23:49:03 - 19.01.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


Қарор аз рўи дархости директори генеҚарор аз рўи дархости директори генералии Чамъияти сахомии пушидаи «Вавилон-Мобайл» Файзуллоев Б.Х

 

 

Ќ А Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

аз рўи дархости директори генералии Љамъияти сањомии пў­шидаи «Вавилон-Мобайл» Фай­зуллоев Б.Њ. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати банди 7 Низомномаи калкулят­сияи арзиши аслии мањсулот (кору хизматрасонї) дар корхонањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 1999, № 210 тасдиќ карда шудааст, ба модда­њои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон»

шањри Душанбе 28 майи соли 2015

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионї Мањмудзода М.А., муовини Раис Кари­мзода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяњо: Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маљлиси судї Ѓаниев Љ.,

тарафњо:

1. Сайфиддинов Њ., Чекушина Г., ва Сулаймонов Ф. - намояндагони ваколатдори Файзуллоев Б.Њ. – директори гене­ралии Љамъияти сањомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» – та­рафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии консти­тутсионї оѓоз карда шудааст.

2. Шоназаров С.А. – намояндаи ваколатдори Президенти Љум­њурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон – намо­яндаи та­рафе, ки конститутсионї будани санади меъёрии мавриди бањси конститутсионї ќарордодаи мурољиаткунандаро тасдиќ намуда­аст.

3. Љабборов Р. – муовини раиси Кумитаи андози назди Њу­кумати Љумњурии Тољикистон – намояндаи тарафе, ки санади меъёрии њуќуќии мавриди бањси конститутсионї ќарордодаи мурољиаткунандаро татбиќ намудааст.


Даъватшудагон:

1. Азимзода Т.С. – намояндаи ваколатдори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон.

2. Холиќзода А. – муовини аввали вазири адлияи Љумњурии Тољикистон.

3. Осимзода М. – муовини Прокурори генералии Љумњу­рии Тољикистон.

4. Оймањмадзода М. – судяи Суди Олии Љумњурии Тољи­кистон.

5. Темурзода Ш. – судяи Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон.

6. Пулодї М.К. – муовини Раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон.

7. Рауфов Ф. – муовини сардори раёсати назорати ќонунї будани санадњои судї оид ба парвандањои иќтисодї, гражданї, оилавї ва маъмурии Прокуратураи генералии Љумњу­рии Тољикистон.

8. Нурализода С. – муовини сардори раёсати назорати иљрои ќонунугзории андоз ва гумрукї Прокуратураи генералии Љумњу­рии Тољикистон.

9. Абдуллоев С.Х. – сардори раёсати хизматрасонї ба андозсу­поран­дагони Кумитаи андози назди Њукумати Љум­њурии Тољикистон.

10. Меликов М. – сардори раёсати таъмини њуќуќии Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон.

11. Партоев К.Г. – сардори нозироти андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољи­кистон.

12. Худойдодов А. – мутахассиси пешбари шуъбаи аудити назорати андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон.

Дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон, моддањои 34 ва 40 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон» дар мурофиаи ошкорои судї парвандаро аз рўи дархости директори генералии Љамъияти сањомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Файзуллоев Б.Њ. «Дар хусуси муайян намудани мувофиќати банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот (кору хизматрасонї) дар корхонањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 1999, № 210 тасдиќ карда шудааст, ба моддањои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон» баррасї намуда, гузориши судяи Суди конститутсионї Абдуллоев Л.И., баёноту хулосаи тарафњо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи пар­ванда ва дигар њуљљатњои воридшударо тањќиќ намуда,

м у а й я н к а р д:

Директори генералии Љамъияти сањомии пўшидаи «Вави­лон-Мо­байл» Файзуллоев Б.Њ. ба Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон муро­љиат намуда, дар он ќайд менамояд, ки Кумитаи андози назди Њукумати Љум­њурии Тољикистон дар асоси Амрнома аз 2 апрели соли 2014, № 422 с/х «Оид ба таъин на­мудани санљиши такрорї ва санљиши њуљљатии маљмўии андоз» фаъолияти љамъиятро оид ба дуруст њисоб кардан ва сари ваќт пардохт намудани андозњо барои давраи аз 1 январи соли 2011 то 1 январи соли 2014 гузаронид.

Санљиш 2 апрели соли 2014 оѓоз карда шуда, 30 июни соли 2014 бо тањияи санад «Аз натиљаи санљиши њуљљатии маљмўии такрории андоз дар фаъолияти Љамъияти сањомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» барои давраи аз 1 январи соли 2011 то 1 январи соли 2014» ба итмом расид.

Кумитаи андоз дар асоси санади санљишии зикршуда, 14 июли соли 2014, № 275 Ќарор (огоњнома) оид ба натиљаи санљиши њуљљатии андоз ба тасвиб расонд, ки тибќи он ба зиммаи љамъият пардохт намудани 341433344 сомонї андозњои гуногун, бо дарназардошти фоиз ва љаримањо вогузор карда шуд.

Ба андешаи мурољиаткунанда, санљиши такрорї ва санљиши њуљљатии маљмўии андоз аз љониби Кумитаи андоз, бо вайрон намудани муќаррароти ќисми 10 моддаи 29 Кодекси андози амалкунанди Љумњурии Тољикистон гузаронида шудааст. Зеро дар Амрномаи Куми­таи андоз њолатњои пеш­би­нинамудаи ќисми 10 моддаи 29 Кодекси зикршуда, ки барои гузарони­дани санљиши такрории маљмўии њуљљатии андоз асос мебошанд, дастрас нагардидаанд.

Љамъият ѓайриќонунї будани Амрномаи мазкур, инчунин беасос баста шудани суратњисобњои худро дар судњои иќтисодї мавриди бањс ќарор дода бошад њам, судњои иќтисодї нисбат ба онњо санадњои беасос ва ѓайриќонунї ќабул карда, даъвои онњоро рад намудаанд.

Мурољиаткунанда ќайд менамояд, ки дар санад оид ба натиљаи санљиш аз 30 июни соли 2014 санљишгарони Кумитаи андоз банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот (кору хизматрасонї) дар корхонањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 1999, № 210 тасдиќ карда шудааст, дастрас намуда, харољоти ширкатро ба сифати даромад эъти­роф карда, дар натиља маблаѓи зикршударо ба сифати андоз њисоб намудааст.

Ў ин амали санљишгаронро ба муќаррароти моддањои 12, 32 ва 45 Конститутсия мухолиф мењисобад.

Ба андешаи мурољиаткунанда, андоз бояд дар асоси меъёри ќонун муќаррар карда шавад, на бо Низомнома зеро он санади зерќонунї мебошад. Мавзўи танзими Низомнома муайян кардани тартиби калку­лят­сияи арзиши аслии мањсулот (кору хизматрасонї) мебошад.

Вобаста ба ин, татбиќ намудани муќаррароти банди 7 Низомномаи калку­лят­­сияи арзиши аслии мањсулот (кору хиз­матрасонї) дар корхо­нањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољи­кистон нисбат ба љамъият ва ба зиммаи он вогузор намудани андозњои иловагї уњдадории андозсупоран­даро аз доираи танзими меъёри моддаи 45 Консти­тутсия васеъ намуда, боиси поймол шудани њуќуќњои конститут­сионии субъектони њуќуќ мегардад.

Аз љониби дигар, ба андешаи мурољиаткунанда, Низом­номаи номбурда ба номгўи ќонунгузории андоз, ки моддаи 2 Кодекси андози амалкунандаи Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, дохил наме­шавад ва бинобар ин, ба њайси манбаи њуќуќии муќарраркунандаи андоз баромад карда наметавонад.

Мурољиаткунанда чунин мешуморад, ки амали ѓайри­ќонунии Куми­­таи андоз дар натиљаи номувофиќатии банди 7 Низомномаи калку­лят­­сияи арзиши аслии мањсулот (кору хиз­матрасонї) дар корхо­нањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољи­кистон ба моддањои 12, 32 ва 45 Консти­тутсия ба миён ома­дааст.

Љамъият бо аризањои даъвогї ба судњои иќтисодї мурољиат карда бошад њам, даъвоњои он дар бораи беэътибор до­нистани санади санљишї аз 30 июни соли 2014 ва Ќарор (огоњнома) аз 14 июли соли 2014 дар хусуси пардохти андоз ба маблаѓи 341433344 сомонї, бо санадњои судии Суди иќти­содии шањри Душанбе аз 4 сентябри соли 2013, аз 20 октябри соли 2014, марњалаи кассатсионї ва марњалаи назоратии Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон аз 17 декабри соли 2014 ва аз 10 марти соли 2015 беќаноат мононда шудаанд.

Њамин тавр, ба андешаи мурољиаткунанда Кумитаи андоз бо амалњои ѓайри­ќонунии худ манфиатњои конститутсионии љамъиятро ба озодии фаъолияти соњибкорї ва кафолати давлатии моликияти хусусї, инчунин муќар­рароти консти­тутсионї оид ба уњдадорињои андозсупо­ранда вобаста ба пардохт намудани андозе, ки танњо ќонун пешбинї кардааст, поймол намудааст.

Бо дарназардошти ин, ў аз Суди конститутсионии Љум­њурии Тољи­кистон хоњиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии консти­тутсионї оѓоз карда, мувофиќати банди 7 Низомномаи калкулят­сияи арзиши аслии мањсулот (кору хизматрасонї) дар корхонањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 1999, № 210 тасдиќ карда шудааст, ба моддањои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дархости пешнињоднамудаи директори генералии Љамъияти сањомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл»-ро њаматарафа мавриди баррасї ќарор дода, ќайд мена­мояд, ки таъмини амалишавии кафолати фаъолияти озоди иќти­содї ва соњибкорї, баробар­њуќуќї ва њифзи њуќуќии њамаи шаклњои моликият аз љумла моликияти хусусї, њамчунин таъмини иљрои уњдадории пардохти андоз ва дигар пардохтњои муќарраркардаи ќонун, ки дар сатњи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї инъикос ёфтаанд, яке аз вазифањои муњими давлати иљтимої ба шумор меравад.

Зеро танзими њуќуќу озодї, кафолат ва уњдадорињои зикршудаи шах­сони воќеї ва њуќуќї аз давлати иљтимої эълон шудани Тољикистон ва ба њар инсон фароњам овардани шароити зиндагии арзанда ва инки­шофи озодона сарчашма гирифта, њалли њадафи конститутсионии маз­кур бе таъмини иљрои муќаррароти пешбининамудаи моддањои 12, 32 ва 45 Конститутсия имконнопазир мебошад.

Муќаррароти моддањои зикршудаи Конститутсия гуно­гун­шаклии моликиятро, ки асоси иќтисодиёти Тољикистонро ташкил медињад, эътироф намуда, таъмини кафолати озоди иќтисодї, соњибкорї, њифзи њуќуќии њамаи шаклњои моликият ва уњдадории пардохти андоз ва дигар пардохтњои пешбини­кардаи ќонунро муќаррар менамояд ва ин меъёр ба муќар­рароти са­над­њои њуќуќии байналмилалї, ки мављудияти онњо барои ни­зоми њуќуќии Тољикистон ањамияти муњим доранд, асос меёбад.

Чунончи, моддаи 17 Эъломияи умумии њуќуќи башар аз 14 декабри соли 1948 пешбинї менамояд: «Њар як инсон њаќ дорад амволро чї шахсан ва чї якљоя бо дигарон ихтиёрдорї намояд. Њељ кас набояд аз амволи худ худсарона мањрум карда шавад».

Моддаи 29 Эъломияи мазкур ба уњдадорињои шахс бахшида шуда, муќаррар менамояд: «Њар як инсон дар назди љомеае, ки рушди озод ва камолоти шахсияти ў дар он имконпазир аст, уњдадор мебошад».

Паймони байналмилалї доир ба њуќуќи иќтисодї, иљтимої ва фар­њангї аз 16 декабри соли 1966 кафолати њуќуќу озодињо ва уњдадорињои асосии инсонро танзим намуда, давлатњои аъзоро вазифадор намудааст, ки љињати татбиќи воќеии онњо дар сатњи ќонунгузорињои миллї ва амалия чорањои дахлдор андешида, ба шањрвандон истифодаи баробари њуќуќњои иќтисодиву иљтимоиро таъмин намояд.

Конвенсияи Иттињоди Давлатњои Мустаќил дар бораи њуќуќу озодињои инсон аз 26 майи соли 1995, ки аз муќаррароти санадњои байналмилалии зикршуда маншаъ мегирад, ба таъ­мини амалишавии њама­љонибаи њуќуќњои иќтисодиву иљтимої ва фарњангии шањрвандон нигаронида шуда, давлатњои ишти­роккунандаи Иттињоди Давлатњои Мустаќилро уњдадор менамояд, ки ба њар шахсе, ки тањти салоњияти онњо ќарор дорад, њуќуќу озодињои дар Конвенсияи номбурда пешбини­шударо таъмин намоянд.

Тољикистон таъмини амалишавии уњдадорињои байнал­милалии худро дар сатњи Конститутсия ва ќонунњои кишвар пешбинї намуда, њамзамон уњдадорињои мушаххас аз љумла, пардохти андозро, ки зимни баамалбарории њуќуќњо аз љониби субъектони гуногуни њуќуќ ба миён меоянд, муќаррар кардааст.

Андоз пардохти њатмии муќаррарнамудаи ќонун ба буљет ба њисоб рафта, ба андозаи муайян амалї мегардад ва хусусияти њатмии бебоз­гашт ва беподош дошта, ба хотири мусоидат ба њалли масъалањои сиёсиву иќти­содї ва иљтимоию фарњангии давлат, рушду тако­мули соњањои хољагии халќ ва боло рафтани сатњи некўањволии сокинони кишвар нигаронида шудааст, ки иљрои он бо воситањои мухталифи њуќуќї таъмин карда мешавад.

Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 26 июли соли 2014, № 1107 «Дар бораи њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї» дар сархати њафтуми моддаи 8, ба сифати яке аз уњдадорињои асосии субъекти соњибкорї сари ваќт ва пурра ба буљет пардохт намудани андозњо ва дигар пардохтњои њатмиро пешбинї мекунад.

Уњдадории конститутсионии њар кас дар хусуси пардохти андоз ва дигар пардохтњои муќарраркардаи ќонун, ки мавзўи танзими моддаи 45 Кон­сти­тут­сия мебошад, танзими мушаххас ва њамаљонибаи худро дар Кодекси андози Љумњурии Тољи­кистон, ки аз 1 январи соли 2013 мавриди амал ќарор дорад, ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии соњаи андози Љумњурии Тољикистон дарёфтааст.

Кодекси андози Љумњурии Тољикистон муносибатњоро оид ба муќаррар намудан, таѓйир додан, бекор кардан, њисоб ва пардохт намудани андозњо, инчунин муносибатњои байни давлат ва андозсупо­рандаро (агенти андозро) вобаста ба иљрои уњда­до­рињои андоз танзим намуда, дар ќисми 1 моддаи 2 пешбинї менамояд: «Ќонунгу­зории андози Љумњурии Тољи­кистон ба Конститут­сияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољи­кис­тон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, санадњои меъёрии њуќуќии мутобиќи он ќабулшуда ва санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофна­мудаи Тољикистон, ки муносибатњои андо­зиро ба танзим медароранд, иборат мебошад».

Кодекси андоз, њамчунин муайян кардааст, ки муќаррар намудан, таѓйир додан, бекор кардан, њисоб ва пардохт намудани андозњо, ин­чунин муносибатњои байни давлат ва андозсупоранда (агенти андоз) вобаста ба иљрои уњдадорињои андоз – яъне муносибатњои андозї танњо тавассути Кодекси андоз ба амал бароварда мешавад. Њамзамон, танзими њу­ќуќии дигар пардохту бољњо тавассути дигар ќонунњои дахлдор ва Кодекси андоз истис­но нест.

Дар Кодекси андоз муќаррар на­мудан, таѓйир додан ва бекор кар­дани андоз танњо аз тарафи ќонун ба шумули прин­сипи асосии низоми андоз њисобида шудааст, ки он дар низом ва муносибатњои андозї муњим арзёбї мегардад.

Ни­зомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот (кору хизмат­расонї) дар корхонањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољи­кистон, ки мавзўи бањси мурољиат­кунанда ќарор гирифтааст, њамчун санади меъё­рии њуќуќї ба низоми санадњои њуќуќии соњаи андоз мансуб буда, дар асос ва барои иљрои санадњои ќонунгузорї, аз љумла Кодекси андоз ќабул карда шудааст.

Низомномаи зикршуда аз љо­ниби маќоми салоњиятдори маќо­моти њоки­мияти давлатї Њукумати Љумњурии Тољикис­тон дар доираи салоњияти муайяннамудаи Конститу­тсия, Ќонуни кон­с­титут­сионии Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 2001, № 28 «Дар бораи Њуку­мати Љумњу­рии Тољи­кистон» ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 26 марти соли 2009, № 506 «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» ба тасвиб расида, аз 1 июли соли 1999 мавриди амал ќарор дода шудааст.

Банди 7 Ни­зомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот (кору хизмат­расонї) дар корхонањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољикистон, ки мавриди бањси дар­хосткунанда ќарор дода шудааст, аз зербанњои «а» то «э» ибо­рат буда, номгўи харољоти ба арзиши аслии мањсулот (кору хиз­матрасонї) дохил­ша­вандаро дар бар гирифта, тибќи тартиби муќар­раршуда нисбат ба доираи васеи субъектони андозсу­поранда истифода карда мешавад.

Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот (кору хизмат­расонї) дар корхонањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољи­кистон на санади муќаррар­кунандаи андоз ва уњдадорињои андозї, балки санади меъёрии њуќуќии муайянкунандаи арзиши асосноки аслии мањсулот (кору хизматрасонї) ба њисоб меравад ва наметавонад ба дигар маънї аз лињози њуќуќ маънидод карда шавад.

Тавре ки аз мундариљаи Низомномаи зикршуда бармеояд, он тартиби њисобкунии илман асоснок­кардашудаи арзиши аслии мањсулот, аз љињати иќтисодї асоснок кар­дани нархњо ва номгўи харољоти ба арзиши аслии мањсулот (кору хиз­мат­расонї) дохилшавандаро муайян карда, ягон уњдадории ан­дозро нисбат ба субъектони андозсу­поранда муќаррар наме­кунад.

Аз ин рў, Суди конститутсионї дар дастрасї ва татбиќи банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот (кору хизматрасонї) дар корхонањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољи­кистон зимни њисоб кардани андоз аз тарафи Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон номувофиќатии банди 7 Низомномаи зикршударо ба моддањои 12, 32 ва 45 Конс­титутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикис­тон ошкор на­кард. Яъне татбиќи банди 7 Низомномаи номбурда бо моњияти мавзўъ ва масъалагузорї дар худ, наметавонад боиси манъ ва мањдуд кардани таъмини кафолати фаъолияти озоди иќтисодї, соњиб­корї, њифзи њуќуќии шаклњои моликият ё муќаррар кардани уњдадорї оид ба пардохти андоз гардад.

Бинобар ин, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон банди 7 Ни­зомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот (кору хизмат­расонї) дар корхонањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољикистонро, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 1999, № 210 тасдиќ карда шудааст, ба моддањои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарќонуни) Љум­њурии Тољикистон мувофиќ арзёбї намуд.

Дар асоси њолатњои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конс­титутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 6, 11, 34, 38, 49, 55, 56, 58, 60 ва 61 Ќонуни консти–тутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Љум­њурии Тољикистон», Суди консти­­тут­сио­нии Љум­њурии Тољи­кистон,

ќ а р о р к а р д:

1. Банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии мањсулот (кору хизматрасонї) дар корхонањо ва ташкилотњои Љумњурии Тољи­кистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 майи соли 1999, № 210 тасдиќ карда шудааст, ба модда­њои 12, 32 ва 45 Консти­тут­сияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон му­тобиќ мебошад.

2. Ќарор ќатъї буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи ќабулаш ќувваи ќонунї пайдо мекунад.

3. Ќарори мазкур дар Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољи­кистон, рўзномањои «Љумњурият», «Садои Мардум», «На­родная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон М. Мањмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Љумњурии Тољикистон Д. Њошимзода