01:26:30 - 23.06.2017

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз24
mod_vvisit_counterДирӯз267
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1358
mod_vvisit_counterҲафтаи сипаригардида1525
mod_vvisit_counterДар ҳамин моҳ4682
mod_vvisit_counterМоҳи сипаригардида5414
mod_vvisit_counterҲамагӣ234030

НИШОНАИ МО

734025, шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 48

тел: 221-61-96,

факс:(÷992 37) 221-29-28

E-mail: constcourt.tj@mail.tj


НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
01.07.2009 08:00

Маҷлиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он парванда аз рўи пешниҳоди судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шодиев Ш.Р. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда шуд.

Дар мурофиаи конститутсионӣ намояндагони Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, инчу- нин намояндагони даъватшуда аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мурофиаи мазкур қарор қабул намуд, ки мувофиқи он моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси он, ки ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним сол пас аз таваллуди кўдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани ақди никоҳ даъво пешниҳод намудани шавҳар манъ аст, ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва он бо назардошти афзалияти тарбияи кўдакон, иштироки якҷояи падару модар дар раванди нигоҳу- бини онҳо, дастгирии моддию рўҳии модар дар давраи ҳомиладорию баъди он, ғамхорӣ нисбат ба модару кўдак, рушду камол ва таъмини бештари ҳуқуқу манфиатҳои онҳо қабул гардидааст.

 
23.06.2009 08:00

Дар Суди вилояти Хатлон вохўрии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судяҳои Суди вилоятӣ, судҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии вилояти Хатлон баргузор гардид. Инчунин дар вохўрӣ муовини Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоев И.Н. ширкат варзид.

Баъди баромади Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳму- дов М.А. оид ба Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни иштирокчиён ҷиҳати амалишавии Барномаи мазкур мубодилаи афкор баргузор гардид. Махсусан қайд карда шуд, ки судяҳо ҳамчун субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои худро дар такмили қонунияти конститутсионӣ ва қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон на он қадар сама- ранок истифода мебаранд.

 
09.06.2009 08:00

Дар маҷлиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оид ба дархости шаҳрванд Санокина Л.Г. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда шуд.

Дар мурофиаи конститутсионӣ намояндагони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ-намояндагони тарафе, ки санади меъёрии ҳуқуқии қабул, ҷонибдорӣ ва имзогузоштаи онҳо мавриди баҳси судӣ қарор гирифтааст, инчунин намояндагони даъватшуда аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро пурра ва ҳаматарафа баррасӣ намуда, қарор қабул кард, ки мувофиқи он қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷeмҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он «амали талаботи қисми дуюми моддаи 365 ба санадҳои судие, ки то мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур қабул гардидаанд, низ паҳн мегардад» ва қисми дуюми моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар мўҳлати як сол аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратӣ пешниҳод гардад» ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, мўҳлати яксола барои овардани шикояти назоратӣ имконият медиҳад, ки дар мўҳлати кўтоҳтарин ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни мурофиа ҳифз карда шавад.

 
18.05.2009 08:00

               Дар Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷаев И. ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқбилшоев Б. бинобар қонеъ гардонидани аризаи ба истеъфо рафтанашон аз мансаби ишғолнамудаашон бозхонд карда шуданд.

              Дар иҷлосияи мазкур бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Маҳкам Азамович - Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гулзорова Муҳаббат Мамадкаримовна-судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Маълумот Маҳмудов М.А. соли 1957 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, соли 1979 факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Аз соли 1979 то 1993 ассистент, аспирант, муаллими калон, дотсент, профессори кафедраи ҳуқуқи граждании Университети давлатии Тоҷикистон ва аз соли 1993 то соли 2006 дар вазифаи декани факултети ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз моҳи феврали соли 2006 то майи соли 2009 муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан дар мансаби муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.

Аз соли 2002 то 18 майи соли 2009 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2005 то 18 майи соли 2009, яъне то ба вазифаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданаш Раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷмҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб шуда буд.

Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор. Муаллифи зиёда аз 200 асарҳои илмӣ ва илмию-оммавӣ мебошад.

Маҳмудов М.А. дорандаи унвони фахрии «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мукофотҳои давлатии «Ордени Исмоили Сомонӣ» дараҷаи II, ордени “Содружество” ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

 

 

 
« ПерваяПредыдущая31323334СледующаяПоследняя »

Страница 34 из 34