16:47:47 - 19.11.2017

Ҳуҷҷатҳо

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

ЌОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Дар бораи Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Ќонуни конститутсионии мазкур тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, интихоб, бозхонд ва истеъфои судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, мурофиаи судии конститутсионї, инчунин дигар муносибатњои њуќуќиро вобаста ба фаъолияти ташкилию њуќуќии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон танзим менамояд.

БОБИ 1. МуЌаррароти УМУМЇ

Моддаи 1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон маќоми мустаќили њокимияти судї оид ба назорати конститутсионї буда, бо маќсади таъмини волоият ва амали бевоситаи меъёрњои Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон таъсис дода шудааст.

Моддаи 2. Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон асос ёфта, аз њамин Ќонуни конститутсионї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон иборат мебошад.

Моддаи 3. Баробарии њама дар назди ќонун ва суд

Адолати судї аз тарафи Суди конститутсионии Љумњурии То­љикистон дар асоси баробарии њама дар назди ќонун ва суд, ќатъи назар аз миллат, нажод, љинс, забон, эътиќоди динї, мавќеи сиёсї, вазъи иљтимої, тањсил ва молу мулк амалї карда мешавад.

Моддаи 4. Баробарњуќуќии судяњои Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон

Судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њангоми баррасии парвандањо њуќуќи баробар доранд.

Моддаи 5. Тартиби баррасии парвандањо дар Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон

1. Баррасии парвандањо, ќабули санадњои судї, баррасии масъалањои боздошти ваколатњои судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва дигар масъалањои пешбининамудаи Ќонуни конститутсионии мазкур дар Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон ба таври дастљамъї дар њайати на камтар аз се ду њиссаи шумораи умумии судяњо сурат мегирад.

2. Санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо аксарияти овозњои судяњои дар мурофиаи судї иштирокдошта ќабул карда мешаванд.

Моддаи 6. Доираи њалли парванда дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон танњо масъалањои њуќуќро муайян ва њал менамояд.

2. Агар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон санади ќонунгузориро ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номувофиќ шуморад, дар доираи дархост ва пешнињоди муро­љиат­кунанда мањдуд нашуда, метавонад дар як ваќт санадњои меъёрии њуќуќии дигарро, ки дар асоси санади меъёрии њуќуќии ѓайри­конститутсионї донисташуда ќабул гардидаанд ё онро айнан такрор мекунанд ва ё њамон нуќтањои дар мурољиат зикршударо дар бар мегиранд, бекор намояд.

БОБИ 2. ЊАЙАТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВА ТАРТИБИ

ИНТИХОБИ ОН

Моддаи 7. Њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 7 нафар судя­њо иборат буда, яке аз онњо намояндаи Вилояти Мухтори Кў­њис­тони Бадахшон мебошад.

2. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар сурати интихоб шудани на кам аз се ду њиссаи њайати он ба фаъолият оѓоз менамояд.

Моддаи 8. Тартиби интихоби Раис, муовини Раис ва судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва талабот нисбати онњо

1. Раис, муовини Раис ва судяњои Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон бо пешнињоди Президенти Љум­њурии Тољикистон аз тарафи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љум­њурии Тољикистон интихоб карда мешаванд.

2. Ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њуќуќшиносе интихоб мешавад, ки синни ў аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиќаи кории касбї дошта бошад.

3. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бояд забони давлатиро донад.

Моддаи 9. Мўњлати ваколати судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба мўњ­лати 10 сол интихоб карда мешавад.

2. Агар мўњлати ваколати судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар љараёни дида баромадани парванда бо иштироки ў ба охир расад, ваколаташ то ба итмом расидани баррасии ин парванда нигоњ дошта мешавад.

Моддаи 10. Савганди судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон интихоб мешавад, пас азинтихоб шуданаш дар љаласаи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон чунин савганд ёд мекунад: «Ман ботантана савганд ёд мекунам, ки вазифањои ба зиммаам гузошташударо бошарафона ва аз рўи виљдон иљро менамоям, Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикис­тонро сидќан риоя ва њифз намуда, танњо ба он итоат мекунам».

БОБИ 3.

ВАЗЪИ ЊУЌУЌИИ СУДЯЊОИ СУДИ

КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 11. Мустаќилияти судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њангоми иљрои вазифањои худ ва баррасии парван­дањо мустаќил буда, танњо ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, Ќонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон итоат мекунанд. Онњо ба далелњои љамъовардашуда аз рўи эътиќоди ботинии худ бањо медињанд.

2. Дахолат ба фаъолияти судяњо, инчунин ба дигар шакл таъсир расондан бо маќсади мамониат кардан ба фаъолияти мурофиавии онњо манъ аст.

3. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њуќуќ надорад, ки то ба итмом расидани баррасии парванда ва ќабули ќарори дахлдор дар бораи ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштан ё надоштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї ё тавзењоти дастурии пле­нумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон изњори аќида намояд, оид ба масъалаи дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон барраси­шаванда фикрашро баён созад ё маслињат дињад, инчунин њељ кас њуќуќ надорад, ки аз судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон анљом додани чунин амалњоро талаб намояд.

4. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон намета­вонад вазифаи дигареро иљро намояд, вакили маќомоти намояндагї, узви њизб ва созмонњои сиёсї бошад, ба соњибкорї машѓул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эљодї ва омўзгорї.

5. Аз ваколат мањрум кардан, мањдуд намудани ваколат ва аз вазифа бозхонд кардани судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ба истиснои њолатњое, ки Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинї кардааст, мумкин нест.

6. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва судяњои он оид ба фаъолияти худ вобаста ба масъалањои мурофиаи судии конститутсионї (минбаъд - мурофиаи судї) ба ягон шахс ё маќоме њисобот намедињанд.

Моддаи 12. Дахлнопазирии судяи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон

1. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њуќуќи дахлнопазирї дорад.

2. Дахлнопазирии судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ба њаёт, ќадр ва номуси ў, манзили истиќоматї ва хизматї, воситањои наќлиёт ва алоќае, ки дар истифодаи ў ќарор доранд, инчунин ба муросилот, ашё ва њуљљатњои ў пањн мегардад.

3. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро бе ризоияти Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба љавобгарии љиноятї ва маъмурї кашидан, њабс кардан ва ба њабси хонагї гирифтан мумкин нест.

4. Парвандањои љиноятї ва њуќуќвайронкунии маъмурї нисбати судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон танњо аз тарафи Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон оѓоз карда мешаванд. Парвандањои љиноятї ва њуќуќвайронкунии маъмурї нисбати судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз љониби Суди Олии Љумњурии Тољикистон баррасї карда мешаванд.

5. Чорањои маљбуркунии мурофиавї дар намуди ба њабс ва њабси хонагї гирифтани судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон, муваќќатан дур кардан аз вазифа, азназаргузаронии манзил, кофтукови манзил ва утоќи хизматии ў, њабси молу мулк, гўш ва сабт кардани гуфтугўи телефонї ва дигар гуфтугўњо, њабси муросилот, азназаргузаронї ва ёфта гирифтани онњо, кофтуков, ёфта гирифтани ашё, њуљљатњои дорои маълумоти пасандоз ва суратњисобњои бонкї, њабси маблаѓњои дар суратњисобњо ва пасандозњо ё дар нигоњдории бонк ва ташкилотњои кредитї ќарордоштаи судяи Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон бо дархости прокурор ё муфаттиш бо розигии Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва иљозати Суди Олии Љумњурии Тољикистон татбиќ карда мешаванд.

6. Дастгир кардан, маљбуран овардан, кофтукови шахсии судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, азназаргузаронии молу мулк, воситањои наќлиёт ва алоќа, ки онњоро истифода мебарад, танњо дар ваќти дастгир намудани ў њангоми содир кардани љиноят, дар дигар мавридњо бошад, танњо вобаста ба парвандаи љиноятии нисбати судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон оѓозгардида бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад.

7. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро барои изњори аќидааш тањти ягон хел таъсиррасонї ќарор додан мумкин нест.

Моддаи 13. Боздоштани ваколатњои судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Ваколатњои судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон аз тарафи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њолатњои зерин боздошта мешаванд:

- агар судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо вайрон кардани тартиби муќарраргардида интихоб шуда бошад;

- агар мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз вазифа дур карда шавад;

-агар бо тартиби муќарраршуда барои ба љавобгарии љиноятї кашидани ў ризоият дода шуда бошад.

2. Ваколатњои судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон бо таъиноти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон то аз байн рафтани асосњои дар ќисми 1 њамин модда зикршуда боздошта мешавад.

Моддаи 14. Бозхонди судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Бозхонди судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон аз тарафи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар мавридњои зерин амалї мегардад:

- бо хоњиши худаш;

- бинобар ќонеъ гардонидани аризаи хаттии судяи Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон дар бораи ба истеъфо баромадан;

- нисбати судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мављуд будани њукми айбдоркунанда, ки эътибори ќонунї пайдо кардааст;

- дар асоси њалномаи ќувваи ќонунї пайдокардаи суд дар бораи ѓайри ќобили амал эътироф намудан, мањдуд сохтани ќобилияти амалкунї, бедарак ѓоиб эътироф намудан ё фавтида эълон намудани ў;

- вафоти судя;

- машѓул шудани судя бо фаъолияте, ки ба вазифаи ў номувофиќ аст;

- ќатъ гаштани шањрвандии Љумњурии Тољикис­тон;

- содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад;

- бе сабабњои узрнок дар мурофиањои судї зиёда аз ду маротиба пай дар пай иштирок накардан ё саркашї намудани судяи Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон аз овоздињї оид ба ќабули ќарор;

- бо сабаби вазъи саломатї ё бо дигар сабабњои узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моњ пай дар пай) вазифањои худро иљро накардани судя;

- ба охир расидани мўњлати ваколат;

- бинобар ба кори дигар гузаштан;

- ба нафаќа баромадан;

- вайрон кардани тартиби муќаррарнамудаи ќонунгу­зории Љум­њурии Тољикистон оид ба танзими анъана ва љашну маросимњо.

Моддаи 15. Истеъфои судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Истеъфои судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо ифтихор аз вазифа рафтани судя мебошад. Барои судяе, ки дар истеъфо мебошад, номи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, кафолати дахлнопазирии шахсї ва мансубият ба љомеаи судяњо нигоњ дошта шуда, дар ин бора ба ў шањодатномаи судяи дар истеъфобудаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дода мешавад.

2. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон он гоњ баистеъфобаромада њисоб мешавад, ки агар ў бо асосњои зерин бозхонда шуда бошад:

- ќонеъ гардидани аризаи хаттии ў дар бораи ба истеъфо рафтан;

- ба охир расидани мўњлати ваколати ў;

- ќувваи ќонунї пайдо кардани њалномаи суд дар бораи ѓайри ќобили амал донистан ё мањдуд сохтани ќобилияти амалкунии ў;

- бо сабаби вазъи саломатї ё бо дигар сабабњои узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моњ пай дар пай) вазифањои худро иљро карда натавонистани ў.

3. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њуќуќ дорад, ки бо хоњиши худ ба истеъфо барояд. Ба судяи дар истеъ­фо­будаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки сию панљ сол собиќаи кории умумии њуќуќшиносї, аз љумла на камтар аз понздањ сол собиќаи кори судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дорад, таъминотпулии њармоњаи умрбод баробар ба шаст фоизи музди мењнати судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пардохт карда мешавад. Таъминотпулии њармоњаи умрбод барои њар соли минбаъдаи корї дар вазифаи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба андозаи як фоизи музди мењнати судяи Суди конститутсионї зиёд карда мешавад, вале он аз шасту панљ фоизи музди мењнати судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон зиёд буда наметавонад.

4. Кор дар вазифањои Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, вазири адлияи Љумњурии Тољикистон, раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон ва муовинони онњо, вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои њуќуќї њамчун собиќаи кори судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ба њисоб гирифта мешавад, агар онњо ќаблан дар вазифаи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон на камтар аз 5 сол фаъолият карда бошанд.

5. Ба судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њан­гоми ба истеъфо баромадан ба андозаи музди мењнати семоња кўмак­пулии якваќта пардохта мешавад.

6. Таъминотпулии њармоњаи умрбод ё нафаќа ба судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз њисоби буљети љумњуриявї пардохта мешавад.

БОБИ 4. САЛОЊИЯти РАИС, МУОВИНИ РАИС ВА

СУДЯ- КОТИБИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 16. Салоњияти Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон:

- ба фаъолияти ташкилии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон роњбарї менамояд;

- ба тайёр намудани мурофиањои судї роњбарї карда, онњоро даъват ва дар онњо раисї менамояд;

- масъалањоеро, ки мавриди баррасии мурофиањои судї мегар­данд, ба муњокима пешнињод мекунад;

- њар сол ба Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар бораи вазъи ќонунияти конститутсионї дар љумњурї Номаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро мефиристад;

- Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро дар муносибат бо маќомоти давлатї ва љамъиятї, муассиса, корхона, дигар ташки­лотњо ва шахсони мансабдор намояндагї мекунад;

- ўњдадорињои мансабии муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро муайян мекунад;

- кори судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро ташкил мекунад;

- роњбарии умумиии дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро амалї менамояд;

- оид ба нигоњдории молу мулки давлатї, ки ба Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон барои истифодабарї дода шуда­аст, чорањо меандешад;

- љињати таќвияти муќовимат ба коррупсия ва риояи меъёрњои Кодекси одоби судяи Љумњурии Тољикистон тадбирњо меандешад;

-ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Дастури Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро барои ќабул пешнињод мекунад;

- номзадии судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро аз њисоби судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешнињод ме­намояд;

- барои таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судї чораљўї менамояд;

- судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро барои гирифтани мукофотњои давлатии Љумњурии Тољикистон ва дараљањои тахассусї пешнињод менамояд;

- кормандони дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро ба кор ќабул ва аз кор озод менамояд, онњоро барои гирифтани мукофотњои давлатии Љумњурии Тољикистон пешнињод менамояд, бо рутбањои дараљавию тахассусї њавасманд мегардонад;

- ба санадњои судї ва протоколњои мурофиањои судї имзо ме­гузорад;

- дигар вакодатњоеро, ки Ќонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муайян кардаанд, иљро мекунад.

2. Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар доираи ваколатњои худ амру фармонњо мебарорад.

3. Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон метавонад дар љаласањои якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон, љаласањои Маљлиси миллии Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон, Маљлиси намояндагони Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон, Њукумати Љумњурии Тољикистон, дигар маќомоти давлатї ва љамъиятї, пле­нумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон иштирок намояд.

Моддаи 17. Салоњияти муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Муовини Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар баррасии парванда иштирок мекунад, вазифањои Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро њангоми набуданаш иљро мекунад, аз рўи таќсимоти вазифањо дигар корњои вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро амалї менамояд.

Моддаи 18. Салоњияти судя-котиби Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон

1. Судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз љониби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз љумлаи судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон интихоб карда мешавад.

2. Судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар баробари иљрои вазифаи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон вазифањои зеринро анљом медињад:

- корњои ташкилиро оид ба омодасозии мурофиањои судї анљом медињад ва барои иљрои ќарорњои ќабулкардаи Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон тадбирњо меандешад;

- корро оид ба тањияи сариваќтии протоколи мурофиањои судї ташкил менамояд;

- ба санадњои судї ва протоколи мурофиањои судї имзо ме­гузорад;

- ба маќомоти дахлдор, корхонањо, муассисањо, дигар таш­килот­њо, шахсони мансабдор ва шањрвандон фиристодани нусхаи санадњои судии ќабулшударо, ки ба онњо дахл дорад, ташкил менамояд.

БОБИ 5. ПРИНСИПЊОИ АСОСИИ МУРОФИАИ
СУДЇ дар Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон

Моддаи 19. Ошкоро будани мурофиаи судї дар Суди конс­титут­сионии Љумњурии Тољикистон

1. Муњокимаи парвандањо дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба истиснои њолатњое, ки он ба манфиатњои њифзи сирри давлатї, таъмини амнияти шањрвандон, дахлнопазирии њаёти шахсии онњо ва муњофизати ахлоќу одоби љамъиятї мухолиф мебошад, ошкоро гузаронида мешавад.

2. Дар њамаи њолатњо ќарорњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ошкоро эълон карда мешаванд.

3. Бо иљозати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон истифодаи воситањои аксбардорї, сабти аудио-видеої, пахши љараёни мурофиаи судї аз тариќи радио ва телевизион дар рафти мурофиа роњ дода мешаванд.

Моддаи 20. Парвандањоро бевосита баррасї кардани Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њуќуќ надорад бе муњокимаи бевоситаи парванда, ки тартиби онро Ќонуни конс­титутсионии мазкур муќаррар кардааст, оид ба моњияти он ќарор ќабул намояд.

2. Судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар баррасии парванда аз лањзаи эълон шудани мурофиаи судї то пўшида шудани он шахсан иштирок мекунанд.

3. Њељ як судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њуќуќ надорад дар баррасии парванда бе сабабњои узрнок иштирок накунад.

4. Имконнопазирии иштироки судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар баррасии минбаъдаи парванда дар сурати мављуд будани шумораи кофии судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон барои давом додани мурофиаи судї мамониат намекунад.

5. Дар ваќти машварати Суди конститутсионии Љумњурии То­љикистон ягон судяи дар мурофиаи судї иштирокдошта њуќуќ надо­рад аз овоздињї худдорї кунад. Њар як судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон вазифадор аст, ки фикрашро оид ба парванда пеш аз ќабул шудани ќарор шахсан баён намояд.

Моддаи 21. Баробарњуќуќии тарафњои мурофиаи судї

1. Дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурофиаи судї дар асоси мубоњиса ва баробарњуќуќии тарафњо сурат мегирад.

2. Тарафњои мурофиаи судї ба изњори раддия ва дархост, пешнињоди далелњо, иштирок дар тадќиќи онњо, ба суд пешнињод намудани ваљњ ва баёноти худ, суханронї дар музокирањои судї, амалї намудани дигар њуќуќу ўњдадорињои мурофиавии дар Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда њуќуќи баробар доранд.

Моддаи 22. Шифоњї гузаронида шудани мурофиаи судї

Мурофиањои судї ба таври шифоњї бурда мешаванд. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон вазифадор аст, ки њангоми баррасии парванда шарњу баён ва суханронии иштирокчиёни муро­фиаи судї, нишондоди шоњидон, мутахассисон, хулосаи коршиносро шунавад, њуљљатњои дар парвандабуда ва пешнињодкардаи ишти­рокчиёни мурофиаи судї, хулосаи экспертиза, протоколњо ва дигар далелњои хаттиро эълон кунад.

Моддаи 23. Забони мурофиаи судї

1. Мурофиаи судї дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон, инчунин баён ва эълон намудани санадњои судии ќабул­намудаи он ба забони давлатии Љумњурии Тољикистон сурат мегирад.

2. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон барои шахсони дар мурофиаи судї иштироккунанда, ки забони давлатиро наме­донанд, тарљумаи мурофиаи судиро бо забони модарии онњо ё бо забоне, ки онро медонанд, тавассути тарљумон таъмин менамояд.

3. Шахсони иштироккунандаи парванда, шоњидон, мутахассисон, коршиносон, ки забони мурофиаи судиро намедонанд, метавонанд ба забони модариашон ё ба забоне, ки медонанд, шарњу эзоњоти худро баён намоянд ва аз хизмати тарљумон истифода баранд.

4. Дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон протоколи мурофиаи судї бо забони давлатї тартиб дода мешавад.

Моддаи 24. Махфияти машварати судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Њангоми машварати судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар хонаи машваратї, ки дар он парванда моњиятан њал карда мешавад, њузур доштани шахсони бегона манъ аст.

2. Ошкор сохтани мулоњизањое, ки њангоми машварати судяњо иброз шудаанд, мумкин нест.

Моддаи 25. Ботантана гузаронида шудани мурофиаи судї дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурофиаи судї ба тариќи ошкоро дар вазъияти ботантана ва бо риояи њамаи талаботи одоби муоширати судї гузаронида мешавад.

2. Шахсони дар толори мурофиаи судї њузурдошта бояд ба амрњои раисикунанда дар бораи риояи тартибот дар мурофиаи судї итоат кунанд.

3. Њангоми ба толори судї даромадан ва аз он баромадани судя­њои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамаи шахсони њузурдошта аз љой бармехезанд.

4. Њар як иштирокчии мурофиаи судї дар ваќти ба суд мурољиат намудан, суханронї кардан, шарњу баёнот додан ва сухан гуфтан аз љой бармехезад. Мурољиат ба судя ё судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо суханони «Мўњтарам судя ё судяњои...» оѓоз меёбад.

5. Ќарор ва хулосаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон оид ба моњияти парванда аз номи Љумњурии Тољикистон бароварда шуда, њозирон онро рост истода мешунаванд.

Моддаи 26. Рад кардан ё худрадкунии судяи Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон

1. Иштироки судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар баррасии парванда метавонад дар мавридњои зерин рад карда шавад, агар:

- судя пештар вобаста ба ўњдадорињои мансабиаш дар ќабули санади меъёрии њуќуќї, ки предмети баррасии Суди конститутсионї гардидааст, иштирок карда бошад;

- ў хешованди наздики яке аз тарафњо ё намояндаи онњо бошад, бевосита ё бавосита ба натиљаи њалли парванда манфиатдор бошад ё дигар њолатњое мављуд бошанд, ки холис ва беѓараз будани ўро зери шубња гузоранд.

2. Рад кардан ё худрадкунии судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз љониби тарафњои мурофиаи судї ё судя метавонад дар тамоми марњалањои мурофиаи судї арз карда шавад.

3. Рад кардан ё худрадкунии судяи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон аз тарафи аксари судяњои дар маљлис њузурдоштаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо роњи баровардани таъиноти дахлдор ќабул карда мешавад. Њангоми баробар будани овозњо судя радкардашуда њисобида мешавад.

4. Масъалаи радкунї ё худрадкунии судяи Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон, ки дар љараёни мурофиаи судї арз шудааст, дар хонаи машваратї бе иштироки судяи радшаванда њал карда ме­шавад. Радшаванда њуќуќ дорад, ки то ба хонаи машваратї даро­мадани суд аќидаашро нисбати раддияи ба ў арзшуда изњор намояд.

5. Радкунї ё худрадкунии тамоми њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мумкин нест.

БОБИ 6. ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ

СУДЇ, ЊУЌУЌУ УЊДАДОРИЊОИ ОНЊО

Моддаи 27. Иштирокчиёни мурофиаи судї

1. Тарафњо ва намояндагони онњо, шоњидон, коршиносон ва тарљумонњо иштирокчиёни мурофиаи судї ба њисоб мераванд.

2. Ба мурофиаи судї намояндагони дигар маќомоти давлатии татбиќкунандаи њуќуќ, ки ба санади меъёрии њуќуќии мавриди бањс ќарордодашуда алоќамандї доранд, даъват карда мешаванд. Бо иљо­зати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон онњо хулосаи худро оид ба санади меъёрии њуќуќии мавриди бањс ќарордодашуда пешнињод менамоянд.

Моддаи 28. Тарафњо ва намояндагони онњо

1. Дар мурофиаи судї инњо тараф мебошанд:

- мурољиаткунанда - субъектњое, ки тибќи моддаи 40 Ќонуни конститутсионии мазкур њуќуќи ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат карданро доранд;

- маќомот ва шахсони мансабдоре, ки ба Конститутсияи (Сарќо­нуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун ё дигар санади меъёрии њуќуќии ќабулнамуда, љонибдорикарда ва ба имзо расонидаи онњо мавриди санљиш ќарор дода мешаванд;

- маќомоти давлатие, ки салоњияти онњо мавриди бањс ќарор дода мешавад.

2. Намоянда - шахсе мебошад, ки њуќуќу манфиатњои тарафњоро дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њимоя мекунад.

3. Дар мурофиаи судї адвокатњо, мутахассисон ва дигар шахсон метавонанд ба сифати намояндаи тарафњо иштирок кунанд, ки дои­раи ваколати онњоро ваколатномаи додашудаи тарафњо муайян менамояд.

4. Тарафњо метавонанд якчанд намоянда дошта бошанд.

5. Намояндаи тарафњо дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз рўи вазифа инњо мебошанд:

- роњбари маќоме, ки ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон мурољиат намудааст;

- роњбари маќом, шахси мансабдори санади меъёрии њуќуќиро ќа­булнамуда, љонибдорикарда ё ба имзорасонида, ки оид ба муайян намудани мувофиќати он ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон масъала гузошта шудааст.

Моддаи 29. Њуќуќу ўњдадорињои тарафњо ва намояндагони онњо

1. Тарафњо ва намояндагони онњо дар доираи ваколатњояшон њуќуќњои баробари мурофиавї дошта, метавонанд:

- бо тамоми маводе, ки дар љараёни омодагї ба мурофиаи судї оид ба масъалаи баррасишаванда дастрас шудаанд, шинос шаванд, аз онњо иќтибос гиранд, нусха бардоранд, далел оваранд, дар тањќиќи далелњо иштирок намоянд, далелу мулоњизањои худро доир ба њамаи масъалањое, ки дар љараёни мурофиаи судї ба миён меоянд, пеш­нињод намоянд;

- ба таври хаттї дархост пешнињод намуда, ба судяњо шифоњї ва хаттї шарњу баёнот дињанд, мулоњизањои худро оид ба изњори дар­хост баён кунанд;

-бо забони модарии худ ё забоне, ки медонанд, баёнот дињанд ва аз хизмати тарљумон истифода баранд;

-ба тарафи дигар, шоњидон, коршиносон ва мутахассисон савол дињанд;

-оид ба масъалаи баррасишаванда дар музокираи судї иштирок намоянд ва суханронии хотимавї кунанд;

- дар бораи шарњу эзоњ додани ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархост пешнињод намоянд;

- то ба хонаи машваратї рафтани њайати суд асос ё предмети талаботашонро таѓйир дињанд, њаљми онро зиёд ё кам кунанд ё аз талаботашон даст кашанд;

- талабњои гузошташударо пурра ё ќисман эътироф кунанд ё ба муќобили онњо норозигї изњор намоянд.

2. Тарафњо ва намояндагони онњо ўњдадоранд:

- бо даъвати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њозир шаванд;

- дар мурофиаи судї нисбат ба якдигар хушмуомила буда, тартибу ќоидањоеро, ки Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тон ќабул кардааст, эњтиром намоянд ва ба саволњои раисикунанда, судяњо ва иштирокчиёни мурофиаи судї љавоб гўянд;

- ба амрњои раисикунанда оид ба риояи тартибот дар мурофиаи судї итоат намоянд;

- фикри худро оид ба њолатњои кор, ки ба онњо маълуманд, аниќ ва дуруст баён намоянд, инчунин далелњо оварда, њолат­њоеро исбот кунанд, ки ба онњо њамчун ба асоси талаб ва норозигии худ такя менамоянд.

Моддаи 30. Шоњид

1. Дар сурати зарурат Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон дар асоси дархости тарафњо ва намояндагони онњо ба мурофиаи судї метавонад шоњидро даъват намояд. Шахсе ба сифати шоњид баромад карда метавонад, ки ба ў оид ба њолатњои кор аз рўи масъалаи баррасишаванда маълумот ё далеле маълум аст.

2. Шоњид дар бораи ба љавобгарии љиноятї кашида шудан барои дидаю дониста додани нишондоди бардурўѓ ё саркашї кардан аз њозиршавї бо даъвати суд ё нахостани додани нишондод огоњ карда мешавад.

3. Шоњид ўњдадор аст, ки ба мурофиаи судї њозир шавад, дар бораи масъалаи баррасишаванда маълумот дода, њуљљатњои заруриро пешнињод намояд ва ба саволњои судяњо ва иштирокчиёни мурофиаи судї љавоб дињад.

Моддаи 31. Коршинос

1. Ба сифати коршинос ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон шахси дорои дониш ва малакаи муайян дар соњаи илму техника, санъат ё дигар касбњои мухталиф, ки метавонад ба масъалаи баррасишаванда тавзењот дињад, мумкин аст даъват карда шавад. Масъалае, ки ба он коршинос бояд хулоса дињад, аз тарафи судяи маърўзакунанда ё Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

2. Коршинос дар бораи ба љавобгарии љиноятї кашида шудан, барои додани хулосаи бардурўѓ ё саркашї кардан аз њозиршавї бо даъвати суд ё саркашї кардан аз иљрои вазифањои худ огоњ карда мешавад.

3. Коршинос њуќуќ дорад, ки бо маводи парванда шинос шавад, ба тарафњо ва шоњидон саволњо дињад, инчунин дар хусуси ба ў пешнињод намудани маводи иловагї дархост пешнињод намояд, маълумотеро, ки барои додани хулоса зарур аст, навишта гирад ё нусхабардорї кунад.

4. Коршинос баъди фањмонидани хулоса ўњдадор аст, ки ба саволњои иловагии раисикунанда, судяњо, тарафњо ва иштирокчиёни мурофиаи судї љавоб дињад.

Моддаи 32. Мутахассис

1. Ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба сифати мутахассис шахсе даъват карда мешавад, ки дар масъалањои муайян дониши махсус ва таљрибаи кофї дорад.

2. Мутахассис барои додани тавзењот ва пурра кардани андешаи худ њуќуќ дорад бо маводи парванда шинос шавад, дар мурофиаи судї бо иљозати раисикунанда ба дигар иштирокчиёни мурофиаи судї саволњо дињад.

3. Дар њолати бе сабабњои узрнок њозир нашудан ё саркашї кардан аз иљрои вазифањои худ мутахассис мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарии љиноятї кашида мешавад.

Моддаи 33. Тарљумон

1. Ба мурофиаи судї ба сифати тарљумон шахсе даъват карда мешавад, ки ў забони давлатї ва забони иштирокчиёни мурофиаро, ки забони мурофиаи судиро намедонанд, озод дониста, гуфтугў ва тарљума карда метавонад.

2. Тарљумон ўњдадор аст, ки бо даъвати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њозир шуда, маводи ба ў додашударо пурра ва аниќ тарљума намояд.

3. Тарљумон дар сурати саркашї намудан аз њозиршавї ба мурофиаи судї ё аз иљрои вазифаи ба зиммааш гузошташуда ё дидаву дониста нодуруст тарљума кардани мавод тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешавад.

БОБИ 7. САЛОЊИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 34. Салоњияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дорои салоњияти конститутсионии дар моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон ва Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда мебошад.

2. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон парвандањоро дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани:

- ќонунњо, ќарорњои якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намоян­дагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, санадњои меъёрии њу­ќуќии Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Пре­зиденти Љумњурии Тољикистон, Њукумати Љумњурии Тољикистон, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон;

-шартномањои байналмилалии эътибори ќонунї пайдонакардаи Љумњурии Тољикистон;

- санадњои меъёрии њуќуќии вазоратњо, кумитањои давлатї ва дигар маќомоти давлатї;

- санадњои меъёрии њуќуќии маљлисњои вакилони халќи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо ва шањри Душанбе:

- санадњои меъёрии њуќуќии маљлисњои вакилони халќи шањру ноњияњо ва раисони шањру ноњияњо;

-санадњои меъёрии њуќуќии маќомоти худидоракунии шањрак ва дењотро баррасї менамояд.

3. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон инчунин масъалањои зеринро баррасї менамояд:

-лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон воридшаванда, лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањои ба раъйпурсии умумихалќї пешнињодшаванда;

-бањси байни маќомоти давлатиро доир ба салоњияти онњо;

-дархости шањрвандонро дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќо­нуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун, дигар сана­ди меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љум­њурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки нисбат ба онњо аз тарафи маќомоти дахлдори давлатї ё љамъиятї, инчунин маќомоти судї дар парвандаи мушаххас татбиќ карда шудааст ва ба андешаи онњо боиси вайрон шудани њуќуќу озодињои конститутсиониашон гардидааст;

- ваколатњои дигареро, ки Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, Ќонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муайян кардаанд, анљом медињад.

4. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар сурати аз тарафи Президенти Љумњурии Тољикистон содир шудани хиёнат ба давлат хулоса ќабул мекунад.

Моддаи 35. Салоњияти дигари Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар маљлисњои худ:

- Дастури Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро ќабул менамояд;

- матни Номаи њарсолаи Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистонро дар бораи вазъи ќонунияти конститутсионї муњокима ва ќабул менамояд;

- котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро интихоб мекунад;

- масъалаи боздоштани ваколати судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро њал менамояд;

- масъалаи таъин намудани љарима ва дигар чорањои таъсир­расониро ба вайронкунандагони мурофиаи судї баррасї менамояд;

- фаъолияти дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистонро баррасї карда, вобаста ба он ќарорњои дахлдор ќабул менамояд;

- масъалаи њавасмандгардонї ва ба мукофотњои давлатї пеш­нињод намудани судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ва кормандони дастгоњи онро њал менамояд;

- њайат ва Низомномаи Шўрои илмию машваратии назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро тасдиќ мекунад;

-дигар масъалањои фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро баррасї менамояд.

2. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њуќуќ дорад дар љараёни омода намудани парванда барои баррасї дар мурофиаи судї аз њама маќомоти давлатї, корхона, муассиса, дигар ташкилотњо, иттињодияњои љамъиятї ва муассисањои илмї маълумоти заруриро дархост карда гирад, инчунин бо тартиби муќарраргардида мута­хассисонро ба кори экспертї ва илмию машваратї љалб намояд.

Моддаи 36. Дастури Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Масъалањои дохилии фаъолияти Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон, ки бо Ќонуни конститутсионии мазкур танзим нагардидаанд, тавассути Дастури Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 37. Номаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њар сол ба Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар бораи вазъи ќонунияти конститутсионї дар Љумњурии Тољикистон дар иртибот бо парвандањои баррасишаванда Нома мефиристад. Нома дар маљлиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон муњокима гардида, бо протокол ба расмият дароварда мешавад.

2. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, инчунин мета­вонад ба Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба дигар масъалањо, аз љумла доир ба таъмини волоияти меъёрњои Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон ва риояи њуќуќу озодињои конс­титутсионии инсон ва шањрванд дар ќаламрави кишвар мурољиат намояд.

БОБИ 8. ТОБЕИЯТИ ПАРВАНДАЊО БА СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 38. Тобеияти парвандањо ба Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон

1. Ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мутобиќи салоњияташ, парвандањое, ки дар моддаи 34 Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинї шудаанд, тобеият доранд.

2. Ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, инчунин парвандањо дар бораи ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани санадњои меъёрии њуќуќие, ки дорои хусусияти махфї мебошанд, низ тобеият доранд.

Моддаи 39. Тобеияти чандин талаботи бо њам алоќаманд

Дар сурати якљоя намудани чандин талаботи бо њам алоќаманд, ки баъзе аз онњо ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва баъзеи онњо ба маќомоти дигари њокимияти давлатї тобеият доранд, дар Суди конститутсионї танњо масъалае мавриди баррасї ќарор мегирад, ки ба њамин суд тобеияти судї дорад.

Моддаи 40. Субъектњое, ки њуќуќи ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мурољиат карданро доранд

Ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон субъектони зерин њуќуќи мурољиат карданро доранд:

- Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани таѓйиру иловањои ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон воридшаванда, лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањое, ки ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод карда мешаванд;

- Президенти Љумњурии Тољикистон, љаласаи якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон, Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Маљ­лиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Њукумати Љумњурии Тољикистон, узви Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон, маљлисњои вакилони халќи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо ва шањри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонунњо, санадњои меъёрии њуќуќии якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, санадњои меъёрии њуќуќии Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Маљлиси намояндагони Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон, Президенти Љумњурии Тољи­кистон, Њукумати Љумњурии Тољикистон, шартномањои байнал­милалии эътибори ќонунї пайдонакардаи Тољикистон, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон;

- Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон, маљлисњои вакилони халќи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо ва шањри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани санадњои меъё­рии њуќуќии вазоратњо, кумитањои давлатї, дигар маќомоти давлатї ва маќомоти мањаллии њокимияти давлатї;

- Њукумати Љумњурии Тољикистон, вазоратњо ва дигар маќомоти давлатї, аз љумла маљлисњои вакилони халќи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе ва шањру ноњияњо, раисони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе ва шањру ноњияњо оид ба бањсњои байни онњо доир ба салоњияташон;

- Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки аз тарафи маќомоти дахлдори давлатї ё љамъиятї, инчунин маќомоти судї њангоми баррасии парвандаи мушаххас татбиќ карда шудаанд ва ба андешаи ў боиси вайрон шудани њуќуќу озодињои конститутсионии шањрвандон гардидаанд;

- шахсони воќеї дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки аз тарафи маќомоти дахлдори давлатї ё љамъиятї, инчунин маќомоти судї нисбат ба онњо дар парвандаи мушаххас татбиќ карда шудаанд ва ба андешаи онњо боиси вайрон шудани њуќуќу озодињои конс­титутсиониашон гардидаанд;

- шахсони њуќуќї дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки аз тарафи маќомоти дахлдори давлатї ё љамъиятї, инчунин маќомоти судї нисбат ба онњо дар парвандаи мушаххас татбиќ карда шудаанд ва ба андешаи онњо боиси вайрон шудани њуќуќу манфиатњои конститутсиониашон гардидаанд;

- судяњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќти­содии Љумњурии Тољикистон, дигар судњои Љумњурии Тољикистон (ба ѓайр аз судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон) дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон му­вофиќат доштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї ё тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки онњо дар парвандаи мушаххас нисбат ба шахси воќеї ё њуќуќї татбиќ намудаанд ё бояд татбиќ намоянд.


БОБИ 9. ТАРТИБИ ОЃОЗ КАРДАНИ МУРОФИАИ СУДЇ

ВА БАРОИ БАРРАСЇ омода НАМУДАНИ ПАРВАНДА

Моддаи 41. Шакл ва мазмуни мурољиат ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Мурољиат ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар шакли хаттї сурат мегирад.

2. Маќомот ва шахсони мансабдори дар сархатњои якум – чоруми моддаи 40 Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо пешнињод ва шахсони дар сархатњои панљум- њаштуми моддаи номбурда пешбинигардида бо дархост мурољиат мекунанд.

3. Дар пешнињод ва дархост бояд нишон дода шаванд:

- номи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон;

- насаб, ном, номи падар, суроѓаи шахси мурољиаткунанда ё ном ва суроѓаи ташкилот ё маќоми мурољиаткунанда;

- насаб, ном, номи падар, суроѓаи намояндаи шахси мурољиат­кунанда ва ваколати ў;

- ном, суроѓаи маќомоти давлатї ё насаб, ном ва номи падари шахси мансабдори санади меъёрии њуќуќиро ќабулкарда, љонибдори карда ва ба имзорасонида, ки ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон мувофиќат доштани он мавриди баррасї ќарор дода мешавад;

-ном, сана ва раќами ќабул, манбаи интишор ва дигар маълумот оид ба санади меъёрии њуќуќии мавриди бањс ќароргирифта;

-њолатњо ва далелњои мушаххас дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат надоштани меъёрњои мушаххаси санади меъёрии њуќуќї, ки мурољиаткунанда талаб ва далелњои худро бо онњо асоснок мекунад;

-вайроншавии њуќуќу озодињои мушаххаси конститутсионии инсон ва шањрванд аз татбиќи санади меъёрии њуќуќии ба андешаи мурољиаткунанда ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон мувофиќатнадошта;

- моњияти талаби мурољиаткунанда;

-меъёрњои Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва Ќонуни конститутсионии мазкур, ки барои мурољиат ба Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон њуќуќ медињанд;

-номгўи њуљљатњои ба пешнињод ё дархост замимашаванда.

4. Пешнињод ё дархостро мурољиаткунандаи дахлдор, ки дар моддаи 40 Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинї шудааст, имзо мекунад. Ба он њуљљатњои зерин замима карда мешаванд:

-нусхаи матни санади меъёрии њуќуќї, ки мувофиќати он ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон аз тарафи муро­љиаткунанда пурра ё ќисми алоњидаи он мавриди бањс ќарор ги­рифтааст;

-њуљљатњо дар бораи ваколати намоянда, ѓайр аз њолатњое, ки намояндагї аз рўи вазифа амалї карда мешавад.

5. Ба њуљљатњое, ки ба забони дигар навишта шудаанд, тарљумаи онњо ба забони давлатї замима карда мешавад.

6. Пешнињод ё дархост ва замимаи онњо ба Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон бо теъдоди на камтар аз 10 нусха пешнињод карда мешавад. Бо талаби судя тарафи мурољиаткунанда бояд миќдори дигари нусхаи ин њуљљатњоро пешнињод намояд.

7. Ба пешнињод ва дархост њуљљат оид ба пардохти бољи давлатї замима карда мешавад.

Моддаи 42. Мўњлати бо дархост мурољиат кардан ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Субъектњои мурољиат метавонанд дар давоми шаш моњ аз рўзи нисбат ба онњо ќабул карда шудани ќарори дахлдор дар хусуси ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї ё тавзењоти дастурии дар он татбиќшудаи пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистонбо дархост мурољиат намоянд.

Моддаи 43. Баррасии пешнињоду дархост дар Суди конс­титут­сионии Љумњурии Тољикистон

1. Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешнињод ё дархости воридшударо ба як ё якчанд судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон барои омўзиш ва санљиш медињад.

2. Судя ё судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешнињод ё дархостро санљида, дар муддати як моњ ба Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон дар бораи оѓоз намудани муро­фиаи судї ё рад намудан аз оѓози мурофиаи судї пешнињод манзур менамоянд.

3. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пешнињоди судя ё судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро баррасї карда, дар бораи оѓоз намудани мурофиаи судї таъинот ќабул менамояд ва ба судя ё судяњо супориш медињад, ки парвандаро барои баррасї дар мурофиаи судї тайёр намоянд ё дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судї таъинот ќабул менамояд. Дар ин хусус ба мурољиаткунанда хаттї хабар дода мешавад.

4. Нусхаи таъинот дар бораи оѓоз намудани мурофиаи судї ба тарафњо ва мурољиаткунанда, нусхаи таъинот дар бораи рад намудан аз оѓози мурофиаи судї дар мўњлати панљ шабонарўз ба мурољиат­кунанда фиристода мешавад.

5. Дар њолати такроран мурољиат кардан ба Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон оид ба масъалае, ки дар хусуси он таъиноти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар бораи рад намудан аз оѓози мурофиаи судї мављуд аст, ба мурољиаткунанда нусхаи таъинот дода шуда, њамзамон ба ў дар бораи минбаъд ќатъ намудани мукотиба оид ба масъалаи мазкур хабар дода мешавад.

6. Дар сурати оѓоз гардидани мурофиаи судї Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон метавонад бо таъиноташ амали санади меъёрии њуќуќии мавриди бањс ќароргирифтаро то баррасии парванда боздорад.

Моддаи 44. Асосњои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Асос барои дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баррасї гардидани парванда пешнињод ё дархости хаттї ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба шумор меравад, ки тибќи талаботи Ќонуни конститутсионии мазкур оварда шуда бошад.

2. Ба баррасии парванда дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ошкор гаштани номуайянї дар масъалаи ба Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонунњо, санадњои меъёрии њуќуќии якљояи Маљлиси миллї ва Маљ­лиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, санадњои меъёрии њуќуќии Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон, Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон, Президенти Љумњурии Тољикистон, Њукумати Љумњурии То­љи­кистон, дигар маќомоти давлатию љамъиятї, шартномањои байнал­милалии эътибори ќонунї пайдонакардаи Тољикистон, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, бањсњои байни маќомоти давлатї доир ба салоњияти онњо, њолатњое дигаре, ки аз салоњияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бар меоянд, асос мегардад.

3. Асос барои дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баррасї намудани парванда дар хусуси ба Конститутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани лоињаи таѓйиру иловањои ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон воридшаванда ё лоињаи ќонунњо ва дигар масъалањои ба раъйпурсии умумихалќї пешнињодшаванда, пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон ё Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба шумор меравад.

Моддаи 45. Рад кардан аз оѓози мурофиаи судї

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз оѓози муро­фиаи судї дар мавридњои зерин рад мекунад:

- мувофиќ набудани пешнињод ё дархост аз љињати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Ќонуни конститутсионии мазкур ё набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон;

- аз тарафи маќомот ё шахси (субъекти) њуќуќи мурољиатнадошта ворид шудани пешнињод ё дархост;

- агар мурољиати пешнињодшуда тањти тобеияти Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон ќарор надошта бошад;

- аз тарафи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон пеш аз ин баррасї шудани масъалаи дар пешнињод ё дархост зикршуда ва дар ин бора мављуд будани санади дахлдори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон;

- гузаштани мўњлати шашмоњаи бо дархост мурољиат кардан ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон;

- аз эътибор соќит дониста шудани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї ё тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани он зери шубња ќарор дода шудааст.

Моддаи 46. Омода намудани парванда барои баррасї дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз рўи мурофиаи судии оѓозкардашуда бояд дар мўњлати ду моњ парвандаро барои баррасї дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон омода намояд. Барои ин ў:

-тарафњоро аз рўи парванда муайян намуда, њуќуќу ўњдадорињои мурофиавиашонро, ки њамин Ќонуни конститутсионї пешбинї кардааст, фањмонда медињад, ба­рои гирифтани далелњо ва пешнињод кардани онњо ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба онњо мусоидат менамояд;

- тарафи мурољиаткунандаро мепурсад;

- њуљљатњо ва маълумоти дигари ба парванда дахлдоштаро талаб карда мегирад;

- шахсони дахлдори мансабдорро мепурсад;

-дар сурати зарурат олимон, кормандони амалиро ба сифати мутахассисон, коршиносон љалб мекунад, барои гузаронидани таф­тишу тањќиќ ва экспертиза супориш медињад;

- доираи шоњидон, мутахассисон, коршиносонро муайян мена­мояд;

-масъалаи дар як мурофиаи судї якљоя намудани талаботи бо њам алоќаманд, ки онњо ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон тобеият доранд ё аз њам људо кардани талаботи ба маќомоти дигари њокимияти давлатї тобеиятдоштаро, ки дар як мурољиат изњор шудаанд, њал менамояд;

- ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар бораи боздоштани амали санади меъёрии њуќуќии мавриди бањс ќарор­гирифта то баррасии парванда, инчунин ќатъ кардани пешбурди парванда дар сурати бо ихтиёри худ пешнињод ё дархостро пас гирифтани мурољиаткунанда ё дар сурати бекор кардан ё беэътибор донистани санади меъёрии њуќуќии мавриди бањс ќароргирифта, таклиф пешнињод менамояд;

- на дертар аз дањ рўз то оѓози баргузории мурофиаи судї нусха­њои маводи зарурии парвандаро ба судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, тарафњо ва дар сурати зарурат ба дигар иштирокчиёни мурофиаи судї месупорад;

- ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар бораи таъин кардани парванда барои баррасї дар мурофиаи судї таклиф пешнињод мекунад;

- иштирокчиёни мурофиаи судиро оид ба баргузории мурофиаи судї хабардор намуда, иштироки онњоро таъмин менамояд;

- барои таъмин намудани баррасии сариваќтии парванда дигар амалњоро иљро мекунад.

2. Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон метавонад барои баррасї омода намудани парвандаро ба якчанд судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонсупорида, мўњлати омода кардани онро то як моњ дароз намояд.

Моддаи 47. Ба баррасии Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон таъин намудани парванда

Агар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон парвандаро барои баррасї дар мурофиаи судї ба таври кофї омодашуда њисобад, дар хусуси таъин намудани он барои баррасї таъинот ќабул ме­намояд.

БОБИ 10. БАРРАСИИ ПАРВАНДА АЗ ЉОНИБИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНии ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 48. Мўњлати баррасии парванда дар Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон

Парванда дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар давоми шаш моњ аз рўзи ворид шудани мурољиат (пешнињод ё дархост) баррасї карда мешавад.

Моддаи 49. Тартиби баррасии парванда дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Парванда дар мурофиаи судї тањти раисии Раиси Суди консти- тутсионии Љумњурии Тољикистон (раисикунанда) баррасї карда ме­шавад. Тартиби пешбурди маљлисро раисикунанда муайян менамояд.

2. Раисикунанда:

- дар ваќти таъиншуда мурофиаи судии Суди конститутсиониро мекушояд;

- парвандаеро, ки бояд баррасї шавад, эълон менамояд;

- њозир будани шумораи кофии судяњо ва таъмини тањияи про­токолро муайян мекунад;

- ба судя - котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон барои маърўза дар бораи њузур доштани иштирокчиёни мурофиаи судї, шоњидон, мутахассисон, коршиносони даъватшуда ва сабабњои њозир нашудани онњо сухан медињад;

- ба тарафњо њуќуќу ўњдадорињои онњо ва ба шахсони даъватшуда ўњдадорињо ва љавобгарии онњоро мефањмонад;

-аз иштирокчиёни мурофиаи судї дархост доштани онњоро дар хусуси даъват кардани шоњидон, мутахассисон ва коршиносони иловагї, далелњои иловагиро мепурсад ва масъалањои дигареро, ки дар љараёни маљлис ба миён меоянд, барои њал кардан ба муњокимаи суд мегузорад;

- оѓози моњиятан баррасї намудани парвандаро эълон мекунад.

3. Баррасии парванда аз баромади судяи маърўзакунанда оѓоз меёбад, ки вай моњияти парванда, сабабу асосњои баррасии он, мазмуни маводи мављуда, инчунин љавобњояшро ба саволњои судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баён мекунад, сипас бояд шарњу баёни тарафњо шунида шавад. Ба тарафњо мумкин аст саволњо дода шаванд.

4. Агар зарурати пурсиши шоњидон ва љалби мутахассисон мављуд бошад, пеш аз пурсиши онњо раисикунанда онњоро дар бораи баљавобгарии љиноятї кашида шудан, барои саркашї кардан аз додани нишондод ва ё нишондоди бардурўѓдоданогоњ менамояд.

5. Дар мурофиаи судї мумкин аст њуљљатњо эълон гарданд ва суханронии шахсони даъватшуда шунида шавад.

6. Баъд аз ба охир расидани тањќиќи шарњу баёнот ва њуљ­љатњо суханронии хотимавии тарафњо шунида мешавад, агар онњо баромад кардан хоњанд.

7. Агар суд тањќиќоти масъалањоро тамомшуда шуморад, раисикунанда ба итмом расидани баррасии масъаларо эълон мекунад ва суд ба хонаи машваратї меравад.

8. Дар хонаи машваратї њар як судя мавќеи худро оид ба масъалаи баррасишаванда озодона баён мекунад ва раисикунанда аз дигар судяњои мавќеашон номуайян хоњиш менамояд, ки онњо низ мавќеашонро оид ба масъалаи баррасишаванда аниќ намоянд.

9. Баъд аз ба имзо расидани ќарори ќабулкардаи Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон раисикунанда ё яке аз судяњо онро дар маљлисгоњи судї эълон мекунад.

Моддаи 50. Ќатъ намудани пешбурди парванда

1. Пешбурди парванда аз тарафи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон дар њолатњои зерин ќатъ карда мешавад:

-агар дар љараёни мурофиаи судї муайян карда шавад, ки масъ­алаи танзимнамудаи ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки муайян намудани мувофиќати онњо ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон барои санљиш пешнињод шуда­аст, инчунин бањс миёни маќомоти давлатї оид ба салоњият дар Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон пешбинї нашуда­аст ё бо хусусият ва ањамияти худ тањти тобеияти Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон ќарор надорад;

- ихтиёран даст кашидани мурољиаткунанда аз талаботи дар мурољиаташ нишондодашуда;

- бекор кардан ё аз эътибор соќит дониста шудани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки муайян намудани мувофиќати онњо ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон мавриди баррасии Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ќарор дорад;

- дигар њолатњое, ки аз Ќонуни конститутсионии мазкур бармеоянд.

2. Даст кашидани мурољиаткунанда аз талаботи дар мурољиаташ нишондодашуда дар мурофиаи судї то ба хонаи машваратї даро­мадани њайати суд ќабул карда мешавад.

3. Дар бораи ќатъ кардани пешбурди парванда Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон таъинот ќабул мекунад.

Моддаи 51. Мавќуф гузоштани мурофиаи судї

1.Мурофиаи судї метавонад дар њолатњои зери span style= style=н мавќуф гузошта шавад, агар:

- суд тайёрии парвандаро нокифоя ва омўзиши иловагии онро зарур шуморад;

- мавќуф гузоштани мурофиаи судиро ягон судя ё намояндаи тарафњо талаб намояд ва асосњои овардаи онњо эътимоднок шумо­рида шаванд;

- дар мурофиаи судї шумораи зарурии судяњо њузур надошта бошад;

- яке аз тарафњо омўзиши иловагии њуљљатњоеро, ки тарафи дигар пешнињод намудааст, дархост намояд;

- тарафњо, шоњидон, мутахассисон ва коршиносон, ки њузурашон њатмї дониста шудааст, њозир нашуда бошанд ё агар зарурати таъин намудани экспертиза ва талаб намудани далелњои иловагї ба миён омада бошад;

- њуљљатњои дархостшуда, ки барои баррасии парванда моњиятан заруранд, сари ваќт пешнињод нашуда бошанд;

- њолатњои объективие мављуд бошанд, ки аз љониби суд узрнок њисобида шаванд;

- дигар њолатњое, ки суд асоснок мешуморад.

2. Дар бораи мавќуф гузоштани мурофиаи судї таъинот ќабул карда мешавад.

3. Баррасии парванда аз тарафи суд баъд аз бартараф шудани асоси мавќуфгузорї аз њамон марњилае, ки мавќуф гузошта шуда буд, идома дода мешавад.

Моддаи 52. Боздоштани мурофиаи судї

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон метавонад му­рофиаи судиро дар њолатњои зерин боздорад:

- фавти шањрванд-тарафи мурофиаи судї, агар муносибатњои бањсноки њуќуќї ворисии њуќуќиро иљозат дињад;

- ѓайри ќобили амал эътироф намудани тараф ё набудани намояндаи ќонунии шахсе, ки ѓайри ќобили амал эътироф шудааст;

- дар муассисаи табобатї ё дар сафари хизматии давомнок будани тарафњо, ки бо њуљљатњои дахлдор тасдиќ мегарданд;

- ба вуљуд омадани зарурати гирифтани хулосаи коршинос.

2. Мурофиаи судии боздошташуда баъд аз бартараф гардидани њолатњое, ки барои боздоштани он асос шуда буданд, оѓоз карда шуда, муњокимаи парванда аз марњилае, ки боздошта шуда буд, давом дода мешавад.

Моддаи 53. Оќибати њозир нашудани тарафњо ва намояндагони онњо ба мурофиаи судї

Њозир нашудани яке аз тарафњо ё намояндагони онњо ба мурофиаи судї, ки дар бораи ваќт ва љои гузаронидани мурофиаи судї ба таври дахлдор хабардор карда шудаанд, барои баррасии парванда монеъ шуда наметавонад. Дар баробари ин, агар баррасии парванда дар њолати иштирок накардани яке аз тарафњо ё на­мояндагони онњо ѓайриимкон бошад ё тарафи мазкур дар бораи иштирокаш њангоми баррасии парванда хабар дода бошад, мурофиаи судї мавќуф гузошта мешавад.

Моддаи 54. Оќибати њозир нашудани шоњидон, коршиносон, мутахассисон ва тарљумон ба мурофиаи судї

1. Дар сурати ба мурофиаи судї њозир нашудани шоњидон, коршиносон, мутахассисон ва тарљумон суд фикри иштирокчиёни мурофиаи судиро оид ба имконияти баррасии парванда бе иштироки шоњидон, коршиносон, мутахассисон ва тарљумон шунида, яке аз ин таъинотњоро ќабул мекунад:

- дар бораи моњиятан баррасї намудани парванда бе иштироки шоњидон, коршиносон, мутахассисон ва тарљумон;

- дар бораи мавќуф гузоштани баррасии парванда ва таъин намудани ваќти дигари баррасии парванда.

2. Таъинотњои дар ќисми 1 њамин модда зикргардида дар маљлиси судї эълон карда шуда, дар протоколи маљлиси судї навишта ме­шаванд.

БОБИ 11. САНАДЊОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 55. Санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон

1. Санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз ќарор, хулоса ва таъинот иборатанд.

2. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон парвандаро моњиятан баррасї намуда, ќарор ќабул менамояд.

3. Ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз номи Љумњурии Тољикистон ќабул карда шуда, ба он раисикунанда ва судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон имзо ме­гузоранд.

4. Дар мавридњои муќарраркардаи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва Ќонуни конститутсионии мазкур, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон хулоса ќабул мекунад. Хулосаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо тартибе, ки барои ќабул намудани ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон муайян шудааст, ќабул ва эълон карда мешавад.

5. Оид ба дигар масъалањое, ки аз љониби Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон баррасї карда мешаванд, инчунин дар њолатњои пешбининамудаи Ќонуни конститутсионии мазкур таъинот ќабул карда мешавад.

Моддаи 56. Ќабули санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо овоздињии кушода ќабул карда мешаванд.

2. Судяњo њуќуќ надоранд аз овоздињї худдорї намоянд ва дар он иштирок накунанд.

3. Раисикунанда дар њамаи њолатњо дар охир овоз медињад.

4. Ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њамон ваќт ќабулшуда њисоб меёбад, ки агар ба тарафдории он аксарияти судяњои дар маљлиси судї иштирокдошта овоз дињанд.

5. Дар сурати баробар будани овози судяњо ќарор дар бораи ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї ё тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки мавриди бањс ќарор дода шудааст, ќабул карда мешавад.

6. Ќарор ва хулосаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон пас аз ќабул шуданашон фавран эълон карда мешаванд.

Моддаи 57. Фикри махсуси судяи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон

1. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон розї нест, њуќуќ дорад фикри махсуси худро дар шакли хаттї ифода намояд.

2. Фикри махсуси судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ба маводи парванда њамроњ карда шуда, ба сифати замимаи ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон интишор карда мешавад.

Моддаи 58. Мазмуни ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Дар ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон во­баста ба хусусияти масъалаи баррасишаванда инњо нишон дода мешаванд:

- номи ќарор, сана ва љои ќабули он;

- њайати Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки ќарорро ќабул намудааст, котиби маљлиси судї;

- тарафњо ва намояндагони онњо;

- меъёрњои Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва Ќонуни конститутсионии мазкур, ки салоњияти Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистонро барои баррасии њамин масъала пешбинї менамоянд;

- талаби мурољиаткунанда;

- њолатњое, ки Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон муќаррар кардааст;

- номи ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї ё тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, ки ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон мувофиќат доштани онњо санљида шудааст, бо нишон додани сарчашмаи ин­тишор ё ќабули онњо;

- ќарори маќомоти дахлдори давлатї ё љамъиятї ё шахси ман­сабдоре, ки ба андешаи мурољиаткунанда он дар асоси ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї ё тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номувофиќ ќабул карда шудааст, бо нишон додани сарчашмаи интишор ё ќабули онњо;

- далелњое, ки ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон ба онњо асос ёфтааст, инчунин дар мавриди зарурат далелњое, ки фикри тарафњоро рад мекунанд;

-меъёрњои Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ки онњоро Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар ваќти ќабули ќарор ба асос гирифтааст;

- асосноккунии ќарор;

-тартиби эътибори ќонунї пайдо кардани ќарор, инчунин тартиб ва мўњлати иљрои он;

- ќатъї будани ќарор;

- интишори ќарор.

Моддаи 59. Ќарори иловагии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо ташаббуси худ ё бо дархости иштирокчиёни мурофиаи судї ё шахсоне, ки барои иљрои ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон вази­фадоранд, ќарори иловагї ќабул мекунад.

2. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ќарори иловагї ќабул мекунад, агар:

-дар бораи шарњу эзоњ додани ќарори ќабулкардаи он масъа­лагузорї карда шавад;

- зарурати ислоњ кардани носањењии ном, ифодањо, њисоб ва дигар хатоњои дорои хусусияти тањрирї дар ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба миён омада бошад.

3. Ќарори иловагї набояд хилофи мазмун ва мо­њияти ќарори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бошад.

Моддаи 60. Њатмї будани иљрои санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, агар дар онњо тартиби дигар пешбинї нашуда бошад, аз лањзаи ќабул шуданашон эътибори ќонунї пайдо мекунанд.

2. СанадњоиСуди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ќатъї буда, доир ба онњо шикоят кардан мумкин нест.

3. Иљрои санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз тарафи њамаи маќомоти давлатї, корхонањо, муассисањо, дигар ташкилотњо, иттињодияњои љамъиятї, новобаста аз шакли моликият, шахсони мансабдор ва шањрвандон, ки санадњои судї ба онњо дахл доранд, њатмї мебошад.

4. Хулосаи тибќи ќисми 4 моддаи 34 Ќонуни конститутсионии мазкур ќабулнамудаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз тарафи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба маълумот гирифта мешавад.

5. Ќонунњо, дигар санадњои меъёрии њуќуќї, тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ё меъёрњои алоњидаи онњо, ки аз тарафи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номувофиќ дониста шудаанд, аз эътибор соќит дониста мешаванд.

6. Ќарорњои судњо ва дигар маќомот, ки ба ќонун, дигар санади меъёрии њуќуќї ё тавзењоти дастурии пленумњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ба Конститутсияи (Сарќо­нуни) Љумњурии Тољикистон номувофиќ донисташуда асос ёфтаанд, мавриди иљро ќарор намегиранд.

7. Њангоми ошкор шудани вайронкунии мушаххаси Консти­тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба маќомоти дахлдор ва шахсони мансабдоре, ки ба вайронкунї роњ додаанд, пешнињод ирсол менамояд ва таваљљўњи онњоро ба вайронкунии ошкоршуда, зарурати бартараф намудани он ва дар мўњлати муќарраршуда хабар додан дар бораи чорањои андешидашуда ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон љалб менамояд.

8. Дар њолати аз тарафи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ќабул шудани хулоса дар бораи риоя нашудани тартиби пешнињоди айбдоркунии Президенти Љумњурии Тољикистон дар содир намудани хиёнат ба давлат баррасии айбдоркунї ќатъ карда мешавад.

9. Аз тарафи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон номувофиќ до­нис­­­тани шартномањои байналмилалии эътибори ќонунї пайдона­кардаи Љумњурии Тољикистон барои Љумњурии Тољикистон эътибор надоштани ин шартномањо ё баъзе аз меъёрњои онњоро ифода мекунад.

Моддаи 61. Иљрои ќарор ва хулосаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Ќарор ва хулосаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон аз ваќти ќабул ё ваќти дар ин санадњо муќарраршуда эъти­бори ќонунї пайдо менамоянд.

2. Ќарор ва хулосаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон дар воситањои ахбори омма интишор карда мешаванд. Бо салоњдиди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон санадњои дигари он низ метавонанд интишор карда шаванд.

3. Ќарор ва хулосаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ба маќомот ва шахсони зерин фиристода мешаванд:

- Президенти Љумњурии Тољикистон;

- Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон;

- Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон;

- Њукумати Љумњурии Тољикистон;

- Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон;

- Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

- Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон;

- Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон;

- Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон;

- Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон;

- тарафњо;

- ба дигар маќомот ва шахсони мансабдор, шањрвандон бо амри Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон.

4. Дар бораи чорањои андешидашуда оид ба иљрои ќарор ва хулосаи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон маќомот ва шахсони мансабдоре, ки иљрои санади судї ба онњо вогузор карда шудааст, ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар мўњ­лати муќаррарнамудаи он хабар медињанд.

Моддаи 62. Оќибати иљро накардани санадњои Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон

Иљро накардан, ба таври дахлдор иљро накардан ва ё мамониат намудан ба иљрои санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон боиси ба љавобгарї кашидан мегардад.

Моддаи 63. Шарњи санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон танњо аз тарафи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба таври расмї шарњ дода мешаванд.

2. Шарњи расмии санадњои судї бо ташаббуси Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон ё дархости иштирокчиёни муро­фиаи судї ё маќомот ва шахсоне, ки санади судї ба онњо равона гардидааст ё барои иљрои санади судї вазифадоранд, дода мешавад.

3. Таъинот дар бораи шарњи санади Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз тарафи судяњо дар хонаи машваратї бо тартибе, ки барои ќабули санадњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон муќаррар гардидааст, ќабул карда мешавад ва аз ваќти ќабул карда шуданаш эътибори ќонунї пайдо мекунад.

4. Нусхаи таъинот дар бораи шарњи санади Суди консти­тут­сионии Љумњурии Тољикистон ба маќомот ва шахсоне, ки оид ба шарњи санади Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон муро­љиат намудаанд, ба маќомот ва шахсони мансабдори дар ќисми 3 моддаи 61 Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида ва ба муассисањои табъу нашр, ки санади ќабулнамудаи Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон аз тарафи онњо интишор гарди­дааст, фиристода мешавад.

Моддаи 64. Протоколи мурофиаи судї

1. Љараёни мурофиаи судї аз лањзаи кушодашавии он то пурра ба охир расиданаш дар протоколи мурофиаи судї сабт карда мешавад.

2. Протоколи мурофиаи судї бояд инњоро дар бар гирад;

- љой ва санаи баргузории мурофиаи судї, бо нишон додани ваќти саршавї ва ба охир­ расидани он;

- њайати судяњои њозирбуда;

- насаб, ном ва номи падари котиби маљлиси судї;

- насаб, ном ва номи падар, мансаби њар як иштирокчии му­рофиаи судї;

- номи парвандаи баррасишаванда;

-маълумот дар бораи амалњое, ки дар мурофиаи судї ба вуќўъ меоянд, бо њамон тартибе, ки љой доштанд ва натиљаи онњо;

-маълумот дар бораи шоњидон, мутахассисон, коршиносон;

-маълумот дар бораи пешнињод ё дархост, шарњу баёноти ишти­рокчиёни мурофиаи судї, нишондоди шоњидон, мутахассисон, хуло­саи коршиносон, саволњои ба онњо додашуда ва љавоби онњо.

3. Барои таъмини пуррагии протоколи мурофиаи судї воситањои техникї истифода бурда мешаванд. Истифодаи воситањои техникї дар протоколи мурофиаи судї нишон дода мешавад. Протоколи муро­фиаи судї ва воситањои техникии дар мурофиаи судї исти­фодашуда ба парванда њамроњ карда мешаванд.

4. Протоколи мурофиаи судї бояд дар муддати на дертар аз панљ рўзи баъд аз ба охир расидани мурофиаи судї тањия ва чоп карда шавад.

5. Протоколи мурофиаи судї аз тарафи котиби маљлиси судї тањия гардида, ба он раисикунанда ва судя-котиби Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон имзо мекунанд.

БОБИ 12. Чорањои Њимояи мурофиавии
ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 65. Њуќуќи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба татбиќи чорањои њимояи мурофиавї

1. Раисикунандатартиботро дар маљлиси судї таъмин менамояд, ба вайронкунандагони тартибот огоњї медињад ва дар сурати давом додани вайронкунии тартибот онњоро аз толори мурофиаи судї берун мекунад.

2. Вайронкунандагони тартибот дар мурофиаи судї тибќи Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба љавобгарии маъмурї кашида мешаванд, агар дар њаракатњои онњо аломатњои љиноят набошад.

Моддаи 66. Харољоти судї

1. Харољоти судї аз бољи давлатї ва харољоти вобаста ба баррасии парванда иборат аст.

2. Андоза ва тартиби пардохти бољи давлатї тибќи муќаррароти Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бољи давлатї» муайян карда мешавад.

3. Њангоми баррасї нагардидани мурољиат ё ќатъ гардидани пешбурди парванда бољи давлатї ба мурољиаткунанда пас гардонида мешавад.

4. Харољоти вобаста ба баррасии парванда аз маблаѓи харљ­кардаи шоњидон, мутахассисон, коршиносон, тарљумонњо, ки онњоро Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон љалб намудааст, маб­лаѓи барои гузаронидани экспертиза харљшуда ва дигар харољоти вобаста ба омода намудан ва баррасї кардани парванда иборат ме­бошанд, ки онњо дар асоси таъиноти Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон аз маблаѓи буљети љумњуриявї пардохта мешаванд.

5. Харољоти вобаста ба иљрои талаботи њатмии Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон аз тарафи маќомоти давлатї, шахсони воќеї ва њуќуќї, ки иљрои талабот ба зиммаи онњо гузошта шудааст, пардохта мешавад.

6. Тарафе, ки вобаста ба баррасии парванда дар Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон маблаѓ харљ кардааст, њуќуќ дорад рўёнидани онро аз шахсони мушаххас бо тартиби пеш­бининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон талаб намояд.

БОБИ 13. МАБЛАЃГУЗОРЇ, ТАЪМИНОТИ МОДДї ВА ЊИМОЯИ ИЉТИМОИИ СУДЯЊОИ СУДИ КОНСТиТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 67. Музди мењнати судяи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон

1. Музди мењнати судяи Суди конститутсионии Љумњурии То­љикистон аз маоши вазифавї, иловапулињо барои дараљаи тахассусї ва собиќаи корї иборат аст.

2. Андозаи маоши вазифавї, андоза ва тартиби додани илова­пулињо барои дараљаи тахассусї ва собиќаи кории судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро Президенти Љумњурии Тољикистон муќаррар мекунад.

3. Аз рўи масъалањои таъминоти маишї, тиббї ва техникї Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, муовини ў ва судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон мувофиќан бо Сар­вазири Љумњурии Тољикистон, муовини аввал ва муовинони Сар­вазири Љумњурии Тољикистон баробар мебошанд.

4. Ба судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар тамоми давраи кораш шиносномаи дипломатї дода мешавад.

Моддаи 68. Кафолатњои дигари моддї барои судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе вазифадор аст на дертар аз се моњи интихоб шудани судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ё дар мавриди зарурати бењтар намудани шароити манзилиаш барои вай бидуни навбат дар шањри Душанбе хонаи истиќоматї бо назардошти њуќуќи судя ба майдони иловагии зист ба андозаи на камтар аз 20 метри мураббаъ ё дар шакли утоќи алоњида дињад.

2. Баъд аз ба охир расидани 10 соли кори судягї хонаи исти­ќоматие, ки аз њисоби фонди давлатии манзил ба судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дода шудааст, ройгон ба моликияти ў дода мешавад. Ба судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ва аъзои оилааш 50 фоизи музди хонаи истиќоматї дар хонањои фонди давлатии манзил, инчунин 50 фоизи маблаѓи тамоми хизматрасонии коммуналї (гармидињии марказї, таъмини об ва ѓайра) пардохт карда мешавад.

3. Бо розигии судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба ў дар доираи имкониятњои буљети давлатї ба љои хонаи исти­ќоматї ќарзи бефоиз аз њисоби буљети љумњуриявї барои харидан ё сохтани манзил дода мешавад.

4. Хизматрасонии тиббї ба судяи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон ва аъзои оилаи ў дар њамон муассисаи табобатї, ки то ба мансаби нави давлатї гузаштан ё гузаронидан ва ба истеъфо ё ба нафаќа баромадани судя расонида мешуд, нигоњ дошта мешавад.

5. Дар сурати озод кардан аз вазифа ва ё бозхонди судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз рўи асосњое, ки дар сархатњои чорум ва панљуми моддаи 14 Ќонуни конститутсионии мазкур пешбинї гардидаанд, ба оилаи вай кўмакпулии якдафъаина ба андозаи музди мењнати панљмоњаи судя дода мешавад.

6. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз њуќуќи брон ва бе навбат гирифтани љой дар мењмонхонањо, харидани чиптањо дар њамаи намудњои наќлиёт истифода мебарад.

7. Ба судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њан­гоми ба нафаќа баромадан бо сабаби маъюбї ба андозаи музди мењнати семоња кўмакпулии якдафъаина дода мешавад.

Моддаи 69. Тадбирњо доир ба њимояи иљтимоии судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонва аъзои оилаи ў

1. Њаёт ва саломатии судяи Суди конститутсионии Љумњурии То­љикистон аз њисоби маблаѓи буљети давлатии Љумњурии Тољикистон ба андозаи музди мењнати њаштмоњааш суѓуртаи њатмии давлатї карда мешавад.

2. Маќомоти суѓуртаи давлатї дар њолатњои зерин маблаѓи суѓуртаро пардохт менамоянд:

- вафот кардани судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар давраи кор, агар ин њодиса њангоми иљрои вазифа дар натиљаи расидани зарар ба саломатї ба амал омада бошад, ба ворисони вай ба андозаи музди мењнати њаштмоњаи судяи Суди конститутсионї;

- њангоми иљрои вазифа маъюб шудани судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ё расидани зарари дигар ба саломатии ў, ки имконияти минбаъд бо фаъолияти касбї машѓул шудани ўро номумкин мегардонад, ба андозаи музди мењнати шашмоњаи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон.

3. Дар сурати маъюб шудан ё расидани зарари дигар ба саломатии судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њангоми иљрои вазифа, ки имконияти минбаъд ба фаъолияти касбї машѓул шудани ўро номумкин мегардонад, ба судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар шакли тафовути байни музди мењнат ва нафаќаи таъиншуда бидуни дарназардошти маблаѓе, ки аз суѓуртаи давлатї гирифтааст, љубронпулии њармоња дода мешавад.

4. Дар сурати вафот кардани судяи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон ё бинобар расидани зарар ба саломатї њангоми иљрои вазифа ба истеъфо баромадани ў, ба аъзои ѓайри ќобили мењнати оилааш, ки дар таъминоти ў мебошанд, њар моњ ба андозаи фарќияти ќисми маоши судяи вафоткарда, ки барои онњо рост меояд, нафаќае, ки бинобар бе саробон мондан барои онњо таъин шудааст, бидуни назардошти пардохте, ки аз суѓуртаи давлатї гирифтааст, љубронпулї дода мешавад.

5. Товони зараре, ки дар натиљаи нобуд ё вайрон кардани молу мулки судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонё аъзои оилаи вай вобаста ба фаъолияти хизматї расонида шудааст, ба ў ё ба аъзои оилааш дар њаљми пурра пардохт карда мешавад.

6. Пардохти товони зараре, ки дар ќисмњои 3, 4 ва 5 њамин модда пешбинї шудааст, аз њисоби маблаѓи буљети љумњуриявї сурат мегирад.

7. Њуќуќи гирифтани бинои истиќоматї аз рўи шартњо ва асосњое, ки то вафот кардани судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон вуљуд доштанд, барои оилаи вай низ нигоњ дошта мешавад.

Моддаи 70. Дараљањои тахассусии судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва рутбањои дараљавии кормандони дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Ба Раис, муовини ў ва судяњои Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон дараљањои тахассусї ва ба кормандони дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон рутбањои дараљавї дода мешаванд.

2. Дараљањои тахассусии судяњои Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон ва рутбањои дараљавии кормандони дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистонро Маљлиси намоян­дагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон муќаррар мекунад.

3. Низомномаи тартиби додани дараљањои тахассусии судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва рутбањои дараљавии кормандони дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кис­тонро Президенти Љумњурии Тољикистон тасдиќ мекунад.

4. Ба кормандони дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки хизматчии давлатї ба њисоб мераванд, рутбањои та­хассусї дода мешаванд, ки тартиби додани онњоро ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи хизмати давлатї муќаррар мена­мояд.

Моддаи 71. Рухсатии мењнатии судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Ба Раис, муовини ў ва судяњои Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон рухсатии мењнатии њарсолаи пардохтшаванда бо давомнокии на камтар аз 35 рўзи таќвимї дода мешавад.

2. Барои судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон њангоми доштани собиќаи кории касбї ба муддати зайл рухсатии иловагии пулакї дода мешавад:

баъди 5 соли собиќаи корї - 3 рўзи таќвимї;

баъди 10 соли собиќаи корї - 5 рўзи таќвимї;

баъди 15 соли собиќаи корї -10 рўзи таќвимї;

баъди 20 соли собиќаи корї -15 рўзи таќвимї.

3. Бо хоњиши судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон рухсатї мумкин аст ќисм-ќисм дода шавад ва дар ин маврид давомнокии як ќисми рухсатии додашуда набояд аз 14 рўзи таќвимї камтар бошад.

4. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ба рухсатии бемузд ба мўњлати на зиёда аз 60 рўзи таќвимї њуќуќ дорад.

Моддаи 72. Муњофизати њуќуќи мењнатии судяњои Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Ба судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ки мўњлати ваколаташ ба охир расидааст ё хоњиши ў барои ба истеъфо баромаданаш ќонеъ гардонида шудааст, вазифаи (кори) пештарааш ва ё вазифаи (кори) ба он баробар дода мешавад.

2. Муддати дар вазифаи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон кор кардан њамчун собиќаи кории касбї ба њисоб гирифта мешавад.

Моддаи 73. Маблаѓгузории Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1.Маблаѓгузории Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистоназ њисоби буљети љумњуриявї таъмин карда мешавад.

2. Сметаи харољоти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз тарафи Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешавад.

Моддаи 74. Таъмини нафаќаи судяи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон

Таъмини нафаќаи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи Ќонуни Љумњурии То­љикистон «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» амалї карда мешавад.

Моддаи 75. Таъмини амнияти судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, аъзои оилаашон ва молу мулки онњо тањти њимояи махсуси давлат ќарор доранд.

2. Муњофизати бино ва молу мулки судяњои Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон, дар сурати зарурат муњофизати судя ва аъзои оилаи вай, хонаи истиќоматї ва молу мулки ба онњо тааллуќдошта бо аризаи судя ва аъзои оилаи ў ба зиммаи маќомоти корњои дохилї гузошта, ройгон иљро карда мешавад.

3. Судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон барои гирифта гаштан, нигоњ доштан ва истифода бурдани силоњи хизматї њуќуќ доранд, ки тартиби онро ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.

Моддаи 76. Љавобгарї барои беэњтиромї нисбат ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва судяњои он

Беэњтиромї нисбат ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон ва судяњои он, њамчунин содир намудани кирдоре, ки аз беэъ­тиноии ошкоро нисбат ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон шањодат медињад, мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољи­кистон боиси љавобгарї мегардад.

БОБИ 14. ДИГАР МАСЪАЛАЊОИ ТАШКИЛ ВА
ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТиТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 77. Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон

1. Дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон корњои иттилоотию маълумотдињї, илмию машваратї, ёрирасонию ташкилї ва таъминотии фаъолияти Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва судяњои онро иљро менамояд.

2. Низомнома дар бораи дастгоњи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон аз тарафи Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешавад.

3. Сохтор ва шумораи умумии кормандони дастгоњи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Раиси Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз тарафи Президенти Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешавад.

4. Андозаи маоши мансабї, иловапулї барои рутбаи тахассусї ва собиќаи хизмати давлатї, инчунин шартњо ва тартиби пардохти музди мењнати хизматчиёни давлатии дастгоњи Суди конститут­сионии Љумњурии Тољикистон бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» муайян карда мешавад.

Моддаи 78. Либос, нишони сарисинагї ва шањодатномаи судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон муро­фиаи судиро бо либоси махсус ва нишони сарисинагї мегузаронанд, ки тасвир ва намунаи онњо бо пешнињоди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешавад.

2. Ба судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон шањодатнома дода мешавад, ки намунаи он бо пешнињоди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз тарафи Њукумати Љум­њурии Тољикистон муќаррар карда мешавад.

Моддаи 79. Шўрои илмию машваратии назди Суди консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон

1. Дар назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз њи­соби олимон ва мутахассисони соњаи њуќуќ Шўрои илмию машваратї ташкил карда мешавад.

2. Низомномаи Шўрои илмию машваратї аз тарафи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешавад.

Моддаи 80. Ќароргоњи Суди конститутсионии Љумњурии То­љикистон

1. Ќароргоњи доимии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикис­тон пойтахти Љумњурии Тољикистон - шањри Душанбе мебошад.

2. Мурофиањои судии Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон дар ќароргоњи доимии он гузаронида мешаванд. Суди конс­титутсионї, агар лозим донад, мурофиањои судии худро берун аз ќароргоњ низ гузаронида метавонад.

Моддаи 81. Рамзњои давлатї дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Дар болои бинои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон ва дар маљлисгоњ ва њуљ­рањои кории судяњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Нишони давлатї ва Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон гу­зошта мешаванд.

Моддаи 82. Мўњри Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дорои мўњр ме­бошад, ки дар он Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон тасвир ёфта, номи суд сабт карда мешавад.

Моддаи 83. Нашрияи расмии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Нашрияи расмии Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» мебошад.

БОБИ 15. МУЌАРРАРОТИ ХОТИМАВЇ

Моддаи 84. Љавобгарї барои риоя накардани талаботи Ќонуни конститутсионии мазкур

Шахсони воќеї ва њуќуќї барои риоя накардани талаботи Ќонуни конститутсионии мазкур мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешаванд.

Моддаи 85. Дар бораи аз эътибор соќит донистани Ќонуни консти­тутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон»

Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон аз 3 ноябри соли 1995 «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, с. 1995, № 21, мод. 223; с. 1997, № 9, мод. 110; с. 1998, № 10, мод. 111; мод. 115; с. 2000, № 6, мод. 349; с. 2001, № 4, мод. 200; с. 2004, № 2, мод. 43; с. 2006, № 3, мод. 142; с. 2007, № 7, мод. 650; с. 2008, № 3, мод. 180; № 10, мод. 794; с. 2009, № 7-8, мод. 488; с. 2011, № 6, мод. 427; с. 2013, № 3, мод. 175) аз эътибор соќит дониста шавад.

Моддаи 86. Тартиби мавриди амал ќарор додани Ќонуни конс­титутсионии мазкур

Ќонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмї мавриди амал ќарор дода шавад.

Президенти

Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон

ш. Душанбе, 26 июли соли 2014

№ 1083