04:04:19 - 15.11.2018

 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз413
mod_vvisit_counterДирӯз1909
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8357
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида12910
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ27082
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида57540
mod_vvisit_counterҲамагӣ704632

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


 

 

 

 

10–уми июли соли 2018 дар синни 62 солагї баъд аз беморї риш­таи умри Зоирзода Шарофиддин Юнус-судяи Суди консти­тут­си­онии Љумњурии Тољикистон бармањал канда шуд.

Зоирзода Ш. Ю. соли 1982 баъди хатми факултети њуќуќ­ши­но­сии Донишгоњи Давлатии Тољикистон, солњои 1982 –1993 дар вазифањои кор­омўзи шуъбаи њуќуќ, ад­вокат ва мудири шуъбаи њуќуќии ноњияи Кол­хозобод кор карда, моњи марти соли 1987 аъзои Президиуми кол­легияи адвокатњои Љумњурии То­љикистон интихоб гардидааст.

Соњои 1993–1996 дар вази­фа­њои машваратчї - сармутахассиси Кумитаи Шўрои Олии Љумњурии Тољи­кистон оид ба ќонунгузорї, тар­тиботи њуќуќї ва њуќуќи инсон, мушовири калони кумитаи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба тартиботи њуќуќї, мудофиа ва ам­ният ифои вазифа намудааст.

Аз соли 1996 то соли 2001дар вази­фањои мушовир ва мушовири калони Президенти Љумњурии Тољи­кистон оид ба масъалањои њуќуќї ва аз моњи ноябри соли 2001 то мохи феврали соли 2004 муовини Раиси кумитаи давлатии идораи амволи дав­латии Љумњурии Тољикистон кор кардааст.

Моњи феврали соли 2004 вакили Маљлиси намояндагони Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон интихоб гардида, аз соли 2005 то соли 2012 дар вазифањои мудири шуъбаи њуќуќи даст­гохи Маљлиси намо­яндагон ва муовини Роњбари дастгоњи Маљлиси миллї ифои вазифа намудааст.

Аз 13 декабри соли 2012 ба вазифаи судяи Суди консти­тут­сио­нии Љум­њурии Тољикистон интихоб гардида, дар ин вазифа то лањзаи охи­рини њаёташ фаъолияташ намудааст.

Барои мењнати самаранокаш дар маќомоти њокимияти давлатї бо мукофоти давлатї, Ифтихорномаи Маљлиси миллї ва Суди консти­тутсионї ва дигар медалу мукофотњои соњавї ќадрдонї карда шу­дааст.

Номбурда дар кадом сатњи макомоти давлатї кор ва фаъолият на­карда бошад њам, худро њамчун мутахассиси барљаста ва ватандўст, шах­си кордон, хоксор ва тарбиятгари кадрњои љавон дар руњияи худ­ши­носиву худогоњї муарифї намудааст.

Дорои обрў ва эътибори баланд буда, дар рушди ќонунгузории мамлакат наќши арзанда дорад.

Ёди Зоирзода Ш.Ю. ва кору фаъолияти созандаи ў дар ќалби њамкорону дустонаш абадї боќї хоњад монд.

Коллективи Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон