04:43:36 - 21.04.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Қарор аз рўи дархости раиси собик Ассосиатсияи хукукшиносони чавон «Ампаро» Самадова Д.Т.

 




Ќ А Р О Р И





СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

аз рўи дархости раиси собиќ Ассосиатсияи њуќуќшиносони љавон «Ампаро» Самадова Д.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисмњои 1 ва 3 моддаи 35, сархатњои дуюм ва сеюми ќисми 1 ва ќисми 2 моддаи 37 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 2007 № 258 «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї» ба моддањои 14, 28 ва 30 Консти­тутсияи (Сарқонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 24 июни соли 2014

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисику- нанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., судя-котиб Кари­мов К.М., судяњо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Ѓаниев Љ.,

тарафњо:

раиси собиќ Ассосиатсияи њуќуќшиносони љавон «Ампаро» Сама­дова Д.Т. - тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии консти­тутсионї оѓоз карда шудааст;

Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљ­­­­лиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон; Шона­заров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Љумњурии То­љикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон – намо­яндагони та­рафњое, ки конститутсионї будани ќонуни ќабулкарда ва ба имзо расонидаи онњо мавриди бањс ќарор дода шудааст;

Даъватшудагон:

Мирсайдзод Њаким Саид- муовини Вазири адлияи Љумњурии Тољикистон;

Кишварзода Абдурашид- муовини Прокурори генералии Љумњу­рии Тољикистон;

Саидзода Љамолхон Шариф- муовини якуми Раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон;

Ќодиров Тоњир Ќамарович- Раиси коллегия оид ба корњои оила­вии Суди Олии Љумњурии Тољикистон;

Бадриддинова Раљабмоњ- Сардори шуъбаи њифзи давлатии њуќуќ­њои шањрвандї ва сиёсии Дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон;

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи- кистон, моддањои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољи- кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости раиси собиќ Ассосиатсияи њуќуќшиносони љавон «Ампаро» Самадова Д.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиќати ќисмњои 1 ва 3 моддаи 35, сархатњои дуюм ва сеюми ќисми 1 ва ќисми 2 моддаи 37 Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 2007 № 258 «Дар бораи иттињодияњои љамъ­иятї» ба моддањои 14, 28 ва 30 Конститутсияи (Сарқонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судяи Суди конститутсионї Гулзорова М.М., баёноту ху­лосаи тарафњо ва баромади даъват­шу­да­гонро шунида, маводи парванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањ­ќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Раиси собиќ Ассосиатсияи њуќуќшиносони љавон «Ампаро» Сама­дова Д.Т. бо дархост ва дархости иловагї ба Суди консти­тут­си­онии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки 28 июни соли 2012 намояндагони раёсати адлияи вилояти Суѓд ва Вазорати адлияи Љумњурии Тољи­кистон фаъолияти «Ампаро»-ро мав­риди санљиш ќарор дода, 29 июни соли 2012 дар хусуси барњам до­дани фаъолияти он ба суди шањри Хуљанд аризаи даъвогї пеш­нињод намуданд.

Раёсати адлия аризаи даъвогии худро бо он асоснок намудааст, ки «Ампаро» дар давраи фаъолияташ талаботи Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи итти­ҳодияњои љамъиятї» ва меъёрњои Оинномаи худро вайрон намуда:

-бе ќарори мақоми олиаш,- раёсати ташкилот,- су­роғаи ҳуқу­қиашро тағйир дода, ҳуљљатҳоро оид ба ин масъала барои бақайдгирии давлатї ба раёсати адлияи вилояти Суғд пешниҳод накардааст;

-зерсохторҳои худро дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои љумҳурї бе риояи тартиби муайяншудаи бақайдгирї кушодааст;

-сомонаи интернетї таъсис дода, аз номи ташкилот ҳар гуна мақо­лаҳоро љойгир намудааст;

-барои талабагони мактабҳои миёнаи ноҳияҳои Спитамен, Б. Ғафуров ва мактаб-интернати шаҳри Чкалов бе иљозатнома машѓулият гузаронидааст;

-роњбари «Ампаро» бе таъсис додани маќоми олии иљроия, яъне раёсати ташкилот ќарор ќабул намудааст.

Суди шаҳри Хуљанд бо ҳалномаи худ аз 24 октябри соли 2012 ари­заи даъвогии раёсати адлияро қонеъ гардонида, бо дастрасии моддањои 34, 35 ва 37 Қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои љамъи­ятї» бар­ҳам додани «Ампаро»-ро раво дидааст.

Мурољиаткунанда бо њалномаи номбурда розї нагашта, 28 нояб­ри соли 2012 аз болои њалномаи суди шањри Хуљанд ба коллегияи судї оид ба парвандањои граждании суди вилояти Суѓд шикояти кассатсионї овар­­дааст.

Дар асоси ќарори коллегияи судї оид ба парвандањои граждании суди вилояти Суѓд аз 15 январи соли 2013 њалномаи суди шањри Хуљанд аз 24 октябри соли 2012 бетаѓйир ва шикояти кассатсионии намояндаи љавобгар беќаноат мононда шудааст.

Санаи 7 январи соли 2014 ба раёсати суди вилояти Суѓд аз тарафи намояндаи љавобгар шикояти назоратї пешниҳод карда шуд, ки суди вилояти Суѓд 23 январи соли 2014 ирсоли парвандаи гражданиро барои баррасї намудан дар суди марњилаи назоратї рад кард.

Ба андешаи мурољиаткунанда сархати сеюми ќисми 2 моддаи 34, ќисмњои 1 ва 3 моддаи 35, сархатњои дуюм ва сеюми ќисми 1 ва ќисми 2 моддаи 37 Қонуни Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои љамъиятї» ки раёсати ад­лия ва су­ди шањри Хуљанд онњоро дастрас карда, «Ампаро»-ро барњам до­данд, боиси поймол ва мањдуд шудани њуќуќњои консти­тутсионии онњо оид ба њифзи судї ва муттањид шудан дар иттињодияи љамъиятї гардидааст.

Ассосиатсия андешаашро бо он асоснок менамояд, ки тиб­ќи тав­зењоти Кумитаи СММ оид ба њуќуќи инсон оид ба шарњи мод­даи 22 Пай­мони байналмилалї доир ба њуќуќњои фитрї ва сиёсї (ПБЊФС), давлат ба мањдуд­кунии њуќуќи шахсони воќеї ба озодии ассосиатсия (мут­тањидшавї) дар њолатҳои мављуд будани њамаи се шартҳои дар поён зикр­шаванда роњ медињад:

1) ҳама гуна маҳдудкунї бояд бевосита дар меъёрњои қонун­гузории амалкунанда пешбинї шуда бошад;

2) њама гуна маҳдудкунї метавонад танҳо бо мақсади ҳимояи бехатарии миллї ё љамъиятї, тартиботи ҳуқуқї ё маънавиёти љамъиятї ё ҳуќуқ ва озодиҳои дигар одамон раво дида шавад;

3) мањдудкунї бояд барои маќсади љомеаи демократї зарур бошад.

Бо назардошти муќаррароти зикршудаи моддаи 22 Паймони бай­нал­милалї доир ба њуќуќњои фитрї ва сиёсї (ПБЊФС), дар моддаи 14 Конс­титутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон меъёрњо оид ба њолатњои мањдуд кардани њуќуќу озодињои конститутсионии инсон ва шањрванд муќаррар карда шудааст.

Муќаррароти сархати сеюми ќисми 2 моддаи 34, ќисмњои 1 ва 3 моддаи 35, сархатњои дуюм ва сеюми ќисми 1 ва ќисми 2 моддаи 37 Қонуни Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои љамъиятї» ба маќо­­моти про­куратура, маќомоти баќайдгирандаи иттињодияњои љамъи­ятї ва судњо барои манъ ва ќатъ кардани фаъолияти иттињодияњои љамъ-­и­­ятї ва барњам додани онњо салоњиятҳои васеъ медињанд, ки чунин салоњиятњои васеъ барои мањдуд гаштани њуќуќњои конститутсионии шањрвандон ба ихтиёран муттањид шудани онњо дар иттињодияњои љамъиятї асос мегарданд.

Њамчунин, аз матни меъёрҳои моддањои зикршудаи Ќонуни Љум­њурии Тољикистон «Дар бораи иттињодияҳои љамъ­­иятї» маълум нест, ки кадом вайронкунии ќонунгузорї ё вай­рон­ку­нии маќсадњои оинномавї бояд ба миён оянд, ки маќомоти баќайд­гиранда дар барои огоњ намудан, боздоштан ё барњам додани ташкилот ќарор ќабул намояд.

Мурољиаткунанда аз он нигаронї дорад, ки тиб­­­ќи моддаи 34 Ќо­ну­ни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ит­тиҳодияҳои љамъиятї» раё­сати адлия ме­та­вонист ас­со­сиатсияи «Ампаро»-ро дар ху­суси бартараф намудани вай­рон­кунињои ошкоршуда огоњ карда, ба­рои бартараф кар­дани камбудињо ба он муњлат медод. Зеро иддањое, ки дар даъвои раёсати адлия пешбинї шу­дааст, метавонистанд бо огоњонї ва пешнињоди муњлат барои ислоњ­шавї аз љониби «Ампаро» бартараф карда шаванд. Қатъ гардидани фаъолияти ташкилот бояд чун чораи ниҳої арзё­бї карда шуда, он танњо дар ҳолати қонунвайронкунии љиддї татбиқ карда шавад.

Мурољиаткунанда, инчунин ќайд менамояд, ки аз тарафи раёсати адлия ва суди шањри Хуљанд нисбати Ассосиатсия татбиқ карда шудани меъёрњои зикршудаи моддаҳои 34, 35 ва 37 Ќонуни Љумњурии Тољи­кис­тон «Дар бораи иттиҳодияҳои љамъиятї» ба моддаи 30 Консти­тутсияи (Сарқонуни) Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он:

«Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад... ...Сензураи давлатї ва таъқиб барои танқид манъ аст» ва моддаи 19 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои фитрї ва сиёсї (ПБЊФС) мухолиф мебошад.

Њамин тариќ, бо барҳам додани «Ампаро» ҳуқуқи аъзои он ба озо­дии сухан ва баёни ақида низ, ки бо Конститутсияи (Сарқонуни) Љум­њу­рии Тољикистон ва ПБЊФС кафолат дода шудаанд, поймол гар­диданд.

Бо ин назардошт, мурољиаткунанда аз Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон хоњиш намудааст, ки дар асоси дархости ў муро­фиаи судии конститутсионї оѓоз карда, мутобиќати сархати сеюми ќис­ми 2 моддаи 34, ќисмњои 1 ва 3 моддаи 35, сархатњои дуюм ва сеюми ќисми 1 ва ќисми 2 моддаи 37 Ќонуни Љумҳурии Тољикистон аз 12 майи соли 2007 № 258 «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї» ба моддањои 14, 28 ва 30 Консти­тутсияи (Сарқонуни) Љумҳурии Тољикистон, моддањои 8 ва 20 Эъломияи умумии њу­ќуќи башар аз 10 декабри соли 1948 ва мод­дањои 14 ва 22 Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои фитрї ва сиёсї аз 16 декабри соли 1966 муайян карда шавад.

8 май аз рўи дархости асосї ва 9 июни со­ли 2014 аз рўи дархости ило­ва­гии му­ро­љиаткунанда дар хусуси муайян намудани мутобиќати ќис­мњои 1 ва 3 моддаи 35, сархатњои дуюм ва сеюми ќисми 1 ва ќисми 2 моддаи 37 Ќонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї» ба мод­­дањои 14, 28 ва 30 Конс­титутсияи (Сарқонуни) Љумњурии Тољикистон муро­фиаи судии консти­тут­сионї оѓоз карда шуда, оѓоз кардани муро­фиаи судии консти­тут­сионї оид ба талабњои дигари Д. Сама­дова бо асосњои пеш­би­ни­намудаи Ќонуни кон­с­ти­ту­тси­онии Љум­њурии Тољи­кистон «Дар бораи Суди консти­­тут­си­онии Љум­њу­рии Тољи­кистон» рад карда шу­да­аст.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости собиќ раиси ассосиатсия Д. Самадоваро дар алоќамандї бо тала­боти Консти-тутсия, санадњои њуќуќии байналмилалї, дигар санадњои меъёрии њуќуќї ва амалияи судї њаматарафа мавриди тањ­лил ва баррасї ќарор дода, ќайд мена­мояд, ки дар низоми њуќуќу озо­дињои инсон ва шањрванд пеш­бини­намудаи Конс­титутсияи (Сар­ќонуни) Љумњурии Тољи­кистон њу­ќуќњои инсон ва шањр­ванд ба њифзи судї, ихтиёран мут­тањид шудан дар итти­њодияњои љамъиятї ва озодии сухан мавќеи хосаро ишѓол менамоянд.

Њуќуќњои зикршудаи конститутсионии шањрвандон муњимтарин нишонаи давлати демократї, њуќуќбунёд ва љомеаи шањрвандї буда, аз арзиши олї будани инсон, њуќуќ ва озодињои он сарчашма мегиранд. Зеро кафо­лати мут­тањид шудан дар итти­њодияњои љамъиятї, баробар иштирок кардан дар кори онњо ва бо хоњишу иродаи худ аз онњо баро­мадан, озодона ифода намудани фикру андешањои худ ба ќонеъ гардо­ни­­дани ман­фиат ва талаботи моддию маънавии шањр­вандон ва дар маљ­мўъ ба рушду тањкими љомеа ва давлат ра­вона карда шу­дааст.

Тибќи Конститутсия шањрвандони Љумњурии Тољикистон дорои як ќатор њуќуќу ўњдадорињои конститутсионї буда, онњоро бо ирода ва бо назардошти манфиатњои худ ва дар доираи манфиатњои љамъиятию давлатї ба амал мебароранд. Дар сурати поймол гаштани њуќуќњои худ, онњо аз кафолати њифзи судї бархурдор буда, «њуќуќ доранд талаб намоянд, ки парвандаи онњоро суди босалоњият, мустаќил ва беѓарази тибќи ќонун таъсисёфта баррасї намояд». Ва ин њуќуќњо танњо дар асоси

моддаи 14 Конс­ти­тутсия «ба маќ­сади таъмини њуќуќ ва озодии ди­га­­рон, тартиботи љамъ­иятї, њи­мояи сохти конститутсионї ва тамо­ми­яти арзии љумњурї мањдуд карда мешаванд», ки ин муќаррарот ба мод­дањои 14 ва 22 Пай­мони бай­нал­милалї доир ба њуќуќњои фитрї ва сиёсї тавъам мебошад.

Моддаи 28 Конститутсия ба њуќуќњои сиёсии шањрвандон дахл кар­да, пеш­бинї менамояд, ки «шањрвандон њу­ќуќи муттањид шудан до­ранд. Шањрванд њаќ дорад дар… иттињодияњои љамъиятї иштирок намояд, ихтиёран ба онњо дохил ва аз онњо хориљ гардад».

Бо ин назардошт, масъалаи во­бас­та ба мут­тањид шудан дар итти­њодияњои љамъиятї, баробар иштирок кар­дан дар кори онњо ва бо хоњи­шу иродаи худ аз онњо баромаданро Ќо­нуни Љумҳурии Тољи­кистон «Дар бо­­­раи итти­њодияњои љамъ­иятї» мавриди тан­зим ќарор додааст.

Ќонуни мазкур (моддаи 5) иттињодияи љамъиятиро њамчун итти­њоди ихти­ёрї, худидора ва ѓайри­тиљоратии шањрвандон арзёбї мена­мояд, ки он дар асоси уму­мияти манфиатњо барои амалї намудани маќсадњое муттањид гар­дидаанд, ки онњо дар оинномаи ташкилот нишон дода шу­да­анд.

Дар Љумњурии Тољикистон иттињодияњои љамъиятї дар шакли ташкилоти љамъиятї, њаракати љамъиятї ва маќомоти худ­фаъо­лияти љамъиятї таъсис ёфта, њуќуќи дар онњо муттањид шудани шањр­вандон бевосита амалї мегардад. Ин њуќуќ, чун дигар њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандон ба воситаи санадњои меъёрии њуќуќї њифз гашта, аз тарафи тамоми маќомоти давлатї риоя ва ба воситаи њокимияти судї таъмин мегар­дад.

Њуќуќи мазкур барои инкишофи муста­ќилона, созанда, худфаъ­олиятии шањр­вандон ва иш­тироки васеъи онњо дар њаёти сиёсию иќти­содї ва иљтимоию фарњангии љомеаи Тољикистон шароити зарурии таш­килию њуќуќиро фа­ро­њам мео­ранд.

Хусусияти демократї доштани татбиќи ин њуќуќи шањрвандон дар он аст, ки таъсиси итти­њо­дияњои љамъиятї на бо ќарори дахлдори маќомоти давлатї, балки бо ташаббуси якчанд шањрванд сурат мегирад ва иттињодия баъд аз тањияи њуљљатњои пешбининамудаи ќонун ва дар маќомоти вако­латдори дав­латї аз ќайди давлатї гузаштанаш фаъолияти худро дар асоси Оин­номаи худ амалї менамояд.

Ќонун дахолати маќо­моти њоки­­мияти давлатї ва шахсони ман­сабдори онњоро ба фаъолияти итти­њодияњои љамъиятї, њамчунин дахо­лати иттињодияњои љамъиятиро ба фаъолияти маќомоти њокимияти дав­латї ва шахсони мансабдори онњо манъ карда, итти­њо­дияњои љамъи­ятиро вазифадор менамояд, ки онњо Конс­ти­тут­сия, ќонунгузорї ва вази­фањои оин­номавии худро риоя карда, ќарорњои ма­ќомоти роњ­ба­рикунанда ва шах­сони мансабдори иттињодияи љамъиятиро сари ваќт ба маќомоти баќай­дгиранда пешнињод кунанд. Маълумот ва гузориш дода, бо фаъолияташон вобаста ба амалї намудани маќсадњои оин­номавї (моддаи 25) шинос намоянд.

Назорати фаъолияти иттињодияњои љамъиятї аз болои иљрои ќо­нун ба маќомоти прокуратура ва назорат аз болои фаъо­лияти оин­но­мавї ба маќомоти баќай­дгиранда вогузор карда шудааст.

Дар навбати худ, аз тарафи иттињодияи љамъиятї риоя ва иљро на­кар­дани маќсадњои оинномавї ва талаботи ќонунгузорї боиси боз­дош­тан, барњам додан ва манъ кардани фаъолияти иттињодияи љамъиятї мегардад, ки охирин боиси норозигї ва мурољиати ассосиатсия ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон гардидааст.

Тањлили дар­хос­ти пешни­њоднамудаи Сама­дова Д.Т. нишон дод, ки дар муќар­рароти ќисмњои 1 ва 3 моддаи 35, сархатњои дуюм ва сеюми ќисми 1 ва ќисми 2 моддаи 37 Ќонуни Љумњурии Тољи­кистон «Дар бораи итти­њодияњои љамъиятї» њолатњое мављуд нестанд, ки онњо боиси поймол ё мањдуд гаштани њуќуќњои шањр­вандон ба њифзи судї, мут­тањид шудан дар итти­њодияњои љамъиятї гардида бошанд. Зеро мод­да­њои зикршудаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи итти­њодияњои љамъиятї» барои ба амал баровардани њуќуќњои шањр­вандон ба мут­тањидшавї, ихтиёран таъсис додани иттињодияњои љамъиятї мањдудият муќаррар намекунанд.

Татбиќи ќисмњои 1 ва 3 моддаи 35, сархатњои дуюм ва сеюми ќисми 1 ва ќисми 2 моддаи 37 Ќо­нуни Љумњурии Тољикистон «Дар бо­раи иттињодияњои љамъиятї»- ин инъикоси фаъолияти итти­њодияњои љамъиятии аллакай аз тарафи шањр­вандон таъсисдодашуда мебошад, ки онњо бинобар аз тарафи итти­њо­дияи љамъ­иятї вайрон гаштани талаботи оин­номаи он ва Ќонун дар бораи иттињодияњои љамъиятї мавриди амал ќарор дода меша­ванд.

Меъёрњои зикршудаи моддањои 35 ва 37 Ќонуни мазкур меъёр­њои умумии муайя­нкунандаи тар­тиби боздоштан ва асосњои бар­њам до­дан ва манъ кардани фаъолияти итти­њодияњои љамъиятї мебошанд, ки онњо бо хусусияти умумии худ нисбати њама гуна итти­њодияи љамъ­иятие, ки ба ќонуншиканї роњ медињанд, тат­биќ мегарданд.

Аз ин рў, ваљњњои мурољиаткунанда дар хусуси он, ки муќар­рароти ќисмњои 1 ва 3 моддаи 35, сархатњои дуюм ва сеюми ќисми 1 ва ќисми 2 моддаи 37 Қо­нун «Дар бораи иттиҳодияҳои љамъиятї» ба маќомоти про­куратура, баќайдгирандаи иттињодияњои љамъи­ятї ва судњо барои манъ ва ќатъ кардани фаъолияти иттињодияњои љамъиятї ва барњам додани онњо сало­њиятҳои васеъ медињанд ва ин са­лоњиятњо боиси мањдуд гаштани њуќуќњои консти­тутсионии шањр­вандон ба њифзи судї ва ихтиёран муттањид шудани онњо дар иттињодияњои љамъиятї ме­гарданд ва бо њамин асос ба моддањои зикр­шудаи Конс­титутсия муто­биќ нес­танд, заминаи њуќуќї надоранд.

Зимни тањ­­лил ва баррасии ваљњи дигари мурољиаткунанда дар ху­суси ба моддаи 30 Консти­тутсия мутобиќат надоштани меъёрњои мод­даҳои 35 ва 37 Ќонун «Дар бо­раи иттиҳодияҳои љамъиятї» низ но­му­то­­биќатие ошкор карда нашуд, ки он боиси мањдуд гаш­тани њуќуќи аъзои ассо­сиатсия ба озодии сухан гашта бо­шад. Зеро шањрвандон новобаста аз аъзои итти­њодияи љамъиятї будан ё набуданашон њуќуќи озодона гуфтани фикру андешањои худро доранд ва вобаста намудани њуќуќ ба озодии сухан ба аъзогї дар иттињодияи љамъиятї аслан мањдуд фањмидани ин њуќуќи конститутсионї арзёбї мегардад.

Озодии сухан њуќуќи бечуну чарои инсон ва шањрванд дар хусуси ба љо­меа дастрас гардонидани андеша, эътиќоди созандаи њар шахс мебошад, ки ќонун­гу­зорї тартиби амалї намудани онро амиќ нишон додааст.

Аз ин рў, дар меъёрњои зикршудаи Ќонун «Дар бо­раи итти­њодияњои љамъ­иятї», ки боздоштани фаъолият, асосњои бар­њам додан ва манъ кардани фаъолияти иттињодияи љамъиятиро танзим менамоянд, пой­мол ва мањдуд кардани њуќуќи инсон ва шањрванд ба озодии сухан ошкор карда нашуд.

Њамин тариќ, ќисмњои 1 ва 3 моддаи 35, сархатњои дуюм ва сеюми ќисми 1 ва ќисми 2 моддаи 37 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи итти­њодияњои љамъиятї» ба моддањои 14, 28 ва 30 Кон­ститутсияи (Сар­ќо­нуни) Љум­њурии Тољи­кистон муто­биќ мебошанд.

Њамзамон, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон такмили моддаи 37 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттињодияњои љамъ­иятї»-ро љињати боз њам мушаххас намудани асосњо ва њолатњои барњам додан ва манъ кардани фаъолияти иттињодияњои љамъиятї мувофиќи маќсад мешуморад. Бо ин назардошт, Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистонро зарур аст, ки моддаи 37 Ќонуни мазкурро мавриди назар ќарор дињанд.

Дар асоси њолатњои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конс­титутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 31, 32, 36, 47, 48, 50 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон», Суди консти­­тутсионии Љум­њурии Тољикистон

ќ а р о р к а р д:

1. Ќисмњои 1 ва 3 моддаи 35, сархатњои дуюм ва сеюми ќисми 1 ва ќисми 2 моддаи 37 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи итти­њодияњои љамъиятї» ба мод­дањои 14, 28 ва 30 Кон­ститутсияи (Сар­ќо­нуни) Љум­њу­рии Тољикистон му­тобиќ мебошанд.

2. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

3.Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон К. Каримов