10:01:51 - 25.05.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 2) 2014

 


АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

(№ 2) 2014

 

Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї

дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни)
Љумњурии Тољикистон)


Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир:

Мањмудзода М. А. Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, академики Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Њайати тањририя:

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, номзади илмњои сиёсї

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон, Њуќуќшиноси шоистаи Љумњурии Тољи­кистон

Сотиволдиев Р. Ш. Раиси Шўрои илмї - машваратии назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Искандаров З.Њ. Узви Шўрои илмї - машваратии назди Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон, профессори кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории ДМТ

 

 

Мундариља

Мањмудзода М.А. Сухани ифтитоњї дар кори мизи мудаввар
дар мавзўи «Наќши Вањдати миллї дар ташаккули давлатдории
навин»................................................................................................................ 6

Рањмон О.Э. Масъалањои њамроњшавии Љумњурии Тољикистон
ба Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди
њуљљатњои расмии хориљї............................................................................... 9

Каримов К.М. Вањдат бузуртарин дастоварди миллии таърихи
навини мост..................................................................................................... 14

Гулзорова М. М., Холмуродзода П. Х. Таносуби њуќуќу озодињои
сиёсии шањрвандон бо дигар њуќуќу озодињои конститутсионии
онњо.................................................................................................................. 20

Сулаймонов Ф.С. Масоили танзими њуќуќи ашёгї дар Кодекси
граждании Љумњурии Тољикистон............................................................... 25

Ќарорњои Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

1) оид ба парванда аз рўи дархости аз рўи дархости раиси собиќ Ассосиатсияи њуќуќшиносони љавон «Ампаро» Самадова Д.Т.
«Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисмњои 1 ва 3 моддаи 35, сархатњои дуюм ва сеюми ќисми 1 ва ќисми 2 моддаи 37 Ќонуни
Љумњурии Тољикистон аз
12 майи соли 2007 № 258 «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї» ба моддањои 14, 28 ва 30 Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» аз 24 июни соли 2014 38

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон....................... 48


 

 

Мањмудзода М.А.

Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон,

академики АИ ЉТ,

доктори илмњои њуќуќ, профессор

СУХАНИ ИФТИТОЊЇ ДАР КОРИ МИЗИ МУДАВВАР
ДАР МАВЗЎИ «НАЌШИ ВАЊДАТИ МИЛЛЇ ДАР
ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН»

(10 июни соли 2014)

Муњтарам иштирокчиёни мизи мудаввар!

Њозирини гиромї!

Ќабл аз њама Шуморо ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон хайрамаќдам гуфта, њамагонро бо рўзи Вањдати миллї, ки дар сарнавишти миллати мо наќши бенињоят муњиму таърихї дош­та, барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва ташаккули пояњои давлатдории нивини мо заминаи боэътимод гузошт, тањният намуда, бароятон саломативу сарбаландиро таманно менамоям.

Имсол љашни умумимиллии Вањдати миллї ба соли таърихї - 20 -умин солгарди Конститутсияи Љумњурии Тољикисто­н, ки барои расидан ба њадафњои асосии давлат, тањкими музаффариятњои истиќлол, њимояи њуќуќу манфиатњои умумимиллї ва давлат сањми арзишманд дорад, рост омад.

Ќабули Конститутсия бузургта­рин дасто­вар­ди даврони соњибистиќ­лолии кишвар мањсуб ёфта, он њамчун санади муњими сиёсї ва њуљљати сарнавиштсоз барои расидан ба сулњу суботи комил, пойдории Вањдати миллї, наљоти мардум аз парокандагї такони пурзўре гардида, љињати бунёди давлати демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва иљтимої заминаи боэътимоди њуќуќї гузошт.

Арзишњои муќаддаси Ќонуни олии мамлакат имрўз муњимтарин рукнњои љомеаи демократии кишвари азизамонро муайян намуда, дар тўли 20 соли мављудият, ки дар роњи бунёди давлатдории навин чандон муддати тўлони нест, њамчун ифодагари азму ирода ва нияту орзуњои неки инсонї равшан­гари роњи пешрафти њаёти љомеа гардида, заминањои Вањдати миллии моро мустањкам гардонд.

Тавре, ки њамагон медонед, аз рўзњои аввали соњибистиќлол гардидан, дар Тољикистон низоъњои дохилї сар зад ва њатто хатари парокандашавии давлати милли мо ба вуљуд омада буд.

Танњо ба шарофати зањмату талошњои Президенти Љумњурии Тољикис­тон, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон ќуввањои мухталифи сиёсї ба њам оварда шуда, дар киш­варамон сулњу субот таъмин гардид ва хатари парокандагии миллат пеш­гирї карда шуда, имконият ба вуљуд омад, ки ба бунёди давлатдории навини худ оѓоз бахшем.

Зикр кардан ба маврид аст, ки муяссар шудан ба сулњу субот ва рўи як миз овардани гурўњњои ба њам зид ва ноил шудан ба Вањдати миллї кори сањл набуда, иродаи матин ва љањду талоши зиёдро талаб мекард.

Мо имрўз ба хубї ёд дорем, ки ба хатари љонї нигоњ накарда, Президенти кишвар, муњтарам Эмомалї Рањмон дар вазъияти басо мураккаби сиёсї ба шањри Кобул ва дењаи Хусдењи вилояти Толиќони Љумњурии Исломии Афѓонистон барои ба даст овардани сулњи комил сафар намуд ва дар он љо 19 майи соли 1995 бо дарки хатари њалокатбори муќовимати низомию сиёсї ва масъулияти бузург дар назди ояндаи миллати тољик ба хотири ноил гардидан ба сулњу субот изњороти муштарак ќабул гардид.

Дар маљмўъ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва хомўш сохтани љанги шањрвандї, бо ташаббус ва кўшишњои пайвас­таи роњбарияти олии сиёсии кишвар бо иттињоди мухолифин 21 маротиба музокира анљом дода шуда, 40 њуљљати муњим ба имзо расид. Ин њама барои бастани Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон, ки дастоварди нодиртарини халќи тољик мебошад, замина гузошт ва њоло таљрибаи сулњофарии тољикон аз љониби љомеаи љањонї эътироф гардида, ба мактаби омўзиш табдил ёфтааст.

Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар таърихи миллати куњанбунё­дамон њуљљати муњими сиёсї ва воќеаи нодиру фарањбахши њаётї мањсуб ёфта, бањри пойдории сулњу суботи комил дар кишвари мањбубамон заминаи воќеию њуќуќї гузошт ва дар як ваќт барои мустањкам намудани андешањои солими давлатдории миллї дар афкори љомеа наќши босазо бозид.

Муњим, он буд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризояти миллї ба имзо расида, шароити мусоид ва кафолати воќеї ба вуљуд омад, ки ќариб як миллион нафар гурезањо ва муњољирони мо ба Ватан баргарданд.

Имрўз ба таърихи начандон тўлонии давлатдории навинамон назар андўхта, исботи онро мебинем, ки пояи Вањдати миллї дар сарзамини ниёгонамон устувору бегазанд буда, ин љавњари муќаддас дар сиришти миллати фарњангдўсту сулњпарвари тољик маъно ва асолати ватандўстиро тарбия намуда, ба ташаккули олитарин таро­вишњои вуљуди инсонї ба мисли мењру вафо ва дўстиву њамди­гарфањмї заминаи боэътимоду ќавї гузошт.

Бо шукргузорї аз файзу баракати сулњу суботи комил мо давлати нав ва љомеаи нави шањрвандї бунёд карда истодаем, ки бешубња дар ин низом, муносибатњои љамъиятию сиёсї, шуур ва ќобилияти фикронии инсон ањамияти куллан навро пайдо намуда, сатњи тафаккур, тањаммул­пазирї, худшиносї ва худогоњии миллии љомеа торафт густариш меёбад.

Пойдории сулњу субот ба рушди устувори соњањои иќтисодї - иљтимої ва сиёсию њуќуќии мамлакат мусоидат намуда, обрў ва нуфузи Тољикистони соњибистиќлол рўз аз рўз дар арсаи байнал­милалї боло гардида, давлати мо њамчун ќисми људонашавандаи љомеаи љањонї пазируфта шудааст.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба ин арзиши муќаддас, яъне Вањдати миллї, ки намунаи ибратбахши љањониён мебошад, расем ва онро њамеша эмин нигоњ дошта, барои тарбияи љавонони ватандўсту ватанпарвар кўшиш намоем.

Бори дигар њамаи Шуморо бо иди Вањдати миллї шодбош гуфта, бароятон дар кори мизи мудаввар, ки ба мавзўи муњим бахшида шуда, зимни баргузории он масъалањои мухталиф матрањ мегарданд, барори кор таманно менамоям.


 

 

Рањмон Озода Эмомалї

Муовини якуми Вазири корњои

хориљии Љумњурии Тољикистон,

номзади илмњои њуќуќ

МАСЪАЛАЊОИ ЊАМРОЊШАВИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН БА КОНВЕНСИЯИ ГААГА ОИД БА БЕКОР НАМУДАНИ ТАЛАБОТИ ТАЪЙИДИ ЊУЉЉАТЊОИ РАСМИИ ХОРИЉЇ

Дар фаъолияти Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољи­кистон, на­мо­ян­дагињо ва кормандони дипломатии он, дар баробари дигар самтњои афзалиятноки сиёсати хориљї ва дипломатияи муосир, ба амал баровардани дип­ломатияи иќтисодї ва бахши муњими он- љалби сармояи хориљї ба иќтисодиёти кишвар ва нишон додани фаъзои мусоиди сар­моягузории мамлакат мавќеи хосаро ишѓол менамояд.

Ин масъала дар маркази таваљљуњи роњбарияти давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор дошта, Президенти Љумњурии Тољикистон Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон дар вохўрї ва суханронии худ аз 15 марти соли 2013 бо кормандони дипломатии кишвар муњимияти ин самти фаъолияти ВКХ Љумњурии Тољи­кистонро бори дигар таъкид намуда, иброз доштанд, ки «солњои охир дар радифи истифодаи тарзу усулњои дипломатияи анъанавию классикї дар аксари давлатњои љањон ањамияти истифодаи муассири тариќаву василањои дипломатияи иќтисодї ба маротиб боло рафтааст. Вазорати корњои хориљї бояд ин амалияро амиќтар омўзад ва аз бењтарин намунањои он пурсамар истифода барад.

Муњимаст, ки на фаќат ба љалби сармояи хориљї ба Тољикистон ва рушду тавсеаи робитањои тиљоративу иќтисодии кишвар мусои­дати комил сурат гирад, балки якљоя бо вазоратњои соњавї бояд низоми доимоамалкунандаи экспертизаи тамоюлњои инкишофи иќтисодиёти љањонї мутобиќ ба шароити кишвар ва минтаќаи мо ба миён оварда шавад.»[1]

Бо ин назардошт, Вазорати корњои хориљии кишвар дар баробари ќабули ќонунњои миллї, ки онњо ба бењтар намудани фаъзои сар­моягузорї равона карда шудаанд, инчунин ба тасдиќ, њамроњшавї ва мавриди амал ќарор додани як ќатор шарт­номањои байналмилалї, ки онњо низ метавонанд ба фаъзои сар­моя­гузорї дар мамлакат таъсири мусбї расонанд, ањамияти љиддї меди­њад.

Маълум аст, ки бардоштани њама гуна мањдудият ва расмият­чигї, содда кардани низоми љалби сармоя ва ба вуљуд овардани шароити бе ма­моният гузаштани расмиёти њуљљатнигории њама гуна фаъолият яке аз муњимтарин шарту шароити ба сармоягузорони хориљї кушодани иќти­содиёти мамлакат ба шумор меравад.

Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди њуљљатњои расмии хориљї аз 5 октябри соли 1961 аз зумраи он шартномањои байналмилалие мебошад, ки њамроњшавї ба он мета­вонад дар рушди иќтисодиёти мамлакат, љалби сармоя, алал­хусус бартараф намудани мањ­дудиятњои вобаста ба гузаштани расмиёти њуљљатнигории ба тасдиќи фаъолияти иќтисодї ва сармоягузорї алоќаманд, наќши арзанда гузорад.



[1] Эмомалї Рањмон. Суханронї дар вохўрї бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоњи бинои нави Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон. 15.03.2013 шањри Душанбе. http://prezident.tj/.

 

 

Маврид ба зикр аст, ки бештар аз 100 давлат аъзои Конвенсияи Гаага буда, онро ба яке аз созишномањои бомуваффаќият дар соњаи њамкории њуќуќї дар љањон табдил додаанд. Конвенсияи мазкур давлатњои аъзоро уњ­дадор менамояд, ки иљрои онро дар њудудњои давлатњои худ таъмин намуда, аз тартиби мазкури соддакардашудаи легаликунонии тамоми њуљљатњои расмии (Апостил) аз кишвар бароянда ва ба кишвар воридшавандаро самаранок истифода баранд.

Миллионњо Апостилњо њар сол дода ва ќабул карда мешаванд. Гузаштани расмиёти Апостил ё худ калимаи франсузии «Апостил» тибќи Конвенсияи Гаага аз 5 октябри соли 1961- ин шакли стан­дар­тикунонидашудаи байналмилалии пур кардани маълумот оид ба ќонунї будани њуљљат барои пешнињоди он ба њудуди давлате, ки чунин шакли легаликунонї (легализатсия) эътироф менамояд, ба шумор меравад. Муњри (штампи) Апостил[1] танњо ба њуљљатњои аслии намунаи давлатї гузошта мешавад[2].

Баъд аз Апостил ягон гуна тасдиќ ва аз нав легаликунонии њуљљат талаб карда намешавад ва он аз љониби маќомоти расмии њама гуна давлатњои аъзои Конвенсияи Гаага эътироф карда мешавад.

Аз соли 2007 инљониб Љумњурии Тољикистон љињати њамроњ­шавї ба Конвенсияи Гаага иќдомњо меандешад. Дар асоси дастури Дастгоњи иљроияи Пре­зиденти Љумњурии Тољикистон аз 8 январи соли 2013 гурўњи кории байниидоравї таъсис дода шуда, ба он намояндагони Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон, Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон, Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон, Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољи­кистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон шомиланд.

Аз љониби гурўњи корї љанбањои мухталифи Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани таъйиди њуљљатњои расмии хориљї аз соли 1961 тањлил гардида, барои Љумњурии Тољикистон бо маќсади њарчи зудтар њамроњ шудани Тољикистон ба Конвенсияи мазкур тавсияњо тањия карда шудаанд.

Ќадами муњим барои њамроњшавии Љумњурии Тољикистон ба Конвенсияи Гаага интихоби модели муносиб оид ба муайян кардани маќомоти салоњиятноки таъйидкунанда дар Љумњурии Тољикистон мебошад.

Моддаи 6 Конвенсия муќаррар менамояд, ки њар як давлати ањдкунанда ташкилотеро таъин менамояд, ки ба онњо ваколати гузоштани апостил дода мешавад ва дар ин бора Вазорати корњои хориљии Нидерландия аз лањзаи барои мањфуздорї супурдани њуљљати тасдиќ ё тасдиќномаи њамроњшавї ё ки дархост оид ба татбиќи амал хабардор карда мешавад.[3]

Тањлили анљомдодашуда нишон дод, ки аз 106 кишвари љањон, ки ба Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди њуљљатњои расмии хориљї аъзо мебошанд, 68 кишвар моделеро инхоб кардааст, ки дар онњо ба 1 ё 2 маќомоти салоњиятдор ваколатњои додани апостил пешнињод карда шудаанд. Дар 38 кишвар ваколати додани апостил ба зиёда аз 2 маќомоти салоњиятдор вогузор карда шудааст.

Аз ин рў, гуруњи корї дар интихоби модели маќомоти салоњиятдор барои судури апостил дар Љумњурии Тољикистон ба варианти якум таваљљуњ зоњир намуда, судури апостилро ба сало­њияти Вазоратњои адлия ва корњои хориљии Љумњурии Тољикистон мувофиќи маќсад арзёбї намуд.

Мутобиќи моддаи 1 Конвенсияи Гаага, Конвенсия ба њуљљатњои расмие татбиќ карда мешавад, ки дар ќаламрави яке аз давлатњои ањдкунанда тањия шудаанд ва бояд ба ќаламрави дигар кишвари ањдкунанда пешнињод карда шаванд[4].

Ба сифати њуљљатњои расмї, Конвенсия њуљљатњои зеринро баррасї менамояд:

– њуљљатњое, ки аз маќомот ё шахси мансабдори тањти тобеияти њуќуќии давлат ќарордошта бармеоянд, аз љумла њуљљатњое, ки аз прокуратура, котиби суд ё иљрочии суд бармеоянд;

– њуљљатњои маъмурї;

– санадњои нотариалї;

– ќайдњои расмї, ба монанди ќайдњо дар бораи баќайдгирї; ќайдњое, ки санаи муайянро тасдиќ мекунанд; ќайдњои тасдиќи имзо дар њуљљате, ки онро нотариус тасдиќ намудааст.

Дар айни замон Конвенсия ба инњо татбиќ намегардад:

– њуљљатњое, ки агентњои дипломатї ё консулї тањия намудаанд;

– њуљљатњои маъмурие, ки бевосита ба амалиёти тиљоратї ё гумрукї алоќаманд мебошанд.

Бояд ќайд намуд, ки аз љониби гуруњи корї тањлили муќоисавии таљрибаи дигар кишварњо оид ба номгўи њуљљатњои расмие, ки бояд аз љониби маќомоти салоњиятдори онњо таъйид карда шаванд, гузаронида шуд. Дар асоси ин тањлил барои Љумњурии Тољикистон тавсияњо тањия карда шуд, ба Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон гузоштани апостил ба њуљљатњои зерин вогузор карда шуд:

- њуљљатњои расмие, ки аз маќомоти сабти асноди њолати шањрвандї бармеоянд;

- њуљљатњои расмие, ки аз нотариусњо бармеоянд;

- њуљљатњои расмие, ки аз маќомоти судї ва маќомоти истењсолоти иљрои бармеоянд;

- њуљљатњои расмие, ки аз маќомоти прокуратура бармеоянд.

Ба Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон тавсия дода шудааст, ки ба дигар њуљљатњо апостил гузорад.

Гуруњи корї њамроњшавии Љумњурии Тољикистонро ба Кон­венсияи Гаага аз 5 октябри соли 1961 дар якљоягї бо пайвастан ба механизми иљрои уњдадорињо мувофиќи маќсад арзёбї намуд. Дар ин давра дигар санадњои зарурии марбут ба ин масъала низ бояд тањия ва ќабул карда шаванд.

Дар ин робита, гурўњи корї як ќатор њуљљатњо, аз љумла маълу­мотнома дар бораи асосњои њуќу/a менамояд:quot;; mso-ansi-language: TG;quot;serifMsoNormalќї ва зарурияти ворид намудани таѓйиру иловањоро ба санадњои меъquot;Times New Roman Tjtext-align: justify; text-indent: 1.0cm;умњурии Тоёрии њуќуќии Љумњурии Тољи­кистон вобаста ба њамроњшавї ба Конвенсияи Гаага, лоињаи ќарори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њам­роњшавии Љумњурии Тољикистон ба Конвенсияи Гаага аз 5 октябри соли 1961», лоињаи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ќоидањо ва шартњои ягонаи гузоштани апостил ба њуљљатњои расмие, ки аз маќомоти давлатии Љумњурии Тољикистон бармеоянд» ва маљмўи лоињањои санадњои меъёрии њуќуќиро оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќонунгузории Љумњурии Тољикистон вобаста ба њамроњшавї ба Конвенсияи Гаага аз 5 октябри соли 1961 тањия намудааст.

Умед аст, ки санадњои меъёрии њуќуќии вобаста ба њамроњшавии Љумњурии Тољикистон ба Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъй­иди њуљатњои расмии хориљї аз 5 октябри соли 1961, дар як ваќт бо раванди њамроњшавї ба санади мазкур сурат гирифта, он дар рушди минбаъдаи вазъи иќтисодиву иљтимоии мамлакатамон наќши арзанда хоњад гузошт.

Њамроњшавї ба Конвенсияи Гаага аз 5 октябри соли 1961 ба содда гаштани расмиёти тасдиќи нусхаи аслии њуљљатњо, муњлат ва харољоти тасдиќ, бењтар гаштани хизматрасонињо ба шахсони воќеию њуќуќї дар намояндагињои дипломатї ва консулгарињои Љумњурии Тољикистон, инчунин ба љалби сармоягузорињои мустаќими хориљї дар мамлакат шароити зарурї фароњам меорад.

Њамин тариќ, њамроњшавии Љумњурии Тољикистон ба Кон­венсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъй­иди њуљатњои расмии хориљї аз 5 октябри соли 1961 метавонад дар баробари ба роњ мондани тасдиќи нусхаи аслии њуљљатњои расмии аз кишвар бароянда ва ба кишвар воридшаванда ва дигар масъалањои вобаста ба ин раванд, инчунин барои рушду инкишофи иќтисоди миллї ва љалби сармояи хориљї ба Љумњурии Тољикистон шароити зарурии таш­килию њуќуќиро фароњам биёрад.



[1] Тибќи Конвенсияи Гаага, Апостил шакли квадрати тарафњояш на камтар аз 9 см.-ро дошта, бояд ба намунаи ба Конвенсия замимашуда мувофиќ бошад. http://www. hcch.net/index _en. php? act= conventions.text&cid=41

[2] Апостил ба худи њуљљат, ё ки ба вараќи алоњидае, ки бо њуљљат дўхта шудааст «аллонж» гузошта мешавад. Барои апостилњои коѓазї, усулњои гузоштани апостилњо ё аллонжњо ба њуљљатњо дар њар Давлатњои ањдкунанда фарќ мекунанд ва аз штампњои резинї, сиреш, лентањои гуногунранг, муњрњои мумї (сурѓучї), муњрњои барљаста ё часпакњои худчасп ва ѓайра иборат мебошанд. http://www.hcch.net/index _en.php?act= conventions.text&cid=41

 

 

Каримов К.М.

Судя-котиби Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон,

номзади илмњои сиёсї

ВАЊДАТ БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ

МИЛЛИИ ТАЪРИХИ НАВИНИ МОСТ

Дар њаёти сиёсиву ичтимої ва фарњангии њар халќу миллат сана ва рўзњое њастанд, ки онњо дар таърих ва сарнавишти ин халќу мил­латњо бо њарфњои зар­рин сабт гардида, мояи ифтихор, сарбаландї, худ­шиносї, худо­гоњї, сарчашма ва заминаи рушди давлатдории миллї мањ­суб меёбанд.

27 июн аз зумраи чунин санањои таърихї ва дар навбати худ идњои давлатї ва миллии халќи тољик аст, ки он ба таърихи навини дав­латдории мо, яъне замони соњибистиќлолї мансуб буда, ба лексиони сиё­сиву ичти­моии љомеаи Тољикистон соли 1997 ворид гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољи­кис­тон, ки орзуву омоли њазорсолаи мардуми тољик буд, дар солњои 90 –уми асри XX дар натиљаи тањаввулоти бузург ва гушношуниди геопо­литикї, яъне аз байн рафтани бузургтарин давлати замони худ - Иттињоди Шў­равї ба даст омадааст.

Давлате, ки дар муносибатњои байналмилалї як ќутби љањониро на­мо­­яндагї карда, ањолии он бо наќш ва мавќеи давлати худ дар тартиботи ља­њонї ва му­но­­сибатњои байналмилалии иќти­содї, њудуди бе­канор, захи­рањои бу­зурги моддї ва ащёї, иќтидорњои инсонию зењнї, аъзои Шўрои амнияти СММ ва давлати ядрої будан ифтихор дошт, бе љангу хунрезї ва њуљум аз хориљи давлат аз байн рафт.

Њатто иродаи 76, 4% (113 512 812 нафар) ањолии Иттињоди Шў­равї, ки 17 мар­ти соли 1991 дар якумин раъйпурсии дар таърихи мав­људияти Ит­ти­­њоди Шўравї дар хусуси баќои давлат доиршуда изњор гар­дида буд, аз та­рафи касе ба инобат гирифта нашуд.

Њамин тариќ, давлати абарќудрат аз байн рафт ва дар баробари ди­гар љумњурињои собиќ Иттињоди Шўравї, Љум­њурии Тољи­кистон низ ба истиќлолияти давлатї шарафёб гардид.

Аз байн рафтани Иттињоди Шуравї бояд ба раванди минбаъдаи сиёсати љањонї, ки он тартиботи љањонии дар шањри Ялта (1945) муайян­гардидаи низоми Вестфалї ба њисоб меравад, дигаргунї ворид на­муда, ба муътадил гардидани сиёсати љањонї оварда мерасонид. Аммо вазъ ба ин њол сурат нагирифт. Ѓарб худро ѓолиб эњсос намуда, минбаъд ба муносибатњои байналмилалї ва байни­давлатї тавассути «фалокатњои гуманитарї», «инќилобњои ранга», «хифзи њуќуќи инсон», «бањори арабї», табадуллотњои давлатї ва ѓ. таъсир расонида, интихоби сиёсии давлату халќхои гуногунро ба нестї оварда расонид.

Инсоният шоњиди њодисањои бесобиќаи дахолат ба корњои дохилии давлат, аз байн бурдани низому суботи сиёсиву иќтисодї, ба инобат нагирифтани иродаи аксарияти кулли халќњо дар Сербия, Ироќ, Судон, Тунис, Яман, Ливия, Сурия гардид.

Минтаќаи ИДМ низ аз ин нобасомонињо дар канор намонд.

Дахолат бо шаклњои зикршуда ќатъї амсоли (преседенти) байнал­милалї шуда, дар таљрибаи давлатњои ба истилоњ демократияро њифз ку­нанда «самараноки»-и худро њамчун воситаи муњими расидан ба маќсаду њадафњо исбот намуд.

Чизи муњиме, ки тањиягарони ин муноќишањо ба он ањамияти љид­дї медињанд ва барои онњо њамчун равѓан ба балои оташ зарур аст, ин аз байн бурдани вањдати миллї ва њамдигарфањмии халќњо мебошад, ки дар аксар мавридњо онњо ба ин нияти нопоки худ муваффаќ мегарданд.

Дар 23 соли истиќлолияти давлатї дар њаёти халќи мо ба ѓайр аз љанги шањрвандии тањмилї, ба миён овардани чунин амалњои зишт кам набу­данд, ки тањмилгарони онњо пайваста пайи ноором намудани авзои сиёсию иљтимоии мамлакати мо ба амал мебароварданд. Тайи ин солњо на як бору ду бор нияти нопок ва тири онњо дар вилотњои Хатлону Суѓд, ноњияњои Тавилдараву Рашт ва шањри Хоруѓ хок хурдааст.

Имрўзњо, ки мо дар рў ба рўи љашнгирии рўзи Вањдати миллї ќарор дорем, ба солњои аввали истиќлолияти давлатї назар карда, ба андешаи он меравам, ки чаро мо чун дигар љумњурињои собиќ Иттињоди Шўравї ба љойи баромадан ба шоњроњи бузурги дигаргунињои азими даврони аввали соњибистиќлолї даст ба гиребони њам гирифта, ба љанги шањрвандї даст задем.

Ба истиќлолияти миллї, ки онро фарзандони барўманди халќамон тайи њазорсолањо ба даст оварданашро орзу доштанд, беэътиної кардем. Шукри бе љангу муборизаи хунин ба даст омадани онро накардем, аз аспи љањолат фурў наомадем ва ба хотири мансабу курсї дар як муддати кутоњтарин хуни зиёда аз 150 њазор њамватани худро рехтем, 55 њазор кудакро бе падар, 25 њазор занону модаронро бесаробон мондем, 1 миллион њамватанони худро ба гуреза табдил додем. Ба иќтисодиёти ба дастгириву азнавкунї ниёздоштаи мамлакат зиёда аз 10 миллиард доллари амрикої зарар расонидем.

Аз њама хафнокаш ояндаи давлату миллат ва якпорчагии мамлакатро зери хавху хатари љиддї гузоштем.

Тањлилњо нишон медињанд, ки барои ба љанги шањрвандї мубтало кардани мамлакат, як ќатор омилњои сиёсиву иљтимої мављуд буданд, ки онњо барои оѓоз гардидан ва шиддат гирифтани муноќишаи дохили давлатї бевосита мусоидат намудаанд.

Аввалан, на њама њизбњои сиёсиву иттињодињои љамъиятї ва созмону њаркатњои зиёди таъсисгаштаи мардумї тавонистанд ба моњияти истиќлолияти давлатї дуруст сарфањм раванд. Набудани таљриба ва фарњанги одидатарини муборизаи њизбиву сиёсї, нафањмидан ва бањо дода натавонистан ба вазъияти љории ба амаломада, амалан њизбњои сиёсии дар заминаи (платформаи) демократї бударо аз омма ва тарафдорони онњо дур карда, ташаббус аз дасти онњо берун рафт. Онњо оммаро ба љойи ба корњои давлату давлатсозї ва бунёди љомеаи демократї эълондоштаи Эъломияи истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољиикистон сафарбар намудан, ба майдонњо ва мухолифати байни њамдигарї тела дода, ба фазои нобоварии байни њамдигарї замина гузоштанд.

Баъдан, набудан ё ташаккул наёфтани элитаи сиёсии миллї, ки манфиатњои миллї ё манфиатњои ќисмати зиёди мардуми Тољи­кистонро фаро гирифта тавонад ё сохтори њокимияти давлатиро ташкил дода барои татбиќи масъала ва вазифањои марњилаи аввали истиќлолият сафарбар намояд, ба саросар итоат накардан ба њокимият, бе њокимиятї ва вусъат гирифтан/spanTGTGquot;Times New Roman Tjquot;Cambria Math lang=quot;; mso-fareast-font-family: span style=em style=font-family: и љанги шањрвандї мусоидат намуд.

Дар ин замина як ќатор созмонњои мардумии ба мањалњо асосёфта ба сулњу вањдат натавонистанд мусоидат намудаTGmso-element: footnote;quot;; mso-ansi-language: RU;, садди роњи муноќиша гарданд ва чуноне ки соли 1992 Эмомалї Рањмон ќайд намуданд: «Созмонњои гуногуни мањаллї бо номи «Лаъли Бадахшон», «Њамдилон», «Мењри Хатлон», «Њисори Шодмон», «Истаравшан», «Зарафшон» ва ѓайра арзи вуљуд карданд, ки сарфи назар аз ниятњои худ ба якпорчагии Ватани азизамон мусоидат намекарданд».[1]

Ба ин муќовимати сиёсию њарбї дар мамлакат рушди инкишофи нобаробари минтаќањои гуногуни љумњурї, сатњи пасти маърифти сиёсию фарњангї, худшиносиву худогоњии шањрвандони мамлакат низ бе таъсир нест.

Наќши ќуввањои иртиљоии беруна низ дар барангехтани љанги шањр­вандї дар Тољикистон кам нест ва љанги шањрвандї дар Тољи­кистон љанги тањмилї ба њисоб меравад, ки ин андеша ба тадќиќоти мушаххас ниёз дорад.

Дар њамин замина ва шароити таърихї ѓояи вањдати миллї ва ра­сидан ба вањдати саросарї дар кишар ба миён омад, ки дар саромади он фарзанди фарзонаи миллат Эмомалї Рањмон ќарор дошт.

«Ман аз рўзњои аввали фаъолиятам њамчун сардори давлат моњи ноябри соли 1992 дар љараёни иљлосияи таърихии парлумони мамлакат изњор карда будам, ки созгории миллї роњи ягонаи тараќќиёти минбаъдаи Тољикистон аст ва танњо сулњ ѓояи умумимиллї мегардад, ки халќи моро муттањид сохта метавонад»,-изњор доштанд Эмо­малї Рањ­мон.[2]

Бо андешаи сулњу вањдат ва фардои шукуфони миллат, 5 апрели соли 1994 тањти васояти Созмони Миллали Муттањид музо­кироти тољи­кон оѓоз ёфт, ки он 1171 рўз давом кард ва чуноне ки Эмомалї Рањмон ќайд намуданд: «То рўзи ба имзо расонидани Созишнома дар давоми њашт музокирот, бисту як вохурии расмї ва дањњо мулоќоти ѓайрирасмї, ки ќариб чор соли идома ёфтанд, эњсосоти хусумат, шубња ва ноумедї тадриљан аз байн рафта, љустуљўи роњњои алтернативии њалли мушкилот ва расидан ба сулњу ризоияти миллї таќвият меёфт.[3]

Гуфтушунидњо ва музокирот идома ёфта, шубња ва ноумедї аз байн мерафт, љойи онњоро масъулият дар назди наслњои гузаштаву им­рўза ва оянда, якпорчагии давлат ва пешгирии давлат аз фаношавї мегирифт.

«Њар гоњ, ки ин давраи њанўз кўтоњро пеши назар меорам, он бори гарони масъулиятро, ки аз тарафњои муќобил бар дўши худ дош­танд, пур­ра эњсос менамоям.

Мањз њамин њисси масъулият барои имрўзу фардои Ватан ва миллат имкон дод, ки баъд аз низоъ ва мухолифати тўлонї мо роњи њамдигарфањмї ва созандагиро пешгирем»,[4]-ёдовар шуданд Эмомалї Рањмон.

27 июни соли 1997 дар шањри Москва Созишномаи умумии истиќ­рори сулњ ва ризоияти миллї ба имзо расида, аз тариќи сиёсиву њуќуќї ба љанги шањрвандии зиёда аз 6 сол дар мамлакат тўлкашида хотима гузошта шуд.

Бори аввал дар таърихи Созмони Миллали Муттањид дар давоми муддати хело кўтоњ бартараф сохтани чунин муноќишаи муракккаб ва душвори дохилї муяссар гардид, ки ин таљриба дар таърихи СММ бе ниёз мебошад.

Сулњу вањдат на танњо барои халќи Тољикистон балки барои та­моми давлат ва халќњои минтаќаи Осиёи Марказї ањамияти калони таъ­рихї дошт. «Агар муноќиша дар Тољикистон ќатъ намегардид, сухтори љанги Афѓонистон мамлакатњои Осиёи Марказї ва халќњоеро, ки боз њам дур­тар, дар самти шимол зиндагї мекунанд, садњо ва њазорон маротиба бештар фаро гирифта метавонист»,[5]-таъкид доштанд Эмомалї Рањмон.

Њамасола мо аз рўзи 27 июни соли 1997 дур меравем, аммо ањам­ияти таърихї, сиёсї ва фарњангии Вањдат моро њамеша бо маз­муну мун­дариљаи нав дунболагир аст. Он нишонаи аќлу заковат ва хиради азалии мардуми тољик аст, ки дар лањзањои њасостарини дав­латдории худ хавфу хатари аз миён раф­тани давлати миллии худро дарк намуда, проблемаро аз муќовимати њарбию мусаллањона бо роњи гуфтушунид ва музокирот ворид намуданд.

Њамдигарфањмии тамоми ќуввањои сиёсии мамлакат дар лањзаи барои давлату миллат хатаранок ба наздик намудани имзои созишнома муосидат намуд. Эмомалї Рањмон ба ин тарафи масъала дахл намуда ќайд намуданд, ки «Дастоварди дигари муњим ин, бешубња, њосил шу­дани якди­гар­фањмии тамоми ќуввањои сиёсии мамлакат, яъне ман­фиатњои олии Ватан, миллат ва давлати соњибис­тиќло­ламонро дар мад­ди аввал гузоштани онњо мебошад.»[6]

Вањдат бояд њолат, раванд, самти инкишоф, ѓояи миллї ва муттањидкунанда, арзиши таѓйирнопазири вобаста ба даврањо ва шароити таърихи њар љомеа ва давлат бо мазмуну мундариљаи нав рушдкунанда, ягонагии халќу миллат ва субъектону иштирокчиёни муносибатњои сиёсї дар фањмиши ватану ватандорї, давлату дав­латдорї, худшиносиву худогоњї ва њуввияти миллї арзёбї гардад.

Санаи 27 июни соли 1997 имрўз ва њазор солањои дигар низ барои мо азизтарин санаи таърихї ва љашни миллии мо мањсуб хоњад ёфт. Зеро ваќти аз замони ба имзо расидани Созишнома гузашта, ки он ќадар давраи тулонї нест, собит намуд, ки сулњу вањдат дар ченаки вазъ ва суботи сиёсию ичтимої, иќтисодиву фарњангї ва њуќуќии љомеа ва давлат дар сари хат ќарор дошта, он асоси пешравї, фаъолияи созандаву бунёд корона, эљодкорї, навъоварї, нишон додани симои миллату чењраи миллї ва боло рафтани обрўю эътибори байналмилалии давлат ме­бо­шад.

Мо вањдати миллї бояд сидќан бовар дошта бошем ва онро њам­чун гавњараки чашм њифз намоем.



[1] Ниг. Бунёди давлатдории навин. Москва: Радуница, 2002. Сањ.14.

[2] Эмомалї Рањмонов. Суханронї дар њузури устодон ва шунавандагони Донишгоњи СММ дар Токио. Истиќлолияти Тољикистон ва эњёи миллат. Љилди 4. Душанбе-«Ирфон» 2002. С.99.

[3] Эмомалї Рањмонов. Суханронї ба муносибти 5- солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиќ­рори сулњ ва ризоияти миллї.(26 июни соли 2002) Истиќлолияти Тољикистон ва эњёи миллат. Љилди 4. Душанбе. «Ирфон» 2002. С.427.

[4] Эмомалї Рањмонов. Суханронї ба муносибти дуввумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиќ­рори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистоназ 26 июни соли 1999. Истиќлолияти Тољикисон ва эњёи миллат. Љилди 3. Душанбе-«Ирфон» 2002. С.117.

[5] Дар њамонљо. Сањ.101.

[6] Эмомалї Рањмонов. Суханронї ба муносибати дуввумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиќ­рори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистоназ 26 июни соли 1999. Истиќлолияти Тољикисон ва эњёи миллат. Љилди 3. Душанбе-«Ирфон» 2002. С.118.

 

Гулзорова М. М.

Судяи Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон,

Холмуродзода П. Х.

коромўз - судяи Шўрои адлияи

Љумњурии Тољикистон

ТАНОСУБИ ЊУЌУЌУ ОЗОДИЊОИ СИЁСИИ
ШАЊРВАНДОН БО ДИГАР ЊУЌУЌУ ОЗОДИЊОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ОНЊО

Дар љомеаи имрўза мавќеи махсуси њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд нисбат ба њуќуќу озодињои сиёсї ва гурўњи дигари њуќуќу озодињо, ки њар яки онњо дар алоњидагї вазифањои асосии ба худ хосро доранд ва ба ин ё он соњаи њаёту фаъолияти шахс алоќаманд мебошанд, ањамияти муњим дорад. Њуќуќу озодињои сиёсии шањрвандон аз низоме иборат аст, ки онњо ба якдигар алоќамандию пайвастагї доранд. Зеро њар як гурўњи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд бо њамдигар њамкории зич дошта, њамдигарро пурра месозанд.

Њуќуќу озодињои сиёсї, асосан, барои шањрвандони љумњурї таъин гардидаанд. Бо вуљуди ин њуќуќу озодињои сиёсии шањрванд њамчун њуќуќу озодињои фардї ќисми таркибии вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд буда, њуќуќи инкорнашавандаи онњо мебошад.

Аз ин рў, хусусияти хоси давлати демократї дар он аст, ки вай низоми њуќуќу озодињои сиёсие, ки иштироки шањрвандонро дар њаёти сиёсии љомеа ва давлат таъмин мекунад, муќаррар менамояд.

Вобаста ба ин, шакли љумњурии идоракунии давлат ва моњияти демократии он дар соњибихтиёрии халќ ифода меёбад, ки мутобиќи он халќ баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї ба шумор рафта, барои амалї гардонидани ин хусусиятњо ба шањрвандон њуќуќу озодињои сиёсие муќаррар ва кафолат дода мешавад, ки амалан иштироки фаъолонаи онњоро дар татбиќи соњиб­ихтиёрии халќ таъмин менамояд.

Фаъолияти сиёсии шањрванд ва пойдориву устувории давлат ба якдигар зич алоќаманд буда, дар заминаи иштироки фаъолонаи шањрвандон дар њаёти сиёсии мамлакат, фаъолияти маќсадноки низоми сиёсии љомеа ба роњ монда мешавад.

Мувофиќи Конститутсия њар як шањрванд њаќ дорад дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї бевосита ва ё бо воситаи вакилонаш иштирок намояд (моддаи 27). Шарти муњими соњиб гардидан ба ин њуќуќу озодињо ва татбиќи онњо, синну сол, ањволи саломатї ва дигар њолатњо мебошад. Мувофиќи моддаи 27 Конститутсия, шахсоне, ки аз тарафи суд ѓайриќобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиќи њукми суд дар љойњои аз озодї мањрумшудагон нигоњ доша мешаванд, њуќуќи дар интихобот ва раъйрпурсї иштирок кардан надоранд.

Вобаста ба ин, саволе ба миён меояд, ки он шањрвандоне, ки бинобар вазъи саломатии худ: мањдуд будани ќувваи аќлонї кирдори худро дарк карда наметавонанд, лекин аз тарафи суд ѓайриќобили амал эътироф карда нашудаанд, њуќуќи дар интихобот ва раъйпурсї ширкат варзиданро доранд ё не?

Агар мо дар ин љо ба моддаи 27 Конститутсия такя кунем, пас онњо њуќуќи дар маъракањои муњими сиёсї: интихобот ва раъйпурсї иштирок карданро доранд, зеро онњо аз тарафи суд ѓайриќобили амал дониста нашудаанд.

Дар ин љо боз саволи дигаре ба миён меояд: оё мумкин аст, ки дар ин гуна њолатњо бо њамроњии он шахсоне, ки дорои бемории рўњї буда, аз тарафи суд ѓайриќобили амал дониста нашудаанд, парасторони онњо ба участкањои интихоботї ва раъйпурсї њозир шаванд ва ба онњо барои амалї намудани њуќуќњои сиёсии худ кўмак кунанд? Ингуна саволњо кам нестанд ва њамаи онњо љавоби худро металабанд.

Вобаста ба ин шањрванд дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї дар шаклњои гуногун иштирок менамояд, ки шаклњо аз меъёрњои консти­тут­сионї, ќонунњои конститутсионї, ќонунњои љорї ва санадњои зерќонунї бармеоянд.

Онњо ба шањрванд њуќуќи интихоб кардан ва њуќуќи интихоб шуданро ба мансабњои вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олї, вакили Маљлиси вакилони халќ ва дигар маќомоти интихоботї, иштирок кардан дар раъйпурсии умумихалќї, иштирок дар интихобот ва ѓайраро медињанд. Ин шаклњо аз тарафи шањрвандон асосан ба тарзи дастаљамъї амалї гардонидани њуќуќи онњоро барои иштирок дар њаёти сиёсии љомеа ва идораи давлат таъмин менамоянд, ки ин меъёр ба талаботи њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї њамоњанг аст. Зеро дар он гуфта шудааст, ки њар як шањрванд бе њељ гуна поймолкунї ва мањдуднамоии беасос дар корњои давлатї иштирок карда, баробар дар кишвари худ ба хизмати давлатї роњ дода мешавад.

Ин меъёр њуќуќи баробари шањрвандро мувофиќи лаёќату тайёрии касбии он бе њељ як мањдудкунї барои ишѓол намудани њар кадом мансаби давлатї ифода мекунад, ки ин асоси худро аз моддаи 17 Конститутсия мегирад. Мутобиќи ин модда њама дар назди ќонун ва суд баробар буда, аз њуќуќу озодињои баробар истифода мебаранд. Дар ин љо муќаррароти мазкур ба гурўњи дигари њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ишора месозад, ки онњо бевосита дар худи Конститутсия мустањкам карда шуда, бо њуќуќу озодињои сиёсии шањрванд вобастагии сахт доранд.

Давлат дар баробари њуќуќу озодињои фардї њуќуќу озодињои сиёсиро низ эътироф, риоя ва њимоя мекунад, ки ин бевосита аз банди 2 моддаи 17 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон бармеояд. Мутобиќи банди 2 моддаи 17 Конститутсия давлат ба њар кас, ќатъи назар аз миллат, нажод, љинс, забон, эътиќоди динї, мавќеи сиёсї, вазъи иљтимої, тањсил ва молу мулк, њуќуќу озодињоро кафолат медињад.

Хусусияти табиї доштани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд аз он бармеояд, ки барандаи ягонаи соњибихтиёрї ва сарчашмаи њокимияти давлатї худи халќ ба шумор меравад. Ин асоси муњими сохтори конститутсионии Љумњурии Тољикистон бевосита таввасути њуќуќу озодињои сиёсии њар як шањрванд ба амал бароварда мешавад.

Дар баробари ин, Конститутсия озодии муњољиратро кафолат додаст, ки тибќи он њар як шахс метавонад ба таври ќонунї ба њудуди Тољикистон ворид шавад, истиќомат кунад, бе ягон мањдудият тарки њудуди давлат кунад. Ин њуќуќ шањрвандон метавонад мањдуд карда шавад. Чунончи, мувофиќи моддаи 25 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи муњољират» ба шањрванди Љумњурии Тољикистон дар њолатњои зерин њиљратро рад кардан мумкин аст, агар ў:

– аз маълумоти дорои сирри давлатї ё дигар навъи сирри тибќи ќонун њифзшаванда огоњ, бошад;

– дар содир кардани љиноят њамчун гумонбар дастгир ё ба сифати айбдоршаванда љалб шуда бошад - то ќабул намудани ќарор вобаста ба парванда ё эътибори ќонунї пайдо кардани њукми суд;

– барои содир намудани љиноят мањкум шуда бошад - то адои мўњлати љазо;

– дар хизмати њарбии њатмї бошад - то анљоми муњлати адои ин хизмат;

– њангоми ба расмият даровардани њуљљатњо љињати њиљрат аз Љумњурии Тољикистон дидаву дониста дар бораи худ маълумоти бар­дурўѓ дода бошад - то аз љониби маќоме, ки чунин аснодро ба рас­мият медарорад, њал гардидани ин масъала, вале на зиёда аз як моњ;

– аз иљрои уњдадорињое, ки суд ба зиммаи ў гузоштааст саркашї кунад - то иљрои уњдадорињо;

– нисбат ба ў ба суд даъвои шањрвандї пешнињод шуда бошад - то анљоми истењсолоти парванда.

Вобаста ба ин, њуљљати асосие, ки дар асоси он шахс њудуди давлатро тарк ва ё ба он баргашта меояд, шиноснома ба шумор меравад, ки он мансубияти (шањрвандї) шахсро ба ин ё он давлат исбот мекунад. Шањрвандї бошад ба гуруњи њуќуќу озодињои сиёсии шањрванд шомил мебошад.

Мувофиќи моддаи 26 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон «њар кас њаќ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустаќилона муайян намояд, алоњида ва ё якљоя бо дигарон динеро пайравї намояд ва ё пайравї накунад, дар маросим ва расму оинњои динї иштирок намояд».

Дар ин асос, Конститутсия озодии виљдонро кафолат медињад, ки вобаста ба он Љумњурии Тољикистон давлати дунявї эътироф гардидааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки дин аз љониби давлат мавриди танзим ќарор дода намешавад.

Дар асоси гуфтањои боло, маљмўи њуќуќу озодї ва вазифањои њуќуќии инсон ва шањрванд низоми муайянро ташкил мекунанд. Ин низом бо ягонагии дохилии њуќуќу озодї ва вазифањои њуќуќї асос ёфта, вобастагї ва ба якдигар алоќамандии онњоро инъикос мекунад.

Низоми ягонаи њуќуќу озодї ва вазифањои њуќуќї самтњои гуногуни њаёт ва фаъолияти инсон ва шањрвандро дар бар мегиранд. Аз ин рў, ин низом мураккаб буда, асоси онро њуќуќу озодї ва вази­фањои конститутсионї ташкил менамоянд, ки дар навбати худ онњо низоми нисбатан мустаќилро ташкил мекунанд.

Њуќуќу озодї ва вазифањои асосии инсон ва шањрванд бо якдигар алоќаманд буда, иљрои яке аз онњо барои татбиќи дигар њуќуќњо замина мегузорад. Масалан, амалї гардонидани њуќуќ ба мењнат барои татбиќи њуќуќ ба истироњат, таъминоти иљтимоии шахс дар пиронсолї, њангоми беморї, маъюбї, гум кардани ќобилияти мењнатї, мањрум шудан аз сарпараст асос мешавад. Бе амалї гардонидани њуќуќ ба мењнат дар хусуси њуќуќ ба истироњат ва таъминоти иљтимої сухан рондан мазмун надорад.

Ё ки татбиќи њуќуќ ба тањсил ва соњиби касбу ихтисос шудан барои интихоб ва ё таъин шудан ба мансабњои муайяни давлатї асос мегардад.

Мувофиќи моддаи 65 Конститутсия ба сифати судяњои Суди Олї, Суди Олии иќтисодї ва ѓайра њуќуќшиносоне, ки маълумоти муайяни њуќуќї доранд, интихоб ва ё таъин карда мешаванд. Барои ишѓоли вазифаи судяи Суди конститутсионї низ маълумоти њуќуќї зарур аст.

Иљрои баъзе аз вазифањои асосї барои боздоштан ва ё мањдуд кардани њуќуќу озодињои дигари шахс сабаб мегардад.

Масалан, мувофиќи моддаи 43 Конститутсия иљрои хизмати њарбї вазифаи муќаддаси шањрванд буда, адои он барои боздоштани як ќатор њуќуќу озодињои конститутсионї (мањрамияти мукотиба, суњбатњои телефонї, муросилот ва мухобироти шахс, њуќуќ ба мусофират, интихоби озоди мањалли зист, тарки љумњурї, њуќуќи мутта­њид шудан, њуќуќ ба иштирок дар маљлисњо, гирдињамоињо, намоиш­њо, роњпаймоињои осоишта, њуќуќ ба мењнат ва њуќуќи истироњат) асос мегардад.

Ба њар як давраи инкишофи љомеа ва давлат низоми муайяни њуќуќу озодї ва вазифањои асосї мувофиќат мекунад. Ба марњилањои гуногуни инкишофи љомеаи шўравї низоми њуќуќу озодињо ва вазифањое хос буданд, ки моњияти он давраро инъикос намуда, ба иљрои маќсаду вазифањои њизби коммунист ва давлат мувофиќат мекарданд.

Соњибихтиёрии Тољикистон ва таѓйир ёфтани тамоилу арзишњо ва моњияти љомеа ва давлат, ба низоми нави њуќуќу озодї ва вазифањои асосї замина гузоштанд. Низоми дар Конститутсияи нав мустањкам гардида муќаддас ва дахлнопазир будани озодї ва њуќуќи шахс, њаёт, ќадр, номус ва дигар њуќуќњои фитрии инсонро кафолат дода, њифзи гуногуншаклии моликият, баробарњуќуќии њама ва дигар арзишњои башариро муќаррар менамояд.

Низоми нави њуќуќу озодї ва вазифањои конститутсионии инсон ва шањрванд нисбат ба низоми пешина њарчи бештар ба меъёрњои байналмилалї оид ба њуќуќи инсон шабоњат дорад. Мањз ба њамин муносибат дар моддаи 14 Конститутсия муќаррар гардидааст, ки њуќуќу озодии инсон ва шањрванд бо воситаи Конститутсия, ќонун­њои љорї, санадњои байналмилалии аз тарафи Љумњурии Тољикистон эътироф гардида њифз карда мешавад.

Хусусияти хоси низоми њуќуќу озодињои дар Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон муќарраргардида, аз он иборат аст, ки онњо бештар ба инсон сарфи назар аз шањрвандии вай таъин гардидаанд. Вобаста ба ин, њуќуќу озодии фитрии инсон дар Конститутсия инкишоф ёфтанд ва кафолатњои онњо ривољ дода шудаанд.

Њамин тавр, низоми њуќуќу озодњои сиёсии шањрванд бо дигар њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар таносуб ќарор дошта, њамдигарро пурра месозанд. Ин бори дигар бартарияти Конститутсияи навро нишон медињад. Бори дигар бояд ќайд кард, ки низоми нави њуќуќу озодї ва вазифањои конститутсионии инсон ва шањрванд нисбат ба низоми пешина њарчи бештар ба меъёрњои байналмилалї оид ба њуќуќи инсон шабоњат дорад.


Ф.С. Сулаймонов

дотсенти кафедраи њуќуќи

байналмилалии Донишгоњи

миллии Тољикистон,

номзади илмњои њуќуќшиносї

МАСОИЛИ ТАНЗИМИ ЊУЌУЌИ АШЁГЇ ДАР КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Бо Амри Президенти Љумњурии Тољикистон гурўњи корї оид ба коркарди Кодекси граждании Љумњурии Тољи­кистон (минбаъд - КГ) дар тањрири нав таъсис дода шудааст. Бояд гуфт, ки масъалаи коркарди КГ дар замони муосир ва давраи инкишофи муносибатњои љамъиятии Љумњурии Тољикистон, масъалаи рўзмарра буда, бањри ба таври дахлдор ба танзим даровардани муносибатњои молу мулкї ва ѓайри молу мулкї, ки ба сифати предмети танзими ќонунгузории гражданї эътироф карда мешаванд, равона карда шудааст. Ќайд намудан бомаврид аст, ки КГ аз 3 ќисм иборат буда, ќисми якуми он аз соли 2000 инљониб амал намуда истодааст. Њарчанде, ки дар љараёни инкишофи муносибатњои молу мулкї ва ѓайри молу мулкие, предмети танзимнамоии худи КГ мебошанд, њам ба ќисми якум ва њам ба дигар ќисмњои КГ, таѓйиру иловањои дахлдор ворид карда шуда бошанд њам, аммо таѓйироти куллии КГ, яъне дар тањрири нав тањия ва омода намудани њар се ќисми он мањз имрўз ба амал бароварда шуда истодааст.

Њадафи асосии гурўњи корї оид ба тањия ва коркарди КГ дар тањрири нав ин тањияи ќонуне мебошад, ки њам ба муносибатњои инкшофёфтаи љомеаи муосир љавобгў буда, манфиатњои тамоми субъектњои муносибатњои дахлдори љамъиятиро бояд ба назар гирад. Дар њаќиќат њам, имрўзњо дар Тољикистон як ќатор муносибатњое арзи вуљуд доранд, ки дар муќаррароти КГ ба танзим дароварда нашудаанд. Чунин њолати «ѓайританзимї» ба инкишофи муносибатњои љамъиятї, амалї намудани њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд садди роњ мегарданд.

Ин гуна масъалањои њалталаб, ки дар љараёни татбиќи КГ ва ба таври дахлдор танзим намудани муносибатњои гражданї-њуќуќї монеа эљод менамоянд, бисёранд (ба сифати объекти «махсус»-и њуќуќњои гражданї эътироф намудани њуќуќи заминистифодабарї; ба сифати объектњои њуќуќи моликияти оммавї эътироф намудани объектњои моликияти истисної; масоили коопе­ративњо, ки мутобиќи таѓйироти охирин ба КГ ба тиљоратї ва ѓайри­тиљоратї таќсим карда шудаанд ва ѓайра). Ќайд намудан бомаврид аст, ки вобаста ба баъзе аз масъалањои бањсноки дарљшуда мо фикру аќидаи худро ќаблан низ дарљ намуда будем.

Албатта, дар чањорчўбаи як маќола баррасї намудани тамоми масъалањо вобаста ба проблемањои гуногуни КГ ѓайриимкон мебошад. Аз ин лињоз, дар маќолаи мазкур мо кўшиш намудем вобаста ба масъалаи њуќуќи ашёгї як ќатор фикру аќидањои худро баён намуда барои такмили фасли дахлдори КГ пешнињодњои худро баён намоем.

1. Масоили њуќуќи ашёгї.

Муќаддима. Таърихи Љумњурии Тољикистон далолат аз он медињад, ки дар кишвари мо масъалаи њуќуќњои ашёгї дар ягон давру замон ба сифати объекти тањќиќ ва мавриди баррасии дахлдор на аз љониби кормандони илм ва на аз љониби таљрибаи њуќуќї ќарор нагирифтааст, ба истиснои баъзе аз санадњои меъёрии њуќуќї, аз љумла Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи моликият», ки эътибори худро бо мавриди амал ќарор додани ќисми 1 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон гум намуд ва ќарорњои Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон оид ба баъзе аз масоиле, ки дар таљрибаи баррасї намудани парвандањои вобаста ба њуќуќи моликият ба хонаи истиќоматї ба миён меоянд аз 29 июни соли 1989 ва 25 июни соли 2004, инчунин, ќарори Пленуми Суди Олии иќтисодии Љум­њурии Тољикистон «Оид ба баъзе масъалањои таљрибаи њалли бањс­њое, ки ба њимояи њуќуќи моликият ва дигар њуќуќњои амволї алоќаманд мебошанд».

Дар замони муосир, њарчанде, ки КГ ба сифати яке аз танзимкунандагони асосии як ќисми муносибатњои ашёгї-њуќуќї – њуќуќи моликият баромад намуда, дар он меъёрњои асосї дарљ шуда бошанд њам, аммо дар маљмўъ масъалаи танзим ва мустањкамнамоии њуќуќњои ашёгї дар КГ набояд ќаноатбахш муаррифї карда шавад. Зеро, дар он як ќатор масоили асосие, ки ба њуќуќњои ашёгї иртибот доранд, аз ќабили тасарруф ва њуќуќњои мањдуди ашёгї, умуман муќаррар карда нашудаанд. Аз ин лињоз, масъалаи мазкур дар КГ бояд ба таври дахлдор баррасї карда шавад.

Умуман, ќисми дахлдори КГ, ки дар он масоили њуќуќњои ашёгї пешбинї карда хоњанд шуд, бояд «њуќуќњои ашёгї» номида шавад. Зеро, ин категорияи њуќуќї хусусияти умумї дошта, инъикоскунандаи тамоми пањлўњо ва моњияти масъала мебошад. Инчунин, дар шакли љамъ, яъне «њуќуќњои ашёгї», на «њуќуќи ашёгї» номгу­зорї намудани ин ќисмати КГ, маънои ба сифати объекти танзим ќарор додани мањз њуќуќњои субъективии гражданиро оид ба тасарруф, истифодабарї ва амалї намудани дигар ваколатњои дахлдори субъектони њуќуќи гражданиро нисбати ашёи бо нишони инфиродї муайяншуда доро мебошад (дар маънои субъективї). Албатта, аз лињози низоми њуќуќи гражданї њамчун фанни таълимї, соњаи њуќуќ ва илми њуќуќшиносї њуќуќи ашёгї ба сифати яке аз зерсоњањои њуќуќи гражданї (дар маънои объективї) эътироф карда мешавад. Аммо, фикр мекунем, ки вазифаи асосии ќонунгузории гражданї, мањз муќаррар ва танзим намудани њуќуќњои субъективии гражданї, аз љумла њуќуќњои ашёгї, мебошад.

Масоили тасарруф (соњибї). Баррасї намудани масъалаи њуќуќ­њои ашёгї чун њуќуќњои субъективии гражданї аз баррасї ва ба таври дахлдор танзим намудани институти тасарруф (владение, роsse­siones) алоќамандии зич дорад.

Тасарруф, таърихан, ба сифати яке аз масъалањои марказии илми њуќуќи гражданї баромад намуда, дар илми њуќуќи гражданї ва ќонунгузории кишварњои мутарраќї мавриди танзими дахлдор ва баррасї ќарор гирифтаанд. Тавре ки ќайд намудем, бо сабабњои гуногуни объективї ва идеологию сиёсї, азбаски институти њуќуќи ашёгї дар ќонунгузории собиќ ИЉШС ва дигар љумњурињои шўравї, аз љумла РСС Тољикистон, ба таври дахлдор мавриди танзим ќарор нагирифта буд, ин ба инкишофи институти тасарруф дар Љумњурии Тољикистон ва ќонунгузории граждании муосир таъсири манфї расонид.

Оид ба моњияти ибораи «тасарруф» бояд ќайд карда шавад, ки ин ибора аз ибораи «соњибї», ки дар КГ дар ќисмати њуќуќи моликият дарљ карда шуда, ба маънои дигар истифода мешавад, фарќияти калон дорад. Инчунин, дар њуќуќи гражданї, ки аз ќонунгузории Рими ќадим маншаъ мегирад, ибораи «тасарруф» бо ибораи «possessio» дарљ карда мешуд, њол он, ки ибораи «соњибї кардан» њамчун яке аз ваколатњои соњибмулк ба сифати «jus utendi fruendi» эътироф карда шуда буд. Бар замми ин, истифодаи ибораи «тасарруф» аз он лињоз ќуллай ва асоснок мебошад, ки мутобиќи баъзе аз меъёрњои Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон ибораи мазкур мањз бо маъное, ки ибораи «possessio» дорад, истифода бурда мешавад. Масалан, мутобиќи моддаи 244 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки таркиби љинояти дуздиро муќаррар менамояд, дар диспозитсияи он оид ба тасарруфи пинњонї сухан меравад.

Дар КГ оид ба масъалаи мазкур ягон меъёр ва ё ќоидае вуљуд надо­рад. Танњо дар моддаи 285 («Давомнокии муњлати ба даст овардан»), моддаи 321 («Эътирофи њуќуќи моликият») ва моддаи 322 («Талаб карда гирифтани молу мулк аз бадастаоварандаи ѓайри­ќонунї») оид ба баъзе аз масоили тасарруф сухан меравад, ки ин меъёрњо, асосан, бањри њимояи манфиатњои молик равона карда шудаанд. Ќайд намудан зарур аст, ки танњо дар моддаи 326 КГ оид ба њифзи њуќуќи соњибе, ки молик намебошад, сухан меравад, ки бо назардошти камбудињои зиёде наметавон ќаноатбахш эътироф кард. Зеро ин меъёр на њамаи муносибатњое, ки институти тасарруф онро бояд дар бар гирад, дар бар мегирад. Аз љумла, дар моддаи мазкури КГ оид ба њимояи њуќуќњои соњибе, ки ашёро дар асоси ин ё он унвони њуќуќї (правовой титул) соњиб мебошад, эътироф карда мешавад. Њол он, ки институти тасарруф, инчунин, бањри њимояи тасарруфияти беунвон (безтитульное владение) низ равона карда шудааст.

Аммо, чунин танзимнамоии масъалаи тасарруф, ки на дорои мафњум, на муќарраркунандаи объектњои он, на дарљкунандаи хусу­сиятњои њимояи тассарруф ва дигар масъалањои марбут ба масъалаи мазкур мебошанд, набояд ба таври дахлдор эътироф намуд.

Бинобар ин, зарурияти дарљ намудани ќоидањои асосї оид ба тасарруф дар КГ ба миён омадааст. Дар ин асно, дар КГ вобаста ба масъалаи мазкур бояд чунин њолатњо ба назар гирифта шаванд:

– тасарруф дар КГ бояд ба сифати факти воќеї бањо дода шавад, ки мутобиќи он шахс њокимияти худро нисбати ашё бе мамонияти шахси дигар ба амал бароварда метавонад. Ба сифати факти воќеї эътироф карда шудани тасарруф дар КГ, бояд аз он шањодат дињад, ки тибќи муќаррароти ин меъёрњо тамоми намуди тасарруф, аз љумла тасарруфе, ки дар ин ё он унвони њуќуќї асос наёфтааст, бояд њимоя карда шавад;

– эътирофи тасарруф ба сифати факти воќеї, аммо на ба сифати хуќуќ, аз он далолат медињад, ки барои исбот ва њимояи тасарруф аз љониби соњиб ягон унвони њуќуќї набояд исбот карда шуда, суд дар њолати њимояи тасарруф бояд онро нисбати ашёи бо нишони инфиродї муайяншуда, ки дар тасарруфи соњиб дар лањзаи бањс ќарор дорад ва ё мањз барои баргардонидани он соњиб ба суд мурољиат намудааст, ба сифати эњтимолияти ќарор доштани он дар тасарруфияти соњиб њимоя намояд;

– азбаски тасарруф худ ба сифати факти воќеї баромад менамояд, мутобиќи моњияти ин институт, тасарруфи ѓайриќонунї низ бояд мавриди химояи гражданї-њуќуќї ќарор гирад. Пас, аз ин бармеояд, ки тассаруфи дуздон ва дигар шахсоне, ки ѓайриќонунї ин ё он ашёро ба даст овардаанд, аз љониби суд бо талаби онњо њимоя карда шавад;

– бањри аз байн бурдани таљрибаи нодуруст ва минбаъд асос надодан барои ба миён омадани чунин таљриба, дар КГ оид ба сифати объекти њуќуќњои гражданї баромад накардани худи тассарруф бояд меъёр муќаррар карда шавад. Чунин меъёр бањри он бояд равона карда шавад, ки тассаруф ба сифати объекти муносбатњои гражданї-њуќуќї ва њуќуќњои субъективии гражданї набояд баромад намояд. Ин маънои онро дорад, ки тассаруф худ ба сифати воќеияти њуќуќї баромад намуда, он ба сифати њуќуќи молу мулкї (њуќуќи талаб намудан) баромад карда наметавонад. Пас, аз ин бармеояд, ки ањдњо бањри ба даст овардани тасарруф њамчун факти воќеї баста шуда наметавонанд ва дар њолати баста шудан чунин ањдњо, онњо бояд мутлаќо беэътибор дониста шаванд;

– вобаста аз он, ки тасарруф ба сифати факти воќеї эътироф карда мешавад, бинобар ин бањри њимояи тасарруф низ бояд муњлати муайян муќаррар карда шавад. Дар њолати гузаронидани муњлати муайян тасарруф тариќи аризаи даъвогї њимоя карда намешавад, аммо он набояд ѓайриќонунї эътироф карда шавад. Яъне, дар њолати гузаштани муњлати даъво тасарруф њамчун факти воќеї боќї хоњад монд, аммо тариќи аризаи даъвогї њимояи он аллакай имконнопазир хоњад гардид. Пешнињод карда мешавад, ки муњлати њимояи тасарруф 3 (се) сол муќаррар карда шавад. Оѓози муњлати даъво аз лањзаи гум намудани тасарруф њамчун факти воќеї муќаррар карда мешавад;

– дар КГ бояд дарљ карда шавад, ки ба сифати субъектњои тасарруф тамоми шахсон, яъне субъектњои њуќуќи гражданї, баромад карда метавонанд. Инчунин, ба сифати субъектони тасарруф шахсоне эътироф карда шаванд, ки дар муносибатњои гражданї-њуќуќї баромад карда наметавонанд, аз љумла, ноболиѓон, шахсони дорои ќоби­лияти амалкунии мањдуд ва ѓайриќобили амал. Асоси пешни­њоди чунин ќоида дар он аст, ки шахсони дарљшуда, новобаста аз он, ки дар муносибатњои гражданї-њуќуќї ба сифати субъект баромад накунанд њам, аммо ба сифати соњиб (тасарруфкунанда) баромад карда метавонанд. Иштироки онњо дар муносибатњо вобаста ба њимояи тасарруф метавонад тариќи институти намояндагї сурат гирад.

– дар КГ њолати «бисёршахсї дар тасарруф»-ро баррасї намудан лозим мебошад. Зеро дар таљриба чунин њолатњо зиёданд (масалан, сохтани амволи ѓайриманќул ва то ба ќайди давлатї гирифтани худи ин объект ва њуќуќњо ба он мутобиќи муќаррароти ќонунгузории љорї аз љониби якчанд шахс). Аз ин сабаб, пешнињод карда мешавад, ки дар КГ меъёр оид ба аз љониби ду ва зиёда шахс дар асосњои умумї тасарруф намудани объектони тасарруф дарљ карда шавад;

– бо сабаби он, ки тасарруф њамчун факти воќеї ва њамчун асоси ба вуљуд омадани њуќуќњои ашёгї эътироф карда мешавад, объектони тасарруф ин як ќатор объектони њуќуќњои гражданї, ки дар КГ муќаррар карда шудаанд (м.141) ва тибќи таъиноти худ ба моњият ва мазмуни муносибатњои мазкур мутобиќат менамоянд, бояд эътироф ва дар ин ќисми КГ муќаррар карда шаванд. Аз љумла, ба сифати объектњои тасарруф танњо ашёи бо нишони инфиродї муайяншуда, пулњои наќд ва ќоѓазњои ќиматноки њуљљатї баромад менамоянд ва ин объектон бояд њатман дар КГ муќаррар карда шаванд;

– бањри аз байн бурдани баъзе аз мухолифатњо њам дар таљрибаи амалї ва њам дар таљрибаи ќонунгузорї, дар КГ оид ба сифати объекти тасарруф баромад накардани объектњои моликияти истисної (м.13 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон) меъёр муќаррар карда шавад. Зеро, институти мазкур хоси муносибатњои гражданї-њуќуќї набуда, он, асосан, хусусияти оммавї-њуќуќї дорад.

– моњияти умумии тасарруф ва љой додани он дар КГ ба сифати факти воќеї, ин дар њимоя намудани он мебошад. Барои ин њам, мањз њимояи тасарруф дар КГ ба таври дахлдор ва пурра дарљ карда шавад. Аз љумла, дар КГ бояд масъалаи хусусияти њимояи тасарруф, яъне оќибати барќарор намудани тасарруф муќаррар карда шавад. Пешнињод карда мешавад, ки тасарруфе, ки мавриди поймолкунї ќарор гирифтааст, дар шакли баргардонидани объекти тасарруф ба шахси даъвокунанда, яъне соњиб (тасарруфкунанда), мавриди барќароркунї ќарор гирад.

Мафњуми њуќуќњои ашёгї. Бањри муќаррар намудани ќоидањои умумї оид ба њуќуќњои ашёгї ва танзими дахлдори муносибатњои љамъиятие, ки дар заминаи онњо сурат мегиранд, бояд мафњуми њуќуќњои ашёгї дода шавад. Пешнињод карда мешавад, ки таърифи њуќуќњои ашёгї ба сифати њуќуќи субъективии граждание эътироф карда шавад, ки ба дорандаи худ имконияти истифода намудани объектњои њуќуќњои ашёгиро бо назардошти худ ва бе мамонияти шахсони сеюм фароњам оварда, аз љониби ќонунгузорї муќаррар ва њифз карда мешаванд.

Аз мафњуми мазкури њуќуќњои ашёгї бояд чунин хусусиятњои он мавриди баррасї ќарор дода шуда, дар КГ ин хусусиятњо ба таври дахлдор дарљ карда шаванд:

њуќуќњои ашёгї танњо дар КГ бояд муќаррар карда шаванд. Дар ќонунгузории дигари соњавї, аз љумла дар Кодекси замини Љумњурии Тољикистон, инчунин, дар дигар санадњои меъёрии њуќуќие, ки дар заминаи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон тањия ва ќабул карда мешаванд, муќаррар ва ё танзим намудани ин ё он њуќуќњои ашёгї бояд манъ карда шавад. Бањри муќаррар намудани њуќуќи ашёгии нав, аз љумла ин ё он њуќуќњои мањдуди ашёгї, дар КГ бояд дарљ карда шавад, ки ин њолат танњо њангоми ба КГ ворид намудани таѓйиру иловањои дахлдор тибќи ќоидањои љорї имконпазир мебошад;

объектњои њуќуќњои ашёгї бояд мушаххас муќаррар карда шаванд. Яъне, дар КГ бояд муќаррар карда шавад, ки ба сифати объектони њуќуќи ашёгї танњо ва танњо ашёњои бо нишони инфиродї муайяншуда, пулњои наќд ва ќоѓазњои ќиматноки њуљљатї баромад менамоянд. Дигар ашёњо, танњо баъди ба сифати инфиродї муайян шудани онњо, метавонанд ба сифати объекти њуќуќњои ашёгї эътироф карда шаванд. Ин њолат имкон медињад, ки тамоми меъёрњои дахлдори КГ оид ба њуќуќњои ашёгї, мањз нисбати он њуќуќњои субъективии ашёгї, ки дар КГ дарљ карда шуда нисбати объектњои дахлдор ва мушаххас нишон дода шудаанд, татбиќ карда мешаванд. Дар њолати муќаррар намудани чунин ќоидањо нисбати объектњои њуќуќи ашёгї, як ќатор њуќуќњои субъективї, ки худ њељ гоњ ба сифати объекти њуќуќњои субъективии гражданї баромад намекунанд, аз ќабили њуќуќи талаб намудан, инчунин, њуќуќи заминистифодабарї ба сифати объекти њуќуќњои ашёгї эътироф карда намешаванд. Пас, дар њолати мазкур, яъне њангоми ба сифати объектњои њуќуќи ашёгї эътироф карда нашудани њуќуќњои субъективии гражданї умуман ва њуќуќњои субъективии граждании дар боло дарљшуда, татбиќ намудани воситањои њимояи њуќуќњои ашёгї, ки дар КГ пешбинї карда мешаванд, бањри њимояи ин њуќуќњои субъективии гражданї иљозат дода намешаванд;

дар КГ оид ба бемуњлат будани њуќуќњои ашёгї меъёр дарљ карда шавад. Ќайд намудан зарур аст, ки албатта, дар љараёни инкишофи муносибатњои љамъиятї њама раванд, аз љумла њуќуќњои субъективии гражданї, муњлатнок мебошанд. Аммо, муќаррар намудани муњлати муайян барои бархе аз њуќуќњои граждании субъективї ва бемуњлат эътироф намудани бархе њуќуќњои субъективии дигар мањз барои ба таври дахлдор ба танзим даровардани муносибатњое, ки предмети танзими ќонунгузории гражданї мебошанд ва амалу татбиќи дурусти ин њуќуќњои субъективии гражданї равона карда шудаанд. Пас, барои њимоя намудани њуќуќњои субъективии гражданї бояд муњлати даъво муќаррар карда шавад, зеро бе муќаррар намудани муњлати мазкур татбиќи як ќатор њуќуќњо ѓайриимкон хоњад гардид. Аммо, нисбати њуќуќњои ашёгї набояд муњлати мушаххас дарљ карда шавад, зеро њуќуќи ашёгї ба сифати њуќуќи субъективии граждание, ки бањри ќонеъ намудани манфиатњои субъект бо истифода аз ашёи бо нишони инфиродї муайяншуда равона карда мешавад, то он лањзае ё ин ки субъект ва ё ин ки объект аз байн нараванд, ин њуќуќ бояд боќї монад ва эътироф карда шавад;

яке аз масъалањои дигаре, ки дар КГ вобаста ба њуќуќњои ашёгї дарљ карда шавад, ин равобити байни тасарруф ва њуќуќњои ашёгї мебошанд. Ќайд карда шуд, ки тасарруф ба сифати факти воќеї дар КГ муќаррар карда мешавад ва ин њолат онро таќозо менамояд, ки шахсе, ки дорандаи њуќуќњои ашёгї ба объекти дахлдор намебошад, тасарруфияти худро метавонад њимоя намояд.

Бинобар ин, дар КГ бояд муќаррар карда шавад, ки аз даст додани тасарруфият асоси ќатъ шудани њуќуќи ашёгї ба ин ё он объекти дахлдор намегардад.

Намудњои њуќуќњои ашёгї. Дар КГ бояд чунин намудњои умумиэътирофшудаи њуќуќњои ашёгї дарљ карда шаванд: њуќуќи моликият ва њуќуќи мањдуди ашёгї. Моњият ва мазмуни ин њуќуќњо бояд дар КГ, дар ќисматњои дахлдор, мавриди баррасї ќарор дода шаванд.

Њуќуќи моликият. Ќайд намудан зарур аст, ки ќисмати КГ-и амалкунанда оид ба њуќуќи моликият, дар маљмўъ, бояд мусбї бањо дода шавад. Зеро, меъёрњое, ки дар ин ќисми КГ мустањкам карда шудаанд, ба таври дахлдор ва то андозае пурра ба талаботи муносибатњои гражданї-њуќуќї љавобгў мебошанд.

Аммо, бо назардошти он, ки дар КГ ќисмати њуќуќњои ашёгї љорї карда мешавад, ба ќисмати мазкур бояд як ќатор таѓйиротњо низ ворид карда шаванд. Аз љумла,

1. Дар тамоми меъёрњои дахлдори КГ, њам дар ќисмати њуќуќи моликият ва њам дар дигар ќисматњои КГ, ибораи «молу мулк» бо ибораи «ашё» иваз карда шавад. Аммо, таѓйироти мазкур бояд бо дарназардошти моњият ва мазмуни ин ё он меъёри мушаххас ворид карда шавад. Аз ин лињоз, на њама иборањои «молу мулк» ба ибораи «ашё» таѓйир бояд дода шавад. Масалан, дар ќисми 2 моддаи 235 КГ «Субъектњои њуќуќи моликият» сухан оид ба дахлнопазирии молу мулк рафта, бо сабаби аз лињози мазмуни иќтисодї фањмидани категорияи «моликият» дар меъёри мазкур, на танњо барои дахлнопазирии объектњои њуќуќи моликият, балки умуман, бањри муќаррар намудани дахлнопазирии тамоми молу мулки субъектњо равона карда шудааст.

2. Дар моддаи 235 КГ «Субъектњои њуќуќи моликият» бояд субъектњои њуќуќи моликият бо назардошти ќоидањои умумї оид ба субъектњои њуќуќи гражданї, ки дар ќисматњои дигари КГ пешбинї карда шудаанд, дарљ гарданд. Бинобар ин, азбаски мутобиќи ќонунгузории љории Љумњурии Тољикистон иттињодияњои динї, ташкилотњои љамъиятї худ ба сифати шахси њуќуќї эътироф карда мешаванд, онњо аз моддаи мазкур бояд хориљ карда шаванд. Инчунин, ташкилотњои байналмилалї њамчун субъекти њуќуќи моликият бояд дар моддаи мазкур боќї монад, зеро дар назарияи илми њуќуќ онњоро ба сифати «шахсони њуќуќии байналмилалї» эътироф менамоянд ва вазъи њуќуќии онњо аз шахсони њуќуќии ватанию хориљї фарќ дорад.

3. Шаклњои моликият, ки дар моддаи 236 КГ пешбинї карда шудаанд, такрори меъёри конститутсионї (м.12 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон) мебошад. Инчунин, ќайд намудан зарур аст, ки моликияти давлатњои хориљї, ташкилотњои байналмилалї ва дигар субъектњои давлатњои дигар, ки дар муомилоти гражданї-њуќуќї баромад менамоянд, ба сифати шакли моликият набояд эътироф карда шаванд. Муќаррароти мазкур бояд дар моддаи 235 КГ дарљ карда шавад ва худи моддаи 236 КГ хориљ карда шавад.

4. Дар моддаи 237 КГ бояд оид ба моликияти хусусї, яъне моликияти шахсони њуќуќии ватанию хориљї, шањрвандони Љумњурии Тољикистон ва хориљиён, муќаррароти дахлдор дарљ карда шавад.

5. Моддаи 238 КГ бояд бо назардошти моњият ва мазмуни меъёрњои дигари ќонунгузории љории Љумњурии Тољикистон, аз љумла Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон (м.13) ва хусусияти институти «моликияти истисноии давлат», ки њамеша ва дар њар давру замон хусусияти оммавї-њуќуќї дошт ва дар ќонуни асосии давлат дарљ карда мешуд, бояд аз моддаи мазкур њамчун кисми таркибии моликияти љумњуриявї хориљ карда шавад. Ин имкон медињад, ки объектњои моликияти истисноии Љумњурии Тољикистон, аз љумла замин, сарватњои зеризаминї, об ва фазои њавої аз муомилоти гражданї гирифта шуда, нисбати онњо дар њолатњои дахлдор ягон талаботи субъектњо равона карда нахоњад шуд. Бинобар ин, моддаи 239 КГ низ бояд хориљ карда шавад.

6. Моддаи 240 КГ, ки оид ба њуќуќи моликият ва дигар њуќуќњои молу мулкї ба манзил бахшида шудааст, бо сабаби ба сифати объекти моликияти хусусї ва ё давлатї эътироф гардидани манзил ва минбаъд дар КГ муќаррар карда шудани њуќуќњои мањдуди ашёгї ба манзил, он бояд хориљ карда шавад.

2. Њуќуќњои мањдуди ашёгї.

Номгузорї. Яке аз навоварињои КГ дар ќисми «Њукуќњои ашёгї» ин ќисми таркибии он оид ба њуќуќњои мањдуди ашёгї мебошад, ки ќисми мазкур бояд њамин тавр њам номида шавад. Ќисми мазкур бояд оид ба њуќуќњои мањдуди ашёгї, яъне њуќуќњои субъективии граждание, ки бањри истифода намудани ашёњои бегона равона карда шудаанд, бахшида шавад.

Ќайд намудан зарур аст, ки номгузории ќисми мазкур ба сифати «њуќуќњои мањдуди ашёгї» дорои як ќатор хусусиятњо мебошад. Дар баъзе аз ќонунгузории давлатњо категорияи «њуќуќ ба ашёњои бегона» (jure in re aliena) ба љойи «њуќуќњои мањдуди ашёгї» истифода бурда мешавад. Дар адабиёти њуќуќї вобаста ба масъалаи мазкур фикри ягона вуљуд надорад. Аммо, лозим ба тазаккур аст, ки њарчанде олимон категорияи «њуќуќњои мањдуди ашёгї»-ро бо сабаби он, ки ибораи «мањдуд» дар илми њуќуќшиносї дар маъное фањмида мешавад, ки гўё њуќуќи субъективї пурра буд, аммо бинобар ин ё он сабаб он мањдуд гардидааст (масалан, ќобилияти амалкунии мањдуд) ва дар ин маъно ба он њуќуќњои субъективие, ки њуќуќњои мањдуди ашёгї онњоро таљассум менамоянд, истифода бурда шуда наметавонад. Лекин новобаста аз ин, категорияи мазкур дар бештари ќонунгузории давлатњо истифода бурда мешаванд. Бинобар ин, дар КГ низ бояд категорияи «њуќуќњои мањдуди ашёгї» истифода бурда шавад.

Мафњуми «њуќуќњои мањдуди ашёгї». Пешнињод карда мешавад, ки бинобар бори аввал дар ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон, аз љумла дар КГ, баррасї намудани њуќуќњои мањдуди ашёгї ба таври васеъ ва дахлдор, мафњум ва хусусиятњои онњо дар меъёрњои ќисми мазкури КГ мустањкам карда шаванд. Дар мафњуми категорияи мазкури њуќуќї бояд чунин хусусиятњои асосии он таљассуми худро ёбанд: ба сифати њуќуќи субъективии граждание, ки имконияти истифода намудани ашёњои бегонаро ба шахсони ѓайрисоњибмулк фароњам меоварад, баромад намудан; амалї намудани њуќуќњои мазкур љињати истифода намудани ашёњои бегона бояд дар асоси принсипњои њуќуќи гражданї ва ќонунгузории гражданї, аз ќабили принсипи софдилона ва боадолатона ба амал баровардани њуќуќњои субъективии гражданї, сурат гирад; намудњо, асосњо ва њадди ба амал баровардани њуќуќњои мазкур бояд танњо ва танњо дар КГ пешбинї карда шаванд.

Бо дарназардошти гуфтањои боло пешнињод карда мешавад, ки мафњуми «њуќуќњои мањдуди ашёгї» чунин таъриф дода шавад: «њуќуќњои мањдуди ашёгї њукуќњои субъективие мебошанд, ки дар заминаи принсипњои ќонунгузории гражданї асос ёфта, бањри ќонеъ намудани манфиатњои иштирокчиёни муносибатњои гражданї-њуќуќї аз ашёњои бегона равона карда шуда, намудњо, асосњо ва њадди ба амал баровардани онњо танњо дар Кодекси мазкур пешбинї карда мешаванд».

Намудњои њуќуќњои мањдуди ашёгї. Яке аз масъалањои мураккаби њуќуќњои ашёгї ин худ намудњои њуќуќњои мањдуди ашёгї мебошад. Намудњои њуќуќњои мањдуди ашёгї худ дар ќонунгузории мамлакатњои хориљї вобаста аз инкишофи муомилоти гражданї-њуќуќї ва талаботи љомеа ба таври гуногун бањо дода шудааст. Ќайд намудан зарур аст, ки дар КГ танњо дар як моддаи он (м.241) оид ба њуќуќњои мањдуди ашёгї сухан меравад, ки он низ њам аз љињати номгузорї, шакл ва мазмун нодуруст мебошад. Аз сабаби он, ки оид ба њуќуќњои мањдуди ашёгї як ќисми алоњида дар КГ бахшида хоњад шуд, моддаи 241 КГ низ бо сабаби ба њуќуќњои мањдуди ашёгї бахшида шудани як ќисми мустаќили фасли мазкури КГ, бояд хориљ карда шавад.

Дар шароити њозираи Љумњурии Тољикистон, ки ниёз ба танзими дурусти муносибатњое, ки дар асоси татбиќи њуќуќњои мањдуди ашёгї ба миён меоянд, вуљуд дорад, низоми намудњои њуќуќњои мазкур бояд ба таври дахлдор дар КГ мустањкам ва дарљ карда шаванд.

Бо сабаби дар фасли мазкури КГ љой додани як ќисми асосї оид ба њуќуќњои мањдуди ашёгї пешнињод карда мешавад, ки моддаи 241 КГ хориљ карда шавад.

Дар КГ бояд чунин намудњои њуќуќњои мањдуди ашёгї дарљ карда шаванд: 1) њуќуќи пешбурди хољагидорї; 2) њуќуќи идоракунии оперативї; 3) њуќуќи заминистифодабарї; 4) сервитут; 5) гарав; 6) узуфрукт.

Њуќуќи пешбурди хољагидорї ва њуќуќи идоракунии оперативї набояд аз КГ хориљ карда шаванд. Новобаста аз он, ки дар дигар кишварњои мутараќќї ин гуна њуќуќњои мањдуди ашёгї арзи вуљуд надоранд ва кишварњои собиќ ИЉШС аз ин гуна намуди њуќуќњои мањдуди ашёгї даст кашида истодаанд, пешнињод карда мешавад, ки ин намудњои њуќуќњои мањдуди ашёгї дар КГ боќї монда шавад. Зеро, яку якбора даст кашидан аз ин конструксияњо метавонад ба инкишофи минбаъдаи иќтисодиёт таъсири манфї расонад.

Њуќуќи заминистифодабарї ба сифати њуќуќи мањдуди ашёгї дар КГ (м.241) дарљ карда шудааст. Мутаассифона, ин њуќуќ на дар Кодекси замини Љумњурии Тољикистон ва на дар дигар санадњои меъёрии њуќуќии амалкунанда дуруст дарљ карда нашудааст. Бар замми ин, дар асоси ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси замини Љумњурии Тољикистон аз 1 августи соли 2012 њуќуќи мањдуди ашёгї – њуќуќи заминистифодабарї ба сифати объекти муомилоти гражданї эътироф карда шуд, ки ин ягон асосї илмї-назарияви ва амалї надорад.

Бинобар ин, дар ќисмати њуќуќи заминистифодабарї пешнињод карда мешавад, ки:

а) њуќуќи заминистифодабарї њамчун њуќуќи мањдуди ашёгї танњо дар КГ дарљ карда шуда, моњият ва мазмуни он дар санади мазкур ифода карда шавад;

б) аз Кодекси замини Љумњурии Тољикистон масъалаи ба сифати объекти њуќуќњои гражданї эътироф намудани њуќуќи заминисти­фодабарї хориљ карда шавад;

в) сервитут ба сифати њуќуќи мањдуди ашёгї дар КГ дарљ карда шуда, бањри истифодаи ќитъаи замине, ки ба шахси дигар дар асоси дигар намуди њуќуќи мањдуди ашёгї – њуќуќи замин­истифодабарї дода шудааст муќаррар карда шавад;

г) гарав ба сифати њуќуќи мањдуди ашёгї аз љониби бешатри давлатњо хеле пештар эътироф карда шудааст. Дар њаќиќат њам, гарав дорои тамоми унсурњои њуќуќњои мањдуди ашёгї буда, бањри ба таври дахлдор муќаррар намудани он ба чунин сифат, дар КГ бояд меъёрњои дахлдор љойгир кард шаванд. Инчунин, гарав дар ин њолат ба сифати яке аз воситањои таъмини иљрои уњдадорињо набояд эътироф кард шавад;

д) узуфрукт низ бояд ба сифати њуќуќњои мањдуди ашёгї эътироф карда шавад. Инчунин, зарур аст, ки дар КГ намудњои асосии узуфрукт, ки дар ќонунгузории давлатњои пешрафта мавриди истифода ќарор дода шудаанд, бо назардошти талаботи муомилоти граждании кишвар, дарљ карда шаванд. Аз љумла, дар замони њозира дар Љум­њурии Тољикистон зарурияти ворид намудани узуфрукти иљтимої, ки ба сифати њуќуќи мањдуди ашёгї эътироф карда шуда, бањри фароњам овардани имконият аз истифодаи ашёи ин ё он аъзои оила аз љониби аъзои дигари оила равона карда шудааст, ба миён омадааст.

Фикр мекунем, ки бо дарљ намудани ин намуди њуќуќи мањдуди ашёгї моњият ва мазмуни КГ ѓанї гардида, заминаи мусоид барои ноил шудан ба маќсадњои зарурии танзими муносибатњои љамъиятї гузошта мешавад.