04:23:33 - 21.09.2017

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 3) 2014

 


АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

(№ 3) 2014

 

Конститутсияи Тољикистон эътибори олии њуќуќї

дорад ва меъёрњои он мустаќиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни)
Љумњурии Тољикистон)

Маљаллаи илмию иттилоотї

Сармуњаррир:

Мањмудзода М. А. Раиси Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон, академики Академияи илмњои

Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Њайати тањририя:

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии Љумњурии То­љикистон, номзади илмњои сиёсї

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии Љумњурии Тољи­кистон, Њуќуќшиноси шоистаи Љумњурии Тољи­кистон

Сотиволдиев Р. Ш. Раиси Шўрои илмї - машваратии назди Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи ДМТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор

Искандаров З.Њ. Узви Шўрои илмї - машваратии назди Суди конс­титутсионии Љумњурии Тољикистон, профессори кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории ДМТ

 

Мундариља

Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам
Эмомалї Рањмон дар маљлиси тантанавї бахшида ба таљлили
20-умин солгарди Конститутсияи Љумњурии Тољикистон
............................. 6

Мањмудзода М.А. Наќши Конститутсияи Љумњурии Тољикистон
дар бунёди давлати демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона................. 19

Абдуллозода Н. Наќши Конститутсия дар тањкими адолати судї.......... 30

Абдуфатоњи Ѓоиб Конститутсия заминаи эъмори давлати
демократї ва њуќуќбунёд.............................................................................. 39

Рањмон О.Э. Рољеъ ба баъзе масоили танзими њуќуќ
ва озодињои занон дар Тољикистон.............................................................. 42

Шарипов Ф. Њ. Конститутсия ва сиёсати хориљии
Љумњурии Тољикистон................................................................................... 48

Шафоатов М.С. Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон:
таърихи истиќлолият ва љанбањои илмї-назариявии таъмини
манфиатњои амнияти миллї......................................................................... 55

Саидов И.И. Њуќуќу озодињои шахсї ва сиёсии шањрвандон дар конститутсияњои ЉМШС Туркистон, ЉХШ Бухоро ва ЉМШС
Тољикистон (1918-1929)................................................................................. 75

Таъинотњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї
оид ба дархости Амир Муњаммад Поянда Муњаммад «Оид ба
муайян намудани мувофиќати ќисми 1 моддаи 12 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи гурезањо» ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 26 июли соли 2000 № 325 «Дар бораи номгўи мањалњои ањолинишини Љумњурии Тољикистон, ки дар он љойњо муваќќатан зист намудани шањрвандони паноњљўянда ва гурезагон мумкин нест»
ба ќисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии
Тољикистон, ќисмњои 1-3 мод­даи 12 Паймони байналхалќї доир
ба њуќуќи фитрї ва сиё­сї, мод­даи 5 Конвенсияи байналхалќї дар
бораи барњам додани тамоми шаклњои табъизи нажодї ва моддаи
26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттањид оид ба маќоми гурезањо»
аз 15 сентябри соли 2014................................................................................ 90

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон

Навидњои Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон 96

 

 

СУХАНРОНИИ

ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН МУЊТАРАМ

ЭМОМАЛЇ РАЊМОН ДАР МАЉЛИСИ ТАНТАНАВЇ БАХШИДА БА ТАЉЛИЛИ 20-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Њамватанони азиз!

Њозирини гиромї!

Аввалин Конститутсияи Тољикистони соњибистиќлол њамчун њуљ­љати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роњи эъмори давлатдории навини тољикон, пайвастани он бо љомеаи љањонї ва њифзи манфиатњои милливу давлатї, таъмини сулњу субот, вањдати миллї ва њуќуќу озодињои инсон наќши барљастаи таърихї дорад.

Конститутсияи кишвар, ки таљассумгари орзуву ормони озод­андешї ва ѓояњои љовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории њокимияти конститутсионї, тањкими рукнњои давлатдорї, ноил гардидан ба пешравињои азими сиёсиву иќтисодї ва иљтимоиву фар­њангї, ба вуљуд овардани асосњои љомеаи шањрвандї ва муњайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи њар фард заминаи мустањкам ва боэътимоди њуќуќї гузошт.

Бинобар ин, бо камоли ифтихору сарфарозї кулли њамватанони азиз ва њамаи шумо - њозирини гиромиро ба муносибати љашни 20-умин солгарди ќабули Конститутсияи Тољикистони озоду мустаќил самимона табрику шодбош мегўям.

Ќабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тољикон дар интињои асри гузашта ба шумор рафта, натиљаи мантиќии талошњои љомеаи адолатпарвар дар роњи расидан ба марњалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.

Дар таърихи начандон тўлонии истиќлол роњи эъмори давлати демокративу њуќуќбунёд ва ягонаву дунявиро дар сатњи ќонуни олии мамлакат интихоб намудани халќи тамаддунсози тољик нишонаи барљастаи хирад ва суннатњои тањаммулгарои он мебошад.

Конститутсия мањсули андешаи миллї ва арзишњои бунёдии халќи кишвар мебошад, зеро ин њуљљати сарнавиштсоз мањз ба шаро­фати андешаву њувияти миллї, тањаммулгарої ва љасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди њуќуќї ќабул гардида, барои устувории пояњои давлати мустаќил мусоидат намуд.

Бо гузашти солњо мо ањаммияти таърихии сиёсиву њуќуќии ин њуљљати муќаддасу сарнавиштсозро бештар дарк ва ќадр намуда, шоњиди онем, ки дар заминаи ин санади муњим давлати соњиб­истиќ­лоли мо дар масири ду дањсолаи охир пайгирона то ба зинаи давлатдории муосири љавобгў ба маќсаду мароми халќи фарњангсолори тољик расид.

Њоло ки мо дар арафаи таљлили 20-умин солгарди санади таќ­дирсози кишвар ќарор дорем, бояд бори дигар ба таърихи ќабули он назар андохта, андеша намоем, ки то имрўз дар заминаи ин њуљљати њуќуќї дар самти эъмори давлати демокративу њуќуќбунёд ва ташаккули љомеаи адолатпарвар ба кадом дастовардњо ноил шудаем.

Зеро ёдовар шудан аз дастовардњо ба мардуми кишвар ва хусусан љавонон имконият медињад, ки ањаммияти таърихї ва сиёсиву њу­ќуќии Конститутсияро амиќан дарк намоянд.

Дўстони азиз!

Истиќлолият, ки ибтидои давлатсозї ва давлатдории муосири мил­лии мо мебошад, њамчун рамзи олии Ватану ватандорї барои хал­ќи тољик имкони воќеии амалї намудани орзуву ормонњои гузаштагонамонро фароњам оварда, роњи пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи љомеаи демократї, њуќуќбунёд ва дунявї муайян намуд.

Соњибистиќлолї ва инкишофи мустаќилонаи давлат дар тамоми соњањои њаёти љомеа дигаргунињои амиќро рўи кор оварда, барои ис­лоњоти куллї дар њаёти сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва интихоби шакли нави идоракунии давлат замина гузошт.

Истиќлолият ва соњибихтиёрї дар љомеа андешаи барпо наму­дани давлати њspan style=њquot;; mso-bidi-font-family: quot;,/spanfont-size: small;уќуќбунёду демократї, таљзияи њокимият, гуногунандешиву бисёрњизбї, соњибихтиёрии халќ, эътирофи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, кафолати мављудияти моликияти хусусї ва дигар масъалањои муњимми демократиро ба вуљуд овард, ки барои расидан ба ин њадафњо ва куллан дигаргун кардани сохти давлатдорї зарурати ќабули Конститутсияи нави кишвар ба миён омад.

Зеро њама хуб дарк мекарданд, ки танњо бо ќабули Конститутсияи нав њимояи заминањои истиќлол ва муаррифии расмии Тољикистон њамчун давлати мустаќил дар арсаи байналмилалї, ба роњ мондани муносибатњои баробарњуќуќ ва њамкорињои мутаќобилан судманд бо кишварњои пешрафтаи олам муяссар мешавад, амнияти милливу давлатї ва оромии авзои љомеа таъмин мегардад ва бо њамин роњ поя­њои сиёсиву њуќуќии давлате, ки ќадамњои нахустини худро мегузошт, устувор мегардад.

Вазъияти нињоят њассосу печида ва зудтаѓйиёрбандаи онваќтаи арсаи олам низ дар баробари вазъияти ноорому тањдидангези сиёсиву иљтимої ва иќтисодии дохили кишвар ба мазмуну мундариљаи тањаввулоти њаёти иљтимоиву сиёсии мардуми мо ва умуман њастии давлати навини тољикон таъсири амиќ ва торафт афзоянда дошт ва дар назди давлату љомеа вазифаи басо муњим ва њамзамон бо ин, масъулияти нињоят љиддиро гузошта буд.

Бинобар ин, бе ќабули Конститутсияи нав ва дар асоси он муайян намудани сиёсати њуќуќии кишвар ва барќарор намудани сохторњои фалаљшудаи њокимияти давлатї пешравии љомеаро таъмин кардан, муайян намудани сиёсати мутавозини дохиливу хориљї ва њимояи манфиатњои сиёсиву иќтисодии кишвар ѓайриимкон буда, давлат ва љомеаи мо дар њар ќадам ба душворињои сиёсиву иќтисодї ва иљтимоиву маънавї рў ба рў мегардид.

Тањия ва ќабули Конститутсияи нав, ки аслан баъди Иљлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон шурўъ гардида буд, ба давраи бисёр ноороми љамъиятиву сиёсї рост омад.

Гурўњи кории тањияи лоињаи Ќонуни асосии кишвар кўшиш мекард, ки кори худро босифат ва дар муддати кўтоњ ба иљро расонад, зеро љомеаи Тољикистон ва вазъи ноороми он рўзњо њарчи зудтар ќабул гардидани ин њуљљатро таќозо мекард.

Дар раванди тањия ва муњокимаи лоињаи Конститутсияи кишвар мардуми Тољикистон низ фаъолона иштирок намуда, ба гурўњи корї фикру пешнињодњои зиёдеро манзур намуданд.

Аз љониби аъзои гурўњи корї тамоми пешнињодњои воридшуда тањлилу баррасї гардида, њамзамон бо ин, конститутсияи давлатњои гуногуни љањон омўхта, таљрибаи мусбати онњо мавриди истифода ќарор дода шуд.

Ман борњо таъкид дошта будам ва боз иброз медорам, ки ќабули Ќонуни асосии кишвар, ки аслан бо дарназардошти андешаву пешнињодњои сершумори мардуми шарифи Тољикистон тањия гардидааст, танњо ба шарофати кўшишу талошњои халќи тољик дар роњи эъмори давлатдории навин муяссар гардид. Аз ин лињоз, ќабули ин санад дастоварди бузурги миллии мо ба шумор меравад.

Бинобар ин, ман ба халќи Тољикистон ва њамаи аъзои гурўњи кории тањияи лоињаи Конститутсия, ки бо вуљуди вазъияти мураккабу ноороми кишвар ва фишору зўроварии гурўњњои манфиатљў, дар тањия ва ќабули ин санади сарнавиштсоз иштирок карданд, изњори сипос менамоям.

Зеро ќабули ин њуљљати олии њуќуќї ва дар он инъикос ёфтани маќсаду мароми љомеаи мо ва муайян гардидани сохти давлатдории тољикон ягона роњи муаррифии давлати Тољикистон дар љањон, инчунин наљоти миллат ва давлати соњибистиќлоли мо буд.

Ин њуљљати таќдирсоз, ки бори нахуст ба таври раъйпурсии умумї ќабул гардид, дар худ самтњо ва бахшњои асосиву стратегии рушди давлатдории миллї ва масъулияти муштараки халќ ва њоки­миятро дар бунёди љомеаи иљтимої ва шањрвандї инъикос намуд.

Аз оѓози пайдоиши тамаддуни инсонї то ба давраи муосир санадњои зиёде расидаанд, ки муаррификунандаи мављудияти халќу миллатњо дар як давраи муайяни таърихї, тарзи зиндагї, сатњи тафаккур ва фарњанги сиёсиву њуќуќї ва маънавии онњо мебошанд, ки ба љумлаи онњо Эъломияи Куруши Кабирро, ки таърихи зиёда аз дувуним њазорсола дорад, метавон дохил намуд.

Таърих гувоњ аст, ки ин санадњои муњим раванди ташаккули афкори сиёсиву њуќуќї ва фалсафии инсониятро дар давраи муайян танзим намуда, дар худ андеша ва ѓояњои инсондўстона ва амалу рафтори бо ќонун танзимшударо таљассум мекунанд ва баромадан аз доираи муќаррароти онњо ё нодида гирифтани онњо сабаби сар задани низоъњои мухталиф ва фалаљ гардидани низоми њокимияти сиёсї мегардад.

Мо имрўз шоњиди њол њастем, ки дар баъзе кишварњои љањон бинобар сарфи назар гардидани меъёрњои Конститутсия ва ќонунгузорї ва риоя накардани онњо давлату љомеа ба хатарњои вазнин ва мушкилоти сангин рў ба рў гашта, гирифтори ихтилофњои мафкуравию мазњабї ва бархўрди манфиатњои сиёсиву иќтисодї гардида, њатто хquot;,quot;; mso-bidi-font-family: font-family: quot;Times New Roman Tjspan style=font-size: small;quot;; mso-ansi-language: RU;font-size: small;quot;serifатари парокандагї ва таќсимшавии давл/spanљљquot;; mso-ansi-language: RU;астем, ки дар баъзе кишваратњоро ба миён овардааст.

Мо бояд њаргиз фаромўш накунем ва ба љавонони имрўза низ талќин намоем, ки аз оѓози солњои 90-ум халќи Тољикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрњои њуќуќї, хусусан меъёрњои конститут­сионї оќибатњои дањшатноку фољиабори мухолифати мусаллањона ва љанги тањмилии шањрвандиро бо чашми худ дид ва ин мољаро давлати моро ќариб ба вартаи нобудшавї оварда расонид.

Бадхоњони миллати тољик тавассути ба роњ андохтани низои дохилї ва бозињои сиёсї тавонистанд миллати тољикро ба гирдоби мухолифати сиёсї ва муќовимати мусаллањона кашида, њазорон нафарро ќурбони манфиатњои ѓаразноки худ гардонида, зиёда аз як миллион нафар сокинони кишварро ба муњољирони дохилї ва фирориён табдил дињанд.

Дар чунин шароити нињоят вазнину њассос, пеш аз њама, ба шарофати иродаи матин, аќлу заковати мардуми тољик ва дар асоси меъёрњои инсонпарваронаи Конститутсия ба мо муяссар шуд, ки ба низои дохилї хотима бахшида, дар заминаи Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї мардуми парокандаи кишварро сарљамъ намоем ва давлати миллиамонро аз хатари таќсимшавї эмин дорем.

Дар робита ба ин, мехоњам як масъалаи муњимро хотирнишон созам. Мањз ќудрати вањдатсози санади таќдирсози миллат, яъне Конститутсия буд, ки дар асоси меъёрњои он мо Комиссияи оштии миллиро таъсис додем ва ќарорњои он тавассути маќомоти олии консти­тутсионї - Президент, Маљлиси Олї ва Њукумати кишвар амалї гардиданд.

Метавон гуфт, ки механизми зикргардида бозёфти нодири њалли низои дохилї мебошад.

Он метавонад ба љомеаи мутамаддини љањонї усулу имконоти бо роњи гуфтушунид ва дар чорчўбаи ќонун њал намудани ихтилофоти дохилиро нишон дода, ба мактаби омўзиш табдил ёбад.

Ман њамеша таъкид менамоям ва итминони комил дорам, ки имрўз мардуми фарњангсолори мо ба ќадру ќимати сулњу суботи комил њамчун арзишњои муќаддастарин мерасанд ва намегузоранд, ки андешаву ѓояњои ифротиву бегона вориди мафкураи љомеаи мо гашта, вањдати миллиамонро халалдор созанд.

Барои ин ба мо зарур аст, ки танњо дар чорчўбаи Конститутсия ва ќонун зиндагї карда, барои амалишавии њадафњои стратегии давлат пайваста кўшиш намоем ва мардум, хусусан наврасону љавононро дар руњияи ватандўстиву хештаншиносї ва эњтирому риояи ќонун тарбия кунем.

Зеро равандњои рушди љомеаи љањонї собит месозанд, ки танњо љомеае ба пешрафту тараќќиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва ќонунњои амалкунанда ба таври зарурї риоя ва иљро шуда, волоияти ќонун њамчун нишонаи барљастаи давлати њуќуќ­бунёд таъмин гардад ва ташаккули муњимтарин принсипњои демократияи муосир дар мењвари сиёсати давлатї ќарор дода шавад.

Ќабули Конститусия аз рўзњои аввал дар назди давлату миллати мо вазифањои бузурги таърихиеро гузошт, ки муњимтарини онњо ташкили аркони давлати соњибихтиёри миллї ва низоми маќомоти давлатии муосир, таъмини кафолати амалишавии њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, оѓози раванди созандагиву бунёдкорињо ва расидан ба сатњи зиндагии шоистаи мардум буданд.

Яке аз вазифањои муњимми таърихиву њуќуќї ва иљтимоиву сиёсии Конститутсия дар он муќаррар гардидани таѓйирнопазир будани шакли идораи љумњурї, моњияти демократї, њуќуќбунёдї, дунявї ва иљтимоии давлат, тамомияти арзї ва таќсимнашавандаву дахлнопазир будани њудуди Тољикистон буд, ки ин меъёри конститутсионї барои таъмини соњибихтиёрии воќеии кишвар ва рушди Тољикистон њамчун як давлати воњид шароити мусоид фароњам овард.

Дар доираи Конститутсия эътироф гардидани таѓйирнопазир будани тамомияти арзї њамчун муњимтарин принсипи ташаккули давлати миллї барои таъмини соњибихтиёрї ва мустаќилияти комил замина гузошт.

Дар сатњи Конститутсия дарљ гардидани кафолати фаъолияти озоди иќтисодї, соњибкорї ва эътирофи моликияти хусусї ба созмон додани асосњои иќтисодиёти миллии пешрафта мусоидат намуда, кишвари моро ба шоњроњи пешрафту тараќќиёти соњањои гуногун равона карда, барои таъмини њадафњои давлати иљтимої, яъне таъмини шароити арзандаи зиндагї ба њар кас роњнамо гардид ва имкон дод, ки барои рушди иќтисодии кишвар дањњо стратегияву барномањои давлатї ќабул ва татбиќ карда шаванд.

Зеро мо хуб медонем, ки барои ташаккул ва рушди давлату љомеа заминаи устувори иќтисодї зарур буда, бидуни мављудияти иќтисо­диёти ба раќобат тобовар ноил гардидан ба пешравињо ва таъмини шароити зиндагии арзанда ба њар кас, ки кафолати он дар сатњи Конститутсия, њамчун кафолати давлати иљтимої дарљ гардидааст, ѓайриимкон мебошад.

Дар заминаи сиёсати пешгирифтаи иќтисодиву иљтимоии давлат ќабул гардидани барномањои мухталифи иќтисодї ва татбиќи бомароми онњо имкон дод, ки ба раванди ислоњоти иќтисодї суръати тоза бахшида шуда, дар муддати начандон тўлонї ба хеле дастовардњои назаррас дар ин самт ноил гардем.

Рушди бомароми соњањои гуногуни иќтисоди миллиамон имкон дод, ки дар як муддати кўтоњ андозаи музди мењнати кормандони соњањои буљетї, нафаќа, стипендия, кўмакпулињои гуногун ва дастгирии оилањои камбизоат, ятимону маъюбон, ки њамеша дар маркази таваљљуњи давлату Њукумати кишвар ќарор доранд, ба маротиб афзуда, њамасола аз нисф зиёди буљети давлатї ба соњаи иљтимоиёт сафарбар карда шавад, ки ин нишондињандаи возењи хислати иљтимої доштани буљети давлати мо мебошад.

Албатта, љойи таъкид аст, ки барои расидан ба сатњи арзандаи зиндагии ањолї мо бояд хеле зањмат кашем.

Дар сатњи Конститутсия инсон ва њуќуќу озодињои ў њамчун арзиши олї эътироф шудааст, ки мављудияти ин меъёр баёнгари амалан ба љомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тољикистон мебошад ва дар айни замон шањодати он аст, ки кишвари мо дар бунёди љомеаи демократї ва давлати иљтимої пойдевори устувор ва заминаи боэътимод гузошта истодааст.

Бо маќсади таъмини кафолати њуќуќ ба њаёт ва ба принсипи эъти­рофшудаи байналмилалии инсондўстї мутобиќ гардонидани ќонун­гузории љиноятї аз соли 2004 инљониб дар кишвар татбиќи љазои ќатл боздошта шуд.

Ба хотири татбиќи меъёри конститутсионї ва бо дарназардошти он, ки инсон ва њуќуќу озодињои ў дар мењвари сиёсати инсондўс­тонаи давлати мо ќарор дорад, дар муддати бист сол бо истифода аз њуќуќи конститутсионии худ Президенти Тољикистон понздањ маротиба лоињаи ќонунњо «Дар бораи авф»-ро ба парламент пешнињод намуд ва онњо аз љониби маќоми олии ќонунгузор ќабул гардиданд, ки дар маљмўъ ба зиёда аз 100 њазор нафар ќарорњо дар бораи озод кардан аз љазои таъиншуда, кам кардани муњлати он ва озод намудан аз љавобгарии љиноятї ќабул карда шуданд.

Чанд рўз пештар бо маќсади идома бахшидан ба ин иќдоми башардўстона, татбиќи њамаљонибаи принсипи инсондўстї, таќвияти кафолати конститутсионии њимояи давлатии њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, риояву эњтиром ва њифзи онњо ба ифтихори 20-солагии ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бо истифода аз њуќуќи истисноии конститутсионии худ лоињаи нави Ќонун “Дар бораи авф”-ро ба парламенти мамлакат пешнињод намудам ва он низ ќабул гардид.

Амали ин ќонун нисбат ба дањ њазор нафар татбиќ гардида, пеш аз њама, занон ва ноболиѓон, ки барои љиноятњои гуногун мањкум гардидаанд ва тањти тафтишот ва баррасии судї ќарор доранд, аз љазо озод карда мешаванд, ки ин боз як ќадами муњимму устувор дар самти њифзи њуќуќу озодињои инсон мебошад.

Дар маљмўъ аз давраи ба даст овардани истиќлолият то ин дам љињати мутобиќсозии ќонунгузории љиноятї ба стандартњои байнал­милалї, такмили принсипи инсондўстї дар меъёрњои он корњои зиёде ба анљом расонида шуда, њоло лоињаи нави Кодекси љиноятї тањия шуда истодааст, ки ин боз як иќдоми ќавї дар самти такмили он мебошад.

Бояд гуфт, ки Конститутсия њамчун њуљљати сиёсиву њуќуќї догма нест. Бо дарназардошти ин, дар даврањои мухталиф (солњои 1999 ва 2003) бо ворид гардидани таѓйиру иловањо ба Ќонуни асосї ислоњоти њуќуќї дар мамлакат идома ёфта, дар баробари як силсила наво­варињо, барои танзими муносибатњои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллї робитаи мустаќим доштанд, заминаи муњимми њуќуќї гуquot;Times New Roman Tjquot;,font-family: quot;seriffont-size: small;зошта шуда, дар мамлакат низоми комилан нави маќоми ќонунгузор, яъне парламенти касбии иборат аз ду палата таъсис гардид, ки ин иќдом ќадами устувор дар роњи рушди парламентаризми муосир мебошад.

Воќеияти њаёт чунин аст, ки рушди минбаъдаи кишвар њамчун давлати соњибихтиёр, демократї ва њуќуќбунёд, таъмини шароит барои ташаккули гуногунандешї ва бисёрњизбї, такмили салоњияти маќомоти давлатї ва фаъолнокии сиёсиву њуќуќии шањрвандон аз маќомоти ќонунгузор вобастагии амиќ дорад.

Дўстони гиромї!

Дар радифи таъмини имконияти баробари њар шахс барои иштирок дар њаёти сиёсї ва идоракунии давлат таъмин намудани идомаи раванди демократикунонии њаёти љомеа яке аз хусусиятњои муњимми Конститутсия мебошад, ки љавњари онро озодии сухан ва баланд бардоштани маърифати њуќуќии ањолї ташкил медињад.

Ќонуни асосии кишвар барои тањкими раванди демократикунонии љомеа ва баланд бардоштани маърифати њуќуќии ањолї шароити мусоид фароњам оварда, дар заминаи меъёрњои он фаъолияти маќсад­ноки маќомоти давлатї, ки ба рушди фарњанг, таљриба, ѓояњо ва арзишњои њуќуќї равона гардидаанд, ба роњ монда шудааст.

Конститутсия барои шаклгирии љомеаи шањрвандї низ асосњои устувор гузошта, кафолати инкишофи озодонаи њар шахсро муњайё сохт ва муњимтарин њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро, ба монанди озодии сухан, гуногунандешї, ошкорбаёнї, матбуоти озод, дастрасї ба њама гуна иттилооти барои шахс зарур, озодии њаракат ва иродаро њамчун заминаи бунёдии љомеаи озоди шањрвандї муќаррар намуд.

Эњтиром ба ќонун, ба арзишњои олии инсондўстона, ба муќад­дасоти миллї ва анъанавї, ки таъмини фаъолияти озоди соњибкорї ва дигар навъњои зоњирёбии истеъдоди инсониро кафолат медињад, аз комёбињои умдатарини Конститутсия дар роњи эъмори љомеи шањрвандии хусусияти миллидошта ба њисоб мераванд.

Конститутсия дар баробари эътироф ва кафолати фазои озоди мафкуравї ва гуногунандешї роњњои ќонунии татбиќи ин меъёрро тавассути ќонунњои соњавї роњандозї намуд, ки дар натиља имрўз дар фазои њуќуќии кишвар зиёда аз 2700 иттињодияњои љамъиятї, 8 њизби сиёсї, беш аз 4000 иттињодияњои динї ва 44 иттифоќњои касаба ба расмият шинохта шудаанд.

Конститутсия дар асоси равияњои гуногуни сиёсї ва мафкуравї рушд ёфтани њаёти љамъиятиро эълон намуда, мафкураи њељ як њизб, иттињодияи љамъиятї, динї, њаракат ва гурўњеро ба њайси мафкураи давлатї эътироф накардааст.

Љомеаи шањрвандї раќобати озоди њизбу њаракатњоро бо усули гуногунандешии сиёсї ва мафкуравї эътироф намуда, кафолат медињад.

Аммо ин њаргиз маънои онро надорад, ки њизбу њаракат ва созмону иттињодияњои диниву љамъиятї ба њаёти мардум мафкурањоеро тањмил намоянд, ки онњо суннату арзишњои муќаддаси миллї, вањдат, субот ва амнияти љомеа, якпорчагї ва низоми ќонунияти давлатиро халалдор созанд.

Конститутсия таъсис ва фаъолияти иттињодияњои љамъиятї ва њизбњои сиёсиеро, ки нажодпарастї, миллатгарої, хусумат, бадбинии иљтимої ва мазњабиро тарѓиб мекунанд ё барои ба зўрї сарнагун кардани сохтори конститутсионї даъват менамоянд, манъ намудааст.

Дигар унсури муњимми љомеаи шањрвандї, ки дар Конститутсия дарљ гардидааст, кафолати фаъолияти озоди воситањои ахбори омма мебошад, ки ба инкишофи љомеаи фардњои озод ва изњори озоди ирода мусоидат мекунад.

Бо маќсади татбиќи амалии ин меъёри конститутсионї њоло дар кишвар тамоми шароити зарурї ва заминаи њуќуќии муосир муњайё мебошад ва ин имкон медињад, ки доираи фаъолияти воситањои ахбори омма боз њам васеъ гардида, барои пешрафти љомеа ќадамњои устувор гузошта шаванд.

Имрўз аз 516 номгўи рўзномаву маљаллањое, ки дар кишвар чоп мешаванд, 307 рўзномаву маљалла ѓайридавлатї, аз 68 шабакањои радио ва телевизион 49 шабака хусусї ва аз 11 агентии иттилоотї 10 агентї ѓайрињукуматї мебошад. Њоло шумораи умумии истифодабарандагони интернет ќариб ба 4 миллион нафар мерасад.

Соли 2000-ум аз 300 номгўи рўзномаву маљалла 200 номгўй ва њамагї 14 телевизиону 2 радио ѓайридавлатї буданд.

Ин раќамњо нишонаи равшану возењи озодии сухан ва воситањои ахбори умум мебошад, ки Конститутсия кафолат додааст.

Конститутсия озодии эътиќод ва озодии виљдонро ба ихтиёри инсон вогузор намуда, нуќтаи муњим ва марказии ин озодї эътирофи њаќќи инсонњо ба њамин арзишњо буда, њукми ихтиёр ва љонибдорї кори шахсии њар фард аст.

 

 

Мањз ба њамин хотир, дар Конститутсия таъкид гардидааст, ки: «quot;,span style=quot;serif/spanfont-size: small;quot;; mso-bidi-font-family: span style=Њар кас њаќ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустаќилона муайян намояд, алоњида ва якљоя бо дигарон динеро пайравї намояд ва ё пайравї накунад, дар маросим ва расму оинњои динї иштирок намояд».

Њозирини арљманд!

Дар таърихи давлатдории тољикон бори аввал дар сатњи Конститутсия њокимияти судї ба њайси шохаи мустаќили њокимияти давлатї эътироф гардид. Њамзамон бо ин, мањз Конститутсияи кишвар риоя ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро тавассути фаъолияти маќомоти судї кафолат дод.

Бо дарназардошти он, ки дар давлати демократї наќши њоки­мияти судї дар њифзи њамаљонибаи њуќуќу озодињои инсон ва шањр­ванд, њимояи манфиатњои ќонунии давлат, ташкилоту муассисањо ва ќонунияту адолат муњим мебошад, аз љониби давлату Њукумати кишвар барои рушди ин рукни мустаќили њокимияти давлатї њамеша таваљљуњи махсус зоњир карда шуда, барои бењтар кардани вазъи иљтимоии судњо ва судяњо чорањои зарурї андешида мешаванд.

Ва тавре ки дар Паёми имсола ба Маљлиси Олї иброз доштам, њокимияти судї минбаъд низ такмил меёбад ва ислоњоти судиву њуќуќї идома дода мешавад.

Тањкими минбаъдаи њокимияти судї њамзамон барои пешрафти соњањои мухталифи њаёти кишвар, тањкими ризоияти љомеа, баланд гардидани обрўву эътибори мардуми тољик дар сатњиspan style=span style=font-family: span style=quot;serif/span байналмилалї, пойдории кишвар, таъмини ќонунияту адолати иљтимої ва эъмори љомеаи демокративу quot;serifspan style=quot;; mso-bidi-font-family: font-size: small;/span/spanspan style=њуќуќбунёд наќши муњимму арзанда мегузорад.

Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки судяњо бояд барои мунтазам бењтар кардани фаъолияти касбї, баланд бардоштани донишњои назариявию амалии худ кўшиш карда, барои баррасии одилона ва сариваќтии мурољиатњои шањрвандон чорањои зарурї андешанд ва њамеша дар хотир дошта бошанд, ки рисолати аслии хизматии онњо пойдории адолати судї мебошад.

Шарти муњимми њифзи њуќуќњои конститутсионии инсон ва шањрванд, пеш аз њама, устувор гардонидани низоми ќонуният, таъмини тартиботи љамъиятї ва мубориза бо љинояткорї мебошад.

Имрўз бо ќаноатмандї метавон гуфт, ки маќомоти њифзи њуќуќи кишвар аз замони ќабули Конститутсия то ин дам дар самти мубориза бо љинояткорї корњои зиёдеро анљом дода, ба таъмини суботу оромї ва муътадил гардонидани вазъи љинояткорї дар мамлакат муваффаќ шудаанд.

Дигар вазифаи муњимми Конститутсия муайян намудани асосњои сиёсати давлатї дар соњаи мудофиа, яъне таъмини истиќлолият, амнияти миллї, тамомияти арзї, дахлнопазирии њудуди кишвар ва њаёти осоиштаи ањолї мебошад.

Дар сархати Конститутсия мо халќи Тољикистонро ќисми људоно­пазири љомеаи љањонї эълон карда, дар доираи фаъолияти байналмилалии худ риояи усулу меъёрњои эътирофшудаи љањониро ба уњда гирифтем ва онњоро то имрўз пайгирона татбиќ менамоем.

Пешбурди муваффаќонаи сиёсати хориљии давлат дар асоси меъёр­њои Конститутсия ба мо имконият дод, ки њамќадами љараёни таѓйироти амиќи бозсозињои љањонї бошем ва сиёсати фаъоли давлатамонро дар арсаи байналмилалї пайгирона васеъ гардонем.

Дар асоси муќаррароти Конститутсия кишвари мо иштирокчии зиёда 1500 санадњои байналмилалї, хусусан муњимтарин санадњои байналмилалї дар соњаи њуќуќи инсон буда, уњдадорињои байналмилалии худро дар ин самт иљро мекунад ва њисоботи худро ба созмонњои бонуфузи байналмилалї мунтазам пешнињод менамояд.

Аммо бо вуљуди ин дастовардњо кишвари мо њоло низ дар марњалаи таќдирсози тањкиму таќвияти пояњои давлати худ ќарор дорад ва ин амр аз мо саъйю талошњои минбаъдаро ба хотири њалли масъалањои умдаи иљтимоиву иќтисодї ва сиёсиву амниятї таќозо менамояд.

Дар шароити муосири љањонишавї ва ташаккули падидањои мухталифе, ки метавонанд ба истиќлолияти миллии мо халал ворид созанд, эњтиром ва риояи њатмии меъёрњои Конститутсия њамчун таъминкунандаи асосњои низоми сиёсиву њуќуќии кишвар ањаммияти аввалиндараља касб менамояд.

Дар робита ба ин, як масъалаи дигари муњимро мехоњам хотирнишон созам, ки моњи феврали соли 2015 тибќи муќаррароти Конститутсия ва ќонунгузории мамлакат дар кишварамон интихоботи парламент, маќомоти намояндагии мањаллї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот баргузор мегардад.

Њоло барои дар сатњи зарурї гузаронидани он тамоми имко­ниятњо мављуд буда, ин чорабинии муњимми сиёсї аз њар шањрванди кишвар маданияти баланди сиёсї, њисси ватандўстї ва масъулиятшиносиро ба хотири сулњу субот, вањдати миллї, ободии фардои мамлакат ва наслњои оянда таќозо мекунад.

Бо маќсади такмили заминаи имкониятњои баробари иштирок дар маъракаи интихоботї ба њамаи номзадњо ба вакилии Маљлиси намояндагон ба наздикї аз љониби парламенти кишвар ба Ќонуни конститутсионї «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олї» таѓйиру иловањо ворид карда шуда, дар баробари як ќатор дигаргунињо дар ин ќонун андозаи гspan style=арави интихоботї панљоњ фоиз кам карда шуд.

Меъёри мазкур ба номзадњо ба вакилии Маљлиси намояндагон сабукї оварда, имконият медињад, ки шањрвандон дар интихоботи навбатї фаъолтар иштирок намоянд ва барои ноил шудан ба маќоми вакилї дар фазои демокративу баробар талош варзанд.

Чунонки борњо хотирнишон кардаам, мо њамеша љонибдори интихоботе мебошем, ки ба таври демократї ва озоду шаффоф баргузор гардад.

Эътироф шудааст, ки дар арафаи интихобот бо дарназардошти инкишофи низоми бисёрњизбї ва гуногунандешии сиёсї номзадњои зиёде пешбарї мешаванд, ки инро мо њамчун як падидаи табиї дар љомеаи демократї арзёбї мекунем.

Гузашта аз ин, мо љонибдори интихоботи парламентие мебошем, ки бо роњи алтернативї барпо гардад, то худи халќ тавонад, намояндаи арзандаашро озодона интихоб кунад.

Мо њамаи њизбњои сиёсї ва шахсонеро, ки дар интихобот иштирок менамоянд, даъват мекунем, ки барои дар доираи Конститутсия ва ќонунњои амалкунанда барпо шудани ин маъракаи сиёсї талош кунанд, то ки ин чорабинї ба тањкими сарљамъии миллат, вањдати миллї, сулњу субот ва густариши демократия дар кишвари соњиб­истиќлоламон мусоидат намояд.

Ман ба њамаи сохторњое, ки бо масъалаи гузаронидани интихобот марбутанд, супориш медињам, ки барои дар сатњи баланди ташкилї, шаффоф ва дар фазои озод баргузор гардидани интихоботи парламентї, маќомоти намоядагии мањаллї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот њамаи шароити заруриро муњайё намоянд.

Дар љараёни гузаронидани тадбирњои пешазинтихоботї лањзае набояд фаромўш кард, ки њамаи мо барои фардои давлату миллат, сулњу субот, вањдати миллї, дар маљмўъ барои ояндаи дурахшони Тољикистон ва баланд бардоштани эътибору обрўи он дар арсаи байналмилалї масъулият дорем.

Шубњае нест, ки интихоботи соли оянда ба маќомоти намояндагї мисли дигар чорабинињои сиёсии дар кишварамон баргузоршуда боз як омили муњимми тањкими вањдати миллї, сарљамъии халќи Тољи­кистон ва болоравии обрўи кишварамон њамчун давлати демократї ва њуќуќбунёду дунявї табдил хоњад ёфт.

Њамватанони азиз!

Њозирини муњтарам!

Воќеияти бебањс аст, ки сарнавишти муосири халќи тољик, ибтидои давлатсозиву давлатдории навин, пешрафту рушди Тољикистони азиз ва болоравии маќоми он дар арсаи љањонї аз истиќлолияту соњибихтиёрии Ватани азизамон сарчашма мегирад.

Вазифаи љониву муќаддаси њар яки мост, ки ин дастоварди беба­њои таърихиро таќвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо зањмати содиќонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрњои Конститутсия, ки Тољикистонро ба љомеаи мутамаддини љањонї пайвастанд, арљ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роњи расидан ба иљрои њадафњои созандаамон кўшиш намоем.

Эътимоди комил дорам, ки њар як шањрванди бонангу номус ва худогоњу худшиноси кишвар минбаъд низ бо дарки амиќи ќарзи муќад­даси фарзандии худ дар назди халќу давлати Тољикистон љи­њати амалишавии њадафњои зикршуда ба хотири њифзи дастовардњои истиќлол ва арзишњои Ќонуни асосии кишвар талош меварзад.

Бори дигар љашни пуршукўњи 20-солагии ќабули муќаддастарин њуљљати сиёсиву њуќуќии кишварро ба њар як фарди Ватан шодбош гуфта, умедворам, ки меъёрњои Конститутсияи Тољикистони соњиб­истиќлол тўли садсолањо њамчун манбаи нодири њуќуќї тањкимбахши пояњои сиёсии давлатамон ва роњнамои халќи тамаддунсози тољик боќї мемонад.

Бигзор, Конститутсияи давлати демократии мо њамеша ќутбнамо ва ифодагари манфиатњои волои халќи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии њуќуќии њокимияти давлатї, пешбарандаи ѓояву арзишњои миллии мардуми шарифи Тољикистон ва амаликунандаи умеду ормонњои чандинасраи ниёгонамон бошад.

Саломату сарбаланд бошед!


 

Мањкам Мањмудзода

Раиси Суди конститутсионии

Љумњу­рии Тољикистон,

академики АИ ЉТ,

доктори илмњои њуќуќ, профессор

НАЌШИ КОНСТИТУТСИЯ ЉУМЊУРИИ

ТОЉИКИСТОН ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ

ДЕМОКРАТЇ, ЊУЌУЌБУНЁД, ДУНЯВЇ ВА ЯГОНА

Воќеияти умумиэътирофшудааст, ки ќариб давлате нест, ки Конститутсияи мушаххас надошта бошад. Ќонуни асосї ба воќеияти давлатї нигаронида шуда, давлатро ташаккул медињад ва дар навбати худ давлат Конститутсияро ба вуљуд меорад ва мазмуну њудуди амали онро муќаррар менамояд. Давлат тобеи Конститутсия буда, ба њайси кафили амалишавии меъёрњои он баромад менамояд.

Ин њуљљати муњими сиёсї њамчун мањсули давлат сатњи ташаккули тамоми љомеа ва хусусияти муносибатњои њокимиятиро, ки зимни ќабул ва амали он ба миён омадаанд, инъикос менамояд.

Ѓояи марказии Конститутсия дар зарурати таъмини њамфикрї ва созиши ќуввањои мухталифи љамъиятиву сиёсии љомеа дар шароити муосир ва ояндаи таърихї зоњир меёбад, ки ин шањодати омили муњими суботи сиёсї, кафолати вањдат ва њамдигарфањмии милливу иљтимои будани Конститутсия мебошад.

Конститутсия андешаи назариявии давлати њуќуќбунёдро, ки дар ќатори дастовардњои муњими тамаддуни инсонї љойи намоёнро ишѓол менамояд, муайян намуда, ба эъмори давлате, ки дар он њуќуќ моњияти ташаккули муносибатњои мутаќобилаи шахсияту давлатро ташкил намуда, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд таъмин карда, беќонунї истисно карда мешавад, нигаро­нида шудааст.

Таърих собит менамояд, ки инсоният аз замонњои ќадим шаклњои бењтарини муносибати шахсияту давлат ва мувофиќа­ти манфиатњои онњоро љустуљў менамояд, зеро дар воќеият манфиатњои шахсият бояд дар мадди аввал ќарор дошта, неъматњои инсонї ќонуни сатњи олии давлатиро ифода намоянд.

Дар назарияи илми њуќуќ мављудият ва амали бевоситаи Консти­тутсия - ин нишондињандаи муњими волоияти њуќуќ дар давлат ва афза­лияту эњтироми њуќуќњои шахсият мањсуб ёфта, ѓояи консти­тутсионї татбиќи васеи худро дар тамоми дунё пайдо намуда, усул­њои зўроваронаи амалисозии њокимият ва идоракунии давлат ва вай­ронкунии моњияти ќонунро мањкум менамояд.

Аз рўзњои аввали соњибистиќлолї яке аз маќсадњои заминавии ислоњоти њуќуќї дар Тољикистон ќабули Конститутсияи муосир ва дар заминаи он эъмори давлати демократї, њуќуќбунёд, дунявї, ягона ва љомеаи шањрвандї ба шумор мерафт, ки ѓояи муосири аз љониби умум пазируфташудаи дорои характери универсалї буда, ба дилхоњ низоми сиёсї ва мафкуравии миллатњои дар раванди таъ­рихии давлатдории љањон мављудбуда мувофиќат менамояд.

Бинобар ин, дар Љумњурии Тољикистон низ дар ќатори дигар љумњурињои собиќ Иттињоди Шўравї дар солњои аввали ташаккули поя­њои истиќлолияти миллї тавассути райъпурсии умумихалќї Конститут­сияи нав ќабул гардида, сањифаи навро дар низоми таърихи давлатдории тољикон оѓоз намуд ва дигаргунии куллиро дар њаёти љомеа ба миён оварда, самти ташаккули иќтисодию иљтимої ва љамъиятию сиёсии давлатро муайян намуд.

Конститутсияи Тољикистон ба марњалаи нави таърихии гузариш аз љомеаи сотсиалистї ба давлати њуќуќбунёди иљтимої ва љомеаи озоди шањрвандї заминаи боэътимоди њуќуќї гузошта, барои муайян намудани асосњои сохтори конститутсионї, тањкими њоки­мияти давлатї, самтњои љараёни инкишофи љомеа, бунёди давлат­дории навин мусоид фароњам оварда, дар заминаи он рушди бемай­лони давлат, вазъи муътадили сиёсї ва амнияти љомеа, њифзи ман­фиатњои миллї, тањкими ќонунияту тартиботи њуќуќї, њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд таъмин карда шуд.

Ќонуни асосии кишвар, ки дар марњалаи басо мураккаби сиёсии рўзњои аввали ташак­кули давлати мустаќил ќабул гардид, бузург­тарин дастоварди даврони соњибистиќ­лолии кишвар мањсуб ёфта, њамчун санади муњимми сиёсї ва њуљљати сарнавиштсоз барои амалї намудани њадафњои неку созандаи пешрафту тараќќиёти давлати муосир асос гузошт.

Бояд ёдовар шуд, ки таърихи ќабули ин њуљљати муњимми сиёсї ба вазъи мураккаби солњои 90-уми ќарни сипаригар­дида, ки Тољикистон ќадамњои аввалини худро барои бунёди аркони давлатдории миллї мегузошт, рост омад ва ањамияти муњими таърихии Конститутсия низ мањз дар он аст, ки вай пеш аз њама барои таъмини сулњу субот ва ба эътидол овардани вазъи сисёсї дар љумњурї мусоидат намуд.

Тибќи Конститутсия Тољикистон давлати соњибих­тиёр, демок­ратї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона эълон шуда, дар ин замина самти њаракати давлат ба роњи эъмори давладории навин равона гардида, барои татбиќи њадафњои Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, ки оѓози марњалаи муњими тањкими њоки­мияти конститутсионї дар кишвар мањсуб меёбад, асос гузошт.

Тавре ки Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон 8 сентябри соли љорї дар суханронии худ ба ифтихори 23 - солагии Рўзи истиќлолияти давлатии Тољикистон иброз доштанд: «Консти­тутсияи Љумњурии Тољикистон пояњои истиќлолият ва асосњои дав­лати демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва иљтимоии моро тањким бах­шид, сарчашмаи ташаккули низоми нави ќонунгузории давлати муо­сири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шањрвандонро дар њаёти сиёсию иљтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд».

Дар заминаи Конститутсия адолати њуќу­ќї, яъне волоияти њуќуќ, ки тартиботи давлатї ва муносибати давлатро бо љомеа дар замири эътирофу эњтироми манфиатњо таъмин менамояд, устувор гардида, пойдории адолати иљтимої маќсаду мароми тамоми маќомоти давлатї ва љомеаи шањрвандї гардид.

Хусусияти муњими Конститутсия дар он аст, ки вай аз як тараф Ќонуни асосии давлат ва аз тарафи дигар Ќонуни асосии љомеа мебошад, ки ин ба маќоми халќ њамчун сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї ва барандаи моњияти иљтимоии љомеа такя менамояд.

Конститутсия давлати моро бо тамоми хусусиятњои љањониаш таъсис дода, мустаќилияти давлатро бо њама унсурњояш, аз ќабили њудуд, соњибихтиёрї дар њалли масъалањои дохилидавлатї, маќомоти олии њокимияти давлатї, шањрвандї, ќонунгузории мустаќил, асъори миллї, ќуввањои мусаллањ ва ѓайра мустањкам намуда, муносибати мутаќобилаи давлат ва маќомоти давлатиро бо љомеа ва нињодњои он ба вуљуд овард.

Дар он асосњои пешрафти давлати муосир, кафолати њуќуќ ва озодии инсон ва шањрванд, фаъолияти озоди иќтисодї, таљзияи њоки­мият, гуногунандешии сиёсию мафкуравї, демократияи намояндагї, бисёрњизбї, озодии эътиќод, сухан, матбуот, TGspan style=quot;,quot;; mso-ansi-language: TG; гуногуншаклии моли­кият, фаъолияти озоди иќтисодї ва соњибкорї, ки нишондињандаи мављудияти низоми демократии сиёсию иљтимої мебошанд, муайян гардиданд.

Конститутсия ба сифати ќонуни олии давлат принсипњои муњим­тарини њаёти љомеаро муайян намуда, муносибатњои вобаста ба татбиќи њокимияти сиёсї ва таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро танзим намуда, дар таърихи начандон тўлонии худ барои эњтиром гузоштан ба арзишњои пазируфташудаи инсонї, ба монанди риоя ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва таъмини шароити мусоид барои зиндагии арзандаи њар шахс фазои мусоиди њуќуќї ба вуљуд оварда, аз љониби коршиносони байналмилалї яке аз бењтарин конститутсияњо эътироф шуд.

Тибќи санади олии њуќуќї на танњо давлат, балки нињод ва падидањои он низ аз муќаррароти њуќуќї ва ѓояњои Конститутсия бархурдор буда, аз онњо ба таври васеъ истифода менамоянд.

Бо ќабули Конститутсия, ки имрўзњо аз он бист сол сипарї меша­вад, тамоми рукнњои давлат дар сатњи зарурї ташаккул ва таќвият ёфта, он вазъи воќеии пешрафти давлат ва самти ташаккули иљти­моию иќтисодї, љамъиятиву сиёсї ва диниву маънавии љомеаро дар шароити муосир инъикос менамояд.

Дар заминаи Конститутсия дар Тољикистон ислоњоти њуќуќї њамчун яке аз самтњои муњими талаботи объективии рушди љомеа идома ёфта, нахустин санадњои танзимкунандаи муноси­бат­њои во­баста ба ташаккулёбии рукнњои давлатдорї, фаъол намудан ва тањкими сохто­ри њокимияти давлатї ба тасвиб расида, маќоми нави њокимияти давлатї љавобгў ба талаботи замон ва љомеа таъсис дода шуд.

Конститутсия халќро ба сифати баёнгари соњибихтиёрї ва сар­чашмаи ягонаи њокимияти давлатї эътироф намуда, асосу зербинои њуќуќиро ба сифати кафолати танзими солими муносибатњои љамъи­ятї муќаррар намуд ва барои аз нигоњи њуќуќї дуруст ба низом даро­вардани меъёрњои ќонун ва тартибу усули њуќуќии амалигардонии ќонунњо замина ба вуљуд овард.

Дар сатњи Конститут­сия забони тољикї ба њайси забони давлатї эътироф шуд ва ин меъёр имкон дод, ки арзишњои миллиию фар­њангии миллати тољик эмин нигоњ дошта шуда, ба эњёи дубораи забони тољикї шароити мусоид фароњам оварда шавад. Дар ин замина забони тољикї дар кишвар рушд ёфта, Ќонун «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» дар тањрири нав ќабул карда шуда, вазъи њуќуќии забони давлатї ва истифодаи онро дар кишвар танзим намуд.

Ќонуни асосии кишвар инсон, њуќуќ ва озодињои ўро ба сифати арзиши олї эътироф карда, њуќуќњои фитрї, аз љумла њаёт, ќадр ва номуси инсонро дахлнопазир эълон намуда, давлатро масъул месозад, ки њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро эътироф, риоя ва њифз намояд.

Бо маќсади татбиќи ин меъёри конститутсионї ва амалигардонии принсипи байналмилалии инсондўстї аз соли 2003-юм нисбат ба занон ва аз соли 2004-ум умуман татбиќи љазои ќатл боздошта шуд, ки ин кафолати пурраи таъмини њуќуќ ба њаёт мебошад.

Дар сатњи ин њуљљати сиёсї бори аввал истифода гардидани мафњуми таљзияи њокимияти давлатї, њамчун нишонаи муњими мављудияти демократия барои амалї гардидани њокимияти давлатї дар асоси таљзияи он ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї мусоидат намуд ва ин меъёр имкон дод, ки шохањои њокимияти давлатї дар асоси принсипи боздорї ва мувозинат, мустаќилона бидуни дахолат ба фаъолияти њамдигар ташаккул ёбанд.

Дигар падидаи муњиме, ки барои ташаккули арзишњои соњиб­ихтиёрї ва рушди муносибатњои байналмилалї замина гузошт, ин дар сатњи Ќонуни асосии кишвар эътироф ва эњтироми меъёрњои аз љониби умум пазируфташудаи њуќуќи байналмилалї ба шумор меравад.

Аввалин маротиба санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољи­кистон онњоро эътироф кардааст, дар сатњи Конститутсия ба сифати ќисми таркибии низоми њуќуќии кишвар эълон шуда, дар асоси меъёри мазкур то ба имрўз Тољикистон аксари санадњои байнал­милалиро оид ба њуќуќи инсон, мубориза бар зидди терроризм ва гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир эътироф намудааст, ки ин барои баланд гардидани маќоми Тољикистон дар арсаи сиёсати љањонї ва ба маќоми шоиста дар низоми навини муносибатњои байналмилалї даст ёфтани давлати мо мусоидат кард.

Конститутсия Тољикистонро давлати иљтимої эълон намудааст, ки меъёри мазкур барои пешрафти иќтисоди миллї, таќвияти низоми таъминоти иљтимоии ањолї, тандурустї, маориф, илм ва фарњанг такони љиддї бахшида, дар ин самт дастовардњои назаррас ба даст омад.

Вобаста ба ин, принсипњои сиёсию падидањои њуќуќие, ки дар Конститутсия ифода ёфтаанд, барои ба низоми иќтисоди љањонї ва сиёсї, њамчунин дар маљмуъ ба пешрафти тамаддуни муосир шомил намудани љомеа ва давлати мо мусоидат менамояд.

Конститутсияи кишвар аз љониби давлат кафолат дода шудани фаъолияти озоди иќтисодї, соњибкорї, баробар­њуќуќї ва њифзи њуќуќии њамаи шаклњои моликият, аз љумла моликияти хусусиро муќаррар намуд, ки ин меъёр барои ташаккули муносибатњои иќти­соди бозоргонї ва ба маротиб афзудани иќтисодиёти кишвар мусо­идат кард.

Дар як ваќт бењтар гардидани сатњи иќтисодиёти кишвар имкон дод, ки маблаѓ­гузории давлатии соњањои иљтимої зиёд гардида, вазифањои давлати иљтимої таъмин карда шаванд.

Вобаста ба ин, гуфтан мумкин аст, ки дар заминаи меъёрњои Конститутсия дар бист сол соњањои иќтисодии кишвар рушду такомул ёфта, кишвари мо ба марњалаи тозаи тараќќиёти устувори хеш ќадам гузошта, се самти афзалиятноки дурнамои рушди Тољикистон – тањкими истиќлолияти энер­гетикї, рањої аз бунбасти коммуни­катсионї ва таъмини амнияти озуќаворї имрўз дар сатњи зарурї ба амал татбиќ мешавад.

Дар ин радиф, ќабул гардидани Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатњи некў­ањволии мардуми Тољикистон барои солњои 20132015 ва дигар бар­номањои соњавию минтаќавї, ки ба баланд шудани сатњи зиндагии ањли љомеа асоси воќеї гузоштанд, ќобили зикр аст.

Тавре ки Президенти Љумњурии Тољикистон Љаноби Олї, муњ­тарам Эмомалї Рањмон дар Паёми имсолаи худ ба Маљлиси Олии Љум­њурии Тољикистон иброз доштанд: «Бо дарназардошти он, ки то ваќти ба охир расидани муњлати татбиќи Стратегияи миллии рушд камтар аз ду сол боќї мондааст, зарур аст, ки дар баробари тањлили натиљањои бадастомада манбаъњои таъмини пешрафти минбаъдаи иќтисодиёти кишвар муайян карда шуда, тањияи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 оѓоз гардад. Амалисозии њадафњои стратегии мамлакат имкон медињад, ки њаљми иќтисоди кишвар то соли 2020, яъне дар њафт соли оянда, то ду баробар афзоиш ёфта, маљмўи мањсулоти дохилї ба њар нафари ањолї на камтар аз якуним баробар зиёд карда шавад», ки ин низ самараи татбиќи меъёрњои иќтисодии Конститутсия мебошад.

Конститутсия муњимтарин арзишњои демократї, аз ќабили њу­ќуќи њар шахсро ба озодии сухан, нашр, истифодаи воситањои ахбори омма, иштирок дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї, муттањид шудан, иштирок дар ташкили њизбњои сиёсї, иттифоќњои кquot;; mso-ansi-language: TG; mso-bidi-font-weight: bold;quot;Times New Roman Tjfont-size: small;/spanspan style=font-size: small;font-size: small;асаба ва итти­њодияњои љамъиятї, ихтиёран дохил ва баромадан аз онњо, мурољиат намудан ба маќомоти давлатї ва дигар њуќуќњои позитивии инсонро мустањкам намуда, кафолати таъмин ва амалишавии онњоро аз љониби тамоми маќомоти давлатї муќаррар кардааст.

Баъди ба даст овардани истиќолияти давлатї дар асоси меъёрњои Конститутсия барои таъсиси нињодњои демократї, яъне љомеаи шањрвандї замина гузошта шуда, механизми њамкории маќомоти њокимияти давлатї бо нињодњои љомеаи шањрвандї таъмин гардид, ки ин иќдом барои густариши ислоњоти иќтисо­диву иљтимої ва њалли проблема­њои њаётї мусоидат намуд.

Љомеаи шањрвандї дар шароити муосир унсури муњими љо­меаи иљтимої буда, барои амалишавии њуќуќу озодињои асосии инсон ва шањрванд шароити зарурї фароњам меорад. Аз ин лињоз, алоќа­мандии мантиќии ин нињоди демократї бо Конститутсияи кишвар ба чашм мерасад.

Дар шароити муосир муносибатњои ташаккулёбандаи мутаќо­би­лан судманди нињодњои љомеаи шањрван­дї бо давлат таъмин гардида, вазифаи маќомоти давлатї бобати хизмат намудан ба манфиати љомеа ва шахс ќувваи конститутсиониро касб намудааст.

Барои бемамониат фаъолият намудани нињодњои љомеаи шањр­вандї дар кишвар ќонунњои зиёд, аз ќабили: «Дар бораи њизбњои сиёсї», «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї», «Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї», «Дар бораи њуќуќи дастрасї ба иттилоот» «Дар бораи матбуоти даврї ва дигар воситањои ахбори омма» ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї амал мекунанд.

Дар заминаи принсипи дунявияти давлати Тољикистон, Конститутсия таъмини њуќуќ ба озодии виљдон ва эътиќодро, ки аз зумраи њуќуќњои табиии инсон мебошад, кафолат дода, онро дар маркази њимояи давлатї ќарор додааст.

Ин меъёри конститутсионї барои тавъам сохтани арзишњои динию ормонњои фарњангии миллат дар самти эъмори Тољикистони озоду демократї ва дунявї, рушди фазои озоди динї ва ташаккули шуури љамъиятї мусоидат намуда, барои ба миён омдани муносибати мусолиматомезона бо њама ѓояву андешањои гуногун, аз он љумла усулњои дунявию демократї ва арзишњои миллї, ки кафолати пешравии давлат мебошад, замина гузошт.

Ќабули Конститутсияи нави Тољикистони соњибистиќлол зару­рати таъсиси низоми самарабахши њуќуќии њокимияти давлатиро ба миён овард. Сохторњои давлатї, низоми судї ва њифзи тартиботи љамъиятї аз нав ташаккул ёфта, ислоњоти идораи давлатї оѓоз гардид, ки он то њол идома ёфта истодааст.

Дар ин раванад механизми њамкории њокимияти ќонунгузор ва иљроия такмил дода шуда, њамоњангсозии фаъолияти маќомоти иљ­роияи мањаллии њокимияти давлатї бо институтњои љомеаи шањр­вандї дар љараёни муњокимаи ќарорњои ќабулшаванда ва татбиќи онњо таъмин гардида, барои густариши ислоњоти иќтисодию иљтимої ва њалли проблемањои њаёти кишварамон мусоидат намуд.

Дар асоси Конститутсия дар даврони соњибистиќлолї аз љониби давлату њукумати кишвар бо маќсади таъмини волоияти ќонун, тањ­кими раванди демократикунонї дар љомеа, баланд бардоштани маъ­рифати њуќуќии ањолї ва пешгирї намудани њар гуна њуќуќ­вай­ронкунї чорањои муассир андешида шуда, як зумра санадњои меъёрии њуќуќї ќабул гардиданд.

Њанўз моњи апрели соли 1997 бо маќсади таъмини волоияти ќонун дар љомеа, баланд бардоштани маърифати њуќуќии ањолї ва пешгирии роњи ќонуншиканї Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи сиёсати њуќуќї ва таъмини тарбияи њуќуќии шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ќабул шуда буд.

Худи њамон сол љињати дар амал татбиќ намудани Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон, 22 августи соли 1997, тањти № 383 ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи баъзе чорањои бењтар намудани тарбияи њуќуќии шањрвандон дар Љумњурии Тољи­кистон ва кори њуќуќї дар љумњурї» ќабул гардид.

Бањри иљрои ќарори номбурда Шўрои мутобиќсозию методї оид ба таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандони Љумњурии Тољикистон аз њисоби намояндагони маќомоти њифзи њуќуќ, маориф, адлия, про­куратура ва Академияи илмњо таъсис дода шуд, ки айни њол фаъо­лияти он бо маром ба роњ монда шудааст.

Бо маќсади тањкими минбаъдаи раванди демократику­нонии љомеа, тарѓиби арзишњои демократї ва ба ин васила таъмини фазои демократї дар кишвар 1 декабри соли 1999 Фармони Президенти Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи љараёнquot;Times New Roman Tjи демократикунонии њаёти љамъиятї-сиёсї дар љумњурї» ќабул гардид.

Бо ќарори Њукумати Чумњурии Тољикистон аз 29 апрели соли 2009, № 253 «Барномаи таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандони Љумњурии Тољикистон барои солњои 2009-2019» тасдиќ гардид, ки маќсади асосии он баланд бардоштани сатњи маърифати донишњои њуќуќї, ташаккули њисси масъулият­шиносї, ватандўстї, эњтиром нисбат ба Конститутсия ва ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољи­кистон, дарк намудани ягонагии њуќуќ, озодї ва вазифањои асосии инсон ва шањрванд, таъмини фаъолнокии сиёсии ањолии љумњурї мебошад.

Њамчунин, бо маќсади баланд бародош­тани маърифати њуќуќии ањолї соли 2009 аз љониби олимону мутахассисони варзидаи кишвар тафсири илмиву оммавии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон омода карда шуда, дастраси хонандагон гардонида шуд ва имрўз аз он шањрвандони зиёди кишвар мутолиа намуда, дар фаъолияти њамарўзаи худ онро истифода мебаранд.

Зеро донистани Конститутсия ва эњтиром гузоштан ба меъёрњои он вазифаи аввалиндараљаи њар як шањрванди љумњурї, омўзиши ин њуљљати волои њуќуќї барои баланд бардоштани маърифати сиёсї, њуќуќї ва фарњангии ањолї мусоидат менамояд.

Конститутсия дар низоми њуќуќї мавќеи махсусро ишѓол намуда, дар низоми ќонунгузории давлат афзалият дорад ва он њамчун ќонуни асосии давлат аз принсипи волоият дар тамоми њудуди он бархўрдор мебошад.

Ќабули Конститутсия боиси таѓйироти љиддї дар низоми ќо­нунгузорї гардид, ки он дар азнавсозии арзишњои муайяни љамъиятї ва ташаккули самтњои њуќуќии давлат, ба миён омадани сарчашмањои нави ќонунгузорї, мазмунан дигаргун намудани муќаррароти меъ­ёрї, таѓйир додани сохтори ќонунгузорї ва дар маљмўъ ташаккули ќонунгузорї баён гардиданд.

Зеро бо ќабули Конститутсия танзими муносибатњои љамъиятї оид ба раванди њуќуќэљодкунї, тартиби тањия, ќабул ва мавриди амал ќарор додани санадњои меъёрии њуќуќї, низоми санадњои меъёрии њуќуќї, тартиби бањисобгирї ва баќайдгирии давлатии онњо аз масъ­алањое буданд, ки бояд дар шароити нави эъмори давлати њуќуќбунёд мушаххас муайян карда мешуданд.

Дигаргунињо дар ќонунгузорї, боиси ба миён ома­дани масъалаи ба шакли муайян даровардани низоми њуќуќи мил­лї гардид, ки асоси онро ќонунгузории конститутсионї ташкил медињад. Зеро масъалаи мазкур пеш аз њама бо ањамияти махсус доштани Конститутсия њамчун ба низомдароварандаи санадњои њуќуќї;

дувум, таќвият ёфтани наќши ќонун њамчун механизми танзими муносибатњои љамъиятї;

сеюм, мустањкам кардани рељаи ќонунияти конститутсионї, таъмини тамомияти арзии давлат ва њуќуќу озодињои шањрвандони кишвар алоќаманд мебошад.

Давра ба давра дар асоси Конститутсия ќонунњои конститутсионї ва дигар ќонунњои муњимме, ки њадафи онњо мустањкам намудани рукнњои давлатдорї ва танзими њуќуќии пањлўњои гуногуни њаёти иќтисодї, иљтимої ва фарњангии кишвар мебошанд, ќабул карда шуда, заминаи боэътимоди пешрафти љоме­аро таъмин намуданд.

Дар њамин марњала нахустин санадњои танзимкунандаи муно­сибатњои вобаста ба ташаккулёбии рукнњои давлатдорї ва рамзњои давлати мустаќили Тољикистон ќабул карда шуданд.

Дар натиљаи ислоњоти конститутсионї, ки тибќи он дар таърихи сиёсии кишвар ба Конститутсия ду маротиба таѓйи­ру иловањо ворид карда шуданд, парламенти думаљлисаи доимї амалкунанда таъсис ёфта, такмили маќо­мо­ти иљроия ва сохтори иќтисодии кишвар идома ёфта, њамчунин як зумра падидањои нав рўи кор омаданд.

Тибќи Конститутсия аввалин маро­тиба дар таърихи сиёсии кишвар таъсис ёфтани парла­менти думаљлисаи доимї амал­кунандаи касбї, барои эљод ва ќабули ќонунњои љавобгў ба талаботи љомеа заминаи боэътимод гузошт.

Ин њама навоварињои конститутсионї барои ташаккули раванди татбиќи њадафњои стратегии давлат ѓояњои љомеаи шањр­вандї ва давлати демократию њуќуќбунёд мусоидат намуд.

Дар маљмуъ Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дорои нишона ва хусусиятњое мебошад, ки онњо барои эъмори давлати муосири демократию њуќуќбунёд замина гузошта, дар илми муосири њуќуќ љузъи таркибии ќонунњои сатњи олї эътироф гардидаанд, аз ќабилї:

– афзалияти њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, ки аз њуќуќњои табииї инсон маншаъ гирифта, бо кафолати давлатї таъмин карда мешавад. Давлати Тољикистон мустањкам ва шикастнопазир будани ин њуќуќу озодињо ва масъулияти давлатиро барои риоя ва њифзи онњо эътироф менамояд. «Он чизе, ки ќонун манъ накардааст, равост» - муњимтарин принсипи давлати демократии мо мањсуб ёфта, чунин назар ба њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд асоси Конс­титутсия ва аксари ќонунњоро ташкил дода, моњияти инсон­пар­варонаи асосњои сохтори конститутсиониро дар бар мегирад;

– дуюм, мустаќилияти судњо њамчун механизми асосии кафолати њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд. Танњо суди мустаќил имкон дорад, ки њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрвандро аз дахолати дигарон самаранок њифз намояд. Принсипи кафолати мустаќилияти њокимияти судї дар моддаи 84 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мустањкам гардида, татбиќи минбаъдаи амалишавии меъёри мазкур ва дар заминаи он ислоњоти судии солњои охир гузаронидашуда барои таќвияти маќомоти судї ва ташаккули ин шохаи њокимияти давлатї њамчун баамалбаро­рандаи адолати судї мусоидат намуд;

сеюм, волоияти Конститутсия нисбат ба њамаи санадњои меъёрии њуќуќї. Ягон ќонун ё дигар санад наметавонад Конститутсияро ислоњ ё пурра намояд ва ё ин ки зиёда аз њама ба он мухолифат намояд. Конститутсия якљо бо њуќуќи табиї асоси низоми њуќуќиро ташкил дода, барои ба миён овардани тартиботе, ки дар он ќонун ва њуќуќ ба њам мувофиќ мебошанд, равона мегардад;

– чорум, афзалияти санадњои байналмилалї. Ин хусусияти давлати њуќуќбунёд барои ба љањони муосир ворид шудани Тољикистон нигаронида шуда, дар заминаи меъёрњои санадњои байналми­лалї ќонунгузории миллї ба шакли муайян дароварда шуда, ба ин васила рушди демократию иљтимоии давлат, ки аз санадњои байналмилалї сарчашма мегирад, таъмин карда мешавад.

Аммо, новобаста аз хусусиятњои хоси Конститутсия, ки онро ба сифати ќонуни сатњи олии давлат муаррифї менамояд, дар шароити муосир яке аз шартњои муњим, ки бо татбиќи принсипи таљзияи њокимият, тањкими пояњои давлати демокра­тию њуќуќбунёд ва ягона алоќаманд мебошад - ин таъмини њифзи њуќуќии Конститутсия ва таъмини волоияту амали бевоситаи он мањсуб меёбад.

Зеро, дар сурати амал накардани механизми амалишавии меъёр­њои конститутсионї, њолате ба вуљуд меояд, ки муќаррароти дар он дарљ гардида, танњо дар њуљљат боќї монда, татбиќи он дар њаёти воќеї таъмин карда намешавад.

Имрўз дар љумњурї маќоми махсуси назорати конститут­сионї, яъне Суди конститутсионї њамчун маќоми мустаќили њокимияти судї ва падидаи нави демократї бањри њифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия фаъолияти бомаром бурда, бањри аз байн бурдани номувофиќатии санадњои меъёрии њуќуќї ба Конститутсия дар асоси мурољиатњои субъекњои њуќуќ, волоияти Конститутсия ва фазои ягонаи њуќуќиро дар кишвар таъмин менамояд.

Новобаста аз ин, дар шароити муосир зарурати боз њам такмили ќонунгузорие, ки муносибатњои вобаста ба њифзи Конститутсияро танзим менамоянд, ба миён омада, коркарди механизми муосири њифзи њуќуќии Конститутсия ва амалисозии чорабинињои мухталиф оид ба мустањкам кардани рељаи ќону­нияти конститутсионї дар кишвар зарур мебошад.

Дар шароити муосир њамчунин зарур аст, ки ба сифати вазифаи муњимми сиёсати ќонун­эъљодкунии кишвар баланд бардоштани самаранокии ќонунияти конститутсионї баромад намояд.

Соли љорї аз ќабули Конститутсия 20 – сол сипарї мегардад, ки дар ин айёми начандон тўлонї меъёрњои волои ин њуљљати муњимми сиёсию њуќуќї, ки дар худ муњимтарин принсипњои демократии эъти­рофшудаи љомеаи башариро таљассум менамояд, барои эъмори дав­лати демократию њуќуќбунёд ва дунявию ягона равона гардида, ба­рои амалишавии њадафњои неку созанда дар роњи давлату давлат­дории навин мусоидат кард ва дар шароити муосир њар яки мо бояд фаъолияти худро бобати амалишавии меъёрњои он равона созем, зеро ин амал њамзамон нишондињандаи сатњи баланди шуур ва фарњанги њуќуќї, њамчунин масъулияти баланди шањрвандї мебошад.



 

 

 

Абдуллозода Нусратулло

Раиси Суди Олии

Љумњурии Тољикистон,

мушовири давлатии

адлияи Љумњурии Тољикистон

НАЌШИ КОНСТИТУТСИЯ

ДАР ТАЊКИМИ АДОЛАТИ СУДЇ

Таърихи башарият гувоњ аст, ки љомеаи дорои тамаддуну фар­њанги ќадима танњо тавассути њусни тафоњум, эњтиром ва эътирофи њуќуќи љомеа дар заминаи мављудияти ќонунњои муайян, ки аз маќ­саду ѓояњои мансуб ба табиати инсон ва ягонагии љамъият дар сатњњои гуногун бармеоянд ва барои тањкими пояњои давлатдории миллї, нигањдошти низоми тартиботу адолат ва озодии инсон офарида мешаванд, ба танзими њаёти иљтимої муваффаќ шуда, роњу равиши дурусти ташаккули худро дар чорчўбаи манфиатњои эътирофшуда нигоњ медорад.

Бинобар ин, оѓози солњои навадуми ќарни сипаригардида пас аз эълони Истиќлолияти давлатї дар Тољикистон зарурати ташаккули заминаи боэътимоди њуќуќї ба миён омад, ки бо такя ба арзишњои миллї ва решањои таърихї тавонад ба бунёди давлати демократї, њуќуќбунёд, дунявї, њифзи якпорчагии кишвар, ташаккули маќомоти њокимияти давлатї, таъмини њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд тањкими худшиносии миллї ва инкишофи озодонаи ѓояњои љомеаи шањрвандї мусоидат намояд.

Аз ин лињоз, њадафи муњиме, ки аз рўзњои аввали соњибистиќлолї пайгирї карда шуд, њарчи зудтар тањия ва ќабули Конститутсияи Тољикистони тозаистиќлол буд. Зеро ин њадаф имконият медод, ки Тољикистон ба љомеаи љањонї њамчун давлати соњибихтиёр муаррифї гардад ва дар як ваќт дар заминаи он санадњои меъёрии њуќуќие эљод карда шаванд, ки тартиби ташкил ва фаъолияти маќомоти њокимияти давлатиро муайян карда, манфиатњои миллии халќи тољикро њимоя намоянд ва муносибатњои љамъиятиро, ки дар давраи аввали таърихии гузариш аз низоми идоракунии сотсиалистї ба низоми идоракунии демократї ќарор дошт, танзим карда тавонад.

Дар роњи давлатсозии навин масъалаи аввалиндараља будани ќабули Ќонуни асосии кишварро Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Љум­њурии Тољикистон ва Мурољиатномаи худ ба мардуми кишвар њанўз 12 декабри соли 1992, ки он замон вазифаи Раиси Шўрои Олии Тољикис­тонро ба уњда доштанд, таъкид ва изњор намуданд, ки: «асоси ќонунњои Љумњурии Тољикистонро нав карда, онро бо дарназар­дошти меъёр­њои њуќуќи байналми­лалї такмил дода, барои бунёди давлати нав - давлати демократии њукуќбунёд замина гузоштан лозим аст».

Баъдан, бо маќсади љоннок намудани раванди тањияи Консти­тутсияи кишвар дар Иљлосияи XVII Шўрои Олии Љумњурии Тољи­кистон ба «Ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкил намудани комиссия оид ба тайёр наму­дани Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» таѓйиру иловањо ворид карда шуда, њайати нави Комиссияи конститут­сионї тањти роњбарии муњтарам Эмомалї Рањмон тасдиќ гардид.

Дар он замон њамагон ба хубї дарк мекарданд, ки танњо мављудияти заминаи боэътимоди њуќуќї ва афзалият додан ба ѓояи шањрвандии ташкили давлат ва љамъият метавонад пояњои бунёдии муњимме бошанд, ки якпорчагии давлатњои тозаистиќлолро аз даврањои аввали ташаккулёбї њифз намуда, талаботи љамъият ва давлатро бо дарназардошти манфиатњои миллї њимоя ва пайрезї намоянд. Пазируфта шудааст, ки њар ќадаре, ки ѓояњои ташаккули давлатдории миллї ва шарту шароитњои умумии онњо дар падидањои њуќуќї дуруст инъикос ёбанд, ба њамон андоза талаботи меъёри њуќуќї мутобиќи маќсад амалї мешавад.

Зеро барои ба таври воќеї њимоя намудани њуќуќу озодињои инсон, манфиатњои ќонунии давлат ва љомеаи навини тољикон ќонуну санадњое лозим буданд, ки љавобгўи чунин манфиатњо бошанд.

Вобаста ба ин зарурат, њанўз бист сол муќаддам 6 ноябри соли 1994 - дар айёме, ки Љумњурии Тољикистон нмаро­тибаquot;; mso-bidi-font-family: quot;serifахустин ќадамњои усту­вори худро дар роњи тањкими соњибистиќлолї ва эъмори давлату давлатдории навин мегузошт, дар њаёти сиёсии љомеа рўйдоди бузурги таърихї ба вуќўъ пайваста, аз љониби халќи quot;Times New Roman Tj font-family: span style= lang=quot;; mso-bidi-font-family: Calibri; mso-ansi-language: TG;тамаддунофари тољик, ки дорои фарњанг ва маданияти воло, њисси миллии ватан­дўстї мебошад, якдилона, тавассути изњори ирода ва амалисозии принсипи муњими демократии њуќуќ ба интихобот бо умеди ояндаи неку дурахшон аввалин Конститутсияи Тољикистони соњибистиќлол ќабул гардид.

Дар раванди ќабули Конститутсия тамоми воситањои илмї, мулоњизањои мантиќї ва дурандешии сиёсї истифода шуда, quot;; mso-ansi-language: TG;/strong style=span style= lang=лоињаи он ќабл аз ќабул гардидан аз љониби мардум тавассути воситањои ахбори омма, љаласаву вохўрињо, мањфилу конференсияњо ба таври њамаљониба баррасї гардида, њама пањлўњои масъалаи мазкур бо дарназардошти талаботи замон, афкори љомеа ва принсипњои байналмилалї мавриди ќиёс ќарор дода шуд, зеро дар њамбастагї аз љониби мардуми кишвар ќабул гардидани ин њуљљати сиёсию њуќуќї бенињоят муњим мебошад ва инро амалияи мављудаи њуќуќи конститутсионї низ аз нуќтаи назари илмї собит сохтааст.

Дар Конститутсия инъикос ёфтани моњияти арзишњо ва ѓояњои демократии нав, тарзи зиндагиву талаботи љомеаи адолат­парвар, њадафњои неки пешгирифтаи давлат, тањкими њокимияти конститут­сионї ва инкишофи ѓояњои солими давлатдорї, волоияти арзишњои инсонї, иштироки фаъоли љомеа дар идоракунии давлат, баробарии њама дар назди ќонун, гуногунандешии сиёсї, кафолати таъмини адолати судї ва дигар падидањои муњим дар давраи вазъияти сиёсии басо мураккаби љумњурї барои тањкими сулњу субот, наљоти мардум аз парокандагї, њамдигарфањмї ва эъмори љомеае, ки дар он эњтироми њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар мадди аввал буда, таъмини ама­лишавии онњо кафолат дода мешавад, такони пурзўре гардид.

Тавре ки Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми табрикиашон ба муносибати рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон 6 ноябри соли 2013 иброз доштанд: «Конс­титутсияи давлатамон, ки меъёрњои он аз принсипи инсондўстї ман­шаъ мегиранд, њамчун њуљљати сарнавиштсози сиёсию њуќуќї эъти­роф гардида, дар он арзишњои муњими њаётї, изњори ирода ва марому маќсади кулли сокинони кишвар ба таври возењ инъикос гарди­даанд».

Воќеан њам, ин њуљљати сарнавиштсоз ва санади олии њуќуќї барои аз байн бурдани хавфе, ки ба истиќлолияти давла­т, тамомияти арзии кишвар ва нињоят ба ягонагии миллат тањдид мекард, шароити зарурии њуќуќї муњайё намуда, имкон дод, ки низоми мукаммали њуќуќию сиёсї ташкил карда шуда, заминаи рушди устувор ва пешрафти иќтисодию иљтимої ба миён ояд.

Бо итминони комил гуфтан љоиз аст, ки наќши Конститутсия дар расидан ба њадафњои асосии давлат, барќарор гардидани сохти конс­титутсионї, тањкими институтњои давлатдории навин ва фаъолияти муназзами маќомоти судї ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ, њимояи њуќуќу манфиатњои умумимиллї ва давлат, пайваста ташаккул додани бунёди љомеаи шањрвандї, њамчунин пайгирии ислоњоти судї-њуќуќї муассир аст ва аз рўзњои аввали соњибистиќлолї дар мењвари сиёсати Њукумати кишвар ќарор дорад.

Имрўз дар заминаи меъёрњои Конститутсия мо давлату љомеаи нави шањрвандї бунёд карда истодаем, ки бешубња дар ин низом, муносибатњои љамъиятию сиёсї, шуур ва ќобилияти фикрронии инсон ањамияти сифатан нав пайдо намуда, муносибатњо байни шахс ва давлат, шахс ва љамъият мутлаќо мазмун ва шакли навро пайдо карда, ба ташаккули ѓояњои нав асос гузошта шудааст.

Конститутсияи Тољикистон пеш аз њама дар натиљаи тањлилу омўзиши рушди конститутсионии давлатњои хориљї, мутобиќ ба принсипу меъёрњои эътирофшудаи байналмилалї, инчунин бо дарназардошти анъана ва хусусиятњои миллї тањия гардида, мањз дар ин сатњ соњибистиќлолии давлат расман эълон ва тањкими минбаъдаи ќонунии он таъмин гардид.

Ба шарофати падидањои нави љавобгў ба талаботи бунёди давлати демократї, Конститутсияи имрўзаи кишвар аз консти­тутсияњои ќаблан амалкунанда бо хусусиятњои хоси худ тафовут дорад. Њарчанд дар таърихи ташаккули конститутс