, иљтимої ва фарњангї аз 16 декабри соли 1966 давлатњои ширкаткунандаи Паймон њуќуќ ба мењнатро, ки иборат аз њаќќи њар як инсон барои дарёфти имконияти таъмини зиндагї тавассути мењнате, ў онро озодона интихоб менамояд ва ё озодона ба он розї мешавад, эътироф намуда, љињати таъмини ин њуќуќ тадбирњои лозима меандешанд.

Муќаррароти зикршудаи санадњои њуќуќии байналмилалї пурра дар моддањои дахлдори Конститутсияи Љумњурии Тољикистон таљассуми худро пайдо намуда, Конститутсия дар баробари кафолати њуќуќ ба мењнат, интихоби касбу кор, њифзи мењнат ва њимояи иљтимоии инсон ва шањрванд, тамоми дигар њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрвандро низ кафолат дода, дар миёни онњо њуќуќ ба мењнатро њамчун вазифаи муњимтарини љомеа эътироф намуда, њифзи он, њамчунин њимоя ва ѓамхории нисбати коргарро яке аз вазифањои муњими давлат арзёбї менамояд.

Чунончи, дар моддаи 35 Конститутсия омадааст: «Њар кас ба мењнат, интихоби касбу кор, њифзи мењнат ва њимояи иљтимої њангоми бекорї њаќ дорад. Музди кор аз њадди аќали музди мењнат набояд кам бошад. Дар муносибатњои мењнатї њама гуна мањдудият манъ аст».

Аз ин рў, тибќи моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон «давлат ва њамаи маќомоти он, шахсони мансабдор, шањрвандон ва иттињодияњои онњо вазифадоранд Конститутсия ва ќонунњои љумњуриро риоя ва иљро намоянд».

Муќаррароти меъёрњои Конститутсия дар Кодекси мењнати Љум-њурии Тољикистон, инчунин ќонунњои соњавї ва дигар санадњои меъёрї танзими њуќуќии худро ёфтаанд.

Дар асоси моддаи 4 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон бошад, давлат љињати њавасмандгардонии шахс бањри амалї намудани њуќуќи конститутсионии худ ба мењнат дар баробари як ќатор кафолатњо, инчунин хизматрасонии ройгонро барои интихоби касб, мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиќ ва мутобиќи ихтисос, ќобилият ва омодагии тахассусї таъмин будан бо кор, њимояи судии њуќуќи мењнатї ва ёрии тахассусии њуќуќї ва њимоя аз бекорї кафолати ќонунї бахшида, љињати амалишавии онњо сиёсати иљтимоии худро њамаљониба пеш мебарад.

Њифзи мењнат аз њуќуќ ба мењнат сарчашма гирифта, њамчун кафолати муњими амалишавии њуќуќи шахс ба мењнат мањсуб меёбад. Амалишавии њуќуќ ба мењнат машѓул шудан ба фаъолияти гуногун аз љониби њар як шахс, чунончи тавассути пешбурди фаъолияти соњибкорї вобастагии амиќ дошта, бо ин тарз инсон метавонад талаботи иќтисодї ва иљтимоию маишии худро ќонеъ намояд.

Њуќуќи конститутсионии шахс ба мењнат дар шаклњои гуногуни ташкилию њуќуќї зоњир гардида, маъмултарини он машѓул шудан ба фаъолияти озоди соњибкорї ба шумор меравад ва давлат бо маќсади аз байн бурдани монеањои њуќуќї ва содда кардани раванди тадбиќи ин кафолати конститутсионї, тавассути фаъолияти меъёрэљодкунї њамаљониба мусоидат менамояд.

Аз ин лињоз, санадњои меъёрии њуќуќї ва санадњои њуќуќии локалие, ки аз љониби субъектони фаъолияти њуќуќэъљодкунї тањия, ќабул ва мавриди амал ќарор дода мешаванд, набояд њуќуќу озодињои шахсро поймол намуда, бар зарари манфиатњои инсону шањрванд, ки тибќи моддаи 5 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар як ваќт арзиши олї эътироф карда шудаанд, равона карда шаванд.

Фаъолияти њуќуќэљодкунї худ фаъолияти субъекти њуќуќэъљод- кунанда оид ба тањия, ќабул, интишор ва ќатъи амали санадњои меъёрии њуќуќї ба шумор рафта, бояд дар асоси принсипњои мутобиќат ба Конститутсия, ќонуният, бартарияти меъёрњои санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон нисбат ба ќонунњо ва санадњои зерќонунї, афзалияти таъмини њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, адолати иљтимої, ошкорбаёнї, илмият, касбият ва ба назар гирифтани афкори љамъиятї амалї карда шавад.

Бо назардошти ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009 №25-ро, ки бо фармоиши субъекти ваколатдор тавассути ба амал баровардани фаъолияти њуќуќэъљодкунї 25 сентябри соли 2012, тањти №92 дар тањрири нав ифода карда шудааст, њамчун омили мањдудкунандаи њуќуќи конститутсионии шахс ба фаъолияти озоди соњибкорї, мењнат ва интихоби касбу кор арзёбї намуда, ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисми якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» номутобиќ мешуморад.

Њамзамон, Суди конститутсионї бинобар ваколатњои густурдаи ањамияти давлатию љамъиятї доштани фаъолияти Маркази миллии патенту иттилоот, муњим ва хусусиятнок будани онњо, инчунин ба низом даровардани масъалањои вобаста ба аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон дар шакли ќонуни алоњидаи Љумњурии Тољикистон танзим намудани фаъолияти муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-ро мувофиќи маќсад мешуморад.

Дар асоси гуфтањои боло, мувофиќи моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 14, 36, 37, 46,47, 48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

ќ а р о р к а р д:

1. Банди 4 Ќоидањои гузаронидани аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ва таѓйири ба он аз 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашуда ба ќисми дуюми моддаи 12 ва ќисмњои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мутобиќат надорад.

2. Аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон, бинобар вако-латњои густурдаи ањамияти давлатию љамъиятї доштани фаъолияти Маркази миллии патенту иттилоот, муњим ва хусусиятнок будани онњо, инчунин ба низом даровардани масъалањои вобаста ба аттестатсия ва баќайдгирии намояндагони патентии Љумњурии Тољикистон дар шакли ќонуни алоњидаи Љумњурии Тољикистон танзим намудани фаъолияти муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» мувофиќи маќсад мебошад.

3. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

4. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољи- кистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов